Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
ФАСЛИ ДУВУМ
ТАҲКУРСИИ АДАБИЁТ САВОД АСТ
(Гузориш дар ҷаласаи Садорати
Иттифоқи нависандагон, 15.06.2011)
Забони адабиёти имрӯз ва умуман забони навиштору гуфтори имрӯзиён ба баррасиву таҳлили амиқи касбӣ беш аз ҳар вақти дигар ниёз дорад. Дӯлобие, ки дар забони адабиёту матбуот роиҷ шудааст, агар пешгирӣ нашавад, ба костагии фарҳанги гуфтору навиштор роҳ мекушояд (дурусттар бигӯем, роҳ кушодааст!).
Биноан, хуб шуд, ки имрӯз дар ҷаласаи васеи Садорати Иттифоқи нависандагон ду нафар адиби маъруфи мо – Гулназар ва Саттор Турсун оид ба забони шеъру насри ҷавонон изҳори назар карданд ва на танҳо ҷавонон, балки ҳамаи моро бори дигар бар он водоштанд, ки нисбат ба сухан саҳлангорӣ ва бемасъулиятӣ ҳеҷ нашояд. Ҳар ду маърӯза дар сатҳи касбӣ арз шуданд ва аҳаммияти амалӣ доранд. Дар маърӯзаи аввал сухан аз он рафт, ки забони шеъри мо аз оғози даврони шӯравӣ ба пастиву баландиҳои гуногун гирифтор шуда, дар бисёр мавридҳо боиси ба сатҳи забони авом фуруд омадани забони адабӣ ва тарзи баёни шоирон гардид. Ва чун намуна аз тазодди сифатии ғазалиёти истанбулӣ ва бархе аз ашъори даврони шӯравии устод Лоҳутӣ сухан рафт. Дар ин росто ҳамин қадар мегӯям, ки асосу бунёди шеъри моро дар даврони шӯравӣ ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва маърифатӣ ташкил менамуданд. Ҷанбаҳои ҳунарӣ дар дараҷаи дувум қарор доштанд. Биноан, қисми умдаи ашъори на танҳо устод Лоҳутӣ, балки аксари шоирони он замон тобеи ҳамин ҳадафҳо буда, барои омма, дар сатҳи забону тафаккури омма, ба хотири маърифати сиёсиву идеологии омма гуфта мешуд.
Бубинед, худи устод Лоҳутӣ аз номутаносибии муҳити иҷтимоъ, маърифати мардум, забони адабиёт ва эҷоди ҷавонон ба раққат омада, дар яке аз суханрониҳояш соли 1935 чиҳо мегуфт: «Бисёре аз мо… талаб мекунанд, ки мо, нависандагон ва шоирон, кӯр-кӯрона ба забони гуфтугӯии халқӣ пайравӣ кунем…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё