Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Дар бозгашт гузорам аз чормағззор афтоду ба як дарахт баромада як бағал чормағзи кабуд кандам. Мағзаш пухта расидагӣ бошад ҳам, чормағз ҳанӯз ба осонӣ луччак намешуд.
Ба ёдам расид, ки агар чормағзро ба реги тафсон гӯр кунам, ба осонӣ пӯсташ ҷудо мешавад. Зуд регзор ҳам ёфтам ва чуқур кофта чормағзро дар он гӯр кардам. Шох кашида сихмола кардаму паи поямро аз рег рӯфтам, то ки ягон кас аз ӯраам хабар наёбад.
Бо вуҷуди ин ҳама пешгирӣ, ҳафтаи дигар омадам, ки ӯраи чормағз холӣ! Кӣ бошад ҳам, ба майли хотир чормағзҳоро аз пӯсташ ҷудо карда гирифтаст. Пӯсти кабуди он, ки ҳоло дар офтоб сиёҳ шудаву печида, тоб хӯрда паҳну парешон буд, ба ин далолат мекард. Ҳайрон шудам. Дараки чормағзро кӣ фаҳмидаст? Чӣ хел? Охир одамизот саги бӯйгир не-ку! Дурусттар назар кунам, дар атроф на пайи одам, на пайи ҳайвон, фақат гӯгирдчӯб барин нақши пои парранда. Ба ёдам омад, боре аз дадаам пурсида будам: “Ба ин кӯҳҳо кӣ дарахти чормағзу бодом шинондагӣ?” “Аккаҳо, — гуфта буданд он кас. — Аккаҳои ало аз боғҳо чормағзу бодомро мегиранду ба ин ҷойҳо оварда дар таги сангу зов гӯр мекунанд, то ки зимистон хӯранд. Баъд баъзеи он мева дар хок монда, баҳори дигар ниҳол мерӯяд.” Ин дам ду акка парида омаданду дуртар аз ман рӯи санг нишаста бо ҳам шақ-шақкунон ба гуфтугӯ даромаданд. Онҳо ба якдигар навбат надода шақ-шақ мекарданду беором аз санг ба санг меҷаҳиданд. Гумон мекардед агар наҷаҳанд, овози ин мурғон аз гулӯ намебарояд. Онҳо монанди аспи ишкел ду пои худро баробар бардошта, сабук ҷаҳида аз санг мегузаштанд.
Ҳис кардам, ки онҳо чормағзи маро дуздидаанду ҳоло ба ҳоли ман механданд. Аламам бештар аланга гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё