Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
— Чӣ-ӣ? — Ромиш боз пештар рафт.
— Очаат… данд… — бод ба гӯши онҳо чанд ҳиҷои нотамомро овард.
— Чӣ-и?
Бачаҳо бо маслиҳат “як-ду-се” гӯён, баробар фарьёд карданду матлаб равшан гашт.
— Биё-ё-ё!.. Очаатро мебаранд! — Бачаҳо ин се калимаро такрор ба такрор мегуфтанд.
— Сабо, аз гӯсолаҳо бохабар шав!
Ҳанӯз Сабо ба сухан даҳон боз накарда буд, ки Ромиш дур рафта буд. Вай аз сангу буттаҳо ҷаҳида, мисли бод ба ҷониби деҳа мерафт. Бачаҳо ҳанӯз ҳам фарьёд доштанд. Сабо муддате аз думболи вай нигариста истод. Сипас як оҳи сангине кашиду гӯсолаҳои ба ҳар тараф парешон гаштаро ғун кардан гирифт.
Гӯсолаҳоро ҷамъ карду ба соя рафта муддате ғамгин нишаста буд, ки Зафар пайдо шуд. Сабо аз омадани вай мамнун, мушкили ба сари Ромиш омадаро гуфт.
— Хеле ҳам ҷои хилватро ёфтед, — сухани Саборо аз хусуси бемории модари Ромиш ва имрӯз ба бемористони ноҳия бурданашонро бурид Зафар. — Сабо, ту, ба назарам, рӯз аз рӯз хушрӯтар мешавӣ!.. Ё ба чашми ман аз ҳама хушрӯй менамоӣ, намедонам… Ягон сир ҳаст… Ман худам ҳам ҳайрон…
— Зафар бо ин суханон ба Сабо ҷафстар нишаст.
— Ин чӣ қилиқ?!. Чӣ гап?.. Э-э… — ҳайрон шуд ва дасту по хӯрд Сабо. — Усунтар шин! Шарм намедорӣ?!
— Шармаш чӣ?.. Ҳиъ… Шарм дар бозори чарм…
— Ҳой, маст-пастӣ-чӣ? — чашмони Сабо калон-калон гаштанд. — Хез, дуртар шин!.. Э-э, шарм… — Сабо бархоста, аз ӯ дуртар нишастанӣ шуд, аммо Зафар аз дастӣ ӯ гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё