Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гирифтан ҳам нахостам. Баъд домани куртаамро ба даруни шим андохта, камарбандамро сахт кашида бастаму чормағзро даруни куртаам андохтам. Шақар-шақари чормағзи луччак дар бағал ба гӯшам форам мерасид, ё худ ин нашъаи ғалабаам буд, намедонам, ба ҳар ҳол, мисли он ки сайди калоне гирифта бошам, хушнуд будам.
Аз ковокии санг акнун берун мешудам, ногоҳ аз куҷое аккаҳо парида омаданду чунон ғавғо бардоштанд!.. Қариб дарафтанд-е! Яктааш чанд бор ба кифтам зада гузашт.
— Ана, ҳамин хел, аккаҳои дузд! Баъд аз ин коратонро дониста кунед, — ҷиддӣ гуфтам ман аз иҳотаи онҳо гузаштаравон. — Моли ҳаром ба тани ҳеҷ кас ош нашудаст, ба ин сухани бобои пирамон бовар кунед!..
Аккаҳо бо валвала аз санг ба санг ҷаҳида маро то хеле роҳ таъқиб карданд. Ман беихтиёр як байт шеъри дар байни бачаҳо машҳурро такрор ба такрор мегуфтаму медавидам:

Аккаи ало ду пар дорад,
Аз ҳар бало хабар дорад.

Соли 1977

пешина
аз 192
навбатӣ