Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мутаассифона, шеърҳои ҷавонон имрӯз аз дасти таҳрир намегузаранд, дар нашрияву нашриётҳо муҳаррирони касбӣ камтар мондаанд, дар нашрияву нашриётҳои хусусӣ аз муҳарриру мусаҳҳеҳ нишоне нест. Дар натиҷа на танҳо хабару мақолаҳо ва китобҳои ғайриадабӣ, балки шеъру насри бадеӣ низ ба забони пур аз нуқсонҳои қабеҳ ба табъ мерасанд. Ноширону муҳаррирон на танҳо нисбат ба забони адабӣ масъулият надоранд, балки эҳтироми хонанда ва масъулияти касби худро пушти по мезананду на шарм медоранд ва на аз ҷинояти маънавӣ метарсанд. Наттоқон дар талаффуз байни «кушиш» (яъне куштан, ба қатл расонидан) ва «кӯшиш» фарқе намегузоранд ва вақте мегӯянд, ки «фалонӣ пайваста «кушиш» дорад», каси соҳибмаърифатро даҳшат фаро мегирад.
Забони матбуот ба ҷараёни рушду такомули забони адабӣ таъсири бевосита дорад. Вазъу ҳолати забони рӯзномаву ҳафтаномаву маҷаллаҳо ба ҳамаи мову шумо маълум аст:
таҳриру тасҳеҳ тақрибан вуҷуд надорад. Солҳои 30-и асри гузашта забони матбуоти тоҷикӣ ба ҳамин гуна вазъи ногувор гирифтор буд ва дар рӯзномаи расмии «Тоҷикистони сурх» басти махсуси муҳаррири адабӣ ворид намуда, адиби забондону хушсавод Абдулвоҳиди Мунзимро ба ин вазифа таъйин карда буданд. Қабл аз ин ҳам дар як ҷамъомади журналистон пешниҳод карда будам, ки нашрияҳои мо имрӯз ба муҳаррирони адабӣ ва мусаҳҳеҳони хушсавод ниёзманданд. Ҳоло, ки ин ҷо аксари муҳаррирони нашрияҳо ҳузур доранд, мехоҳам ин пешниҳоди худро бори дигар ба таваҷҷуҳи онҳо бирасонам.
Имрӯз аз ҷониби сухангӯён дар музокира ба забони барномаҳои телевизион ва радио, барандагони барномаҳои телевизиону радио ва наттоқон чанд эроди ҷиддӣ гирифта шуд, ки қобили қабуланд. Аз ҷумла, муаллим Худоӣ Шариф гила карданд, ки мо мутаассифона, суханвар надорем. Оре, лекин, медонед, барои чӣ? Барои он ки байни забони адабии китобӣ, навишторӣ ва забони адабии шифоҳӣ, гуфторӣ фарқу фосила ниҳоят калон аст. Хусусан сухангӯи телевизион мушкилоти зиёд дорад: ӯ наметавонад дар рӯёрӯи бинанда матнро тамом аз рӯйи коғаз бихонад ва умуман ба забони адабии китобии навишторӣ суҳбат орояд, дар айни замон, чунони ки таъкид гардид, сухангӯёни телевизиону радио низ, мисли мову шумо, дар истифодаи забони адабии шифоҳии гуфторӣ азоб мекашанд ва ба хатоҳои мантиқиву услубӣ роҳ медиҳанд.

пешина
аз 202
навбатӣ