Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·5 рӯз пешНашрия

Ороиши чӯб ва маводҳои ороишӣ

Дар кори дуредгарӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати маснуоти чӯбин ва зиёд кардани мӯҳлати хизмати онҳо корҳои пардоздиҳӣ (ороишӣ) гузаронда мешаванд.

Корҳои пардоздиҳии чӯб ва масолеҳи чӯбин инҳоро дарбар мегиранд:

  1. таъмини ҳамвории сатҳҳо;

  2. суфтакунӣ;

  3. рангубор ва лаккунӣ.

Таъмини ҳамвории сатҳҳо

Тарқишҳо, кафидаҳо, ковокҳо ва сӯрохиҳои рӯяҳоро бо шпаклёвка пур мекунанд ва ҳамвор мекунанд. Шпаклёвкаро ба рӯйи ашё бо бели чӯбӣ, пластикӣ, ё металлӣ – шпател мерезанд.

Шпаклёвка равғанӣ, ширешӣ, гипсӣ, акрил, латексӣ, полимерӣ, эпоксидӣ, ширешӣ-равғанӣ мешавад.

Пас аз он ки шпаклёвка ба рӯйи ашё гузошта мешавад, он ранг ва гули табиии чӯбро нест мекунад, ё мепӯшонад. Аз ин рӯ, маснуоти чӯбини шпаклёвка кардашуда аксар вақт ранг карда мешавад. Дар айни замон шпаклёвкаҳое истеҳсол карда мешаванд, ки рангашон ба ранги чӯб мувофиқ аст.

Сатҳи маснуоти чӯбӣ барои ҳамвор, хуб часпидани лакҳо ва политурҳо ва барои пайвасти ҳамаҷониба грунтовка карда мешавад.

Суфтакунии сатҳҳо. Суфтакунӣ як амалиёти технологӣ мебошад, ки дар он сатҳи ҳамвор бо истифодаи наждак бо мақсади бартараф кардани номунтазамии хурд дар сатҳи маҳсулот иҷро карда мешавад.

Суфтакунӣ бо наждак анҷом дода мешавад. Наждак асбоби бурриши бисёртеға ва чандир аст, ки аз донаҳои хурди хеле сахти кунҷҳояш тез ба матоъ ё коғаз часпонида шудаанд.

Усулҳои суфтакунии сатҳи маҳсулот. Ҳангоми суфтакунии сатҳи чӯб ҳаракат ботартиб ва як хел иҷро карда шуданаш лозим аст. Суфтакунӣ аз рӯйи самти нахҳои чӯб ва ҳаракатҳои даврӣ сурат мегирад. Суфтакунии ниҳоӣ танҳо дар самти дарозӣ анҷом дода мешавад. Агар суфтакунӣ ба муқобили самти нахҳои чӯб бурда шавад, нахҳои чӯб коғази наждакро буриданаш мумкин.

Сари вақт сатҳи коғази наждакро аз чанги чӯб тоза кардан лозим аст. Барои ба дараҷаи дилхоҳ ҳамвор кардан ва суфтакунӣ рӯяҳои чӯбро аз чанг тоза карда, каме об пошида ё бо маводи тар пок карда, баъд хушк мекунанд. Дар зери таъсири об баъзе нахҳои чӯб варам мекунанд. Ин нахҳо бори дуюм суфта карда шуда, дараҷаи сайқалии сатҳи чӯб баланд мешавад. Вобаста ба талаб, ин ҷараён ду-се маротиба такрор карда мешавад.

Амалиёти технологии суфтакунӣ сермашаққат буда, қувваи зиёди ҷисмонӣ талаб мекунад.

Барои осон кардани суфтакунӣ дастгоҳҳои суфтакунии барқӣ истифода мешаванд. Барои суфта кардани сатҳи калон дастгоҳҳои суфтакунандаи тасмагӣ ва ларзанда (дар асоси вибратсия) истифода мешаванд. Ба дастгоҳҳои чархзананда дастгоҳҳои суфтакунаки делташакл дохил мешаванд. Онҳо барои суфта кардани сатҳи хурд, ҷойҳои душвор, кунҷҳо ва ҷойҳои чуқур истифода мешаванд. Дастгоҳҳои суфтакунандаи эксентрикӣ амалиёти суфтакуниро на танҳо ба пеш ва ба ақиб, балки тавассути ҳаракати даврӣ низ иҷро мекунанд.

Рангдиҳӣ ва лаккунӣ. Марҳилаи охирини ороиш лак ва ранг кардан аст. Дар ин маврид ороиш вобаста ба шаффофӣ, ҷилодиҳӣ, тағйири ранги табиии чӯб ба ороиши шаффоф ва ношаффоф тақсим мешавад:

Ороиши шаффоф

Ранг ва гули табиии чӯб тағйир намеёбад.

Ороиши ношаффоф

Ранг ва гули табиии чӯб тағйир меёбад.

Ранг моддаест, ки дар об, спирт ё равған ҳалшаванда буда, қобилияти ранг кардани чӯбро бидуни гум кардани ранги табиии худ дорад. Рангҳо ба рангҳои растанӣ ва рангҳои сунъӣ тақсим мешаванд.

Маҳсулоти нави чӯбин камаш 2—3 маротиба ранг карда мешавад, то ки қабати ранг ҳамвору хушсифат шавад. Маротибаи дуюм ё баъдина пас аз хушк шудани ранги аввала ба амал бароварда мешавад. Рангҳои равғанӣ дар муддати на камтар аз 24 соат хушк мешаванд.

Лакро дар ороиши шаффоф истифода мебаранд, бе тағйир додани ранги табиии чӯб дар сатҳи он плёнкаи тунук ва сахт ба вуҷуд оварда, тобиш ва муқовимат ба намӣ, тағйирёбии ҳарорат, рӯшноӣ ва дигар таъсироти онро зиёд мекунад. Дар айни замон лакҳои алкидӣ, эпоксидӣ, полиуретанӣ, акрилӣ ва нитролакҳо васеъ истифода мешаванд.

Корҳои рангуборкунӣ ва лаккашӣ бояд дар хонаҳои имконияти шамолдиҳӣ дошта гузаронда шаванд, воситаҳои муҳофизати роҳҳои нафас ва дастпӯшҳо истифода бурда шаванд, дар охири кор дастҳоро нағз шустан лозим аст. Пеш аз истифода бурдани лакҳо ва рангҳо дастурҳои дар бастаи онҳо навишташударо бодиққат хондан ва риоя кардан лозим аст.

Навъҳои лак, ки дар ороиши чӯб истифода мешаванд

Навъи лакҶойи истифодаТобоварӣМуддати хушкшавӣҲолати заҳрнокӣ
Лаки алкидӣБарои корҳои ороиши дохилӣ (дар аксар ҳолатҳо), барои корҳои ороиши берунӣ (дар ҳолатҳои кам)баландто 48 соатзаҳрнок
Лаки эпоксидӣБарои корҳои ороиши дохилӣ ва берунӣбаландто 12 соатзаҳрнок
Лаки полиуретанӣБарои корҳои ороиши дохилӣ ва берунӣбаланд3–6 соатзаҳрнок
НитролакБарои корҳои ороиши дохилӣмиёна10–15 дақиқа; муддати пурраи хушкшавӣ 6–8 соатзаҳрнок
Лаки акрилӣБарои корҳои ороиши дохилӣ ва берунӣмиёнато 24 соатбезаҳр, бебӯй

Дар хотир доред!

Лаки акрилии дар асоси об асосёфта торафт бештар истифода мешавад, зеро он аз ҷиҳати экологӣ тоза аст ва бӯй надорад. Сатҳи бо лаки акрилӣ пӯшидашуда аз қолаб ва микроорганизмҳо муҳофизат карда мешавад. Хусусияти он дар он аст, ки онро бо оби оддӣ ҳал кардан мумкин аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.