Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Ин сурудро хонда истода, бозингарон сенафарҷ шуда, ба тарафи ҷӯй ва Мавлуда (баранда) равона мешаванд:
“Се духтаракон будем” - гуфта бозингарон қадам мезананд. Мисраи дуввум “лолачинакон будем”-ро гуфта, ҳама дастҳоро аз китфи якдигар гирифта, амали лолачиниро иҷро мекунанд. Мисраи сеюм, чорум “Давидему давидем, Ҷӯи навба расидем”-ро гуфта ҳама то лаби ҷӯй медаванд ва дастояшонро ба китфи якдигар мегузоранд: баъд гурӯҳи сенафариро ташкил медиҳанд. Мисраи панҷум “Ҷӯи нава обаш не”- ро гуфта, ҳама бозингарон ба фарш ё замин пой мезананд, мисраи охирин “Мавлудая тобаш не”-ро гуфта истода, ҳама дастҳоро аз китфи якдигар мегиранд ва мегурезанд. Мавлуда бошад, бо шунидани сухани охирин “тобаш не” аз дунболи сенафарон медавад ва кушиш мекунад, ки яке аз онҳоро дошта гирад. Агар касеро дошта тавонад, дар он сурат Мавлуда ба ҷои он меистаду бачаи дошташуда ба ҷои Мавлуда.
Агар баранда яке аз бозингаронро дошта натавонад, роҳбар ӯро иваз мекунад. Бозӣ ҳамин тавр давом мекунад. Ғолиби бозӣ касе мешавад, ки чобукӣ зоҳир намояд ва бозингареро зуд дошта тавонад.
Қоидаҳои бозӣ:

  1. Бозингарон бояд то охири ҷӯй даванд.
  2. Ибораи охирин (тобаш не)-ро бурро ва равшан ифода намоянд.
  3. Баранда то сухани охирин – “тобаш не”-ро нашунавад, хақ надорад, ки пеш барояд.
  4. Бозингаронро фақат дар ҳудуди майдонча доштан мумкин аст.
  5. Гурехтан ба ҳар тараф не, фақат ба ақиб мумкин аст.
  6. Агар баранда ба бозингар даст расонда тавонад, дошташуда ҳисоб мешавад.
  7. Ҳамаи амалҳои пешбинишуда бояд иҷро карда шаванд.

Аспгирак

Ҷои бозӣ: майдонча, стадион, замини ҳамвор.
Тайёрӣ ба бозӣ. Роҳбар бозингаронро қатор карда, якеро баранда интихоб мекунад, ки ӯ мукофотдиҳанда мешавад. Дар тарафи дигари майдонча (замин) дар масофаи 19-20 метр (масофа вобаста ба миқдор ва синну соли бозингарон мешавад) барои баранда ҷой тайёр карда мешавад.

пешина
аз 108
навбатӣ