Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
кам-кам омӯхта мешавам, кӣ медонад.
Ҳамон пагоҳӣ, мисли ҳамеша ману Шаҳрӣ роҳи боғчаро пеш гирифтем. Дар роҳ чашми духтарча ба қалами зебои ман афтод, ки дар кисачаи сари синаам халондагӣ буд ва ба назарам, диққати ҳар як раҳгузарро ҷалб мекард. Ин қалами худнавис, ки ба чандин ранг менавишт, раҳоварди амакам аз хизмати ҳарбӣ дар Германия буд ва онро хеле азиз медоштам.
Ин хел қалам ҳанӯз дар мо набуд. Ба андешаи он, ки ҷиянчаам қаламро тамошо карда, боз медиҳад, ман бо ифтихор онро ба дасташ додам.
Ба боғча даромадем. Вале Шаҳрӣ аз қалами бошукӯҳ дил канда натавонист. Аз дасташ гирифтан хостам, қаламро ба мушташ сахт фишурда дасташро ба пушташ бурд. Агар бигирам, гиря карданаш маълум буд.
— Хуб, нигаҳ дор, гум накун, — гуфтам бо ночор. — Агар гум кунӣ… ману ту қаҳрӣ!.. — таъкид кардам ман. Қаҳрӣ будан ба Шаҳрӣ таъсири зиёд дошт; вай ба ногапӣ ҳеҷ хушаш набуд ва зуд тоқаташ тоқ мегашт.
— Не… Ман қалами дадама гум накардам-ку…
Гашти рӯз буд, аз дарвозаи боғча ворид гаштаму ҷиянчаам тозон омада аз дастам гирифт.
— Тағо… Тағоҷон… Қалам нест… — вай ду дасташро ба ду тараф кушода, гунаҳкорона ба чашмам менигарист. Баъд бо овози дардноке, ки ба гиристан наздик будани гӯяндаро далолат мекард, оҳиста гуфт: — Тутӣ-хола гирифтанд...
Бо Шаҳрӣ даст ба даст назди мураббия рафтам.
— Дар дасти Шаҳрӣ қалами ман монда буд…
— Ҳа, дар дасташ як қалам буд… — вай чунон вонамуд мекард, ки аранг ёд дорад. — Барои он кашокаш карданд…
Сонӣ ман гирифта ба болои ҷевон мондам. Аз ёдам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё