БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Ҳамин тарз, бозиҳои таълимӣ дар инкишофи кӯдакон бисёр нақши муҳим дорад. Дар рафти бозиҳои таълимӣ дар кӯдакон ҳисси биноҷ, шунавоҷ инкишоф ёфта, нутқи онҳо буррову саҳеҳ мегардад. Бинобар ин, ба кормандони муассисаҳои томактабӣ лозим меояд, ки шаклҳои шахшудаи раванди таълимиро шикаста, шаклҳои гуногуни ғайри анъанавиро, ки барои рушди кӯдак нақши муҳим мебозанд, ба роҳ монанд.
Бозиҳои муоширатӣ
Дар ширхоргоҳ – кӯдакистонҳо мураббӣҳо аз бозиҳое, ки ба болоравҷ ва ташаккули ҷаҳонбинии кӯдакон мусоидат мекунад, фаровон истифода мебаранд. Бозиҳои муоширатӣ ҳам ба шумули ин машғулиятҳо дохил буда, онро мураббӣҳо вобаста ба донишу маҳорати хеш ва истифодаи маводи мавҷуда метавонанд ҳаргуна доир созанд. Албатта, ҳоло мо дар ихтиёри худ маводи бештаре дорем ва метавонем бозиҳои муоширатиро дар сатҳи баланд гузаронем. Кӯшиш кардан лозим, ки бозиҳо хастакунанда набошанд. Мо ба ин машғулиятҳо пешакӣ омодагӣ мебинем ва маводи мавҷударо ба бачаҳо тақсим карда медиҳем.
Маводи тақсимшаванда:
Варақаҳо, шаклҳои геометрӣ, мавод барои ҳисоб, қоғази сахт, қайчӣ, ширеш, қалам, хаткашак ва ғайраҳо.
Равиши машғулият:
Мураббӣ ба бачаҳо муроҷиат карда мегӯяд, дар ҷангал рӯбоҳи маккор ба шикори харгӯшон оғоз кардааст. Биёед бачагон барои харгӯшакон хонача месозем, то ки онҳо аз дасти ин зарди айёр пинҳон шуда, наҷот ёбанд.
Бачаҳо барои он, ки хонача созем, мо бояд маводи сохтмониро тайёр намоем ва ҳисоб кунем.
Барои ин, ба мо ададҳои математика ёри мерамонанд. Мураббӣ маводҳои пешакӣ тайёркардаи худро болои миз гузошта, дар назди бачаҳо устокорона хонача месозад, сонӣ бачаҳоро ба зергурӯҳҳо ҷудо карда, ба онҳо маводҳои сохтмониро тақсим намуда, мегӯяд: бачаҳо ҳоло бошад, ба хоначаи сохтаи ман назар карда, шумо низ хонача созед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё