Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ҳамеша мегӯям: «Дар паноҳи Худо бимонӣ». Бад-ин умед, ки Худо як рӯзи офтобӣ Туро насиби ман мегардонад.

Дидӣ, ин барф, ин арӯси зебо, роҳи Туро баст? Аммо ман ҳеҷ ба ӯ дил намедиҳам ва ҳамчунон бо муҳаббати Ту рӯзҳоро ба шабҳо ва шабҳоро ба рӯзҳо мепайвандам. Ӯ дар ин ҳол аз хиҷолат об мешавад. Агар пас аз он ҳам мехоҳӣ, ки биёӣ, ба Худо, ҳеҷ қадам ранҷа мафармо. Медонам, ки дӯстам медорӣ ва ба ёдам меорӣ. Ва ҳамин саодат барои ман бас аст.

Ҳазор сол интизор будӣ, ки Туро ошиқе, ошиқи содиқе пайдо шавад. Ва боварам кун, ки он манам. Охир, ман дар ин ҳазор сол Туро, танҳо Туро хостам, ҳам ба сидқ, ҳам ба номи ишқ.

Маро аз чӣ, эй Ёр, дар ин роҳи ишқ имтиҳон мекунӣ? Охир, аз ошиқ хирад ҷустан хатост. Ӯ як дил дорад, ки дар оғоз додааст. Ва, аммо ҷонро аз ӯ маҳоҳ. Ӯ худ ки пеши пои Ту онро нисор мекунад.

Ба ҳама ошиқони худ бигӯ, ки ин таронаҳои пурсӯзро бароят бо хуни дил касе навиштааст, ки ҳеҷ даъвои дилдодагӣ надорад. Бигӯ, шояд онҳо рашк бибаранд ва Ту маро бо ин рашк дӯст бидорӣ.

Муҳаббат дар дили ғамдида зуд ҷо мегирад, - мегӯяд ба ман ошиқе. Ва ман дармеёбам, ки чаро Ӯ, он Ёр дар оғоз диламро бо ғам ошно сохт.

Ба оинаҳо менигарам. Ба оинаҳое, ки дар онҳо ҳусни дилрабои худро бо муҳаббат нигаристаӣ. Менигарам, аммо як нишони ҳусни Ӯро намеёбам ва бовар мекунам, ки оинаҳо низ

пешина
аз 210
навбатӣ