Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Забони адабии шифоҳии гуфтории мо ҳанӯз дар оғози ҷараёни ташаккул қарор дорад ва кӯшишу заҳмати зиёди адибону журналистон лозим аст, то шакли зебову шевои он роиҷ шавад.
Хатоҳои ом дар навиштору гуфтор хеле маъмул гардидаанд. Борҳо гуфтаему навиштаем, гуфтаеду навиштаед, ки «оиди», «нисбати» ғалат аст ва бояд «оид ба», «нисбат ба»
гуфта ва навишта шавад, «чуноне ки», «модоме ки» қобили қабул нест, бояд «чунон ки», «модом ки» бошад, вале ҳамон шаклҳои ғалат дар забони адабиёту матбуот ниҳоят роиҷанд, ки боиси таассуф аст. Оид ба нодуруст будани ибораи «бо дарназардошти» дар матбуот борҳо изҳори назар шуд, вале дастандаркорон ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд аз истифодаи он даст кашанд.
Ду-се нафар аз Афғонистон таркиби «бо дарназардошт»- ро оварданду ба ҳар роҳ дар матбуоту суханрониҳо таҳмил мекунанд. Қолаби «назардошт» аз исм ва феъли замони гузаштаи шахси сеюм таркиб ёфтааст, мисли «худодод», «чашмдошт», «қарордод», «саргузашт», «сарнавишт», «даромад», «дастовард», «саромад», «корбаст» ва ғ. Ҳеч кадом аз онҳо пеш аз худ ду пешоянд (бо, дар) намегирад. Аз устод Айнӣ то Лоиқ касе ҳам «бо дарназардошт»-ро нагуфтаанд ва тасаввур ҳам намекарданд. Аслан пайи ҳам омадани ду пешоянд дар забони тоҷикӣ айб ва қубҳи сухан аст.
Масъалаи ба лаҳҷаву шеваи гуфтори маҳал шеър гуфтани баъзе шоирон баҳснок аст. Агар шоире мисли Бобо Тоҳири Урён ба лаҳҷа шеъри асил гуфта тавонад, ҳалолаш бод, вагарна, ҳазф кардани садонокҳову истифодаи калимоти лаҳҷавӣ он қадар ҳунар ҳам нест. Забони мо маҳз ба шарофати забони адабиёт, аз ҷумла шеър, ҳазору анд сол зиндаву поянда монд ва агар мо имрӯз шеъри Рӯдакиву Фирдавсиро бидуни луғат мехонему мефаҳмем, натиҷаи бо риояи меъёрҳои забони адабӣ шеър гуфтани онҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё