Зеҳн

Бонк

Хабарҳои муҳими молиявӣ, таҳлили бозори пул, маслиҳатҳои муфид барои пасандоз ва қарзҳои фоидаовар. Ба гурӯҳи мо обуна шавед ва саводнокии молиявии худро боло баред.

1 аъзоаз 20 июли 2026
Бонк·Зеҳн·13 рӯз пешНашрия

Истиқлолият

Истиқлолу озодӣ барои марду- ми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард. Кишвари мо бо заҳмату талоши ватандўстонаи мардумамон аз як ҷашни истиқлол то ҷашни дигар ободу зеботар ва дастовардҳои он дар ҳама самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ сол ба сол бештар мегарданд. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ин аст, ки миллати тоҷик дубора ба асли хеш, яъне ҳувияти таърихии худ баргашт, мероси чандинҳазорсолаи фарҳангӣ, илмиву адабӣ, забони ноби тоҷикӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худро эҳё кард, соҳибӣ намуд ва омўзиши онҳоро аз нигоҳи нав ба роҳ монд. Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади пешбурди тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва рушди он барои наврасону ҷавонон ҳазорҳо иншоот бунёд карда шуданд, ки нисбат ба даврони гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад.

Бонк·Зеҳн·13 рӯз пешНашрия

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон нархи дар ин рӯзҳои ахир ба таври назаррас боло рафтааст

Нархи тилло дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи охир ба таври назаррас боло рафтааст. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз 31 июл то 7 август арзиши тиллои ченакӣ вобаста ба вазн аз 5,2 то 5,3% боло рафтааст. То 7 август нархи 5 грамм тилло 6570 сомониро ташкил дода буд, ки як ҳафта пеш арзиши он ҳамагӣ 6244 сомонӣ буд. Ҳамчунин, нархи 10 грамм тилло аз 12366 сомонӣ ба 13019 сомонӣ расидааст. 20 грамм тилло бошад, аз 24598 ба 25904 сомонӣ расид. Арзиши 50 грамм тилло дар ин давра аз 61280 сомонӣ ба 64545 сомонӣ ва 100 грамм тилло аз 122 485 сомонӣ ба 129 015 сомонӣ расидааст. Бояд гуфт, ки болоравии нарх дар Тоҷикистон ба вазъи бозори ҷаҳонии тилло низ иртибот дорад. Аввали моҳи август нархи як унсия тилло дар бозори байналмилалӣ ба ҳудуди 4370 доллар расид. Бонки миллии Тоҷикистон нархи фурӯш ва бозхариди тиллоро ҳамарӯза муайян мекунад. Ҳисобкунии нархҳо бар асоси қимати байналмилалии тилло анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар тағйирёбии нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ ба арзиши он дар Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. Ёдовар мешавем, ки чанде вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта буд, ки дар шаш моҳи охир Тоҷикистон ба 517 миллион доллар металлҳои қиматбаҳо содир карда шуданд, ки тақрибан 33%-и ҳаҷми умумии содироти хориҷиро ташкил медиҳад.

Бонк·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

5 маслиҳат барои дуруст идора намудани маблағҳои худ

Барои дуруст идора намудани маблағҳои худ ба Шумо 5 маслиҳати муфидро пешниҳод менамоем! Аз маслиҳатҳои зикршуда истифода бурда, мустақилияти молиявиро ба даст оред! ҲАМЕША БУҶАИ ОИЛАВИРО ТАРТИБ ДИҲЕД ҲАДАФҲОИ МОЛИЯВИИ ХУДРО МУАЙЯН НАМОЕД ДАРОМАДУ ХАРОҶОТҲОИ ХУДРО НАВИСЕД САРАВВАЛ МАБЛАҒҲОРО БАРОИ ХАРИДИ НИЁЗҲОИ АВВАЛИЯ ХАРҶ КУНЕД ҚАРЗҲОИ БОНКИРО МАҚСАДНОК ИСТИФОДА БАРЕД

Бонк·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Фарқияти амонат аз пасандоз

Оё медонед, ки амонат ва пасандоз аз якдигар куллан фарқ мекунанд? Ба самъи Шумо мерасонем, ки амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд. Пасандоз бошад, маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст. Яъне, агар Шумо амонат гузоред, пас ба ташкилоти қарзии молиявӣ маблағ барои нигаҳдориаш месупоред, вале агар пасандоз гузоред, ташкилоти қарзии молиявӣ барои истифодаи он ба Шумо фоизи муайян пардохт мекунад. Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландттар бардоред!

Бонк·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Дучор нашудан ба амалҳои қаллобӣ

Дар ҷаҳони имрӯзаи рақамӣ новобаста аз синну сол, маълумот ё таҷриба, ҳар яки мо метавонем дучори амалҳои қаллобон шавем. Қаллобӣ шаклҳои гуногун дорад, аз ҷумла аз зангҳои сохта то сомонаҳои қалбакӣ ва ҳатто паёмакҳо “аз номи бонк”.

Бонк·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Лоиҳаи нави озмоишӣ барои соҳибкорон

Дар бораи лоиҳаи нави озмоишӣ барои соҳибкорони инфиродӣ саволҳои зиёд пайдо шуданд. Маълумотеро, ки донистанаш муҳим аст, ҷамъ овардем. Лоиҳаи нави озмоишӣ танҳо ба пардохтҳои тиҷоратӣ дахл дорад. Интиқолҳои одӣ байни шахсони воқеӣ андозбандӣ намешаванд. Агар шумо ба падару модар, фарзандон, хешовандон ё дӯстон пул гузаронед, ё кумаки молиявӣ гиред, тартиби нав ба чунин амалиёт дахл надорад. Маълумот оид ба ҳамаи интиқолҳо дар низоми иттилоотии Алиф махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Барои соҳибкорон чӣ тағйир меёбад: — меъёри андоз аз 6% то 3% кам мешавад; — андоз ба таври худкор ҳисоб мешавад; — 1% аз маблағи пардохт ба пардохткунанда ҳамчун кешбэк бармегардад; — ҳисобот ба таври худкор омода мешаванд ва дар давоми 2 сол санҷишҳои андоз гузаронида намешаванд. Низоми нав ҳоло ҷорӣ нашудааст. Айни замон бонкҳо ва Бонки миллии Тоҷикистон корҳои техникиро анҷом дода истодаанд. Интиқолҳое, ки то оғози низоми нав анҷом дода мешаванд, дар доираи ин тартиб санҷида ё таҳлил намешаванд. Лутфан, ба овозаҳо ва маълумоти тасдиқнашуда бовар накунед. Вақте ки қоидаҳои нав расман ҷорӣ мешаванд, мо дар саҳифаҳои расмии худ шуморо огоҳ мекунем.