Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
мурғон тухм мекунад” гуфт, аммо ин сухан тарафи муқобилро қонеъ накард.
Дар деҳаи мо аккаро барои дуздиаш маломат кунанд ҳам, барои хабарбиёриаш аксар таҳсин мекунанд. Агар ба хонавода меҳмон ё ягон каси наздики он омаданӣ бошад, чанд соат пештар акка сар-сари боми он хонавода ҷаҳида, шақшақкунон хабар медиҳад. Балки алоқамандии шақ-шақи аккаю омадани меҳмон мавҳумот бошад, амма мардум ба дурустии ин амр сахт бовар доранд.
Акка дар сари бому девори мо ҳам борҳо шақ-шақ мекард.
— Даҳанатба қанду асал, мудом хушхабар биёр, — гуфта модарам зуд ба тайёрӣ ва рӯфтурӯби хонаю ҳавлӣ сар мекарданд.
Он солҳо деҳқонон ба давлат аз 15-20 сотих замини рӯидарича ва як модагову даҳ сар моли резаашон ҳар хел андоз медоданд: равған, гӯшт, тухм, пашм… Аз рӯи гуфти модарам баъзан андозчӣ омаданӣ бошад ҳам, акка шақ-шақ карда хабар медод. Агар андозро сари вақт надодагӣ бошанду омада, моҷаро сар кардани андозчиро нахоҳанд, очаам аккаҳоро бо кулӯх зада меронданд:
— Киш-е, исқот! Шақ-шақат сарата хӯрад, киш!
Ман ба он кас фаҳмонданӣ мешудам, ки бо аккаро рондан андозчӣ аз раҳаш гашта қафо намеравад. Он кас дар ҷавоби ман лабханд мекарданду бас.
Фаромӯш нашавад, сухан аз чормағзи маро дуздидани аккаҳо буд. Он солҳо дар кӯҳсори мо ҳанӯз кабк бисьёр буд ва шикори онро ҳам манъ накарда буданд. Ман саҳарӣ ба кӯҳ баромадаму дар сари як чашмае, ки кабку кабкчӯҷаҳо мудом ба он ҷо обхӯрӣ меомаданд, ҷела мондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё