Зеҳн
Бонк·Зеҳн·13 рӯз пешНашрия

Истиқлолият

Истиқлолу озодӣ барои марду- ми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард.

Кишвари мо бо заҳмату талоши ватандўстонаи мардумамон аз як ҷашни истиқлол то ҷашни дигар ободу зеботар ва дастовардҳои он дар ҳама самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ сол ба сол бештар мегарданд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ин аст, ки миллати тоҷик дубора ба асли хеш, яъне ҳувияти таърихии худ баргашт, мероси чандинҳазорсолаи фарҳангӣ, илмиву адабӣ, забони ноби тоҷикӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худро эҳё кард, соҳибӣ намуд ва омўзиши онҳоро аз нигоҳи нав ба роҳ монд.

Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади пешбурди тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва рушди он барои наврасону ҷавонон ҳазорҳо иншоот бунёд карда шуданд, ки нисбат ба даврони гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.