Бозори кортҳои пардохтии бонкӣ ва нақши он дар рушди тиҷорати электронӣ
Зикр намудан бомаврид аст, ки дар шароити муосир васеъ гардонидани фазои бозори пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз масъалаҳои асосии ҳар як кишвари ҷаҳон ба шумор рафта, аз ҷониби тарафҳои алоқаманди худ ботадриҷ дастгирӣ ёфта истодааст. Маҳз имкониятҳои ин бахши афзалиятнок дар коҳиш додани ҳаҷми пули нақд мусоидат намуда ва дар шаффоф гардонидани амалиётҳои молиявӣ нақши калидиро мебозад. Бояд гуфт, ки бори аввал ақидаи ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳо бо кортҳои пардохтӣ соли 1880 аз ҷониби олими машҳури амрикоӣ Эдвард Белла пайдо шуда буд [2, с. 80].
Пас аз ин сол, истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ботадриҷ дар арсаи ҷаҳон шурӯъ гардид. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, кортҳои бонкӣ аз ҷониби ширкати American Express-и Амрико соли 1958 оварда шуд, ки корти нахустин дар он давра ба Котиби Генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв тақдим шуда буд [3, с. 79].
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ заминаҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ оид ба рушди тиҷорати электронӣ қабул шуда ва дар амал қарор дорад. Бахусус, дар дастурамали №190-и Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» чунин ишора шудааст: «Дастурамали мазкур талаботи умумиро нисбат ба ташкилотҳои қарзии молиявие, ки бо барориш ва эквайринги кортҳои пардохтии бонкӣ машғуланд, муқаррар намуда, қоидаҳои гузаронидани амалиётро тавассути онҳо муайян менамояд» [1, с. 1].
Айни замон, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон кортҳои пардохтии Низоми пардохтии миллӣ «Корти миллӣ», низомҳои пардохтии байналмилалии VISA ва Mastercard, кортҳои муштаракнишони (кобейҷ) низомҳои пардохтии UnionPay ва НПМ «Корти миллӣ» ва кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муомилот бароварда шуда истодаанд.
Соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар маҷмӯъ 3,48 млн. адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуд, ки нишондоди мазкур нисбати соли 2020 24,4 фоиз афзоиш ёфтааст [5]. Тамоюли афзоиши шумораи кортҳои пардохтии бонкиро метавонем ба воситаи диаграммаи зер мушоҳида карда бошем:
Диаграммаи №1. Тамоюли афзоиши кортҳои пардохтии бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
| Нишондиҳанда | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 |
|---|---|---|---|---|---|
| Шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ (млн. адад) | 1,6 | 1,8 | 2,2 | 2,8 | 3,4 |
| Афзоиш (бо фоиз) | 4,3 | 7,7 | 24,9 | 23 | 24,4 |
Сарчашма: сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj.
Тибқи диаграммаи мазкур ба мо маълум мегардад, ки дар ин солҳо тамоюли афзоиши шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ ба мушоҳида расида, аз 1,6 млн. адади соли 2017 ба 3,4 млн. адад дар соли 2021 расидааст, ки 1,8 млн. адад афзоиш ёфтааст.
Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз низомҳои пардохтии ватанӣ инчунин низомҳои пардохтии байналмилалӣ дар фаъолият қарор доранд, ки метавонем рақобати онҳоро дар диаграммаи навбатӣ дида бошем:
Диаграммаи №2. Ҳиссаи кортҳои пардохтӣ аз рӯи низомҳои пардохтӣ (бо фоиз)
| Низоми пардохтӣ | 2020 | 2021 |
|---|---|---|
| Mastercard | 0,4 | 0,4 |
| UnionPay | 1,2 | 1,1 |
| UnionPay – Корти миллӣ | 4,4 | 6,2 |
| Visa | 0,6 | 7 |
| Local | 8,4 | 11,4 |
| Корти миллӣ | 58,2 | 73,8 |
Сарчашма: сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj.
Диаграммаи мазкур онро нишон медиҳад, ки байни низомҳои пардохтӣ тамоюли ҳиссагузории бештар аз ҷониби «Корти миллӣ» ба мушоҳида расида, дар рушди тиҷорати электронӣ нақши назаррас дорад.
