Технология
Донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси нақлиёти қадимӣ, автомобилҳо, роҳи оҳан, самолётҳо, киштиҳо, велосипеду мотосиклҳо, андозагирӣ, ҳисоб, компютерҳо ва навору аккосӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
Консерваи сабзавоту мева. Тайёр кардани компот
Ба консерваҳои меваю сабзавот консерваҳое дохил мешаванд, ки тавассути коркарди меваю сабзавот бо роҳҳои гуногун омода карда мешаванд. Консерваҳои мевагӣ: меваю буттамеваҳои тару тозаи бо шакар консервашуда, компотҳо, пюреҳо, шарбатҳо, мураббо, инчунин меваю буттамеваҳои яхкардашуда. Сабзавотҳои консервашуда: сабзавоти буридашуда ё пурра консервашуда (сабзӣ, лаблабу, гулкарам, нахӯди сабз, помидор, бодиринг, ҷуворимакка ва ғайра); шарбатҳо (сабзӣ, помидор, шарбати лаблабу); маҳсулоти консентратсияшудаи помидор (хамира, соусҳо); газакҳо аз бодинҷон, сабзӣ, пиёзи дар равғани растанӣ бирёнкардашуда; сабзавоти маринадшуда ва намакдор. Занбӯруғҳои консервашуда низ ба консерваҳои сабзавот дохил мешаванд. Барои кӯдакон консерваҳои пюремонанд ва майдакардашуда, барои шахсони бемор бошад, консерваҳои парҳезии махсус дар асоси ретсепт тайёр карда мешаванд. Барои нигоҳ доштани меваю сабзавот усулҳои ҷӯшондан, пухтан, буғ кардан ва ях кардан истифода мешаванд. Навъҳои маҳсулоти консервакардашуда Маҳсулоти гӯшт ва моҳӣ – ҷӯшонидашуда, дамкардашуда, пухташуда. Мева ва сабзавот – намаккардашуда, ҷӯшонидашуда, ях кардашуда. Маҳсулоти ширӣ – ҷӯшонидашуда, стерилизатсиякардашуда. Маҳсулоти хӯрокворӣ – пухташуда. Равғанҳо – тозакардашуда. Маҳсулоти дондор – ҷӯшонидашуда, намаккардашуда. Тайёр кардани компот Компот нӯшокии болаззат аст, ки онро дар ҳар мавсим омода кардан мумкин аст. Аммо асрори хурде ҳастанд, ки ҳангоми тайёр кардани он бояд ба назар гирифта шаванд. Хеле муҳим аст, ки компотро танҳо аз меваҳо ва буттамеваҳои тару тоза ва пухтанашуда тайёр кунед. Меваҳои сахт майдатар, меваҳои хурд калонтар пора карда мешаванд, буттамеваҳо бошанд, ба компот пурра андохта мешаванд. Таҷҳизот ва маҳсулоти зарурӣ: зарфи сирдори 10–12 литрӣ, табақ, банкаҳои 3 литрӣ, сарпӯши банкаҳо, дастгоҳи махсус барои бастани зарфҳо, як чӯб, 2 кг гелос, 1 кг зардолу, 2–3 себ ва 1 кг шакар. Зинаҳои тайёр кардани компот: Ба зарфи сирдор об андохта, ҷӯшонида мешавад. Гелос ва зардолуро мешӯянд, зардолуро ним бурида, донаҳояшро тоза мекунанд. Гелосро пурра мегузоранд, себро ба 4 пора бурида, тухми онро тоза мекунанд. Меваҳо ба оби ҷӯшида андохта мешаванд ва дар гармии миёна 5–7 дақиқа пухта мешаванд. Сипас оташро хомӯш мекунанд ва компотро ба банкаҳои стерилизатсияшуда мерезанд, сарпӯшҳоро мебанданд ва 24 соат мегузоранд. Шаффофияти шарбати компот ва набудани пуфакҳо санҷида мешавад. Пас аз он компот барои зимистон дар анбор нигоҳ дошта мешавад.
Техникаи бехатарӣ ва қоидаҳои гигиении санитарии тайёр кардани хӯрок. Омодакунии дастархони хурд
Як қатор техникаи бехатарӣ ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ мавҷуданд, ки барои моҳирона тайёр кардани таом, бо завқ оро додани он ва ба таомхӯрон писанд омадани он истифода бурда мешаванд. Техникаи бехатарӣ ва қоидаҳои санитарию гигиении тайёр кардани хӯрок Пеш аз оғози кор ҳуҷраро шамол диҳед. Равғанро дар ҳарорати баланд гарм накунед. Хӯрокро муддати дароз беназорат нагузоред. Маҳсулотро оҳиста ба равғани гарм аз як тарафи табақ гузоред. Агар ба фарш моеъ ё равған рехта шавад, фавран фаршро бо матои хушк пок кунед, то наафтед. Сарпӯши зарферо, ки моеъ меҷӯшад, ба тарафи худ накушоед. Омода кардани дастархони хурд Дар бораи дуруст ғизо хӯрдан назарияҳои зиёде мавҷуданд. Баъзе аз онҳо мегӯянд, ки гӯштро бояд маҳдуд кард ва дигарон тавсия медиҳанд, ки таомнома танҳо аз маҳсулоти муайян иборат бошад. Дарвоқеъ, ҷисми инсон як системаи хеле мураккаб аст ва барои фаъолияти мӯътадили он ҳам хӯрокҳои гӯштӣ ва ҳам сабзавотро истеъмол кардан лозим аст. Аз ин рӯ, донистани қоидаҳои ғизои дуруст хеле муҳим аст. Қоидаҳое, ки ҳангоми тайёр кардани таомнома ба назар гирифта мешаванд Қоидаи 1. Хӯрокҳои зуд бирёншуда ва шириниҳо зиёд нахӯред. Қоидаи 2. То ҳадди имкон маҳсулоти мавсимиро бисёртар бихӯред. Қоидаи 3. Маҳсулоти тозакардашуда: шакар, равғани растанӣ, орди гандуми сафед, биринҷи сафеди тозашуда ба қадри имкон кам истеъмол кунед. Қоидаи 4. Об бинӯшед (чой, қаҳва ё шарбатҳо ҷойи обро иваз карда наметавонанд). Одам бояд дар як шабонарӯз ба 1 кг вазн на камтар аз 30–35 мл моеъ истеъмол кунад. Қоидаи 5. Хӯрокҳои сафедадорро бештар истеъмол кунед. Онҳо ҳисси сериро муддати дароз нигоҳ медоранд ва аз витаминҳо бой мебошанд. Дастархон ва миз ҷойҳои асосие мебошанд, ки дар онҳо мунтазам хӯрок хӯрда мешавад. Меҳмоннавозӣ худ як санъати хурд аст. Вақте ки меҳмони хонаи шумо аз ҳунари шумо шод мешавад, ин як эҳсоси олист. Барои ин ба ҳамдигар мувофиқ будани зарфҳои хӯрокро ба назар гирифтан лозим аст. Тартиби ба дастархон гузоштани нозу неъматҳо Лимон ҳамеша дар пеши хӯроки моҳӣ гузошта мешавад. Он ба осон ҳазм шудани ғизо дар меъда ёрӣ мерасонад. Дар назди таомҳои хамирӣ ҷурғот, қаймоқ ва сметана барин чизҳо гузошта мешавад. Хӯрокҳое, ки аз гӯшти мурғ тайёр карда мешаванд, бо томат дар якҷоягӣ ба дастархон гузошта мешавад. Агар меваҳо пешакӣ бурида монда шаванд, сиёҳ ё хушк шуданашон мумкин. Аз ин сабаб, шумо метавонед онҳоро ба таври пурра рӯйи дастархон гузоред, пас аз хӯрок хӯрдан онҳоро ба табақчаҳо бурида, ба сари дастархон баред. Маҳсулоти нимтайёри гӯшт бо сарпӯши махсуси селлофанӣ пӯшонида мешавад. Маҳсулоти нимтайёре, ки аз маҳсулоти гӯштӣ тайёр карда мешаванд, бӯйи тез доранд, бинобар ин онҳоро пӯшида нигоҳ доштан беҳтар аст. Шириниҳои қаймоқӣ, ки бо қаймоқ ва равған тайёр карда мешаванд, пешакӣ ба дастархон гузошта намешаванд. Зеро онҳо дар зери таъсири гармӣ зуд об мешаванд. Тавсия дода намешавад, ки бодиринг ва помидорро дар салатҳо омехта кунед, зеро бодиринги буридашуда як ферменти махсусро ҷудо мекунад, ки витамини C-ро дар помидор вайрон мекунад.
Таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ
Маҳсулоти хӯрокворӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як шахс аст. Одам қариб тамоми моддаҳои заруриро барои ҳаёт, меҳнат ва дигар фаъолиятҳои ҷамъиятии худ аз маҳсулоти озуқа мегирад. Маҳсулоти хӯрокворӣ шир ва маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, ғалладона ва маҳсулоти ғалладона, сабзавот ва меваҷот, равған, тухм, макарон, шакар ва шириниҳо мебошанд. Маҳсулоти хӯрокворӣ дорои витаминҳо ва минералҳои барои бадани инсон муфид мебошанд. Витаминҳо пайвастагиҳои органикӣ мебошанд, ки барои фаъолияти ҳаёт ва мубодилаи мӯътадили организми зинда заруранд ва раванди мубодилаи моддаҳоро дар организм назорат мекунанд. Минералҳо 3—4 фоизи вазни бадани одамро ташкил медиҳанд. Онҳо ба макроэлементҳо ба монанди Ca, P, Mg ва микроэлементҳо ба монанди йод, руҳ, мис, фтор тақсим мешаванд. Талаботи одам ба моддаҳои минералӣ гуногун аст. Баъзе моддаҳои минералӣ дар таркиби баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ ба организм ба самти электропозитивӣ (катионҳо) ва дигарон ба самти электроманфӣ (анионҳо) таъсир мерасонанд. Маҳсулоти хӯрокворие, ки аз ин элементҳо бой мебошанд, шир, маҳсулоти ширӣ ва меваю сабзавот мебошанд. Макроэлементҳо пайвастагиҳои гуногуни биологии фаъол дар бадан мебошанд, ки ба ферментҳо, витаминҳо ва гормонҳо таъсир мерасонанд. Ин таъсир асосан дар тағйирёбии фаъолияти равандҳои мубодилаи моддаҳо дар бадан зоҳир мешавад. Дар одамон аз сабаби нарасидани макроэлементҳо қадпастӣ, зуд кам шудани вазн ва суст инкишоф ёфтани устухонҳо мушоҳида мешавад. Микроэлементҳо дар бадан яксон тақсим карда намешаванд. Миқдори аксари микроэлементҳо дар бадани инсон бо синну сол зиёд мешавад. Дар давраи афзоиш ва инкишоф миқдори микроэлементҳо зуд зиёд шуда, дар синни 15–20-солагӣ кам мешавад ё қатъ мегардад. Дар натиҷаи нарасидани микроэлементҳо дар одам камхун ва касалиҳои зоб мушоҳида карда мешаванд. Хӯрдан ин раванди азхудкунии моддаҳои ғизоӣ барои нигоҳ доштани фаъолияти ҳаётии организм, нигоҳ доштани саломатӣ ва қобилияти корӣ мебошад. Агар одам дуруст ва мунтазам хӯрок бихӯрад, ба бемориҳо камтар мубтало мешавад ва агар гирифтор шавад ҳам, ба осонӣ аз ин беморӣ раҳоӣ меёбад. Барои пешгирии пиршавии бармаҳал ғизои дуруст низ муҳим аст. Дар хотир доред! Нитратҳои ғизоӣ ва моддаҳои радиоактивӣ дар таркиби меваю сабзавоти истеъмолкардаи одамон мавҷуданд. Ҳангоми парвариши мева ва сабзавот барои гирифтани ҳосили зиёд онҳоро бо моддаҳои кимиёвӣ коркард мекунанд. Дар натиҷа дар маҳсулот нитратҳо ва моддаҳои радиоактивӣ ҳосил мешаванд. Дар баробари пухта расидани меваю сабзавот миқдори нитратҳо кам мешавад. Аммо вайрон кардани қоидаҳои нигаҳдорӣ таъсири акси ҳол дошта метавонад. Нитратҳо барои одамон заҳролудтарин моддаҳо мебошанд. Онҳо дар ҳарорати 10-35 °C ташкил карда мешаванд. Дар ин ҳарорат сабзавоту меваҳо пӯсида мешаванд. Барои пешгирии ин онҳоро дар ҳарорати паст нигоҳ медоранд. Моддаҳои радиоактивӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ инкишофи микроорганизмҳо, ҳашароти зараровар, бактерияҳо, занбӯруғҳоро суст карда, барои кашондан ва дар муддати дароз нигоҳ доштани маҳсулот имкон медиҳанд. Онҳо ҳамчун муҳофизат аз бемориҳои ғизоӣ хидмат мекунанд. Афзоиши моддаҳои радиоактивӣ дар ғизо метавонад ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, мафҳуми стандарт дар ҳама чиз истифода мешавад. Афзалиятҳо ва таъсири зараровари нитратҳо ва моддаҳои радиоактивӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ | Афзалиятҳо | Зарараш | |---|---| | Пеши роҳи бемориҳои сироятиро мегирад. | Организмро заҳролуд мекунад. | | Ривоҷёбии бактерияҳоро суст мекунад. | Боиси бемориҳои меъда ва рӯда мегардад. | | Барои муддати дароз нигоҳ доштани маҳсулот имкон медиҳад. | Арзиши ғизоии витаминҳоро дар таркиб коҳиш медиҳад. |
Иҷрои корҳои электромонтажи оддӣ
Аз сабаби дар ҳама соҳаҳо васеъ истифода шудани қувваи барқ одамон дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ бо асбобҳои гуногуни барқӣ сару кор мегиранд. Аз сабаби аз кор баромадани асбобҳои электрикӣ ва вайрон кардани қоидаҳои истифодабарии онҳо ҳатто шиддати нисбатан ками он метавонад ба саломатии инсон зарар расонад ва ҳатто ба ҳаёти одамон хавфнок бошад. Барои он ки хавфи зарбаи электр ба одам кам карда шавад, бояд сохти асбобҳои электрикӣ, принсипи кор ва қоидаҳои бехатарии истифодабарии дастгоҳҳоро донист. Сими дарозкунандаи барқ. Дар дастурҳои истеҳсолкунанда нишон дода шудааст, ки асбобҳои электрикии рӯзгор бояд бевосита ба васлак (розетка) пайваст карда шаванд. Баъзан ин талаботро қонеъ гардондан мумкин нест, зеро истеъмолкунанда аз васлаки (розеткаи) электрикӣ дур аст. Дар чунин ҳолатҳо симҳои дарозкунандаи барқ ба кӯмак меоянд. Чӣ қадаре ки истеъмолкунандагон ба шабака пайваст шаванд ва қувваи онҳо зиёдтар бошад, ҳамон қадар ҷараёни бештар аз ноқилҳо мегузарад. Инро дар муҳандисии электротехникӣ изофаборӣ меноманд. Дар сурати зиёд шудани сарборӣ изолятсияи ноқилҳо вайрон мешавад (месӯзад). Дар натиҷа ноқилҳои кушодашуда ба ҳамдигар мерасанд ва дар натиҷа расиши кӯтоҳ ба амал меояд. Ҳангоми интихоби буриши (сатҳи кундаланги) симҳои дарозкунанда ҷараёни истеъмолкунанда ба назар гирифта мешавад. Ҳар қадаре ки ҷараёни истеъмолӣ зиёд бошад, буриши ноқил бояд ҳамон қадар калон бошад. Масалан, агар сими дарозкунанда барои иқтидори 1,5 кВт пешбинӣ шуда бошад ва ба он истеъмолкунандаи қувваи барқ 3 кВт пайваст шавад, сими ноқил хеле гарм мешавад. Ин боиси вайрон шудани изолятсияи электрикӣ ва расиши кӯтоҳ мегардад. Дар ёд доред! Истифодаи нодуруст, ё аз ҳад зиёди интиқолдиҳандаҳои барқӣ метавонад боиси сӯхтор гардад. Ба интиқолдиҳандаи электрикӣ дар як вақт якчанд истеъмолкунандаро пайваст кардан мумкин нест. Ноқилҳои барқро дар зери қабатҳои гуногун истифода бурдан мумкин нест. Включатели автоматӣ. Включатели барқӣ барои пайваст кардан ва ҷудо кардани схемаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, барои муҳофизат кардани онҳо аз расиши кӯтоҳ ва аз ҳад зиёд сарборӣ истифода мешавад. Дар сурати аз ҳад зиёд гарм шудан, расиши кӯтоҳ ва ё аз ҳадди иҷозатдодашуда зиёд шудани ҷараён дар сети электрикӣ, включатели автоматӣ схемаи электрро аз сети электр ҷудо мекунад. Ҳангоми дар хона иҷро кардани корҳои хурди электрикӣ (иваз кардани лампочка, шнур, розетка, включател ва ғайра) включатели автоматро хомӯш кардан лозим аст. Барои интихоби автомати барқ, шумо бояд иқтидори умумии истеъмолкунандагонро дар хона ё шабака донед. Масалан, агар қувваи умумии истеъмолкунандагон дар хона 4400 Вт бошад, ҷараён I = P : U = 4400 Вт : 220 В = 20 А мебошад. Ҳангоми иҷрои корҳои монтажи электрикӣ дар хотир бояд дошт, ки бо дароз кардан, монтаж кардан, ҷойгир кардан ва васл кардани симҳои электр танҳо мутахассисон машғуланд. Шумо метавонед дар зери назорати муаллим ва падару модарон худатон корҳои оддиро, аз қабили насб кардан ва танзим кардани штепсел, таъмири симҳои дарозкунандаро иҷро кунед. Барои ин таҷҳизоти махсус лозим аст. Ноқилҳои электрӣ одатан дар шакли мудаввар истеҳсол карда мешаванд, онҳо бояд гузариши баланди барқ, чандирӣ ва қувваи баланди механикӣ дошта бошанд. Дар истеҳсоли ноқилҳои барқ мис ва алюминий истифода мешавад. Аз рӯйи шумораи пояҳои ҷараёндор симҳои якпоядор, дупоядор ва бисёрпоядор ҷудо мешаванд. Ҳар як пояро якнахӣ ё бисёрнахӣ истеҳсол мекунанд. Ноқилҳои бисёрнахи барқ нарм ва чандир мебошанд. Ноқилҳои электрӣ аз ҳамдигар ва аз таъсири беруна ҷудо мебошанд. Барои изолятсияи ноқилҳо полимерҳо, лак, коғаз ва ғайра истифода мешаванд. Дар вақти кандани изолятсия ба изолятсияи дохилӣ ва берунӣ зарар нарасондан, бутунии пояи ҷараёндорро нигоҳ доштан лозим аст. Изолятсияи ноқилҳои барқ ба таври зерин канда мешавад: • сими электрро ба таҳкурсии ҳамвор гузошта, изолятсияи беруна бо корд бурида мешавад; • ба корд қувваи бештар дода, изолятсия то охир бурида мешавад; • изолятсия бо даст кушода мешавад; • изолятсияи беруна канда партофта мешавад; • кордро дар кунҷи хурд нигоҳ дошта, як тарафи изолятсияи дохилӣ гирифта партофта мешавад; • изолятсияи боқимонда печонида, бо корд бурида мешавад. Истифодаи стрипператорҳо барои кандани изолятсияи ноқилҳои барқӣ самаранокии корро зиёд мекунад. Пайваст кардани симҳои электр. Симҳои электрро бо роҳи кафшер кардан, пайванд кардан, печонидан ва бо клеммаҳои махсус пайваст мекунанд. Кафшеркунӣ ва пайвандкунӣ усули боэътимодтарин мебошанд. Якҷоя печонидани симҳо усули маъмултарин аст. Бо мурури замон ҷойи печ заиф мешавад. Камбудии ин усул дар он аст, ки вай гарм мешавад ва дар натиҷа изолятсияро об мекунад. Усули печонидани онро муваққатан истифода бурдан мумкин аст. Барои васл кардани симҳо клеммаҳои махсуси гуногун истифода мешаванд. Бо ин мақсад нӯгҳои симҳоро ба клеммаҳо гузошта, маҳкам мекунанд. Симҳоро бо болт, гайка ва шайба низ пайваст мекунанд. Аввал изолятсияи симро канда, дар нӯги сим ҳалқа сохта, онро бо болт, гайка ва шайба пайваст мекунанд. Диққат кунед! Қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳои монтажи барқ Ҳангоми корҳои таъмири дастгоҳҳои барқӣ бояд аз қувваи барқ ҷудо карда шаванд. Асбобҳои электромонтажӣ бояд мувофиқи талаб изолятсия карда шаванд. Таҷҳизоти дорои изолятсияи вайроншуда истифода намешаванд. Ҳар як таҷҳизот ва мавод бояд мувофиқи таъинот истифода шавад.
Технологияи хурди таъмир (рангубор)-и хона
Ҳар яки мо мехоҳем, ки дар хонадонҳои обод ва шароити фароҳам зиндагӣ кунем. Шароити зисту зиндагонӣ ба психика, саломатӣ ва қобилияти меҳнатии одам таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, мо барои беҳтар намудани шароити зиндагонии худ корҳои гуногуни таъмирро ба ҷо меорем. Дар айни замон навъҳои таъмири косметикӣ, капиталӣ ва элитаӣ мавҷуданд. Корҳои рангуборкунӣ аз омодасозии рӯяҳо, грунтовка, андова ва шпаклёвка, инчунин кашидан ва пӯшидани қабатҳои ниҳоӣ иборатанд. Корҳои рангубор аз тоза кардани сатҳҳо оғоз мешаванд. Сатҳи шифт ва девор бояд аз қабатҳои қаблӣ пурра тоза карда шавад. Усулҳои механикӣ, ҳароратӣ ва кимёвии тозакунӣ мавҷуданд. Усули тозакунӣ вобаста ба маводи рӯйпӯш интихоб карда мешавад. Сатҳи тозашуда бояд барои коркард хушк бошад. Дар рӯзҳои хеле сард ранг кардан тавсия дода намешавад. Грунтовка ба қабатҳои дарунии сатҳ ворид шуда, сахтии онро зиёд мекунад ва часпиши онро бо дигар маводҳо беҳтар мекунад. Шпаклёвкае, ки ба сатҳи нағз тозанашуда ва грунтовка нашуда гузошта мешавад, бо мурури замон аз байн меравад. Пеш аз пӯшонидани девор бо рӯйпӯши ниҳоӣ (обой, ранг) барои ҳамвор кардани он шпаклёвка гузошта мешавад. Шпаклёвкаро ҳамчун омехтаи хушк ва дар ҳолати моеъ (хамир) истеҳсол мекунанд. Барои гузоштани шпаклёвка аз шпателҳои металлӣ ва пластмассӣ истифода мебаранд. Технологияи татбиқи шпаклёвка хеле содда аст. Омехтаи шпаклёвка ба шпател гирифта шуда, бо ҳаракатҳои рост ва камоншакл ба сатҳ молида мешавад. Шпател бояд ба сатҳи коркардшуда ҳамвор бирасад, вагарна аз кунҷҳои шпател аломатҳо боқӣ мемонанд. Шпаклёвкаи зиёдатӣ бо шпатели хурд гирифта шуда, ба зарф гузошта мешавад. Пас аз он ки ҳар як қабат пурра хушк шуд, қабати навбатӣ гузошта мешавад. Баъди ба охир расидани кори шпаклёвка, сатҳи он бо коғази наждак ҳамвор карда мешавад. Пеш аз ранг кардани девору шифти тайёр таҷҳизоти дар хона бударо ба хонаи дигар гузарондан, ё пӯшондан лозим аст. Калидҳои барқ, розеткаҳо, канори дару чорчӯбаҳо, тирезаҳоро бо лентаи рангмол муҳофизат кардан лозим аст. Пеш аз истифода, ранг нағз омехта карда мешавад, об ё ҳалкунандаҳо мувофиқи зарурат илова карда мешаванд. Ҳангоми ба рангҳо илова кардани омехтаҳои иловагӣ дастурҳои истеҳсолкунандаро риоя кардан лозим аст. Пеш аз ранг кардан, таҷҳизот омода карда мешавад. Ба тозагии чӯткаю роликҳо диққат дода мешавад. Пеш аз ҳама бо истифода аз лента сарҳади сатҳе, ки бояд ранг карда шавад, муайян карда мешавад. Аввал канори сатҳ бо чӯтка ба бари 5—10 сантиметр ранг карда мешавад. Баъд аз ин, сатҳи боқимонда бо истифода аз ролик ранг карда мешавад. Рангро ба табақи ранг мерезанд ва роликро ба ранг меандозанд. Ранги зиёдатӣ дар қисми ҳамвори табақ фишурда мешавад. Раванди рангкунӣ метавонад вобаста ба талабот якчанд маротиба анҷом дода шавад. Қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми кори рангуборкунӣ Барои ҳимояи узвҳои нафаскашӣ ҳангоми ранг кардан аз респиратор, ё ниқоб истифода бурдан лозим аст. Ранг, лак ва маҳлулҳо бояд дар зарфҳои маҳкам баста нигоҳ дошта шаванд. Рангуборкунӣ бояд дар ҳуҷраҳои шамолгард гузаронида шавад. Дар вақти лаккунӣ ва рангуборкунӣ аз оташ истифода бурдан қатъиян манъ аст. Баъди ба охир расидани корҳои рангуборкунӣ дар бино масолеҳи лак ва латтаи бо ранг таркардашударо набояд монд.
Кафшеркунӣ. Сохтани ашё дар асоси кафшер
Асбоби асосии кафшер кафшергар мебошад. Кафшергарҳои дорои гармкунакҳои нихромӣ ва керамикӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Фарқи асосии онҳо дар қувва аст. Ҳангоми кафшер кардани платаҳои чопӣ ва элементҳои ба барқи статикӣ ҳассос кафшергари иқтидори 24–40 Вт ва ҳангоми кафшер кардани элементҳои калонтар кафшергари иқтидори 40–80 Вт истифода мешаванд. Стансияи кафшеркунӣ мавҷуд аст, ки имкон медиҳад қувваи кафшеркуниро танзим кунад. Он инчунин қобилияти нигоҳ доштани ҳарорати доимиро дорад. Дар кафшери муқаррарӣ агар ҳарорат кофӣ набошад, кафшер хуб об намешавад ва дар сурати баланд шудани ҳарорат он метавонад элементҳоро сӯзонад. Ҳангоми интихоби кафшер, тавсия дода мешавад, ки кафшерро бо нӯги ивазшаванда интихоб кунед. Нӯгҳо метавонанд ҳамвор, конусӣ, сӯзанмонанд ва ғайра бошанд. Якҷояшавӣ зуҳуроти падидаи диффузия мебошад. Истифодаи поя барои кафшергар ва «дасти сеюм» дар рафти кор кори кафшерро осон мекунад. Барои он ки кафшер хушсифат бошад, қоидаҳои зеринро риоя кардан лозим аст. Интихоби дурусти флюс ва кафшергар барои кафшер. Кафшергар як хӯлаи металлии ба осонӣ гудохташаванда мебошад, ки дар раванди кафшер кардани симҳо ва қисмҳо истифода мешавад. Беҳтарин металл қалъагӣ аст. Аз сабаби баланд будани нархи он, дар аксари мавридҳо, хӯлаи қалъагӣ ва қурғошим дар корҳои электрикӣ ва электротехникӣ истифода мешавад. Флюс як моддаи зидди занг (оксидшавӣ) мебошад. Флюс барои он истифода мешавад, ки қисмҳои барои кафшер омодашуда ҳангоми кафшер оксид нашаванд. Кафшер бе флюс ба сатҳи металлӣ намечаспад. Флюс инчунин моеъи кафшерро таъмин мекунад. Флюс гуногун аст. Барои корҳои электрикӣ ва электротехникӣ флюсҳои бе кислота бояд истифода шаванд. Яке аз ин флюсҳо канифол аст. Тоза ва ба қадри кофӣ гарм кардани кафшергар. Агар нӯги он тоза набошад, кор кардан душвор аст; кафшер гудохта мешавад, вале ба нӯги кафшергар намечаспад. Нӯги кафшергар бояд тоза ва бо қабати тунуки кафшер пӯшонида шавад. Барои тоза кардан порчаҳои чӯб ё картон истифода мешаванд. Ҳангоми аз ҳад зиёд ифлос будани нӯги кафшергар барои тоза кардани он аз коғази наждак ё сӯян истифода бурда мешавад. Сатҳи кафшершаванда бояд тоза бошад. Ноқилҳо ва ҷойҳои кафшергари деталҳо бояд тоза карда шаванд. Барои пешгирии оксидшавӣ ба сатҳҳои тозашуда канифол мемоланд. Канифол зуд об мешавад ва кафшери кафшергар оҳиста ба рӯйи сатҳ паҳн мешавад. Дуруст пайваст кардани ноқилҳо (деталҳо) дар ҷараёни кафшер ва хуб гарм кардани ҷойи кафшер. Дар вақти кафшеркунӣ на танҳо худи кафшергар, балки ҷойи кафшершаванда ҳам бояд нағз гарм карда шавад. Ноқил ва қисмҳои кафшершаванда бояд дуруст нигоҳ дошта шаванд, барои ин аз пинсет истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст. Бояд гуфт, ки ҳангоми кафшер кардани элементҳои электронӣ ба ҳарорати баланд ҳассос, аз ҷумла транзисторҳо ва схемаҳои интегралӣ ҳангоми ба 260—300 °С расидани ҳарорат мӯҳлати кафшеркунӣ набояд аз 5 сония зиёд бошад. Вақте ки кафшери кафшергарро канда мегиранд, кафшер зуд сахт шуда, нӯгҳои деталро мустаҳкам нигоҳ медорад. Агар симҳои пайвасткунанда пас аз гирифтани кафшер 10 сония ҷунбонида нашаванд, кафшер мустаҳкам мешавад. Қоидаҳои бехатарии кор бо кафшергар дар вақти кафшеркунӣ гап назанед ва ба кори дигар парешон нашавед, зеро дастгоҳи кафшеркунӣ асбоби хавфнок ҳисоб меёбад, дар вақти кор кардан бо он эҳтиёткор будан лозим аст; асоси мисӣ ва корпуси кафшер гарм мешавад, дар натиҷа хатари сӯхтор ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, кафшерро танҳо аз дасташ гирифта, эҳтиёт кардан лозим аст, ки қисмҳои тафсони он ба проводҳо ва шнурҳое, ки ба кафшергар ток медиҳанд, нарасад. Дар акси ҳол, хатари пайвасти кӯтоҳ ё сӯхтор вуҷуд дорад; ҳангоми кафшер кардани асбобҳои электронӣ онҳо бояд аз сети электр ҷудо карда шаванд; ҳангоми кафшер аз қалъагӣ ва қурғошим газҳои заҳролуд хориҷ шуданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, дар рафти ҷараён хам шуда, ҷисми кафшершавандаро бӯй кардан мумкин нест. Дар фасли тобистон кафшерро дар назди тирезаи кушода, дар зимистон бошад, хонаро зуд-зуд шамол додан, баъди кафшер кардан дастҳоро бо оби гарм ва собун нағз шустан лозим; дар ошхона кафшер кардан мумкин нест. Шахсе, ки пайваста ба кори кафшергарӣ машғул аст, бояд маҳсулоти ширӣ истеъмол кунад.
Сементи сафед. Таркиб ва хосиятҳои сементи сафед
Сементи сафед яке аз навъҳои портландсемент буда, аз ҷиҳати таркиби омехтаи клинкер, хусусиятҳои истеҳсол ва миқёси он аз дигар навъҳои семент фарқ мекунад. Дар таркиби клинкери он миқдори оҳан, марганетс ва хром хеле кам аст. Иловаҳои минералӣ дар таркиб: оҳаксанг, гаҷ, хок, ангишт, намакҳои хлор, диоксиди титан ба семент ранги сафед медиҳанд. Қувват ва сафедии семент тавассути оташ задани клинкер дар ҳарорати баланд ва баъд аз хунуккунӣ дар муҳити бе оксиген (1200 °C–200 °C) ба даст оварда мешавад. Хусусиятҳои сементи сафед: • маҳсулоти аз он тайёршуда ранги сафеди аслии худро муддати дароз нигоҳ медорад ва ба таъсири гуногуни манфии беруна тобовар аст; • дар истеҳсоли он танҳо ҷузъҳои табиӣ истифода мешаванд, ки сементро аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатар мегардонад; • элементҳои бетонии аз он сохташуда ба кафидан ва деформатсия тобовар мебошанд; ин бо истифода аз клинкери баландсифат бо фоизи ками омехтаҳои таркиби он ба даст оварда мешавад; • материал аз сабаби таркиби дисперси нозукаш хеле мустаҳкам, ба боришот ва нури офтоб тобовар аст; • аз сабаби ранги сафеди семент ва дигар комбинатсияҳо, маҳсулот намуди эстетикиро дарбар мегирад; • агар ба клинкере, ки аз он сементи сафед истеҳсол карда мешавад, ягон пигменти рангкунанда илова карда шавад, онро дар истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ истифода бурдан мумкин аст. Имрӯзҳо сементи сафедро барои коркарди фасадҳои берунию дохилии аксарият биноҳо, дар меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, ганҷкорӣ, барои тайёр кардани ёдгориҳои таърихӣ ва ашёи гуногуни рӯзгор ва дигар мақсадҳо истифода мебаранд. Қоидаҳои бехатарии истифодаи сементи сафед пӯшидани либос ва дастпӯшҳои махсуси корӣ, пӯшидани ниқоб; пеш аз оғози кор таҷҳизоту асбобҳои заруриро аз назар гузаронидан; шакли аслии (қолиб, зарфҳои гуногун) ва асбобҳо бояд тоза, аз чанг, занг ва доғҳои равған тоза бошанд (ин қоида ба бетономехта низ дахл дорад); барои омехта кардани маҳлули семент танҳо оби тоза истифода бурдан лозим аст; агар дар конструксияи маснуот арматураи пӯлодӣ ба кор бурда шавад, он бояд пешакӣ бо қабати бетони 30 миллиметрӣ пӯшонда шавад (вагарна бо мурури замон дар сатҳи сафед доғи занг пайдо мешавад); баъди ба охир расидани кор таҷҳизоту дастгоҳҳоро тоза кардан, бо тартиб гузоштан, ҷойи корро тоза кардан лозим аст. Диоксиди титанро ба сифати иловаи сафедкунанда истифода бурдан мумкин аст, ки дар ин сурат массаи он набояд аз 1% вазни умумии омехта зиёд бошад.
Технологияи пайвасткунии резбагии маводи металлӣ
Резба сатҳест, ки аз чуқуриҳо ва бархӯрдҳои винтшакли дар қисмҳои гардишшаванда кандашуда иборат аст. Намудҳои резба барои мустаҳкам кардан ва интиқол додани ҳаракат пешбинӣ шудаанд. Барои пайваст кардани деталҳо аз резбаҳои мустаҳкамкунӣ истифода мешавад. Резбае, ки барои интиқоли ҳаракат пешбинӣ шудааст, дар механизмҳои гуногун истифода мешавад. Аз рӯйи ҷойгиршавии резба ба навъҳои дарунӣ, ки дар сӯрохӣ канда мешаванд ва навъҳои берунӣ, ки дар стерженҳо канда мешаванд, ҷудо мешаванд. Резбаро хати винт ҳосил мекунад. Агар ба нуқта (теғи бурриш) дар як вақт ду ҳаракати гуногун дода шавад, яъне ҳамвор гардиш карда, ба самти меҳвар ҳамвор тела дода шавад, хати винт ба вуҷуд меояд. Аз рӯйи самти хати винт резбаҳо ба резбаҳои рост ва чап ҷудо мешаванд. Элементҳои асосии резба: профил – намуди дандонҳо ва бархӯрдҳо; d – диаметри беруна; d1 – диаметри дохилӣ; d2 = (d + d1)/2 – диаметри миёна (аз мобайни профил мегузарад); P – қадами резба (масофаи байни ду профили печи ҳамсоя); γ – кунҷи профил (кунҷи байни паҳлӯҳои чап ва рости профил); α – кунҷи бардошти хати винт. Дар мошинасозӣ асосан резбаҳои профилии секунҷа: метрӣ, дюймӣ ва труба истифода мешаванд. Кунҷи профили резбаи метрӣ 60º аст. Азбаски андозаҳояш бо мм дода шудаанд, онро резбаи метрӣ меноманд. Кунҷи профили резбаи дюймӣ 55º аст. Андозаҳо дар дюйм дода шудаанд (1 дюйм = 25,4 мм). Пайвастҳои резбадор Пайвасти резбадор – пайвасти ҷудошавандаи ба воситаи деталҳои маҳкамкунии резбагӣ (болт, винт, шпилка, гайка ва ғайра) иҷрошаванда. Эътимоднокӣ, универсалӣ, осон васл кардан ва ҷудо кардан бартарии чунин пайвастагиҳо мебошанд. Пайвастҳои болт, винт ва шпилкаҳо пайвастҳои асосии резбадор мебошанд. Дар ҷараёни истифода, махсусан дар зери фишори сахт барои он, ки пайвастагиҳои резба заиф ва суст нашаванд, онҳоро бо ёрии шайбаҳои пружинагӣ, гайкаҳои назоратӣ, шплинтҳо мустаҳкам мекунанд.
Технологияи коркарди бадеии металлҳо
Коркарди бадеии металлҳо соҳаҳои бадеӣ ва технологиро муттаҳид мекунад. Технологияи коркарди бадеӣ ба маҳсулот додани намуди зебо, такрорнашаванда ва беназирро дар бар мегирад. Маҳсулоте, ки бо ин роҳ тайёр карда мешавад, на танҳо вазифаҳои функсионалии худро иҷро мекунад, балки ба одамон завқи эстетикӣ ва шавқу ҳаваси эҷодӣ мебахшад. Намудҳои коркарди бадеии металлҳо, аз қабили болға задан, рехтан, аз сим ашёи ороишӣ сохтан, дар фолга чоп кардан, кандакорӣ ва ғайра мавҷуданд. Технологияи аз сим тайёр кардани ороишот Азбаски сим маводест, ки бо он кор кардан осон аст, аз он ороишоти шаклҳои гуногун сохтан мумкин аст. Барои ин нахуст эскизи предмети сохташаванда дар коғаз кашида мешавад. Баъд сим ва таҷҳизоти зарурӣ тайёр карда мешаванд. Барои сохтани ороишҳои хурд аз симҳои мис ё пӯлодии диаметрашон 1–3 мм истифода мешаванд. Симҳои рангҳои гуногун, ки бо изолятсияи пластикӣ пӯшида шудаанд, низ метавонанд истифода шаванд. Дар вақти кор кардан бо симҳо асбобҳо аз қабили болға, болғаи чӯбин, анбӯр, тискӣ, кафшар ва ғайра лозиманд. Технологияи эҷоди тасвири чопӣ дар фолга Чопи фолга технологияи эҷоди тасвири релефӣ бо истифода аз дастгоҳҳои фишор аст. Нармӣ ва пластикии фолга имкон медиҳад, ки бо ёрии асбобҳои оддӣ тасвири релефӣ эҷод карда шавад. Барои ин аввал тахтаи корӣ интихоб карда мешавад. Андозаи тахта бояд ба андозаи маҳсулот мувофиқат кунад. Як тарафи тахта бо масолеҳи ғафстар (чарм, линолеум ва ғайра) пӯшонда шуда, тарафи дигараш нағз пардоз карда мешавад. Хатҳои контурӣ бо бигизи кунд кашида мешаванд. Як қисми кории хуб сайқалёфтаи бигиз бояд бе харошидани фолга изи ҳамвор гузорад. Барои сохтани зарбҳои калони тасвир асбобҳои чӯбини бо фишор коркардшуда истифода мешаванд. Онҳоро аз чӯби дарахтони дуб, туси сиёҳ, себ, чинор тайёр карда, нағз пардоз карда, барои дар болои фолга нағз лағҷиданаш бо парафин ва мум мепӯшонанд. Штампикҳо барои сохтани нақшу нигори такроршаванда ва асбобҳои чархдор барои сохтани хатҳои давомдор ё нуқтадор истифода мешаванд. Кандакорӣ Яке аз намудҳои маъмултарини санъати ороишии халқамон кандакорист. Кандакорӣ як бахши ҳунари мардумист, ки дар рӯйи ашёи металлӣ нақшу тасвирҳо канда мешаванд. Санъати коркарди металл дар қаламрави Ӯзбекистон аз замонҳои қадим инкишоф ёфта буда, дар байни онҳо кандакорӣ бо қадимии худ фарқ мекунад. Дар кандакорӣ нақшҳо ва тасвирҳо дар металлҳо ба монанди мис, биринҷ, алюминий, пӯлоди зангногир ва мелхиор коркард карда мешаванд. Дар ин маврид қаламчаи пӯлодӣ – асбобе, ки бо болға нақшу тасвирҳои гуногунро меканад, асбоби асосии кандакорӣ мебошад. Ин қаламро бо ангуштон дар ҳолати каме хамида нигоҳ медоранд, на дар ҳолати рост. Вақте ки бо болға зада мешавад, қалам пеш меравад. Бо дасти дуюм болға истифода мешавад.
Сохт ва вазифаҳои дастгоҳи фрезерии уфуқӣ
Дастгоҳҳои фрезерӣ дар саноати металлкорӣ бештар маъмуланд. Дастгоҳҳои фрезерӣ метавонанд сатҳи гуногуни ҳамвор ва мураккаби деталҳоро коркард кунанд. Фрезер органи асосии кори дастгоҳ мебошад. Дар ҷараёни кор вай ҳаракати асосӣ (гардиш), заготовка бошад, ҳаракати теладиҳӣ (пешбарӣ)-ро иҷро мекунад. Сохти дастгоҳ Дастгоҳи фрезеркунии уфуқӣ аз поя, қисми такягоҳ ё корпуси дастгоҳ ва қуттии редуктор иборат аст. Қуттии редуктор суръати шпинделро аз 125 то 1250 гардиш/дақиқа тағйир медиҳад. Тағйир додани суръат тавассути даста дар қуттии редуктор анҷом дода мешавад. Дар пояи (корпуси) дастгоҳ асос ва шпиндел буда, фрезер дар оправкаи шпиндел васл карда шудааст. Дар қисми болоии пояи дастгоҳ хобот ва дар қисми поёнии он осма ҷой гирифтааст, ки он ҳамчун нӯги озоди асбоб хизмат мекунад. Қисмати корӣ дар рӯйи тискӣ ё бевосита дар рӯйи стол васл карда мешавад. Ҳаракати дарозӣ, нишеб ва амудии мизи кориро се маховики алоҳида ба амал мебароранд. Ҳаракати механикӣ тавассути муҳаррики электрикие, ки дар қисми поёнии пойгоҳи дастгоҳ насб карда шудааст, ба вуҷуд меояд ва ба механизмҳо тавассути гардонандаи тасма интиқол дода мешавад. Дар дастгоҳи фрезерӣ фрезер ва заготовка бо ёрии асбобҳои гуногуни технологӣ мустаҳкам карда мешаванд. Заготовкаҳои хурд ба столи дастгоҳи фрезерӣ дар тискҳои мошинӣ мустаҳкам карда мешаванд. Заготовкаҳои калон бо ёрии часпак ва дастакҳои гуногун бевосита ба стол мустаҳкам карда мешаванд. Дар ҷараёни кор бо дастгоҳи фрезерии уфуқӣ навъҳои гуногуни фреза истифода мешаванд. Дар натиҷаи тараққиёти илм ва техника навъҳои гуногуни дастгоҳҳои фрезерӣ барои коркарди металл, ки вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд, истеҳсол карда шудаанд. Навъҳои фреза | Ном | Истифодабарӣ | |---|---| | Фрезаи силиндршакли каҷдандон | Барои коркарди тозаи рӯяҳои дароз истифода мешавад. | | Фрезаи дискӣ | Барои буридани металлҳо, фреза кардани пазҳо, кушодани ҷӯяҳо истифода мешавад. | | Фрезаи шаклдор | Барои сохтани сатҳҳои шаклдор истифода мешавад. |
Технологияи танзим, таъмир ва нигоҳдории асбобҳои коркарди металл
Дар устохонаҳои таълимӣ асбобу ускунаҳо бояд мураттаб гузошта шаванд. Ҳар як асбоб бояд ҷойи худро дошта бошад, он гоҳ шумо медонед, ки асбобҳо дар куҷо ҳастанд, ба шумо лозим нест, ки ҳангоми кор онҳоро ҷустуҷӯ кунед ва шумо зуд пай мебаред, ки кадом асбоб намерасад. Барои он ки асбобҳои коркарди металлӣ муддати дароз хизмат кунанд, бояд қоидаҳои зеринро риоя кард: Аксари асбобҳои челонгарӣ аз металл сохта шудаанд. Азбаски металл ба зангзанӣ моил аст, асбобу ускунаҳои челонгарӣ бояд дар ҷойи хушк ва шамолгард нигоҳ дошта шаванд. Асбобу ускунаҳо бояд аз намӣ муҳофизат карда шаванд. Агар ба асбобҳо об расад, онҳоро зуд пок карда, бо қабати нафис равғани мошина молидан лозим аст. Агар асбобу ускунаҳо муддати дароз истифода нашуда бошанд ҳам, онҳоро сари вақт тафтиш ва тоза кардан лозим аст. Асбобу ускунаҳои хурд бояд дар қуттиҳо ва ҷойгоҳҳои махсус ҷойгир карда шаванд ва асбобу ускунаҳои калон бояд дар шкафҳо ҷойгир карда шаванд. Эҳтиёт кардан лозим аст, ки ба теғҳои асбобҳои теғашон тез зарар нарасад. Зубилро тез кардан Дар ҷараёни кор асбобҳо кунд мешаванд, аз ин сабаб барои тез ва бурро кардани асбобҳо корҳои чархкунӣ анҷом дода мешаванд. Кунҷи тезшавии теғи зубило вобаста ба сахтии металли коркардшуда интихоб карда мешавад. Масалан, 70° барои буридани чӯян ва биринҷ, 60° барои буридани пӯлод, 40° барои буридани мис ва латун, 35° барои буридани руҳ ва алюминий истифода мешаванд. Зубило ва крейцмейселҳоро дар дастгоҳи оддии чархии бо ҳалқаи суфтакунандаи корунд чарх мекунанд. Дар ин маврид асбобро ба пояе, ки дар пеши санги чарх ҷойгир шудааст, гузошта, баъд онро оҳиста-оҳиста ба тарафи чапу рост мегардонанд, гоҳ як тараф, гоҳ тарафи дигарро бо қувваи андаке ба доираи абразивӣ пахш мекунанд. Пас аз тез кардан қирави теғро дар чархи абразивӣ мегиранд. Кунҷҳои тавсияшудаи чархкунӣ бояд ба таври қатъӣ риоя карда шаванд. Барои пешгирии гармии аз ҳад зиёд нӯги тезкунанда ҳар сари вақт дар об тар карда мешавад. Дар вақти чарх доштани кунҷи теғи зубило бо ёрии андоза санҷида мешавад. Интихоб ва насби полотнои арраи челонгарӣ Ҳангоми интихоби полотно шумо бояд ба масолеҳи он ва сохтори дандонҳо диққат диҳед. Миқдори дандонҳо ҳар қадар зиёд ва майда бошад, металлҳои сахтро ҳамон қадар беҳтар мебурад. Барои буридани металлҳои мулоим полотнои дандонҳояш ниҳоят хурдро истифода бурдан мумкин нест, зеро дандонҳои хурд бо рехтаҳои металлӣ зуд пур шуда, корро душвор мегардонанд. Полотно бо усули резбагӣ ва ричагӣ насб карда мешавад. Ҳангоми бо ричаг насб кардан ричаг ба самти муқобил кушода мешавад, пас аз насб кардани полотно ричаг ба ҳолати аввалааш бармегардад. Дар насбкунии резбагӣ як тарафи полотно ба дандончаи рамкаи арра ва тарафи дигараш ба винт часпонида шуда, бо гайка мустаҳкам карда мешавад. Самти дандонҳои полотно бояд ба тарафи муқобили даста нигаронида шавад. Полотно бояд дуруст, бидуни каҷшавӣ гузошта шавад. Агар суст насб карда шавад, полотно шикастанаш ва бурриш рост нарафтанаш мумкин. Полотное, ки аз ҳад зиёд сахт гузошта шудааст, метавонад ҳатто бо каме гардиш шиканад. Агар ҳангоми бо ангушт пахш кардани паҳлӯи полотно хам нашавад, тарангӣ кофист. Насби дастаки болға (путк) Дастаи болға аз дарахтони сахту чандир, аз қабили қайрағоч, боҷун, чалғӯза, чинор, чормағз сохта мешавад. Ҳангоми васл кардани дастаи болға барои мустаҳкамӣ дар он фона кӯфта мешавад. Барои фонакунӣ аз нӯги қисми даста ба дараҷаи ғафсии болға бурида мешавад. Сипас, дастаро ба болға насб карда, фона аз чӯби сахту мустаҳкам часпонида, мезананд. Барои фонакунии болға фонаҳои металлӣ низ истифода мешаванд. Баъзан ба ҷойи фона плиткаҳои металлӣ гузошта, бо мехи винтӣ маҳкам карда мешаванд. Таъмир ва нигоҳдории сӯян Сӯянҳоро бо ашёи сахт задан хуб нест, онҳо ноустуворанд ва кафида рафтанашон мумкин. Ҳатто як сӯянро болои сӯяни дигар гузошта намешавад, зеро ба дандонҳои онҳо зарар расиданаш мумкин аст. Сӯян бояд аз нам, равған ва чанг муҳофизат карда шавад. Сӯяни нам рӯйи ҳамаи асбобҳои металлиро занг мезанонад. Сӯяни равғаннок дар рӯйи металл лағҷида меравад ва сӯянкунӣ натиҷаи дилхоҳро намедиҳад. Баъди ба охир расидани кор дандонҳои сӯян бояд бо чӯткаи симӣ ё харошандаи аз металли мулоим сохта шуда аз рехтаҳо тоза карда шаванд. Ҳангоми тозакунӣ, чӯткаи симӣ, ё харошанда ба қад-қади бурришҳои сӯян равона карда мешавад.
Усулҳои муосири коркарди металлҳо ва хӯлаҳо
Бо қувваи электр коркарди механикӣ ва термикӣ, рехтагарӣ, кафшер намудҳои асосии коркарди металл ва хӯлаи металлӣ мебошанд: Коркард бо қувваи электр – коркарди шарораи электрикӣ ва коркарди электрокимиёвӣ. Коркарди механикӣ – ҷараёни технологии сохтани деталҳои шаклу ҳаҷми зарурӣ бо роҳи буридан ва пресс кардан: бурриш – ҷараёни металлбурӣ бо асбобҳои буранда ва тайёр кардани маҳсулот; коркарди фишорӣ – ҷараёни ба даст овардани маснуоти металлии шаклу андозаи дилхоҳ бо истифодаи имкони деформатсияи пластикии металлҳо дар зери таъсири қувваҳои беруна. Коркарди термикӣ – ҷараёни то ҳарорати мувофиқ гарм кардан, дар ин ҳарорат нигоҳ доштан ва хунук кардан бо мақсади беҳтар кардани хосиятҳои физикӣ ва механикии металлҳо. Рехтагарӣ – ҷараёни сохтани ашё бо роҳи рехтани металли моеъ ба қолибҳои муайян. Пайвандкунӣ (кафшер) – ҷараёни ҳосилкунии пайванди мустаҳкам дар зери ҳарорати баланд тафсонидани қисмҳои пайвандшаванда. Тараққиёти илму техника имрӯз усулҳои коркарди ин гуна материалҳоро тағйир медиҳад. Ин усулҳо аз усулҳои анъанавии коркарди металлҳо ва хӯлаҳои металлӣ фарқ мекунанд. Усулҳои муосир коркарди электрокимиёвӣ, лазерӣ, плазма, гидроабразивиро дар бар мегиранд. Усулҳои коркарди электрокимиёвии металлҳо аз инҳо иборатанд: галванопластика, галваностегия, сайқал додани электролитӣ ва ғайра. Бартарии ин технология дақиқии баланди коркард ва имконияти коркарди металлҳо ва хӯлаҳои металлии гуногун аст, инчунин заготовка ба фишори ҳароратӣ ва механикӣ дучор намегардад. Пӯшонидани ашёи металлӣ бо қабати тунуки металли дигар бо ёрии электролиз галваностегия номида мешавад. Масалан, ҷараёнҳои никелкунӣ, нуқракунӣ, хромкунӣ ва тиллокорӣ тавассути галваностегия ба амал бароварда мешаванд. Барои ин ашё ҳамчун катод дар электролит ҷойгир карда мешавад. Маҳлули намаки металлӣ дар об, ки ашёро мепӯшонад, ҳамчун электролит амал мекунад. Вақте ки ҷараён аз электролит мегузарад, металли пӯшидашаванда ба сатҳи ашё часпида, қабати тунукро ташкил медиҳад. Сохтани нусхаи металлии маҳсулоти релефӣ галванопластика номида мешавад. Барои ин, металли моеъи ба осонӣ гудохташуда ба рӯйи нусхабардорӣ рехта мешавад. Дар металли сахтшуда нусхаи тасвири баръакси сатҳ ба вуҷуд меояд. Бо усули электролитӣ ба нусха қабати металли сахт нишонда, баъд нусха гудохта мешавад. Бо ин усул, масалан, нусхаҳои медал, тангаҳо, тӯҳфаҳои ёдгорӣ ва ғайра тайёр карда мешаванд. Коркарди лазерии металл ва хӯлаҳои металлӣ усули муосир ва баланди технологӣ мебошад. Нури аз компютер идорашаванда ва мутамарказшудаи лазер энергияи баландро ҷамъ карда, ба нуқтаи мушаххаси рӯйи металл равона мекунад. Дар натиҷаи гарм кардан ва обшавии ин нуқта шакли дилхоҳ ба вуҷуд меояд. Ин усул имконият медиҳад, ки аз металлҳои гуногун ва хӯлаҳои металлӣ (алюминий, мис, латун, пӯлоди зангногир ва ғайра) деталҳои шакли мураккаб, дақиқи баланд, андозаи калон, ҳатто диаметри хеле хурд ба вуҷуд оварда шаванд. Набудани таъсири механикӣ имкон медиҳад, ки ҳатто маводи нозук ва борик коркард карда шаванд. Буридани металлҳо бо ёрдами плазма. Металлҳоро бо плазма буридан дар дастгоҳҳои махсус бо номи плазматрон анҷом дода мешавад. Дар дастгоҳ дар байни сопло, электрод ва металли буридашаванда камони электр ба вуҷуд меояд. Газ аз сопло баромада, ҷараёни плазмаро ба вуҷуд меорад. Дар ин маврид ҳарорат 3000 °С, суръати ҷараёни плазма аз 500 м/с то ба 1500 м/с мерасад. Буридани металл бо ёрии плазма имкон медиҳад, ки металлҳои сиёҳ ва ранга бо ғафсии то 220 миллиметр ва хӯлаҳои онҳо бо суръати то 9800 мм/дақиқа, бе деформатсия, дар шакли мураккаби геометрӣ, бо дақиқии баланд бурида шаванд. Ин технология бо бехатарии баланди экологӣ тавсиф мешавад.
Таснифи пӯлод. Коркарди термикӣ ба пӯлодҳо
Таснифи пӯлод. Ҳоло зиёда аз 1500 намуди пӯлод мавҷуд аст. Барои интихоби пӯлод, ки барои маҳсулоти тайёршаванда мувофиқ аст, бояд намудҳо ва хусусиятҳои пӯлодро донед. Пӯлодҳо метавонанд дорои иловаҳое бошанд, ки сифати пӯлодро зиёд, ё паст мекунанд. Пӯлод хӯлаи оҳану карбон ва дигар элементҳои иловагӣ (марганес, кремний, фосфор) мебошад. Карбон сахтӣ ва шикастани пӯлодро зиёд мекунад, аммо пластикии онро коҳиш медиҳад. Пӯлодҳои сохтори карбон ба пӯлодҳои оддӣ ва баландсифат тақсим мешаванд. Пӯлоди оддии сохторҳои карбонӣ қувваи баланд надорад, он танҳо дар истеҳсоли парчинҳо, шайбаҳо, болтҳо, гайкаҳо, қубурҳо, прокатҳо ва конструксияҳои сохтмонӣ истифода мешавад. Аз рӯйи хосиятҳои механикӣ он бо ҳарфҳои Ст ва рақами силсилавӣ аз 0 то 6, ҳамчун Ст0, Ст1 қайд карда мешавад. Афзоиши шумора маънои афзоиши таркиби карбон ва мустаҳкамии пӯлодро дорад. Пӯлоди карбондор аз пӯлоди оддӣ қавитар аст. Он дар тайёр кардани деталҳои мошинаҳо ва таҷҳизоти дорои талаботи баланд ба хосиятҳои механикӣ истифода мешавад. Он аз рӯйи фоизи карбон бо ду рақам қайд карда мешавад. Масалан, дар пӯлодҳои 20, 30, 50 мутаносибан 0,2; 0,3; 0,5 фоиз карбон мавҷуд аст. Пӯлоди асбобсозии карбондор барои сохтани асбобҳо ба монанди зубилло, арра, парма, метчик, плашка ва болға истифода мешавад. Чунин пӯлод бо ҳарфи У ва рақаме қайд карда мешавад, ки даҳяки фоизи карбонро ифода мекунад. Масалан, У8, У8А (C = 0,8 %), У13, У13А (C = 1,3 %) ва ҳарфи А маънои онро дорад, ки пӯлод сифаташ баланд аст, дар таркибаш пайвастагиҳои зараровар: сулфур ва фосфор кам аст. Пӯлоди легиршуда дорои як, ё якчанд унсурҳои махсусест, ки хосиятҳои пӯлодро беҳтар мекунанд (қувват, сахтӣ, чандирӣ, гармӣ ва муқовимат ба зангзанӣ). Элементҳои легиркунанда бо ҳарфҳои зерин нишон дода мешаванд: Х – хром, Г – марганес, Н – никел, Ф – ванадий, М – молибден, В – волфрам, Ю – алюминий, С – кремний, Д – мис, П – фосфор, К – кобалт, Т – титан ва ғайра. Масалан, пӯлоди тамғаи 40Х 0,4% карбон ва 1% хром дорад. Пӯлодҳои конструктивии легиршуда дар истеҳсоли деталҳои ниҳоят муҳими мошинҳо ва асбобҳо (рессор, пружина, ғилдиракҳои дандордор ва ғайра), пӯлодҳои асбобӣ дар истеҳсоли асбобҳои буранда (парма, плашка, метчик ва ғайра) истифода мешаванд. Дар хотир доред! Элементҳои легиркунии ба пӯлод иловашуда хосиятҳои физикӣ ва механикии пӯлодро беҳтар мекунанд. Масалан, хром сахтӣ ва мустаҳкамӣ, никел муқовимат ба зангзанӣ, кобалт муқовимат ба гармииро афзоиш медиҳад ва хосиятҳои муқовимат ба зарбаро беҳтар мекунад. Коркарди термикии металлҳо Коркарди термикии металлҳо аз гарм кардани онҳо то ҳарорати мувофиқ, дар он ҳарорат нигоҳ доштан ва хунук кардан иборат аст. Хусусиятҳои металлҳо бо коркарди гармӣ тағйир меёбанд, зеро хосиятҳои металл аз тағйирёбии сохтори дохилии он вобаста аст. Ҳар як металлро коркарди термикӣ кардан мумкин аст. Дар ин сурат коркарди термикии металлҳои сиёҳ осон аст. Чӣ қадаре ки карбон дар металл зиёд бошад, коркарди он ҳамон қадар осонтар аст. Барои коркарди термикӣ деталҳо дар печи муфел ва дигар печҳои махсус тафсонида мешаванд. Дар техника намудҳои коркарди термикӣ ба монанди тобдиҳӣ, нармкунӣ ва мулоимкунӣ васеъ истифода мешаванд. Мулоимкунӣ Барои мулоим кардан деталро то 750—900 °С гарм карда, баъд бо печ оҳиста-оҳиста муддати дароз хунук мекунанд. Дар ин сурат сохти металл тағйир ёфта, устувор мешавад, сахтии он кам ва чандирии он зиёд мешавад. Тобдиҳӣ Барои тобдиҳӣ деталро то ҳарорати муайян гарм мекунанд ва онро дар ин ҳарорат муддати муайян нигоҳ медоранд. Баъд онро бо ёрии часпакҳо дошта, барои ҳосил нашудани қабати буғ давр занонда, оҳиста ба муҳити моеъ меандозанд. Детал дар моеъи об, равған ё маҳлули намакӣ зуд хунук мешавад. Дар натиҷаи тобдиҳӣ сахтии пӯлод меафзояд. Нармкунӣ Пас аз тобдиҳӣ мӯртгии металл зиёд меафзояд, ин ҳолат баъзан боиси кафидани он мегардад. Барои пешгирии ин, намуди амалиёти нармкунии термикӣ истифода мешавад. Барои нармкунӣ қисмҳои корӣ боз гарм карда мешаванд, аммо ин дафъа дар ҳарорати хеле пасттар. Қисмати гармшударо дар ҳарорати доимӣ муддати муайян нигоҳ дошта, тадриҷан хунук карда мешавад.
Ороиши чӯб ва маводҳои ороишӣ
Дар кори дуредгарӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати маснуоти чӯбин ва зиёд кардани мӯҳлати хизмати онҳо корҳои пардоздиҳӣ (ороишӣ) гузаронда мешаванд. Корҳои пардоздиҳии чӯб ва масолеҳи чӯбин инҳоро дарбар мегиранд: таъмини ҳамвории сатҳҳо; суфтакунӣ; рангубор ва лаккунӣ. Таъмини ҳамвории сатҳҳо Тарқишҳо, кафидаҳо, ковокҳо ва сӯрохиҳои рӯяҳоро бо шпаклёвка пур мекунанд ва ҳамвор мекунанд. Шпаклёвкаро ба рӯйи ашё бо бели чӯбӣ, пластикӣ, ё металлӣ – шпател мерезанд. Шпаклёвка равғанӣ, ширешӣ, гипсӣ, акрил, латексӣ, полимерӣ, эпоксидӣ, ширешӣ-равғанӣ мешавад. Пас аз он ки шпаклёвка ба рӯйи ашё гузошта мешавад, он ранг ва гули табиии чӯбро нест мекунад, ё мепӯшонад. Аз ин рӯ, маснуоти чӯбини шпаклёвка кардашуда аксар вақт ранг карда мешавад. Дар айни замон шпаклёвкаҳое истеҳсол карда мешаванд, ки рангашон ба ранги чӯб мувофиқ аст. Сатҳи маснуоти чӯбӣ барои ҳамвор, хуб часпидани лакҳо ва политурҳо ва барои пайвасти ҳамаҷониба грунтовка карда мешавад. Суфтакунии сатҳҳо. Суфтакунӣ як амалиёти технологӣ мебошад, ки дар он сатҳи ҳамвор бо истифодаи наждак бо мақсади бартараф кардани номунтазамии хурд дар сатҳи маҳсулот иҷро карда мешавад. Суфтакунӣ бо наждак анҷом дода мешавад. Наждак асбоби бурриши бисёртеға ва чандир аст, ки аз донаҳои хурди хеле сахти кунҷҳояш тез ба матоъ ё коғаз часпонида шудаанд. Усулҳои суфтакунии сатҳи маҳсулот. Ҳангоми суфтакунии сатҳи чӯб ҳаракат ботартиб ва як хел иҷро карда шуданаш лозим аст. Суфтакунӣ аз рӯйи самти нахҳои чӯб ва ҳаракатҳои даврӣ сурат мегирад. Суфтакунии ниҳоӣ танҳо дар самти дарозӣ анҷом дода мешавад. Агар суфтакунӣ ба муқобили самти нахҳои чӯб бурда шавад, нахҳои чӯб коғази наждакро буриданаш мумкин. Сари вақт сатҳи коғази наждакро аз чанги чӯб тоза кардан лозим аст. Барои ба дараҷаи дилхоҳ ҳамвор кардан ва суфтакунӣ рӯяҳои чӯбро аз чанг тоза карда, каме об пошида ё бо маводи тар пок карда, баъд хушк мекунанд. Дар зери таъсири об баъзе нахҳои чӯб варам мекунанд. Ин нахҳо бори дуюм суфта карда шуда, дараҷаи сайқалии сатҳи чӯб баланд мешавад. Вобаста ба талаб, ин ҷараён ду-се маротиба такрор карда мешавад. Амалиёти технологии суфтакунӣ сермашаққат буда, қувваи зиёди ҷисмонӣ талаб мекунад. Барои осон кардани суфтакунӣ дастгоҳҳои суфтакунии барқӣ истифода мешаванд. Барои суфта кардани сатҳи калон дастгоҳҳои суфтакунандаи тасмагӣ ва ларзанда (дар асоси вибратсия) истифода мешаванд. Ба дастгоҳҳои чархзананда дастгоҳҳои суфтакунаки делташакл дохил мешаванд. Онҳо барои суфта кардани сатҳи хурд, ҷойҳои душвор, кунҷҳо ва ҷойҳои чуқур истифода мешаванд. Дастгоҳҳои суфтакунандаи эксентрикӣ амалиёти суфтакуниро на танҳо ба пеш ва ба ақиб, балки тавассути ҳаракати даврӣ низ иҷро мекунанд. Рангдиҳӣ ва лаккунӣ. Марҳилаи охирини ороиш лак ва ранг кардан аст. Дар ин маврид ороиш вобаста ба шаффофӣ, ҷилодиҳӣ, тағйири ранги табиии чӯб ба ороиши шаффоф ва ношаффоф тақсим мешавад: Ороиши шаффоф Ранг ва гули табиии чӯб тағйир намеёбад. Ороиши ношаффоф Ранг ва гули табиии чӯб тағйир меёбад. Ранг моддаест, ки дар об, спирт ё равған ҳалшаванда буда, қобилияти ранг кардани чӯбро бидуни гум кардани ранги табиии худ дорад. Рангҳо ба рангҳои растанӣ ва рангҳои сунъӣ тақсим мешаванд. Маҳсулоти нави чӯбин камаш 2—3 маротиба ранг карда мешавад, то ки қабати ранг ҳамвору хушсифат шавад. Маротибаи дуюм ё баъдина пас аз хушк шудани ранги аввала ба амал бароварда мешавад. Рангҳои равғанӣ дар муддати на камтар аз 24 соат хушк мешаванд. Лакро дар ороиши шаффоф истифода мебаранд, бе тағйир додани ранги табиии чӯб дар сатҳи он плёнкаи тунук ва сахт ба вуҷуд оварда, тобиш ва муқовимат ба намӣ, тағйирёбии ҳарорат, рӯшноӣ ва дигар таъсироти онро зиёд мекунад. Дар айни замон лакҳои алкидӣ, эпоксидӣ, полиуретанӣ, акрилӣ ва нитролакҳо васеъ истифода мешаванд. Корҳои рангуборкунӣ ва лаккашӣ бояд дар хонаҳои имконияти шамолдиҳӣ дошта гузаронда шаванд, воситаҳои муҳофизати роҳҳои нафас ва дастпӯшҳо истифода бурда шаванд, дар охири кор дастҳоро нағз шустан лозим аст. Пеш аз истифода бурдани лакҳо ва рангҳо дастурҳои дар бастаи онҳо навишташударо бодиққат хондан ва риоя кардан лозим аст. Навъҳои лак, ки дар ороиши чӯб истифода мешаванд | Навъи лак | Ҷойи истифода | Тобоварӣ | Муддати хушкшавӣ | Ҳолати заҳрнокӣ | |---|---|---|---|---| | Лаки алкидӣ | Барои корҳои ороиши дохилӣ (дар аксар ҳолатҳо), барои корҳои ороиши берунӣ (дар ҳолатҳои кам) | баланд | то 48 соат | заҳрнок | | Лаки эпоксидӣ | Барои корҳои ороиши дохилӣ ва берунӣ | баланд | то 12 соат | заҳрнок | | Лаки полиуретанӣ | Барои корҳои ороиши дохилӣ ва берунӣ | баланд | 3–6 соат | заҳрнок | | Нитролак | Барои корҳои ороиши дохилӣ | миёна | 10–15 дақиқа; муддати пурраи хушкшавӣ 6–8 соат | заҳрнок | | Лаки акрилӣ | Барои корҳои ороиши дохилӣ ва берунӣ | миёна | то 24 соат | безаҳр, бебӯй | Дар хотир доред! Лаки акрилии дар асоси об асосёфта торафт бештар истифода мешавад, зеро он аз ҷиҳати экологӣ тоза аст ва бӯй надорад. Сатҳи бо лаки акрилӣ пӯшидашуда аз қолаб ва микроорганизмҳо муҳофизат карда мешавад. Хусусияти он дар он аст, ки онро бо оби оддӣ ҳал кардан мумкин аст.
Пайвасти нохунии масолеҳи чӯбӣ
Бо мақсади таъмин намудани сифати маҳсулоти дуредгарӣ ва эҳтиёткорона пайваст кардани деталҳо вобаста ба шаклу ҳаҷми он пайвандҳои якнохуна, дунохуна, бисёрнохуна, кушода, пинҳонӣ ва нимпинҳонии шаклҳои гуногун ҳосил карда мешаванд. Шумораи нохунҳо, шакл ва андозаи нохунҳо ба мустаҳкамии пайванд таъсир мерасонанд. Агар шумораи нохунҳо зиёд шавад, сатҳе, ки ба он ширеш мекашанд, калонтар шуда, қувваи пайванд зиёд мешавад, аммо барои тайёр кардани онҳо вақти бештар лозим аст. Мустаҳкамии пайвандҳои дуредгарӣ ба сифати чӯб, аниқ тайёр кардани элементҳои васлшаванда, сифати ширеш ва дуруст иҷро кардани ширешкунӣ низ вобаста аст. Ҷараёни ҳосил намудани пайвасти якнохуна Чӯби мувофиқ барои пайванд интихоб карда мешавад. Пас аз арра кардани нӯги брусокҳо дар асоси гӯнё ва буридани росткунҷа, нохун ва гӯшҳо ба нақша гирифта мешаванд. Дар асоси нақша пеш аз ҳама кори буридани нохунҳо ва кушодани гӯшҳо ба ҷо оварда мешавад. Барои ин андозаҳо ба назар гирифта мешаванд. Бо воситаи арракунии нишеб нохун ҳосил карда мешавад. Барои сохтани гӯшҳо аз искана истифода мебаранд. Ҷафсии он тавассути пайваст кардани нохунҳо ва гӯшҳо барои сохтани пайванд таъмин карда мешавад.
Коркарди бадеии чӯб ва масолеҳи чӯбӣ
Чӯб маводи нодирест, ки инсоният дар тӯли ҳазорсолаҳо аз он истифода бурдааст ва арзиши худро то ҳол гум накардааст. Барои зеботар гардондани маснуоти чӯбин корҳои гуногуни ороишӣ иҷро карда мешаванд. Ба коркарди бадеии чӯб кандакорӣ, харротӣ, мозаика, коркарди чопӣ, сӯзондан, наққошӣ ва ғайра дохил мешаванд. Кандакории чӯб. Кандакории чӯб яке аз намудҳои паҳншудаи санъати ороишии халқ мебошад. Дар ин ҷо нақшу нигор ё тасвир дар тахта ё ашёи чӯбин кашида, бурида ва кандакор карда мешавад. Ба ғайр аз меъморӣ, кандакории чӯб дар ороиши рӯзгор ва ашёи гуногун васеъ истифода мешавад. Ин навъи санъати бадеӣ қариб дар ҳамаи халқҳо мавҷуд буда, бо нақшҳои гуногун, усул ва анъанаҳои коркард аз ҳамдигар фарқ мекунад. Асбоби асосии кандакории чӯб искана мебошад. Дар кандакорӣ навъҳои зиёди искана аз қабили исканаи ковза, исканаи рост, исканаи нова, заминискана, исканаи рӯйи моҳӣ, исканаи морпеч ва ғайра истифода мешаванд. Дар кандакории чӯб ба ғайр аз искана қалам, сиркул, хаткашак, хаткушак, коғази наждак, асбобҳои дуредгарӣ, болға, ширеш ва ғайра низ истифода мешаванд. Коркарди бадеии чӯб бо роҳи сӯзондан. Коркарди бадеии чӯб бо роҳи сӯзондан бо ёрии оташгираки электрикӣ сурат мегирад. Нӯгҳои оташгираки электрикӣ аз хӯлаи махсуси металлӣ сохта шудаанд, то ки ҳангоми додани ток он хуб гарм шавад. Дар оташгираки электрикӣ нӯгҳои гуногуншакл мавҷуданд. Қоидаҳои асосии сӯзонда коркард кардани чӯб заготовка тайёр карда мешавад; расм ё хатҳои асосӣ кашида мешаванд; дастаки оташгиракро мисли қалам дошта, оташгираки электрикӣ ба кор андохта мешавад; гармии нӯги оташгирак (сӯзон) танзим карда, ба пораҳои чӯби аз заготовка боқимонда якчанд хати назоратӣ кашида мешавад; ҳангоми кор дуруст нишастан ва хонаро тез-тез шамол додан лозим; дастаки оташгирак бе пахшкунии сахт истифода мешавад; нӯги гарми он дар як ҷо пахш карда нашуда, хатҳо бояд бо роҳи якчанд маротиба ба кор андохтани нӯги оташгирак ташкил карда шаванд. Сатҳи сӯхташуда метавонад табиӣ бошад, ё бо ранг ва лак коркард карда шавад. Қоидаҳои бехатарии кор бо оташгираки электрикӣ бо иҷозати муаллим оташгираки электрикиро ба кор андозед. Пеш аз ба кор андохтани оташгирак ашёи зиёдатиро аз миз хориҷ кунед; дасту либоси худро аз нӯги гарми оташгирак муҳофизат кунед; дастгоҳро даргирон нагузоред; баъди ба охир расидани кор оташгиракро аз ток кашида, хунук шудани онро интизор шавед. Мозаика усули сохтани таркиб аз қисмҳои хурди маводи рангҳои гуногун дар сатҳи гуногун мебошад. Намудҳои мозаика Инкрустатсия – усули эҷоди тасвир ё нақшҳо дар рӯйи ашёи чӯб, металлӣ ва чармӣ бо истифода аз шаклҳои садафӣ, қаҳрабогӣ, металлӣ, устухони фил ва сангҳои қимматбаҳо сохташуда мебошад. Интарсия як навъи мозаикаест, ки аз пораҳои чӯби ранг ва нақши табииашон гуногун дар пояи чӯбӣ сохта мешавад. Корҳои мозаикаи блок ба таври зерин иҷро карда мешаванд: чӯби рангоранг ва гулдори табиӣ дар як чанд қабат бо ҳам часпонида мешаванд; аз қабати ҳосилшуда пораҳои чӯбии чортарафа бурида, мувофиқи тасвири сохташаванда васл карда, сипас ширеш карда мешаванд; аз блокҳои часпонидашуда ба самти нишеб пластинкаҳои тунук бурида мешаванд; сатҳи маҳсулот бо ин пластинкаҳо оро дода мешавад. Маркетрӣ як навъи мозаикаест, ки дар он тасвирҳо ва нақшҳо тавассути часпонидани порчаҳои чӯби гаронбаҳо ба рӯйи чӯбҳои оддӣ сохта мешаванд.
Дастгоҳи токарӣ барои коркарди чӯб
Деталҳои ҷисмҳои шаклан гардишкунанда (силиндрӣ, конусӣ, курагӣ ва дигар сатҳҳои мураккаб) бо роҳи коркард дар дастгоҳҳои токарӣ сохта мешаванд. Дар дастгоҳи токарӣ чӯбу тахтаро асосан аз дарахтони баргдор ба мисли тус, туси сиёҳ, заранг, шумтол истифода мебаранд. Чӯбҳо бояд хушк, бе пих бошанд ва кафида набошанд. Дар вақти интихоб кардани заготовка барои ба дастгоҳҳо васл кардан диаметраш 5—6 миллиметр ва дарозии 40—60 миллиметр ба назар гирифта мешавад. Дар торчаи заготовкаҳо бо қалам диагоналҳо кашида, бурришҳои онҳо бо марказ нишон дода, барои кам кардани соиш солидол меандозанд. Канори брусокро ранда карда, шакли ҳашткунҷа медиҳанд. Заготовкаҳо дар станок бо ёрии патрон, планшайба ва трезубетс гузошта мешаванд. Сутун ҳамеша дар марказ ҷойгир аст ва ба чӯбе, ки дар он кор карда мешавад, наздик аст. Дар ҷараёни коркард масофаи байни чӯб ва сутун зиёд шуда меравад, бинобар ин сутунро гоҳ-гоҳ ба заготовка наздик мекунанд. Коркарди заготовкаи силиндрӣ Коркарди заготовкаи силиндрӣ аз коркарди хомакӣ ва ниҳоӣ иборат аст. Амалиёти кофтан ва тарошидан дар дастгоҳҳои коркарди чӯб бо ёрии асбобҳои махсуси токарӣ иҷро карда мешавад. Дар коркарди хомакӣ асбоби токарӣ бо ду даст нигоҳ дошта мешавад: як даст дар дастаки асбоб ва дасти дигар дар поя аст. Дар ҳоле, ки бозуи якум қувваи бурришро мувозинат мекунад, дуюмаш асбобро ба сатҳи такякунандаи штанга сахт фишурда, интиқоли тӯлониро таъмин мекунад. Заготовкаҳои силиндрӣ қад-қади пинҳои нимдона ба самти ноҳамвор ҳаракат мекунанд. Дар гузаштаи аввал бурриши 1—2 миллиметр бо маркази теғи бурриш ҳаракат мекунанд. Самтҳои минбаъда бо қисмҳои паҳлӯи теғ, такон додани бурриш ба рост ва чап иҷро карда мешаванд. Аз ҳисоби ба кор бурдани қисмҳои гуногуни теғи буранда мавҷнокии сатҳи деталҳо кам мешавад. Барои коркарди ниҳоӣ захираи диаметри 3–4 мм боқӣ мемонад. Дар самти охирин заготовкаҳои силиндрӣ исканаи моил дар болои кунҷи набуранда гузошта мешавад. Бурриш аз қисми миёна ва поёнии теғ гирифта мешавад. Диаметри ашё бо штангенсиркул ё кронсиркул санҷида мешавад. Дар ин сурат якчанд ҷойи заготовка чен карда мешавад. Ҳамвор будани сатҳи заготовка бо гузоштани хаткашак муайян карда мешавад. Баъди ба охир расидани ашё, онро бо наждак, ки ба порчаи чӯб насб карда шудааст, суфта мекунанд. Барои дар ҳолати нишеб буридани масолеҳ чизеро дар кунҷи тез ба сутун гузошта, каме бурида мепартоянд. Баъд онро каме хам карда, каме ба рост ё чап такон дода, як қисми заготовкаро конус месозанд. Ҷараён якчанд маротиба такрор карда шуда, гардани диаметраш 8—10 мм мемонад. Баъд порча аз дастгоҳ бароварда мешавад ва нӯгҳояшон арра мешаванд. Рӯяҳои бурриши нишеб тоза карда мешаванд. Қоидаҳои бехатарии кор дар дастгоҳҳои токарӣ ба гардиши дурусти шпиндел (нисбат ба одами коркунанда) диққат додан лозим аст; заготовка набояд тарқишҳо, сӯрохиҳо, ҷойҳои пӯсида ва дигар нуқсонҳо дошта бошанд; заготовка бояд дар дастгоҳ мустаҳкам гузошта шавад; масофаи байни сатҳи коркардшаванда ва такягоҳ набояд дур бошад; ҳангоми кор экрани шаффофи муҳофизаткунандаро фуровардан лозим аст, агар мошина чунин экран надошта бошад, айнакҳои муҳофизаткунанда пӯшидан лозим аст; асбоби буриданро танҳо баъди ба хуб давр задани шпиндел ба такягоҳ гузошта, онро тадриҷан ба заготовка наздик мекунанд; дар вақти кор кардани дастгоҳ заготовкаро дуруст кардан, чен кардан, ба гиреҳҳои дастгоҳ даст расондан мумкин нест.
Асбобҳои дастӣ барои коркарди чӯб
Дар коркарди чӯб аз асбобҳои ченкунӣ, нақшакашӣ ва асбобу ускунаҳои корӣ истифода бурда мешаванд. Барои ин асбобҳои корӣ, аз қабили дастарра, бурчарра, арраи лобзикӣ, искана, рандаи дар коркарди даставвали чӯб истифодашаванда, рандаҳои махсус, исканаҳои новӣ ва ғайра истифода мешаванд. Арракунӣ. Ҷараёни ба қисмҳо буридани чӯбҳо бо ёрии асбоби бурранда – арра, арракунӣ номида мешавад. Усулҳои нишеб, дарознокӣ ва омехтаи арра кардани чӯб вуҷуд доранд. Дар арракунии нишеб арраҳои дандонҳояш дар шакли секунҷаи баробарпаҳлӯ ва нисбат ба полотно рост ҷойгиршуда, дар вақти ба дарозӣ арра кардан арраҳои дар шакли секунҷаи каҷ ва нисбат ба полотно кунҷ ҳосилшуда ва дар арракунии омехта арраҳои дандонҳояш дар шакли секунҷаи росткунҷа, қисми пешаш нисбат ба полотно рост, қисмҳои дигар кунҷро ҳосилкунанда истифода бурда мешавад. Арра аз рӯйи хатти нақша гузаронда мешавад. Полотнои арра бояд дар кунҷи рост ба сатҳи аррашаванда ҳаракат кунад. Иҷрои дурусти арра аз рӯйи нақша назорат карда мешавад. Арра кардани чӯб аз оҳиста ба рӯйи он кашидан оғоз мешавад. Суръати арраро тадриҷан зиёд карда, дар охири бурриш суръати арраро кам мекунанд ва ба чӯби аррашаванда зӯр наоварда, онро мебуранд. Барои осон кардани арракунӣ тахтаи роҳнамо ё қолаби порсӣ истифода мешавад. Рандакунӣ. Пас аз арра кардани қисми лозима чӯб барои ҳамвор, суфта ва ба як андозаи муайян даровардан онро ранда мекунанд. Дар вақти рандакунӣ масолеҳи коркардшаванда бояд ба дастгоҳ мустаҳкам васл карда шавад. Вобаста ба намуди коркард, маводро бо роҳҳои гуногун мустаҳкам кардан мумкин аст. Дар вақти рандакунӣ дуруст доштани ранда ва дуруст нигоҳ доштани ҳолати гавда қатъӣ риоя намудан лозим аст. Ҳангоми рандакунӣ дастҳо ба дарозии пурра дароз карда мешаванд ва бо қувва ба пеш равона карда мешаванд. Ҳангоми равонкунии ранда дастаки пеш бо дасти чап ва дастаки ақиб бо дасти рост нигоҳ дошта, бо қувва ба пеш равона карда мешавад. Дар вақти арра кардан самти равиши чӯбро ба назар гирифтан лозим аст. Ҳамвор будани сатҳҳои рандашуда бо хаткашак, ё гӯнё санҷида мешавад. Эътибор диҳед! Қоидаҳои бехатарии коркарди чӯб бо асбобҳои дастӣ пеш аз сар кардани кор танзими асбобҳоро тафтиш кардан; дар вақти кор кардан дар дастгоҳ масолеҳро дар байни часпакҳо мустаҳкам кардан; ҳангоми арра кардан, ранда кардан ва кандакории дастгоҳ ба рост омадани мехҳо роҳ нагузоштан; асбобҳоро дар нови дастгоҳ бо тартиб ҷойгир карда, теғи асбобҳои тездорро ба пеш нигаронидан; дар вақти кор бо дастгоҳ пахолҳои ҳосилшударо тез-тез бо чӯтка тоза кардан; баъди ба охир расидани кор асбобҳоро бо тартиб ба ҷойи худ гузоштан лозим аст.
Танзим ва таъмири асбобҳои дастии чӯбкорӣ
Ба сифати коркарди чӯб тез ва ё кунд будани асбобҳо, танзими дурусти онҳо таъсир мерасонад. Асбобҳои пастсифату кунд вақт ва қувваи зиёдро талаб мекунанд. Инчунин маҳсулоти истеҳсолшуда ба талаботи техникӣ ҷавоб дода наметавонад. Пеш аз тез кардани дандонҳои арра дандонҳоро чаппа роста мекунанд. Ба ин мақсад асбобҳои конструксияҳои гуногун истифода мешаванд. Дар ин маврид новобаста аз намуди арра дандонҳои тоқи онро ба як самт ва дандонҳои ҷуфташро ба тарафи дигар тоб медиҳанд. Ҳангоми чаппа роста кардан дандонҳои арра бояд як хел тоб дода шаванд. Дуруст тоб хӯрдани дандонҳо бо шаблон санҷида мешавад. Барои буридани чӯби сахт дандонҳои арра 0,25—0,50 миллиметр ва барои буридани чӯби нарм 0,5—0,7 мм чаппа роста мешаванд. Арраҳои полотнои барои арра кардани нохуну гӯшҳо чаппа роста карда намешаванд. Дандонҳои арра пас аз чаппа роста кардан чарх карда мешаванд. Дар бурчарра ба ғайр аз чаппа роста кардани дандон ва чарх кардани онҳо, теғро танзим мекунанд ва теғро нисбат ба полотно ба кунҷҳои гуногун мегардонанд. Полотно нисбат ба теғ ҳадди аққал 20 дараҷа тоб дода мешавад. Вобаста ба бар ва дарозии тахтаи аррашуда ин кунҷ зиёд мешавад. Полотно нисбат ба теғ бо ёрии гӯшҳо тофта мешавад. Баромади ҳамвори рӯяҳо ба кор мувофиқ кунондани рандаҳо, дуруст нигоҳ дошта озодона ранда кардан ва дуруст ба кор андохтани қувваҳо дар вақти ранда кардан вобаста аст. Теғи рандаҳо дар чархҳои барқӣ ё дар пораҳои санги табиӣ ва сунъӣ тез карда мешаванд. Ҳангоми чарх доштани теғ тамоми сатҳи онро ба санги чарх расонида сахт пахш накарда, дар як маром ин тараф он тараф бурдан лозим аст. Дар вақти чарх доштани бурришҳо дар чархи электрикӣ ба сутун пояи махсус гузошта, кунҷи зарурии тезшавиро таъмин кардан лозим аст. Барои тез кардани теғҳо бо сангҳои табиӣ ва сунъӣ асбобҳои оддиро истифода бурдан мумкин аст. Барои резонидани қирави ҳосилшудаи теғ аз сангҳои қайроқ истифода мебаранд, дар керосин ё об нам мекунонанд. Керосин барои зуд рехтани қирав ёрӣ мерасонад. Дар вақти қайроқкунӣ ба кунд нашудан ва лағжида нарафтани қайроқ эътибор додан лозим аст. Рандаи аз қирав тозашуда дар пояи он мустаҳкам карда мешавад. Дар ин ҳолат, канори бурриши теғ рост аз поя (параллел ба поёни пойгоҳ) гузошта мешавад. Агар теғи ранда дуруст гузошта нашавад, рӯяҳоро ҳамвор ранда карда намешавад.
Ҳуҷҷатҳои конструксиявӣ
Ҳуҷҷатҳои конструкторӣ як хулосаи графикӣ ва матнии ҳама маълумот дар бораи истеҳсол, омодасозӣ, назорат, қабул, истифода ва таъмир мебошад. Ба ин ҳуҷҷатҳо нақшаҳои детал, нақшаҳои васлкунӣ, спетсификатсия, нақшаҳои монтажкунӣ, корҳои ҳисобкунӣ, хатҳои тавзеҳотӣ, дастурамал ва ғайра дохил мешаванд. Ягон тасвири дигар мисли нақша дар бораи предмет тасаввуроти равшан ва маълумот дода наметавонад. Аз ин ҷост, ки нақшаҳо дар сохтмони иншоотҳои гуногун, сохтани мошинаҳо ва қисмҳои онҳо ҳуҷҷати асосӣ ба ҳисоб меравад. Нақша тасвирест, ки бо истифода аз асбобҳои нақшакашӣ ва риояи қоидаҳои нақшакашӣ сохта шудааст. Аз рӯйи мазмуни худ нақшаҳо ба нақшаҳои деталӣ, нақшаҳои васлкунӣ, нақшаҳои намуди умумӣ, нақшаҳои монтаж ва ғайра ҷудо мешаванд. Эскиз тасвири хомакӣ, расм аст. Дар ин маврид андозаҳои тахминии ашё бе истифода аз асбобҳои ченкунию нақшакашӣ бо даст ё бо чашм муайян ва кашида мешаванд. Эскиз ҳамчун асос барои нақшакашӣ хизмат мекунад. Расми техникӣ тасвири равшани маҳсулот мебошад. Мувофиқи расми техникӣ шакли маҳсулотро ба осонӣ тасаввур кардан мумкин аст. Ҳуҷҷатҳои технологӣ маҷмӯи ҳама ҳуҷҷатҳои графикӣ ва матнӣ дар бораи раванди истеҳсоли маҳсулот мебошад. Намудҳои асосии ҳуҷҷатҳои технологӣ харитаҳои самт (маршрут), харитаҳои оперативӣ, харитаҳои технологӣ, дастурҳои технологӣ, маҷмӯи маълумотҳои таҷҳизотро дар бар мегиранд. Ду ҳуҷҷати аввал дар тамоми истеҳсолот истифода мешавад ва ду ҳуҷҷати охирин аксар вақт танҳо дар истеҳсолоти хурд ва камҳаҷм истифода мешаванд. Сарфи назар аз хусусияти маҳсулоти истеҳсолшаванда, харитаҳои хатсайр тамоми роҳи масолеҳ, маҳсулоти нимтайёр ва ашёи хомро то ба маҳсулоти тайёр табдил додани онҳо нишон медиҳанд. Дар харитаи хатсайр тавсифи ҷараёни технологии истеҳсоли маҳсулот барои ҳамаи амалиётҳо, маълумот дар бораи таҷҳизот, асбобу ускунаҳо, масолеҳи истифодашуда, инчунин баъзе маълумотҳои характери нормативӣ дарбар гирифта мешавад. Дар харитаҳои оперативӣ дастурҳои гузаришҳои технологӣ, усули коркард, дуруст истифода бурдани таҷҳизот, асбоб ва ускунаҳои ченкунию назоратӣ, ки дар ҷараёни кори ҳар як амалиёти технологӣ истифода мешаванд, нишон дода мешавад. Тарҳрезии ашё. Тарҳрезии ашё пеш аз ҳама муайян кардани шакл, андоза ва масолеҳи онҳоро талаб мекунад. Тарҳрезии ашё шартан ба марҳилаҳо тақсим карда мешавад. Дар вақти тарҳрезии ашё талаботи гуногун нисбат ба он ба назар гирифта мешавад, масалан, сарфи камтарини материал ва энергия ҳангоми тайёр кардани маҳсулот, мустаҳкамии маҳсулот ва ғайра. Ҳар як ашёи нав бояд сифатҳои баланди эргономикӣ дошта бошад, яъне он бояд ба қобилиятҳои инсон комилан мувофиқ бошад, ба хусусиятҳои физиологии ӯ мувофиқат кунад. Дар кори тарҳрезӣ ба намуди зоҳирии маҳсулот, яъне тарҳи он диққати махсус додан лозим аст. Ҳар як чиз бояд на танҳо вазифаи худро иҷро кунад, балки ба одамон ҳаловати эстетикӣ ҳам бахшад. Зинаҳои тарҳрезии ашё Таъсиси вазифаи техникӣ. Имконпазирии сохтани ашё асоснок карда, вазифаи техникӣ тартиб дода мешавад. Тарҳрезии лоиҳа. Таклифҳои конструктивӣ дар бораи сохти маҳсулот, параметрҳои асосии он, андозаҳои умумӣ ва ғайра ба назар гирифта мешаванд. Тартиб додани лоиҳаи техникӣ. Лоиҳаи техникие, ки аз қарорҳои қатъии техникии структураи маҳсулот иборат аст, тартиб дода мешавад. Тайёр кардани нақшаҳои корӣ. Дар марҳилаи ниҳоии сохтмон нақшаҳои корӣ дар асоси ҳамаи маълумотҳо омода карда мешаванд.




