Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон нархи дар ин рӯзҳои ахир ба таври назаррас боло рафтааст
Нархи тилло дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи охир ба таври назаррас боло рафтааст.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз 31 июл то 7 август арзиши тиллои ченакӣ вобаста ба вазн аз 5,2 то 5,3% боло рафтааст.
То 7 август нархи 5 грамм тилло 6570 сомониро ташкил дода буд, ки як ҳафта пеш арзиши он ҳамагӣ 6244 сомонӣ буд.
Ҳамчунин, нархи 10 грамм тилло аз 12366 сомонӣ ба 13019 сомонӣ расидааст.
20 грамм тилло бошад, аз 24598 ба 25904 сомонӣ расид.
Арзиши 50 грамм тилло дар ин давра аз 61280 сомонӣ ба 64545 сомонӣ ва 100 грамм тилло аз 122 485 сомонӣ ба 129 015 сомонӣ расидааст.
Бояд гуфт, ки болоравии нарх дар Тоҷикистон ба вазъи бозори ҷаҳонии тилло низ иртибот дорад.
Аввали моҳи август нархи як унсия тилло дар бозори байналмилалӣ ба ҳудуди 4370 доллар расид.
Бонки миллии Тоҷикистон нархи фурӯш ва бозхариди тиллоро ҳамарӯза муайян мекунад.
Ҳисобкунии нархҳо бар асоси қимати байналмилалии тилло анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар тағйирёбии нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ ба арзиши он дар Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки чанде вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта буд, ки дар шаш моҳи охир Тоҷикистон ба 517 миллион доллар металлҳои қиматбаҳо содир карда шуданд, ки тақрибан 33%-и ҳаҷми умумии содироти хориҷиро ташкил медиҳад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё