Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
“Аккаҳо чормағзи маро ба куҷо бурда руст кардаанд?” Фикр кардам-фикр кардаму оқибат ба хамин қарор омадам:
ба ин ҷо боз каме чормағз гӯр мекунаму мепоям. Канӣ бинам, чормағзро ба куҷо мебаранд. Гап дар сари садта чормағз не, дар кӯҳ чормағз бисёр, ман намехоҳам, ки акка маро гӯл гумон кунад.
Аз қафои акка поидан кори осон набудаст! Ман аз хурдӣ каму беш бо шикор машғулам ва ҳар кас медонад, ки ин кор аз одам сабру бардошт талаб мекунад. Одами бесабр сайди калонро як сӯ монед, аз наҳр моҳӣ дошта наметавонад! Аммо бо ин аккаҳо тоқати мани пурсабр ҳам тоқ шуд. Акка чунон мурғи зираке будаст, ки ҳеҷ монед! Маро то як километр раҳ гусел карда, сонӣ омада чормағз мекашонанд. Ман аз дур ба кадом сӯ парвоз кардани онҳоро мушоҳида кардаму баъд чарх зада рафта, дар сари роҳашон руст шудам. Ба сару танам алаф баста дар байни шохҳо чунон пинҳон гаштам, ки гӯё душмани маккореро мепоида бошам.
Хулласи калом, баъди меҳнати дуру дароз ба амбори аккаҳо наздик расидам. Ҳар ду ҳам дар нӯл чормағз парида омада ба ковокии санге медаромаданд. Парида омада, рост ба шахи “анбори худ” наменишастанд. Аввал дар канортар, болои санги баланде қарор гирифта, аз санг ба санг ҳаллос зада, бодиққат атрофро мушоҳида мекарданд. Баъди он ки хотирҷамъ шуданд, бо навбат ба ковокии санг даромада, бозьёфташонро гӯр карда мебаромаданд.
Ман реги камари шахро кофта ду-дуним кило барин чормағзу бодом ёфтам. Чормағзаш, асосан, чормағзи худам кандагӣ буд: лӯнда-лӯндаи лайс, мағзаш сафед. Ман чормағзи худамро ҷудо карда гирифтаму аз моли аккаҳо фақат ду дона бодом шикаста хӯрдам. Дигар дилам накашид ва онро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё