Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шеъри «Ҷангал» дар «Девон»-и шоир (с.2009) бо андаке таҳрир чоп шудааст ва ин таҳрир шояд оҳангу шиддати нолишро то ҷое афзуда бошад. Вале, ба назари ман, ин шеър дар ҳамон таҳрири аввал табиитару муассиртар буд.
Муҳаммад Ғоиб аз китобе то китоби дигар ҳамчу шоир месабзиду қомат меафрохт, доираи мавзуъҳои шеъраш васеътар мешуд, ба жанрҳои гуногуни адабӣ рӯй меовард, пайи ҳам маҷмуаҳои «Хирмани моҳ», «Лолаи чашм», «Ашки қалам», «Дидор», «Суруди ишқ», «Каъбаи дил», «Ватани Наврӯз», «Фироқнома», китобҳои барои кӯдакон, драмаҳои манзуми ӯ ба табъ расиданд, гулчини ашъораш дар «Девон»-и шоир манзури хонандагон гардид.
Дар замони истиқлоли давлатамон Муҳаммад яке аз намоёнтарин шоирони ватансаро шуд, васфу тараннуми Ватан, тарғиби андешаҳои ватандӯстӣ, талқини пиндорҳои неки ахлоқӣ, ситоиши ишқ ва одамият мавзӯъҳои марказии шеъру ғазал ва рубоиву дубайтиҳои ӯ гардиданд.
Осори Муҳаммад Ғоиб аз ҷониби адабиётшиносони шинохта, аз ҷумла устод Соҳиб Табаров ва марҳум Маъруф Раҷабӣ мавриди арзёбӣ ва баҳои шоиста қарор гирифтааст.
Бо вуҷуди ин, таҳқиқи ҳамаҷонибаи эҷодиёти ӯ ҳанӯз дар пеш аст. Зеро аксари ашъори ин шоири дилшинос, ба қавли устоди зиндаёд Нодири Нодирпур, фарёдест, ки аз дил бурун омада, ба дилҳо роҳ ёфта, шоистаи шинохту пазириш аст.
Ба дӯсти азизам Муҳаммад Ғоиб, ки дар ин рӯзҳои аввали баҳор шастсола мешавад, табъи шукуфо, сиҳҳатмандӣ ва тавфиқ орзумандам.

соли 2014

пешина
аз 202
навбатӣ