Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
наход, ки ин ҳам ӯро хуш накунад? Аммо дилаш мегуфт:
«Бо ҳамон як нигоҳи зеричашмӣ духтар туро писандид, ҳатто пинҳон аз дигарон бо забони нигоҳ ҳама розу ниёзашро гуфт». Бадбахтак агар бамаънӣ мегашт, як арӯсаки нозанин мешуд. Афсӯс... Забони нигоҳ одамро фиреб намекунад, чашм росташро мегӯяд. Вай маро диду батамом авзояш дигар шуд. Бечора якбора ин бахт аз куҷо омад гӯён, ҳайрон будагист? Агар маро нигарон бошад, имрӯз ба гӯшаш дарс ҳам намедарояд. Ҳозир барояд, рӯирост мегӯям: додот туро ба ман... Не, ин тавр гӯям, балки меранҷад. Ин гап, аслан, ба шаъни духтар ҳақорат аст. Агар мазоҳ карда, маро таҳқир кунад, чӣ одам мешавам? Беномус бошад ҳам, вай ҳозир дар назди ман худашро аз шоҳдухтар кам намегирад.
Кони кибру ғурур дар вуҷуди ҳамин хелҳо-да. Аз ҳолаш хабардор буданамро агар медонист... Хуб, агар ишора кунам, чӣ мешавад? Чӣ мегуфта бошад? Ин қабил духтарҳо ҳаргиз паст намеоянд, ҳазор хел сабабу баҳона меёбанд. Мегуфтанд, ки духтарони институти тиббӣ ҳар хел китоб мехонанд, аз ҳар гӯру бало хабардоранд, ҳоли ин кӯчагард маро бозича карданӣ мешудагист?..»
Кабир беқарор дар саҳни донишгоҳ пасу пеш қадам мезад. Вай ҳоло дилпур буд, ки Фотима ӯро диду қафо гашта даромад ва ҳамин замон баргашта мебарояд.
«Агар хоҳарашро зан кунам, кию чӣ будани ин беномусро ба вай мегуфтаму талаб мекардам, ба хонаи мо равуо накунад. Ин хел духтарони сабукпойро, одатан, аксари мардум мешиносанд. Ман намехоҳам...»
Шаҳболи хаёлҳои мубҳам ва печ дар печ дар осмони ҳавасҳои пурмуддао ӯро мебурду мебурд, инону ихтиёри вай дигар дар панҷаи ин ҳавасҳо буд, дили аз талаб шӯридаи вай дигар қудрати онро надошт, ки ин ҳама хаёлотро аз имкон тафовут кунад, воқеиятро аз пиндорҳои беҳосил тарҷеҳ намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё