Зеҳн

Асосҳои рушди салоҳияти коммуникативӣ дар раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ

19 ноябри 2026 · 11 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 11 дақиқа хондан

АСОСҲОИ РУШДИ САЛОҲИЯТИ КОММУНИКАТИВӢ ДАР РАВАНДИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Саидалиева Г.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб

Пеш аз ҳама, мо асосҳои омӯзиши рушди мушкилиҳои асосҳои назариявии малакаҳои коммуникативиро зарур донистем. Масъалаҳои муҳиме, ки равоншиносони бисёр давлатҳоро ба изтироб меорад, нақши муносибат бо ҳамсолон дар зиндагии кӯдак ва рушди шахсияти ӯ мебошад. Бисёре аз олимон тасдиқ мекунанд, ки муносибат дар рушди умумии шахсияти кӯдак дар зинаи поёнии мактабӣ нақши ҳалкунандаро мебозад. Аксарияти олимон ҳамкории комилан мувофиқ ба синну соли наврасонро дар рушди умумии кӯдак ва алалхусус дар ташаккули шахсияти ӯ лозим медонанд.

Робита, ё ба тарзи дигар коммуникатсия, хусусиятҳо ва механизмҳои он барои файласуфон, ҷомеашиносон ва равоншиносон мояи омӯзиш қарор гирифтааст. Инак, коммуникатсия – ин амал ва ҷараёни барқарории алоқа байни ҳамкории субъектҳо ба воситаи баровардани маънои умумии маълумоти додашуда ва қабулшуда мебошад. Бо мафҳуми васеи фалсафӣ коммуникатсия ҳамчун ҷараёни иҷтимоӣ, алоқаманд бо робита, мубодилаи тафаккурҳо, маълумотҳо, ақидаҳо ва ғайра, ё ин ки бо таҳвили мазмун аз шуури яке ба дигаре ба воситаи системаҳои аломатҳо дида мешавад. Барои таҳлили малакаҳои коммуникативӣ дар рушди шахсияти мактаббачагони синфҳои поёнӣ, аввалан мафҳуми «малака»-ро муайян кардан лозим аст. Дар зери мафҳуми «малакаҳо» мо усулҳои иҷрои амалҳои автоматикунонидаро дар назар дорем.

Вале малакаҳои коммуникативӣ бошанд, аз назари мо, ба малакаҳои робита шабоҳат доранд. Аз худ кардани малакаҳои коммуникативӣ дар якҷоягӣ аз худ кардани функсияҳои муносибат бо забонҳои дигар, ахборотӣ, муоширатӣ, муассир-баҳогузориро дар назар дорад. Донишмандон рушди малакаҳои коммуникативиро ба чор қисм ҷудо кардаанд:

  1. Шиносоӣ (шиноскунонӣ).
  2. Омоданамоӣ (аналитикӣ).
  3. Стандардкунонӣ (синтетикӣ).
  4. Тағйироткунонӣ (ситуативӣ).

Ҷараёни азхудкунии малакаҳои коммуникативӣ дар забонҳои хориҷӣ иҷрои амалҳои пайдарпайи ба самтҳои гуногун автоматикунонидаи намудҳои фаъолияти нутқ ва муносибатро ифода мекунад. Дар аввал дар мавзуи омӯзиши забони хориҷӣ дар мактабҳои миёна назар меафканем. Мақсади асосии мавзуи омӯзиш ба рушди маданияти суханронии кӯдакон дар ҷараёни пешбурди малакаҳои коммуникативӣ равона карда шудааст.

Малакаҳои пешниҳодшуда чун рушди малакаҳои лингвистӣ, лексикӣ, фонетикӣ, грамматикӣ, ҳамчунин истифодаи онҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ дар назар дошта шудааст. Гуногунии мавзуъҳо, текстҳо, проблемагузориҳо барои рушди ҳар гуна намудҳои эҷодиёти лафзӣ, рушди малакаҳои маданияти нутқӣ ва истифодаи онҳоро дар забони хориҷӣ равона карда шудааст [5, с. 81–88].

Дар синфҳои 5–10-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар омӯзиши забони хориҷӣ пайдарпайии рушди малакаҳои коммуникативии мактаббачагон дар ҷараёни азхудкунии стратегияи гуфтор, хониш ва хат мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шудааст.

Омӯзиши забони хориҷӣ ҳамчун воситаи асосии робитаҳои байналхалқӣ бо роҳҳои зерин муайян мегардад:

  • рушди малакаҳои коммуникативӣ ва маҳорат дар намудҳои асосии фаъолияти нутқ ва гуфтор;
  • рушди дарки мактаббачагон ба фарҳанги аврупоӣ ва ҷаҳонӣ бо ёрии дониши васеи ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ ва забономӯзӣ.

Малакаҳои коммуникативӣ дар асоси ин ду ҷараён рушд меёбанд:
а) дониш ва малакаи забонӣ;
б) донистани давлатҳое, ки мо забони онҳоро меомӯзем.

Ба маҳорати аслии малакаҳои коммуникативӣ инҳо дохил мешаванд:

  • хондан ва фаҳмидани текстҳо;
  • шифоҳӣ дар бораи вазъияти таълимӣ, фарҳангӣ ва соҳаи рӯзгор муошират кардан;
  • шифоҳӣ ва кӯтоҳ дар бораи худ, атроф нақл ва баҳогузорӣ кардан;
  • маҳорати тартиб додани оддитарин маълумотҳои хаттӣ.

Ҳамин тавр, сатҳи минималии малакаҳои коммуникативӣ дар стандарти маълумоти давлатии забони хориҷӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми муоширати коммуникативӣ одамон аз воситаҳои забонӣ – луғат ва грамматика барои сохтани нақл, ки ба шунаванда фаҳмо бошад, истифода мебаранд, вале барои муваффақияти кор танҳо луғат ва грамматикаи забон кофӣ нест, шартҳои истифодабарии ин ё он воҳидҳо ва пайвасткуниҳои забонро донистан зарур аст. Ба таври дигар, ғайр аз грамматика донандаи забон бояд «шароити грамматикае»-ро донад, ки истифодабарии онҳоро дар забон на танҳо бо таносуби маънои луғавии воҳидҳо ва қоидаҳои пайвасткунии онҳо дар ҷумла ба роҳ монад, балки вобастагии хислати муносибат байни сухангӯй ва шунавандаро бо мақсади муошират муайян кунад, ки донистани онҳо дар якҷоягӣ бо дониши забонӣ сатҳи малакаҳои коммуникативии донандаи забонро ташаккул медиҳанд. Хусусиятҳои малакаи муоширатро, ки ба коммуникатсия тааллуқ дорад, метавон дар амалҳои ғайримустақими сухан нишон дод. Ғайримустақим суханеро меноманд, ки дар шароити гуфтор ба маънои аслиаш номувофиқ аст. Масалан, агар ҳамсоя дар вақти хӯрокхӯрӣ ба шумо бо калимаҳои зерин муроҷиат кунад: «Наметавонед шумо намакро ба ман диҳед?» – ин дар асл савол аст, вале бо маънои хоҳиш, ва ҷавоб ба ин амали шумо бояд чунин бошад: шумо ба ҳамсоя намакро медиҳед, агар шумо ин хоҳишро ҳамчун савол мефаҳмед ва ҷавоб медиҳед.

Ҳамчунин дар ҷараёни муоширати шиносоӣ бо хислатҳои иҷтимоии ҳамсуҳбат: вазъ, мавқеъ ва нақши ӯ дар интихоби ҳар гуна воситаҳои гуфтор ва маҳдудияти сухан дучор мешавем. Дар ҳамин асос, малакаву маҳорати грамматикӣ ва луғавӣ, ки ба маркази гуфтор тааллуқ доранд, такя мекунанд.

Ба назари мо, муошират ин муҳимтарин самт дар рушди шахсияти мактаббачагони синфҳои поёнӣ мебошад. Дар зери мафҳуми шахсият И.В. Раҳмонов маҷмуи одатҳо ва ҳавасмандиҳо, таҷрибаи маданӣ-иҷтимоӣ, донишҳои азхудкарда, ки рафтори ҳаррӯзаро муайян менамояд, дар назар дорад [6, с. 94–110].

