Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Бозиҳои гурӯҳӣ
Бандбозӣ

Ҷой ва асбоби бозӣ. Майдонча, стадион, зал, 10-15 банди чаҳ-чаҳак.
Тайёрӣ. Бозингаронро ба ду команда (гурӯҳ) ҷудо мекунанд. Дар майдонча аз як тараф хати оғоз кашида мешавад. Бозингарони ҳар команда аз якдигар ба масофаи панҷ-ҳафт метр дур меистанд. Ду судя интихоб карда мешавад.
Рафти бозӣ. Бо фармони роҳбар бозингарон бандро тоб медиҳанд.
Иштирокчиёни ҳар як команда то хати ишорашуда давида боз бармегарданд. Баъди баргаштан аз ақиби командаи худ меистанд. Агар банд кӯтоҳ бошад, бозингар онро ба бозингари дигар медиҳад. Он командае ғолиб мебарояд, ки бозиро аввал тамом кунад.
Қоидаҳои бозӣ:

  1. Масофаи давидан бояд вобаста ба синну сол бошад.
  2. Бозӣ набояд кашол ёбад.
  3. Ба якдигар халал расонидан лозим нест.
  4. Банди чаҳ-чаҳакро партофтан мумкин нест.

Тарбузбозӣ

Ҷой ва асбоби бозӣ: зал, майдонча долон, 10-14 тӯб (сангҳои кулӯла).
Тайёрӣ ба бозӣ. Бозингаронро ба ду команда тақсим мекунанд.
Онҳо саф кашида ба масофаи ду-се метр рӯ ба рӯ меистанд. Дар пеши пои бозингарони якум ва охирини саф дар фарш давраи ҳаҷмаш 1 м.
мекашанд. Дар давраи бозингарони якум тӯбҳо, ё ки сангҳои кулӯла гузошта мешаванд.
Рафти бозӣ. Бо ишораи роҳбар бозингарони якум аз давра як тӯбро гирифта ба бозингари дар паҳлӯяш буда медиҳад. Вай ба дигараш медиҳад ва ҳоказо. Бозингари охирин тӯбро гирифта ба дохили давра мегузаронад. Вақте ки бозингари якум тубро гирифта ба бозингари паҳлӯяш медиҳад, боз ҳамин тавр тӯбҳои дигарро ҳам гирифта додан мегирад, то даме ки ҳамаи тӯбҳо дар назди давраи бозингари охирин шаванд. Бозингари охирин тӯби охиринро гирифта ба дохили давра мегузораду дасташро боло мебардорад. Он команда ғолиб мебарояд, ки аввалин шуда ҳамаи тӯбҳоро ба давраи назди бозингари охирин мегузорад.

пешина
аз 108
навбатӣ