Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Калимаҳои аз рӯйи маъно ба ҳамдигар наздикро номбар кунед. Масалан:
ҳавои тозаҳавои соф Оби тозаоби соф Барф меборадбарф мерезад Дастони тозадастони пок Писарбача метозадписарбача медавад Дарё равон астдарё ором аст Мошин меравадмошин меистад

Хулоса ва ҷавоби бачаҳо бояд чунин бошад, ки мо онро дар зер меорем:

  1. Оби тоза – оби соф 2. Барф меборад – барф...
  2. Дастони тоза – дастони...
  3. Писарбача метозад – писарбача...
  4. Мошин меравад – мошин...
  5. Дарё равон аст – дарё...
    Вақте ки бачаҳо хеле хуб ҳозирҷвобӣ карданд, агар мураббӣ лозим донад, боз барои тақвияти дониши бачаҳо бозии “Баръаксашро ёб”- ро пешниҳод месозад. Ҷавоб ёфтан ба ин саволҳо барин бачаҳо каме мушкил аст, вале онҳо бо ёрии мураббӣ метавонанд ба он сарфаҳм раванд. Мураббиро лозим меояд ба бачаҳо гӯяд, ки ин мавзӯи хеле муҳим дар дарси забони модарӣ аст, вақте онҳо ба мактаб рафтанд, ба он пурра шинос мешаванд.

Баръакс бигӯ

Мисол:
Нони нармнони .....
Бори сабукбори .....
Вазифаи осонвазифаи .....
Одами пиродами .....
Қолини кӯҳнақолини .....

Барои он ки бачаҳо ҳозирҷавобӣ намоянд, мураббиро лозим меояд, ки ба чанд савол равшанҷ андозад ва вақте ки бачаҳо ба мавзӯъ пурра сарфаҳм рафтанд, метавонад теъдоди мисолҳоро бештар созад.

пешина
аз 108
навбатӣ