Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
— Ромиш катӣ… Ромиш катӣ шарм намедорӣ?! Чӣ, ман аз вай камам?
— Ин чӣ гуфтагет?
— Э-э, худатро ба нодонӣ назан!.. Кӯр не ман, ҳамааша медонам.
— Чира медонӣ?! — ранги рӯи Сабо мисли дока сап-сафед шуд.
— Ҳа, хайр, мон… Ман ту катӣ ҷанг карданӣ наомадаам.
Баръакс… Биё… аз ман наранҷ… Сабоҷони хушрӯ… — вай боз ба духтар наздик рафт.
— Ҳа-а… Ана, гап чӣ!.. — чашмони Сабо кашида шуданд.
— Ба дилат нагир. Ман… тура нағз мебинам… Барои ҳамин… Худат медонӣ, — Зафар сари роҳи Саборо гирифту бо дастонаш аз ду дасти духтар маҳкам дошт.
— Сар те! — бо ғазаб теғ кашида, ба вай нигарист Сабо.
Зафар даҳонашро боз карда, табассум карду дасти ӯро сахттар фишурд.
— Сар те!.. Дод мегӯям! — Сабо худро такон дода, дасташро аз дасти ҷавон раҳо кардан хост.
— Дод гӯй… Худат шарманда мешавӣ, — хунсард табассум карда дасти ӯро раҳо намекард Зафар. — Хайр, биё мешинем, — ӯ Саборо оғӯш карданӣ шуд, аммо духтар ӯро тела дод.
— Алмос!.. Алмос! — фарьёд кард вай.
Саг дар як сония аз куҷое ҳозир шуду бо нигоҳи савол ба чашми духтар нигариста думашро такон медод ва гӯё гуфтан мехост: “Бифармо, чӣ хизмат?” Зафар аз тарс худро ба қафои Сабо гирифта буд. Ҳарчанд, ки саг ба вай беэътибор буд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё