Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
-- Хайр ҳеҷ гап не, рафта хоб кун!
Гӯй, дигарон ҳам бихобанд, то ки ман биосоям.
Баъди он ки ҳама хобиданд, Водарёг ба саисхонаи подшоҳ рафта ба посбонҳо рӯяшро нишон дод, ҳама ҳӯсни нестдарҷаҳонеро дида беҳуш шуда афтоданд, даромаду аспаш ва зину афзорашро бароварда барои шавқараш ҳам якто асп гирифта пеши ӯ омад. Ҳар ду савор шуда аз шаҳр баромада рафтанд.
Рӯз шуд. Подшоҳ бедор шудан замон ба надимонаш гуфт:
-- Имрӯз мӯҳлати азои Водарёг буд шуд, ӯро биёред, мулло даъват кунед, моро никоҳ кунад.
Надимони подшоҳ омаданд, ки Водарёг дар ҷояш нест. Рафта саисхонаро диданд, ки ду асп ҳам нест. Подшоҳ ин хабарро шунида ба ғазаб омад, аз паси Водарёг лашкар равон кард. Водарёгу писари вазир ба ҷанг даромаданд. Подшоҳ ҳафт маротиба лашкар равон кард. Водарёгу шавҳараш ҳафт маротиба лашкари ӯро аз дами теғ гузарониданд.
Қулзумро ба ҷуз таслим шудан илоҷи дигар намонд. Вазирзода хост сар аз тани ин подшоҳи бераҳм, ки ӯро кушта, занашро гирифтанӣ буд, ҷудо кунад. Писари Қулзум, ки ҷавони нозанину доно буд, сари зону пеши ӯ нишаста илтиҷо кард:
-- Ману падарам ғуломи шумо, ҳар гаҳ ҳар чӣ фармоед, иҷро мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё