Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
ҷавон аз саги бузургҷусса ҳаросид ва дастони духтарро раҳо
кард.
— Канӣ, тезтар! — Сабо ба вай амр кард. — Бо кадом
раҳ омада бошӣ, ҳамон раҳ катӣ… думата хода кун!
Сабо баъди рафтани Зафар хеле вақт хомӯшу пакар ва
бедимоғ нишаст. Қалбаш ноором ва авзояш хиратабъ буд, чӣ
кор карданашро намедонист.
Вақте ки рӯз гашт карду вай чизу чораашро ғундошта,
асбобҳои Ромишро ҷамъ мекард, лаҳзае наққошиҳои ӯ диққаташро кашид. Ногаҳон… Ин чӣ? Дар байни наққошиҳо акси худи вай… Хандида менигарад… Як гесӯяш ба пеш афтодагӣ… Дар чашмони Сабо ашк таровид. “Дӯст медорад”,
гуфт вай зери лаб бо чашмони ашколуд табассум карда.
Соли 1977.
АККАҲОИ ДУЗД
Боре аккаи ало чормағзи ба рег гӯр кардагии маро дуздид ва чанд рӯзе ба тақозои кунҷковӣ аз паи ин паррандаи зираку чолок афтодам.
Ҳунари аккаи ало ё чунон ки дар баъзе маҳалҳо мегӯянд алошақшақа бо ин адо намешавад. Ака дар аксари маҳалҳо ба дуздӣ низ машҳур аст. Мегӯянд, ки вай чунон мурғи бефаҳм аст, ки ҳар чизи ба чангаш афтодагиро, хоҳ ба вай даркор бошад, хоҳ не, медуздад. Аз ростӣ, дар болои бом қурут хушк кунем, акка ҳатман аз он насибашро мебарад. Қурути туршу шӯрро чӣ мекунад, ҳеҷ намефаҳмам. Хӯрданашро надидаам, вале дар нӯлаш қурут аз бомамон париданашро чандин бор дидам. Балки мехӯрдагист, кӣ медонад. Мақол ҳаст-ку, дили акка оши турш мехоҳад. Бештар дар ҳаққи касони хомтамаъ ҳамин хел мегӯянд. Хайр, бигирем, ки акка қурутро мехӯрад ва ё барои зимистон захира мекунад, аммо аккаи ало чумчаи чӯбинро чӣ мекунад, ҳеҷ кас намедонад. Ман ҳам намедонам.
Дар боғамон як дарахти азими мурӯд буд. Дар шохи баланди мурӯд хонаи акка мудом диққати маро ба худ мекашид. Боре бо азоб ба он шох баромадам, дар байни чӯбҳои лонааш як чумчаро ҳам дида будам. Ман чумча дуздиданашро ҳам ба чашми худам дидагӣ. Ҳавлиҳои деҳаи мо, агар дида бошед, дар ёнаи кӯҳ, зинапоя барин боми яке ба дигаре дархона аст.
Дархонаи мо боми зинхонаамон. Шолча густурда шабу саҳар дар он ҷо менишинем, хӯрок мехӯрем, хоб мекунем.
Як пагоҳӣ ман косаи ширчойи очаам пухтагиро тез-тез хӯрдаму аз паи коре саросема ба хонаам даромадам. Гашта бароям, ду акка аз сари дастархон парид. Дар нӯли яке — чумча!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё