Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Оча, оча! — тохта ба ошхона ба назди очаам рафтам.
— Акка чумча мехӯрад-чӣ? Ман аз хона бароям, чумчаи ширчойро гирифта парид.
— Сад бор гуфтам, хӯрокатро хӯру дастархонро печон.
Аз дасти ин исқот дар рӯзгор чумча намонд, — гуфтанд модарам.
— Акка чумчаро чӣ мекунад? Мехӯрад? А?
— Кӣ медонад чӣ мекунад, — аз паи кори худ буданд модарам.
— Хайр, барои чӣ мебарад-а, оча?
— Мебарад исқот, намедонам вассачӯби гӯраш месозад...
Ман сонитар аз бачаҳо фаҳмидам, ки аккаҳо баъзе чизҳои дигарро ҳам медуздидаанд, ки ҳаргиз ба онҳо даркор нест. Яке аз ҷӯраҳои ман қасам хӯрд, ки бо чашмаш бурдани носкадуи бобояшро дидааст. Дигаре гуфт, ки сумкаи укочаашро ба офтоб монанд, акка гирифта гурехт.
Шавқмандии аккаҳо ба ашёи рӯзгори одамон маро ҳайрон мекард. Аз ҳама бештар духтари имом — Хадича моро тарсонд:
— Акка барои ҳамин хел дуздиаш ба дуои бади кадом як азизу авлиё гирифтор шудагӣ, — гуфт вай боре исроромез овозашро паст карда. — Он кас дар сари қаҳр гуфтаанд, ки “э, туҳмат аз даҳанат ояд!” Барои ҳамин акка аз даҳонаш тухм мезояд.
— Акка тухми паррандаҳоро дигарро дуздида мехӯрад.
Ту аҷаб не, дар нӯлаш тухмро дида… — ба ҳар ҳол эътироз кардам.
Миёни бачаҳо аз ин хусус баҳс бархосту мо ба ду гурӯҳ тақсим шудем ва оқибат бо даъвои худ ба назди муаллим рафтем. Муаллими зоологияамон “акка ҳам монанди дигар

пешина
аз 192
навбатӣ