Дар ташкили ҷараёни коммуникативӣ нақши асосиро ба ҳисоб гирифтани шахсият ва хислатҳои ба синну сол хос дар мактаббачагони синфҳои поёнӣ мебозад. Синну соли мактаббачагони синфҳои поёнӣ барои омӯзиши малакаҳои коммуникативӣ дар дарсҳои забони англисӣ созгор аст. Ҳавасмандӣ ба ин фан дар ин синну сол бо ҳиссиёти психологӣ, хурсандӣ ва омодашавӣ ба муошират, ки омӯзгор дар дарс ташкил мекунад, зич алоқаманд аст.

Ин хислатҳо дар оила, дар синни томактабӣ рушд мекунанд ва аз сатҳи рушди онҳо дохилшавии кӯдак ба ҳаёти мактабӣ, муносибати ӯ ба мактаб ва муваффақияти омӯзиш ба меъёри бисёре вобаста аст. Муҳаққиқон тамоми мушкилие, ки ба хонандагони синфҳои поёнӣ дучор мешавад, мавриди омӯзиш ва ҳаллу фасл қарор додаанд. Кулли методистон машғулиятҳои бармаҳали забони хориҷиро барои комёбии сатҳи дониши малакаҳои коммуникативӣ муҳим меҳисобанд.

Инак, синни мактаббачагони синфҳои поёнӣ барои омӯхтани забони хориҷӣ бениҳоят муносиб дониста мешавад. Дар ин маврид дар таҳти назар масъалае меистад, ки талаби омӯзиши бармаҳали фанни мазкур ва алалхусус рушди малакаҳои коммуникативиро ҳал мекунад. Ин дар мактаббачагон мавҷуд будани маҳорати амалӣ, гуфтор ва муоширатро нишон медиҳад. Бе чуну чаро, сухан дар бораи он меравад, ки машғулиятҳои рушди кӯдакон на бар зиёну зарари дониш, балки рушди малакаҳои коммуникативӣ махсус ба самти рушди шахсияти мактаббачагони синфҳои поёнӣ равона карда шудааст.

Имкониятҳои дарсҳои забони англисӣ дар рушди малакаҳои коммуникативӣ дар мактаббачагони синфҳои поёнӣ бениҳоят васеъ аст. Пеш аз ҳама, мақсади омӯзиши забони хориҷиро дар синфҳои поёнӣ маънидод мекунад. Мақсади асосии омӯзиши забони хориҷӣ дар мактаб ин рушди қобилияти муносибати муоширати мактаббачагон ба забони хориҷӣ мебошад.

Амаликунонии ин мақсад ба рушди якчанд малакаҳои коммуникативӣ алоқаманд аст: а) ҳангоми муошират фаҳмидан ва ба вуҷуд овардани баёну гуфтаҳои ғайризабонӣ; б) масъалаҳои нутқӣ ва мақсадҳои коммуникативӣ; в) дар амал ҷорӣ намудани рафтори коммуникативии худ вобаста бо қоидаҳои муносибат ва одатҳои миллӣ-мадании забони омӯхташаванда [7, с. 41–48].

Дар зинаи аввали омӯзиш мақсадҳои зерин гузошта мешаванд:

  • дар мадди аввал мусоидат намудани мактаббачагони синфҳои поёнӣ ба дунёи забонии нав, ки дар он синну соли кӯдакон ҳоло ба истифодабарии забони хориҷӣ ҳамчун воситаи муошират монеаи психологиро ҳис намекунанд;
  • рушди омода будани муносибати кӯдакон бо забони хориҷӣ ва дар оянда дуруст ба роҳ мондани омӯзиши он;
  • ба шакли муайян даровардани оддитарин қобилияти коммуникативӣ дар чор намуди фаъолияти суханронӣ бо баҳисобгирии имкониятҳо ва талаботи нутқӣ дар мактаббачагони синфҳои поёнӣ;
  • шинос намудани мактаббачагони синфҳои поёнӣ бо ҳамсолони хориҷии худ, фолклори сурудҳо, шеърҳо ва афсонаҳои хориҷӣ ва ба намунаҳои ба кӯдакон дастраси адабиёти бадеии кӯдакона ба забони хориҷии омӯзонидашуда;
  • ба шакли муайян даровардани як қатор мафҳумҳои лингвистӣ, ки дар забонҳои модарӣ ва хориҷӣ ба назар мерасанд ва ба ҳамин қобилияти зеҳнӣ, нутқӣ ва идрокро дар хонандагон рушд медиҳанд;
  • бозсозии нақшаи нави таълимӣ, ки ду соат дар як ҳафта ҳатман омӯхтани забони хориҷиро дар синфҳои II то IV дар мактаби ибтидоӣ дар бар гирад.

Мазмуни омӯзиш дар доираи марҳалаи аввали мактабӣ бо нақша муайян шуда, ба рушди асосҳои салоҳияти коммуникативӣ равона карда шудааст. Зери мафҳуми «салоҳияти коммуникативӣ» мо чиро мефаҳмем?

Ин қобилияти бардавом ва босамар истифода бурдани забони хориҷиро ба сатҳу меъёри фаҳмиш ва таҳвили маълумот инъикос менамояд. Чаро ки мактаби ибтидоӣ ин оғози соҳаи умумии маълумоти мактабӣ буда, масъала аз он иборат аст, ки асосҳои коммуникативӣ ва иҷрои муоширати ғайризабонӣ дар синфҳои поёнӣ ривоҷ меёбад.

Салоҳияти коммуникативӣ пешбарандаи мақсади дарси забони англисӣ буда, сохт ва таркиби дарсро муайян мекунад. Гузаронидани хониши коммуникативӣ дар тамоми синфҳо шарту зарур аст, зеро он вазифаҳо ва мақсади асосиро бар дӯш дорад. Барои пурсамар гардонидани ҷараёни таълим, ба фикри шахсии банда, гузаронидани хониши коммуникативӣ бениҳоят бузург аст. Ман ҳамчун донишҷӯ ва таҷрибаомӯз ин ҳақиқати ҳолро дарк намудам, зеро дар лаҳзаҳои ҳамдигарро ислоҳ кардан, аз якдигар омӯхтан боз ҳам забонро хубтару тезтар аз худ мекунанд. Бинобар ин ман дар ҷараёни таълим худи хонандагонро водор намудам, ки якдигарро гӯш намуда, аз якдигар омӯзанд. Ман дар асоси тадқиқотҳои методии кулли методистону олимони бузург ба чунин хулоса омадам, ки дар байни онҳо Н.И. Гез, М.В. Ляховицкий, Г.В. Рогова, И.А. Зимняя ва дигарон мавқеи барҷастаро ишғол мекунанд.

Ҷараёни таълим бе хониши коммуникативӣ дурусту мувофиқи мақсад нест, зеро дар асоси ин хониш толибилмон матнҳоро хубтару дурустар аз худ намуда, мазмуни матнро дарк менамоянд, ки ин боиси бошуурона аз худ шудани матн мегардад. Мавқеи салоҳияти коммуникативӣ дар байни дигар намудҳои хониш болотару волотар аст.

Омӯзгор худро ҳамон лаҳза хушбахт меҳисобад, ки шогирдаш дар ҷомеа мавқеи муайянро ишғол намуда, соҳиби дониш бошад. Ман ҳамчун таҷрибаомӯз ба қадри заҳматҳои бепоёни омӯзгорон он лаҳзаҳо расидам. Ба фикри ман, шогирдонам як дараҷае бошад ҳам аз дарси ман қаноатманд шудаанд. Ба фикри шахсии ман, ҷараёни таълим бе таълими хониши коммуникативӣ дуруст нест, зеро сарчашмаи асосии онро маҳз хониш ташкил мекунад.

Ташкили корҳои беруназсинфӣ аз забони англисӣ дар ҳар мактаб, асосан, аз тарафи муаллим на дар асоси маҷбурият, балки бо ташаббусу масъулияти вазифашиносии ӯ, хоҳиш ва шавқи баланди хонандагоне, ки нисбат ба забони хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд, марбут мебошад. Е.А. Маслыко чунин муайян намудааст: а) васеъ ва амиқ намудани донишҳое, ки доир ба забон хонанда ба тавассути иштирок дар дарсҳо гирифтааст. Пурра намудани чунин донишҳо метавонад бо баррасии маводи ғайрибарномавӣ имконпазир гардад, ки таълим додани он дар синф на барои ҳамаи хонандагон ҳатмист; б) баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба забон ҳамчун ба предмети таълим ва дар онҳо тарбия намудани муҳаббат ба таърихи халқ – офарандагони он (яъне офарандагони забон), ба таърихи забон, воситаҳои пурғановати он, ки барои ифодаи фикр заруранд; в) дар хонандагон такмил додани малакаҳои таҳлил, гурӯҳбандӣ кардан, ҷамъоварии далелҳои забонӣ доир ба мавзуе, ки таҳти чунин фаъолият дараҷаи забондонии онҳо баланд бардошта мешавад [8, с. 37–44].

