Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Аввалан ба рӯйи қоғаз бо қалам ва хаткашак шаклҳои геометрӣ, чоркунҷа, росткунҷа, секунҷа кашида, баъд бо қайчӣ онҳоро бурида, ба воситаи ширеш бо ҳам часпонед ва хулоса, хонача созед. Мураббӣ ба кори бачаҳо назорат карда, ба онҳое, ки мушкилӣ мекашанд, ёрӣ медиҳад. Акнун хоначаҳои мо тайёр шуданд, мураббӣ ба кори бачаҳо баҳо гузошта мегӯяд: биёед, бачаҳо хоначаи аз ҳама зеборо ба харгӯшакон тақдим мекунем.
Мураббӣ чистонеро дар шакли шеърҷ ба бачаҳо пешкаш намуда мегӯяд: “Ҳоло мебинем, ки кадоме аз шумо бодиққаттар аст”. Мураббӣ мехонад:

Саҳар назди зонача,
Нишаста ду харгӯшча.
Месуруданд суруде,
Дӯстона хушҳолона.
Як харгӯшак гурезон,
Дигараш монда ҳайрон.
Менигарист аз пасаш,
Канӣ, гӯед бачаҳо.
Чанд харгӯш назди хона?
(ҷавоб: яктояш монд)

Мураббӣ ба бачаҳо расмро нишон медиҳад, ки дар он чанд намуд барги дарахтон, гулҳо, гамбусакҳо тасвир ёфтааст.
Хуб, бачаҳои ширин, акнун ба ин расм нигаред ва гӯед, ки ҳамаи ин ашё бо ҳам монанданд? Бо чӣ фарқ мекунанд? Чандто баргҳои калон ва хурд доранд? Чандто барги тус аст? Чандто барги сафедор? Чандто гул аст? Чандто гамбусак? Ранги гуд ва гамбусакҳо чӣ гунаанд?
Мураббӣ дар ҷамъбасти машғулият ба бачаҳо муроҷиат карда мегӯяд, ки биёед бачаҳо ҳамаи хоначаҳои сохтаамонро аз назар мегузаронем ва аз ҳама зеботарашро ба харгӯшакон туҳфа мекунем, то ки онҳо аз рӯбоҳ паноҳ баранд. Харгӯшакҳо аз ҳамаи шумо бачаҳо миннатдоранд.
Кӯдакон ва табиат Мақсад: маводҳои зинда ва ғайризиндаи табиатро фарқ ва онҳоро номбар карда тавонистан, сӯҳбати ду каса ё нутқи гуфтугӯйи, дар нутқ синонимҳо ва антонимҳоро истифода бурдан, иҷро карда тавонистани машқҳои ҷисмонӣ дар вақти додашуда, аз рӯйи мазмуни асари бадеӣ расм кашида тавонистан.

пешина
аз 108
навбатӣ