Метавон гуфт, ки муҳаррики асосии рушди устувории тиҷорати электронӣ ин афзоиш додани насби шумораи инфрасохтори пардохтӣ дар марказҳои савдою хизматрасонии кишвар ба ҳисоб рафта, барои дорандагони кортҳои пардохтӣ имконияти васеъро муҳайё месозад. Аз ин рӯ, диаграммаи зер инъикоскунандаи ин гуфтаҳост:
Диаграммаи №3. Тамоюли рушди инфрасохтори пардохтӣ дар бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон (адад)
| Нишондиҳанда | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 |
|---|---|---|---|---|---|
| Банкомат | 685 | 678 | 878 | 1285 | 1412 |
| Терминалҳои электронӣ | 3325 | 4499 | 5348 | 5710 | 4878 |
Сарчашма: сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj.
Аз диаграммаи овардашуда маълум мегардад, ки дар ин солҳо бо дарназардошти омилҳои таъсиркунанда, аз ҷониби низоми бонкии кишвар таъмини рушди инфрасохтори пардохтӣ ба назар расида, ботадриҷ дар инкишофи иқтисоди рақамӣ нақши марказиро мебозад.
Қайд кардан бомаврид аст, ки низоми бонкӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки насби бештари воситаҳои муосири пардохтиро дар саросари минтақаҳои кишвар ба роҳ монда ва рушди босуботи ташкилотҳои қарзиро ҳатто дар шароити мураккаби иқтисодӣ таъмин намуда бошад. Диаграммаи навбатӣ инъикоскунандаи ин гуфтаҳост:
Диаграммаи №4. Тамоюли насби инфрасохтори пардохтӣ дар минтақаҳои кишвар дар соли 2021 (адад)
| Минтақа | POS-терминалҳо | Банкомат |
|---|---|---|
| ВМКБ | 144 | 25 |
| В. Хатлон | 193 | 339 |
| НТҶ | 193 | 208 |
| Ш. Душанбе | 1814 | 403 |
| В. Суғд | 686 | 437 |
Сарчашма: сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj.
Аз диаграммаи мазкур маълум мегардад, ки насби инфрасохтори пардохтӣ дар кишвар дар марҳилаи афзоиш қарор дошта, метавонад дар ҷалби диққати мизоҷ ва бо ин васила дар рушди низоми бонкӣ мусоидат намояд.
Истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ ин шаҳрвандони кишвар буда, бо сатҳи баланди саводнокии молиявии худ боз ҳам дар рушди низоми бонкӣ ва электронии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Айни ҳол, ба воситаи диаграммаи навбатӣ метавонем мавқеи пешсафии минтақаҳои кишварро дар истифодаи бештари кортҳои пардохтии бонкӣ мушоҳида карда бошем:
Диаграммаи №5. Ҳиссаи минтақаҳои кишвар дар истифодаи бештари кортҳои пардохтии бонкӣ (фоиз)
| Минтақа | 2020 | 2021 |
|---|---|---|
| Ш. Душанбе | 41 | 25 |
| НТҶ | 14 | 17 |
| ВМКБ | 3 | 3 |
| В. Суғд | 22 | 28 |
| В. Хатлон | 20 | 27 |
Сарчашма: сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj.
Тибқи диаграммаи мазкур ба он хулоса омадан мумкин аст, ки байни минтақаҳои кишвар оид ба истифодаи бештари кортҳои бонкӣ рақобат вуҷуд дошта, мавқеи пешсафӣ аз ҷониби ш. Душанбе ба мушоҳида мерасад.
Агар ба амалияи арсаи ҷаҳонӣ назар афканем, яке аз кишварҳои тараққинамудаи бозори ғайринақдӣ ин Шветсия буда, таҷрибаи андӯхтаи он барои дигар давлатҳо шоистаи ибрат аст. Тибқи маълумоти Бонки марказии он, ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ дар ин кишвар дар соли 2020 98,5 фоизро ҷамъбаст намудааст [4, с. 63].
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми имкониятҳои худ кӯшиш намуда истодааст, ки ҳаракати пули нақдро дар муомилот коҳиш дода, рушди устувории пардохтҳои ғайринақдиро дар бозори молиявӣ таъмин намуда бошад. Чунки рушди ин бахш имконият медиҳад, ки ҳукумат ба пуррагӣ амалиётҳои молиявиро дар кишвар таҳти назорат гирифта бошад. Дар диаграммаи навбатӣ метавонем ҳаҷми амалиётҳоро бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдиро дида бошем:
Диаграммаи №6. Ҳаҷми амалиётҳо бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
| Нишондиҳанда | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 |
|---|---|---|---|---|---|
| Пардохти мол ва хизматрасонӣ (млрд. сомонӣ) | 0,3 | 0,5 | 0,8 | 1,9 | 3,6 |
| Гирифтани пули нақд (млрд. сомонӣ) | 4,7 | 4,9 | 6,7 | 8,4 | 10 |
Сарчашма: сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj.
Тибқи диаграммаи овардашуда маълум мегардад, ки дар ин солҳо ҳаҷми амалиётҳо ва ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ афзоиш ёфта, дар иқтисодиёти рақамӣ ва ҳадафҳои асосии ҳукумат нақши марказиро мебозад.
Сарфи назар аз таҳлилҳои дар боло қайд кардашуда, метавон гуфт, ки ҳоло ҳам дар кишвар мушкилоти мухталиф мавҷуд ҳастанд, ки монеи рушди бозори ғайринақдӣ гашта, намегузоранд ба таври дилхоҳ рушд карда бошад, аз ҷумла:
- сатҳи нокифояи маърифати молиявии кормандони низоми бонкӣ;
- суст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ;
- меъёри баланди фоиз ҳангоми хизматрасонии терминалҳои электронӣ;
- малакаи пасти кордонии хазиначиёни муассисаҳои савдо;
- нагузоштани POS-терминалҳо аз ҷониби соҳибкорон;
- сатҳи пасти дастгирии техникии терминалҳои электронӣ.
Вобаста ба мушкилоти мазкур истифода намудани омилҳои зеринро саривақтӣ дониста, метавонад дар рушди ботадриҷи тиҷорати электронӣ нақши марказиро бозида бошад:
- боз ҳам такмил додани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии низоми бонкӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии кормандон;
- ташаккули инфрасохтори пардохтӣ;
- таъмини бехатарии истифодаи хизматрасониҳои пардохтии электронӣ;
- андешидани чораҳои ҳавасмандгардонии шахсони ҳуқуқию воқеӣ ҷиҳати истифодаи бештари амалиётҳои ғайринақдӣ.
Бояд гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар дониста шуда, кӯшиш намуда истодааст, ки боз ҳам бо такмил додан ва мутобиқ намудани заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии худ бо заминаҳои муосир ва насби бештари инфрасохтори пардохтӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бозори тиҷорати электрониро васеъ гардонида ва бо ҳамин тариқ рушди иқтисоди рақамиро таъмин намуда бошад.
Адабиёт:
- Дастурамали №190-и Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ», соли 2019, - 18 с.
- Маҷаллаи Бонки миллии Тоҷикистон «Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ», Душанбе, апрел-июни соли 2021, - 84 с.
- Маҷаллаи Бонки миллии Тоҷикистон «Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ», Душанбе, июл-сентябри соли 2021, - 84 с.
- Маҷаллаи Бонки миллии Тоҷикистон «Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ», Душанбе, апрел-июни соли 2016, - 84 с.
- Сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj.
Аннотатсия. Муаллиф дар мақолаи мазкур бозори кортҳои пардохтии бонкиро яке аз механизмҳои асосии рушди тиҷорати электронӣ дониста, тамоюли рушди онро дар бозори бонкии кишвар мавриди таҳлил қарор додааст. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби муҳаққиқ мушкилоти мухталиф нишон дода шудааст, ки монеи рушди бозори электронӣ гашта, воқеан ҳам намегузоранд ба таври дилхоҳ рушд карда бошад. Ҳамчунин, муҳаққиқ кӯшиш намудааст, ки баҳри ҳалли мушкилот ва рушди ботадриҷи тиҷорати электронӣ омилҳои саривақтиро пешниҳод намуда бошад. Бинобар ин, низоми бонкии кишвар ҳамчун муҳаррики асосӣ баҳри коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот ва расидан ба иқтисодиёти рақамӣ тамоми имкониятҳои худро равона карда истодааст.
Калидвожаҳо: низоми бонкӣ, инфрасохтори пардохтӣ, корти бонкӣ, марказҳои савдо, тиҷорати электронӣ, коҳиши пули нақд, рушди иқтисодӣ.