Зимни ана ҳамин мақсадҳои фавқ ба корҳои беруназсинфӣ доир ба забони англисӣ ҳама гуна хонандагон – чӣ фаъолу пешқадамони таълим ва чӣ камҳавсалаву сустхонҳо метавонанд ширкат варзанд, ба шарте ки ҳамагӣ баҳри баланд бардоштани донишу малакаҳои худ марбут ба забони хориҷӣ рағбати хоса дошта бошанд.

Корҳои беруназсинфӣ аз забони англисӣ дар давоми соли таҳсил дар баробари соатҳои таълими муқаррарӣ пеш бурда мешаванд, яъне дар рӯзҳои дарсхонӣ. Вале ташкили экскурсияҳо ба ҷойҳои таърихӣ ё ба ягон мавзеи тамошобоб метавонад дар рӯзҳои таътили байни чорякҳои соли таҳсил ҳам баррасӣ гардад.

Машғулиятҳои беруназсинфиро тарзе бояд ташкил намуд, ки на якрангу дилгиркунанда, балки гуногунрангу шавқовар ва ҷолибу наву тоза бошанду ба тавассути ташкил ва натиҷаи ниҳоии ҳар яке аз онҳо савияи дониши забонӣ ва нутқи ифоданоку мураттаби хонандагон низ рӯ ба инкишоф оварад.

Хулоса
Дар фаровардии маърузаи хеш чунин хулоса менамоям, ки ба масъалаи равнақ бахшидан ба салоҳияти коммуникативии хонандагон ва бедор намудани муоширати байниҳамдигарӣ дар таълими забони хориҷӣ диққати ҷиддӣ додан лозим аст.

Бисёре аз олимон тасдиқ мекунанд, ки муносибат дар рушди умумии шахсияти кӯдак дар зинаи поёнии мактабӣ нақши ҳалкунандаро мебозад. Аксарияти олимон ҳамкории комилан мувофиқ ба синну соли наврасонро дар рушди умумии кӯдак ва алалхусус дар ташаккули шахсияти ӯ лозим медонанд.

Коммуникатсия – ин амал ва ҷараёни барқарории алоқа байни ҳамкории субъектҳо ба воситаи баровардани маънои умумии маълумоти додашуда ва қабулшуда мебошад. Бо мафҳуми васеи фалсафӣ коммуникатсия ҳамчун ҷараёни иҷтимоӣ, алоқаманд бо робита, мубодилаи тафаккурҳо, маълумотҳо, ақидаҳо ва ғайра, ё ин ки бо таҳвили мазмун аз шуури яке ба дигаре ба воситаи системаҳои аломатҳо дида мешавад. Барои таҳлили малакаҳои коммуникативӣ дар рушди шахсияти мактаббачагони синфҳои поёнӣ, аввалан мафҳуми «малака»-ро муайян кардан лозим аст.

Адабиёт:

  1. Алиев С. Барномаи методикаи забони хориҷӣ барои шуъбаҳои забони англисӣ. – Душанбе: Матбуоти ДДОТ, 2006. – 46 с.
  2. Баграмова Н.В. Коммуникативно-интерактивный подход как способ повышения овладения иностранным языком. – Москва: Академия, вып. 18, 1998. – 312 с.
  3. Болдырёв Н.Н. Лингвистические основы коммуникативных методов обучения иностранному языку. – Москва: Академия, №3, 1998. – 231 с.
  4. Пассова Е.И. Коммуникативность обучения в практику школы / под редакцией... – Москва: Просвещение, 1985. – 129 с.
  5. Рахмонов И.В. Основные направления в методике преподавания иностранных языков. – Москва: Аграф, 1972. – 347 с.
  6. Threshold Level // Strasbourg Council of Europe Press, 1991. – 369 p.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2