Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

барои анҷоми бозӣ нокифоягҷ кунад: бачаҳо мехоҳанд бозиро идома бахшанд, дар чунин маврид набояд садди роҳи бачаҳо шуд. Бозиҳои дилхушкунанда, одатан дар ҳавои кушод гузаронида мешавад, баъзан фасли зимистон бозиҳоро дар толорҳо мегузаронанд. Кӯшиш ба харҷ дод, ки макони баргузории бозиҳо аз ашёи бегонаю нолозим холӣ бошад.

Рафти машғулият ё шурӯъи бозиҳо:

Чуноне ки дар боло ишора кардем, ба бачаҳо пеш аз ҳама як бозӣ
2 мазмуну муҳтавои он ва ашёи истифодашавандаро шинос кардан лозим аст. Бозиҳои серҳаракати дилхушкунанда тақозо менамояд, ки ҳар як асбобу афзоли истифодашаванда бояд ҷаззоб бошад. Масалан, дар бозии “Аспакбозӣ” (ду гурӯҳ) то даҳ нафар бачаҳо ширкат карда метавонанд. Бачаҳо ба аспакҳо савор шуда пойга мекунанд. Бояд аспаки яке аз онҳо ғолиб барояд. Дигар бачаҳо аз ду тараф мухлисҷ мекунанд; духтарбачаҳо низ рағбат доранд, чунин “пойгаро” бубинанд, ки кадом “бачаи гурӯҳ дар ин бозӣ ғолиб мебарояд. Ё ин ки дар бозии “Занбӯракон” бачаҳои то 4-5-сола ширкат карда метавонанд. Мазмуни ин бозии дилхушкунанда чунин аст: кадом занбӯрак зуд парвоз карда, ба назди модарзанбӯр меояд. Дар ин бозӣ духтарбачаҳою писарбачаҳо баробар ширкат меварзанд.
Дар бозии дилхушкунандаи “Харгӯшакҳо ва хирс” низ духтарбачаҳою писарбачаҳо баробар ширкат карда метавонанд. Дар сабзазоре, ки харгӯшакҳо машғули кандану хӯрдани сабзҷ ҳастанд, хирс пайдо мешавад. Харгӯшакҳо дар атрофи хирс давра шуда, халтаи пур аз сабзиро аз вай гирифтаи мешаванд. Хирс майли гурехтан мекунад, вале харгӯшакҳо ба вай имкон намедиҳанд. Хирс халтаи сабзиро партофта мегурезад ва харгӯшакҳо ғолибона қарсак мезананд.

Хатми машғулият

Дар анҷом мураббӣ ба бозии дилхушкунанда баҳо дода, ширкати ҳар як бачаҳоро хотирнишон месозад.
Муҳтаво.

пешина
аз 108
навбатӣ