БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Ба онҳое, ки фаъолияти хуб нишон додаанд, шириниҳо тақдим мекунад ва аз бачаҳо барои саҳм гирифтану иштироки фаъолашон миннатдорӣ баён месозад.
Шинохти мева дар бозии бачаҳо Меваю сабзавот дар инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳу равонии кӯдакон нақши муҳим мебозад. Агар дар ғизои кӯдакон бахусус, анвои мева бештар бошад, бачаҳо барои инкишофи худ ҳамаи витаминҳои заруриро мегиранд ва ҷараёни инкишофи онҳо ҳамвор ва бидуни ҳама гуна амроз хоҳад буд. Албатта ин мавзӯи дигар аст, вале дар кӯдакистонҳо, ки бачаҳо ба синну сол бузург мешаванд, бояд аз хурдӣ ба олами меваҳо шиносоҷ пайдо кунанд. Муҳимтар аз ҳама, бачаҳо бояд ба шаклу намуд, ранг, маза ва дигар хусусиятҳои мева ошноӣ дошта бошанд.
Дар ин маврид назарҳои мутахассисону коршиносон хеле гуногун аст, ки бача дар ҷараёни бузургшавӣ ба ин хусусияти меваҳо хоҳ-нохоҳ шинос мешаванд. Яъне, ҳамон себ ду-се хел ранг дошта, мазааш ширин ва турш аст. Ин дуруст, аммо кӯдакон дар синни хурдсолӣ тамоми меваҳоро як хел тасаввур карда, ҳатто нокро баъзан себ мепиндоранд.
Бинобар он, дар мавзӯи “Шиносоҷ бо меваҳо”, ки мураббӣҳо аз рӯйи нақша ба таълим мепардозанд, зарур аст, ки ба ин ҷиҳати масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд. Банда аз таҷрибаи хеш пешниҳод мекардам, ки мавзӯи фавқ чунин ба роҳ монда шавад:
- Шиносоӣ бо олами меваҳо.
- Мушаххас кардани номи якчанд меваҳо, рангу бӯй ва мазаи онҳо; 3. Аз миёни меваҳо ёфтани меваҳои ҷудогона, ки мураббӣ зарур мешуморад.
- Таҷҳизот: Афлесун (бутун ва пораи он барои муайян намудани бӯй), қуттичаи сеҳрнок, 4-тоӣ варақаҳои хурд барои ҳар кӯдак (себ, нок, афлесун, лиму ва ғайра).
Акнун барои шавқовар доир сохтану гузаронидани мавзӯъ мураббӣро лозим меояд, ки якчанд бозиро фикру пешниҳод намояд; Ба фикри банда ин мавзӯро бозии “Харгӯшак – халтача” хеле рангин месозад. Вақте ин бозӣ интихоб шуд, мураббӣ дар тараддуди ташкил ва гузаронидани он мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё