Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
БО КЎЛБОРИ ВАЗНИН
Адиб чӣ гуна ба адабиёт меояд, ҳаргиз мушоҳида кардаед? Машғулияти аҷиб ва фараҳбахшест. Ман Баҳром Фирӯзро ҳамчун шоир мешинохтам. Аммо вакте ки соли 1972 дар журнали “Садои Шарқ” аввалин ҳикояи ӯро хондам, ба мушоҳида сар кардам. Ҳар чизе, ки ӯ чоп мекард, мехондам:
ҳикояҳои хубашро ҳам, ҳикояҳои бадашро ҳам. Рӯзафзун ҳикояҳояш пухтатар, тасвир ва ҳадафи суханаш равшантар мегашт. Боре шунидам, ки муаллим Мирсаид Миршакар ба ӯ мегуфтанд: “Баҳром; шеърҳоят хубанд, аммо ҳикояҳоят хубтаранд. Умуман, насри ту рехтаю равон, табиӣ ва бамаънӣ аст”.
Инак, ҳоло китоби сеюми насри ин адиби умедбахш дар дасти мост. Дилпурона болу пари худро рост карда, сухани худ, мавзуъ ва нуктаи назари худро ба зиндагӣ дарьёфтани вай, моро хурсанд мекунад. Ҳам повести “Решаи талх” ва ҳам ҳикояҳои ӯ аз як сарчашма — хотироти айёми бачагӣ ва наврасии адиб об хӯрдаанд.
Фалокати тасодуф се нафар наврасро дар ғори кӯҳӣ асир мекунад. Дар ин вазъи мушкил хислат ва ҷаҳони маънавии ҳар яке равшан мегардад. Адиб ба эҳсосот зиёда саргарм нашуда, решаҳои дури маънавиёти онҳоро тадқиқ мекунад.
Воқеа дар ғор гузарад ҳам, дар пеши назар ҳаёти деҳа,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё