Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин суол ба пеш меояд: мо дар кадом забони халқӣ бояд нависем? Ман калимаҳои ҷудогона ва ибораҳоеро, ки нотиқон дар ин маҷлис ба кор бурданд, барқасд ёддошт кардам. Дар натиҷа ин баромад, ки як мафҳуми муайянро дар бист район бо бист хел калима ифода мекунанд, … районҳое ҳастанд, ки аҳолии онҳо гапи районҳои дигарро намефаҳманд … Бояд дар асоси шеваҳои халқии забони тоҷикӣ як забони муҳкам ва зебои адабии тоҷик ба вуҷуд оварем.
Барои ин мо корро бояд аз саводи ибтидоӣ, аз алифбо сар кунем … Таҳкурсии адабиёт савод аст… баъзе нависандагони ҷавони мо сарсаракӣ як-ёду асари беқуввате навишта, ба худ меболанд, … аз худписандӣ бод ба бурут меафкананд. Онҳоро аз ин одатҳои нораво боздоштан даркор».
Чунон ки мебинед, устод Лоҳутӣ дар ин суханронӣ аз як ҷониб кӯшидааст ба забони омма ҳарф занад, то ӯро бифаҳманд, аз тарафи дигар ошкоро гуфтааст, ки ӯ ва ҳамқаламонаш маҷбуранд «мувофиқи талаб» ба забони гуфтугӯӣ пайравӣ кунанд. Забони шеър, ки оммавӣ шуд, тафаккуру тасвири шоир низ омиёна мешавад, сатҳи шеър ба сатҳи фаҳму завқи авом фуруд меояд. Вале аз ин нукта набояд чунин маънӣ бардошт, ки шеъри солҳои 30-50-и асри гузаштаи мо куллан дар сатҳи омиёна эҷод шуда бошад. Қисми зиёди шеъру ғазалҳои устод Лоҳутӣ, Пайрав, Ҳабиб Юсуфӣ, ва устод Турсунзода дар савияи барои он солҳо хеле баланд гуфта шуда, ба меъёрҳои шеъри асил ҷавобгӯянд. Бо вуҷуди ин тамоюли содагардонӣ ва одигӯӣ дар доираи забони шеър маҳдуд нашуда, ҷанбаи эстетикии адабиётро хароб кард, завқу салиқаи на танҳо хонандагон, балки худи шоиронро поин бурд. Дар шеър тамоюли ба истилоҳ истеъмолӣ арзи вуҷуд намуд.
Ин тамоюл имрӯз низ идома дорад. На танҳо шоирони ҷавон, балки бештар шоирони номдору кордидаамон дидаву дониста шеърҳое эҷод мекунанд, ки «ибнулвақтанд», тавлид мешаванду мемиранд. Ин як амри табиист, ки ба сиришти инсон (нафс, ҳадаф, меъёри эътиқоду инсоф ва ғайра) хос аст ва аз он ҷои гурез ҳам шояд набошад.

пешина
аз 202
навбатӣ