Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Забони адабӣ, ки бар меъёрҳо асосу истеҳком меёбад, умри тӯлонӣ ва шояд ҷовидона дорад. Лаҳҷа як организми зиндаест, ки зуд тағйир мепазирад ва бақояш нисбист.
Дар масъалаи забони насри ҷавонон (ва на танҳо ҷавонон) Саттор Турсун мушоҳидаву мулоҳизаҳои ҷолиби худро иброз дошт. Айби асосие, ки дар забони насри ҷавонон ба назар мерасад, риоя накардани мантиқу таносуб дар сохтани ҷумлаву таъбирҳост, ки аз пояи сусти савод ва маърифати ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Ҷавонон кам ва ё бидуни таваҷҷуҳи кофӣ мутолиа мекунанд, аз фарҳангу луғатномаҳо ё истифода намебаранд ва ё истифодаашон сарсариву кӯркӯрона аст. Барои нависанда забонро донистан кам аст, ӯ забонро бояд ҳис бикунад, маънову тобишҳои гуногуни калимоту таъбиротро бидонад ва аз онҳо бамаврид истифода карда тавонад. Масалан, дар матбуоту адабиёт истифодаи калимаи «ғановат» (шояд дар қолаби «қаробат» сохта бошанд) роиҷ шудааст, ки дар ҳеч луғати арабӣ ва фарҳангҳои тафсирии форсӣ нест. Ва ё таркиби «вобаста аз»-ро фаровон истифода мебаранд, ки тарҷумаи таҳтуллафзи «в зависимости от...»-и русӣ аст. Ҳол он ки дар забони тоҷикӣ чизе метавонад ба чизе вобаста бошад, на аз чизе, биноан, «вобаста ба» гуфтану навиштан дуруст аст. Нависандагон, журналистон, гӯяндагони радиову телевизион баъзан таркибҳое месозанд, ки на танҳо хандаоваранд, балки ҳузнангезу таассуфовар низ ҳастанд, зеро аз мантиқи одӣ ва фаҳму фаросати маъмулӣ ориянд. Масалан, дар ҳар сари қадам дакка мехӯред ба таркибҳои пучу бемаънои «вайрон сохтан», «хароб сохтан» «пинҳон намудан» ва ғ.
Мехостам таваҷҷӯҳи адибони ҷавон, ҳам шоирону ҳам носиронро ба як масъалаи хеле муҳим ҷалб намоям. Масъала ин аст, ки ҳар жанр ва навъу шакли адабӣ таркиби луғавии хоси худро дорост. Масалан, агар ҳамоса (дар шакли маснавӣ ё қатъа) таркибу таъбирҳоеро мисли «тараққо туруқи амуди гарон…» қабул дошта бошад, ғазал чунин таркибу таъбиротро намепазирад. Дар наср низ ҳамин меъёрҳо бояд риоя шаванд, яъне забону таркиби луғавии лавҳа, таронаи ғиноӣ, эссе бояд аз очерк, мақола, памфлет фарқ дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё