Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·5 рӯз пешНашрия

Технологияи хурди таъмир (рангубор)-и хона

Ҳар яки мо мехоҳем, ки дар хонадонҳои обод ва шароити фароҳам зиндагӣ кунем. Шароити зисту зиндагонӣ ба психика, саломатӣ ва қобилияти меҳнатии одам таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, мо барои беҳтар намудани шароити зиндагонии худ корҳои гуногуни таъмирро ба ҷо меорем. Дар айни замон навъҳои таъмири косметикӣ, капиталӣ ва элитаӣ мавҷуданд.

Корҳои рангуборкунӣ аз омодасозии рӯяҳо, грунтовка, андова ва шпаклёвка, инчунин кашидан ва пӯшидани қабатҳои ниҳоӣ иборатанд.

Корҳои рангубор аз тоза кардани сатҳҳо оғоз мешаванд. Сатҳи шифт ва девор бояд аз қабатҳои қаблӣ пурра тоза карда шавад. Усулҳои механикӣ, ҳароратӣ ва кимёвии тозакунӣ мавҷуданд. Усули тозакунӣ вобаста ба маводи рӯйпӯш интихоб карда мешавад.

Сатҳи тозашуда бояд барои коркард хушк бошад. Дар рӯзҳои хеле сард ранг кардан тавсия дода намешавад.

Грунтовка ба қабатҳои дарунии сатҳ ворид шуда, сахтии онро зиёд мекунад ва часпиши онро бо дигар маводҳо беҳтар мекунад. Шпаклёвкае, ки ба сатҳи нағз тозанашуда ва грунтовка нашуда гузошта мешавад, бо мурури замон аз байн меравад.

Пеш аз пӯшонидани девор бо рӯйпӯши ниҳоӣ (обой, ранг) барои ҳамвор кардани он шпаклёвка гузошта мешавад.

Шпаклёвкаро ҳамчун омехтаи хушк ва дар ҳолати моеъ (хамир) истеҳсол мекунанд. Барои гузоштани шпаклёвка аз шпателҳои металлӣ ва пластмассӣ истифода мебаранд. Технологияи татбиқи шпаклёвка хеле содда аст. Омехтаи шпаклёвка ба шпател гирифта шуда, бо ҳаракатҳои рост ва камоншакл ба сатҳ молида мешавад.

Шпател бояд ба сатҳи коркардшуда ҳамвор бирасад, вагарна аз кунҷҳои шпател аломатҳо боқӣ мемонанд. Шпаклёвкаи зиёдатӣ бо шпатели хурд гирифта шуда, ба зарф гузошта мешавад. Пас аз он ки ҳар як қабат пурра хушк шуд, қабати навбатӣ гузошта мешавад.

Баъди ба охир расидани кори шпаклёвка, сатҳи он бо коғази наждак ҳамвор карда мешавад.

Пеш аз ранг кардани девору шифти тайёр таҷҳизоти дар хона бударо ба хонаи дигар гузарондан, ё пӯшондан лозим аст. Калидҳои барқ, розеткаҳо, канори дару чорчӯбаҳо, тирезаҳоро бо лентаи рангмол муҳофизат кардан лозим аст.

Пеш аз истифода, ранг нағз омехта карда мешавад, об ё ҳалкунандаҳо мувофиқи зарурат илова карда мешаванд. Ҳангоми ба рангҳо илова кардани омехтаҳои иловагӣ дастурҳои истеҳсолкунандаро риоя кардан лозим аст. Пеш аз ранг кардан, таҷҳизот омода карда мешавад.

Ба тозагии чӯткаю роликҳо диққат дода мешавад. Пеш аз ҳама бо истифода аз лента сарҳади сатҳе, ки бояд ранг карда шавад, муайян карда мешавад. Аввал канори сатҳ бо чӯтка ба бари 5—10 сантиметр ранг карда мешавад. Баъд аз ин, сатҳи боқимонда бо истифода аз ролик ранг карда мешавад. Рангро ба табақи ранг мерезанд ва роликро ба ранг меандозанд. Ранги зиёдатӣ дар қисми ҳамвори табақ фишурда мешавад. Раванди рангкунӣ метавонад вобаста ба талабот якчанд маротиба анҷом дода шавад.

Қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми кори рангуборкунӣ

  1. Барои ҳимояи узвҳои нафаскашӣ ҳангоми ранг кардан аз респиратор, ё ниқоб истифода бурдан лозим аст.

  2. Ранг, лак ва маҳлулҳо бояд дар зарфҳои маҳкам баста нигоҳ дошта шаванд.

  3. Рангуборкунӣ бояд дар ҳуҷраҳои шамолгард гузаронида шавад.

  4. Дар вақти лаккунӣ ва рангуборкунӣ аз оташ истифода бурдан қатъиян манъ аст.

  5. Баъди ба охир расидани корҳои рангуборкунӣ дар бино масолеҳи лак ва латтаи бо ранг таркардашударо набояд монд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.