Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа
ДУХТАРИ ҶАСУР
Буд набуд, дар замонҳои қадим дар як шаҳре пирамарде буд. Пирамард се духтар дошт, аммо ягонта ҳам писар надошт ва ҳамеша дар орзуи писар буд.
Рӯзе аз рӯзҳо пирамард ба дарди чашм гирифтор шуда, нобино мешавад.
Табибҳо даво мекунанд, вале фоидае намебахшад.
Пирамард аз дидани рӯзи равшану дидору фарзандони азиз ва ёру дӯстонаш маҳрум шуда, бисёр ғам мехӯрад. Аз ғам харобу абгор мегардад.
Як вақт як шахси мусофир хабар медиҳад, ки дар як шаҳри дур табибе ҳаст, дар боғи он табиб як гиёҳе мерӯяд ва табиб аз барги он доруе тайёр мекунад, ки ба ҳар гуна дарди чашм даво мешавад. Муйсафед ин хабарро шунида оҳи сард кашида:
— Агар писар медоштам, — мегӯяд, — албатта, рафта он гиёҳро ёфта меовард ва аз ғурбати нобиноӣ халос мешудам.
Духтари калонии пирамард дарҳол аз ҷояш хеста, аз падараш илтимос карда мегӯяд, ки:
— Падарҷон, иҷозат диҳед ман рафта ҳамон доруро ёфта биёрам!
— Оҳ, духтарам, — мегӯяд пирамард, — аз дасти ту ин кор намеояд, беҳуда овора мешавӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё