Усулҳои муосири коркарди металлҳо ва хӯлаҳо
Бо қувваи электр коркарди механикӣ ва термикӣ, рехтагарӣ, кафшер намудҳои асосии коркарди металл ва хӯлаи металлӣ мебошанд:
- Коркард бо қувваи электр – коркарди шарораи электрикӣ ва коркарди электрокимиёвӣ.
- Коркарди механикӣ – ҷараёни технологии сохтани деталҳои шаклу ҳаҷми зарурӣ бо роҳи буридан ва пресс кардан:
- бурриш – ҷараёни металлбурӣ бо асбобҳои буранда ва тайёр кардани маҳсулот;
- коркарди фишорӣ – ҷараёни ба даст овардани маснуоти металлии шаклу андозаи дилхоҳ бо истифодаи имкони деформатсияи пластикии металлҳо дар зери таъсири қувваҳои беруна.
- Коркарди термикӣ – ҷараёни то ҳарорати мувофиқ гарм кардан, дар ин ҳарорат нигоҳ доштан ва хунук кардан бо мақсади беҳтар кардани хосиятҳои физикӣ ва механикии металлҳо.
- Рехтагарӣ – ҷараёни сохтани ашё бо роҳи рехтани металли моеъ ба қолибҳои муайян.
- Пайвандкунӣ (кафшер) – ҷараёни ҳосилкунии пайванди мустаҳкам дар зери ҳарорати баланд тафсонидани қисмҳои пайвандшаванда.
Тараққиёти илму техника имрӯз усулҳои коркарди ин гуна материалҳоро тағйир медиҳад. Ин усулҳо аз усулҳои анъанавии коркарди металлҳо ва хӯлаҳои металлӣ фарқ мекунанд. Усулҳои муосир коркарди электрокимиёвӣ, лазерӣ, плазма, гидроабразивиро дар бар мегиранд.
Усулҳои коркарди электрокимиёвии металлҳо аз инҳо иборатанд: галванопластика, галваностегия, сайқал додани электролитӣ ва ғайра. Бартарии ин технология дақиқии баланди коркард ва имконияти коркарди металлҳо ва хӯлаҳои металлии гуногун аст, инчунин заготовка ба фишори ҳароратӣ ва механикӣ дучор намегардад.
Пӯшонидани ашёи металлӣ бо қабати тунуки металли дигар бо ёрии электролиз галваностегия номида мешавад. Масалан, ҷараёнҳои никелкунӣ, нуқракунӣ, хромкунӣ ва тиллокорӣ тавассути галваностегия ба амал бароварда мешаванд. Барои ин ашё ҳамчун катод дар электролит ҷойгир карда мешавад. Маҳлули намаки металлӣ дар об, ки ашёро мепӯшонад, ҳамчун электролит амал мекунад. Вақте ки ҷараён аз электролит мегузарад, металли пӯшидашаванда ба сатҳи ашё часпида, қабати тунукро ташкил медиҳад.
Сохтани нусхаи металлии маҳсулоти релефӣ галванопластика номида мешавад. Барои ин, металли моеъи ба осонӣ гудохташуда ба рӯйи нусхабардорӣ рехта мешавад. Дар металли сахтшуда нусхаи тасвири баръакси сатҳ ба вуҷуд меояд. Бо усули электролитӣ ба нусха қабати металли сахт нишонда, баъд нусха гудохта мешавад. Бо ин усул, масалан, нусхаҳои медал, тангаҳо, тӯҳфаҳои ёдгорӣ ва ғайра тайёр карда мешаванд.
Коркарди лазерии металл ва хӯлаҳои металлӣ усули муосир ва баланди технологӣ мебошад. Нури аз компютер идорашаванда ва мутамарказшудаи лазер энергияи баландро ҷамъ карда, ба нуқтаи мушаххаси рӯйи металл равона мекунад. Дар натиҷаи гарм кардан ва обшавии ин нуқта шакли дилхоҳ ба вуҷуд меояд.
Ин усул имконият медиҳад, ки аз металлҳои гуногун ва хӯлаҳои металлӣ (алюминий, мис, латун, пӯлоди зангногир ва ғайра) деталҳои шакли мураккаб, дақиқи баланд, андозаи калон, ҳатто диаметри хеле хурд ба вуҷуд оварда шаванд. Набудани таъсири механикӣ имкон медиҳад, ки ҳатто маводи нозук ва борик коркард карда шаванд.
Буридани металлҳо бо ёрдами плазма. Металлҳоро бо плазма буридан дар дастгоҳҳои махсус бо номи плазматрон анҷом дода мешавад. Дар дастгоҳ дар байни сопло, электрод ва металли буридашаванда камони электр ба вуҷуд меояд. Газ аз сопло баромада, ҷараёни плазмаро ба вуҷуд меорад. Дар ин маврид ҳарорат 3000 °С, суръати ҷараёни плазма аз 500 м/с то ба 1500 м/с мерасад.
Буридани металл бо ёрии плазма имкон медиҳад, ки металлҳои сиёҳ ва ранга бо ғафсии то 220 миллиметр ва хӯлаҳои онҳо бо суръати то 9800 мм/дақиқа, бе деформатсия, дар шакли мураккаби геометрӣ, бо дақиқии баланд бурида шаванд. Ин технология бо бехатарии баланди экологӣ тавсиф мешавад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




