Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

“Ҷӯҷаҳо” дастони худро ба ду тараф, ба боло бардошта, ба болафшонӣ тақлид карда чунин овоз мебароранд: “чӣ...... чӣ...... чӣ”.
Вақте ки “уқоб” аз нисф зиёди “ҷӯҷаҳо” – бозингаронро дошта ба хонааш, яъне ба лонааш мебарад, “мокиён” барои “ҷӯҷаҳо” дон пошида, ҷеғ мезанад:
“Қут.... қут..... қут”.
Ин овозро шунида, ҳама бозингарон ба тарафи “мокиён” яъне ба назди модари худ метозанд.
“Уқоб” онҳоро рафтан намемонад. Онҳо ӯро фиреб дода, бо ҳар роҳ ба назди модарашон мегурезанд. Он “ҷӯҷа” – бозингаре, ки “уқоб” ӯро дошта натавонистааст, ба ҷои “уқоб” мешавад. Бозингарони роли “уқоб” ва “мокиён” бозӣ мекардагиро зуд-зуд иваз кадан лозим аст.
Он бозингаре, ки аз тарафи “уқоб” дошта нашудаст, ё ки он “уқоб” тезтар “ҷӯҷа”-ҳоро меқапад, ғолиби бозӣ шуморида мешавад.
Қоидаҳои бозӣ:

  1. “Уқоб” мувофиқи фармон ба парвоз медарояд.
  2. “Ҷӯҷаҳо” то лаҳзаи парвози “уқоб” бояд дар ақиби мокиён дунболи якдигар бошанд. Баъд вақте ки ба холати ногувор афтоданд, метавонанд, ба ҳар тараф гурезанд, вале аз ҳудуди майдон берун не.
  3. “Мокиён” ҳуқуқ дорад, ки бо “уқоб” муқобилат кунад ва “ҷӯҷаҳояшро” ба “уқоб” надиҳад.
  4. То даме ки барои “мурғон” дон пошидан нашавад. “ҷӯҷаҳо” ҳақ надоранд, ки аз лонаи уқоб гурезанд.
пешина
аз 108
навбатӣ