Аҳамият ва моҳияти омодагии педагогии мутахассисони оянда дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ
АҲАМИЯТ ВА МОҲИЯТИ ОМОДАГИИ ПЕДАГОГИИ МУТАХАССИСОНИ ОЯНДА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ
Кучибоев Ш.И.
МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров»
Тамоюли рушди мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тавоно ва пешрафта дар оғози қарни XXI нишон медиҳад, ки иқтидори иқтисодии давлат, нақши он дар тақсимоти байналмилалии меҳнат, рақобатпазирии он дар бозори ҷаҳонӣ аз бисёр ҷиҳат ба қобилияти ҳосил намудани донишҳои нав ва дар амал татбиқ кардани онҳо вобаста мебошад. Сатҳи дониши аҳолӣ, рушди низоми тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи амалии неруи зеҳнии ҷомеа омилҳои муҳимтарини пешрафти мамлакатҳо ба шумор мераванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ҳадафи низоми таҳсилоти олиро дар оянда ҳамчун восита барои ташаккул ва рушди сармояи инсонӣ, ки ба пешрафти устувори иқтисодӣ мусоидат менамояд, муайян кардааст. Воқеан, низоми таҳсилоти олии касбӣ метавонад ба рушди иқтисоди миллӣ заминаи муҳим гузошта, хусусиятҳои сифатии неруи инсониро ба таври мусбат тағйир диҳад [7].
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми таҳсилоти олии касбиро барои оянда ба сифати воситаи ташаккули сармояи инсонӣ, ки ба рушди иқтисодӣ дар ҷаҳони зудтағйирёбанда мусоидат мекунад, муайян кардааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа гузоштааст, ки мазмуни фаннии таҳсилоти олии касбиро дар самти рушди малакаҳои касбӣ такмил дода, дигаргун созад, то ки талаботи бозори меҳнат бештар қонеъ гардонида шуда, неруи кишвар инкишоф дода шавад [9].
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳангоми иҷрои вазифаҳои таълимии худ, мутахассисони баландихтисосро омода намуда, ба сохтори иҷтимоии аҳолӣ таъсир мерасонанд ва дар минтақа шумораи одамоне, ки соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд, меафзояд. Дар шароити муносибатҳои бозорӣ, таркиби меҳнати касбии мутахассисон дар ҷойҳои мухталифи корӣ, ташаккули талаботи тахассусӣ ва шахсӣ водор месозад, ки на танҳо ба низом даровардани дониши донишҷӯён, балки талаботи корфармоёнро низ ба инобат гирифта шавад.
Бо вуҷуди чораҳои андешидашаванда, низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол тайёрии мутахассисонро мутобиқ ба талаботи тағйирёбандаи бозори меҳнат наметавонад дар сатҳи зарурӣ таъмин кунад. Ҳолатҳои зиёде мушоҳида мешаванд, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дорои малакаҳои зарурӣ барои кор дар соҳибкории рушдёбанда намебошанд, оид ба иқтисоди идораву ширкатҳо дониши кофӣ надоранд. Камбудии мутахассисони соҳаи муҳандисӣ-техникӣ барои корхонаҳои саноатӣ, менеҷерҳо (роҳбарон)-и ботаҷриба ва касбӣ барои соҳаҳои соҳибкории хурд ва миёна ба мушоҳида мерасад. Дар маҷмӯъ, тайёр кардани кадрҳо бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат дар соҳаҳои дигар низ мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Талаботи соҳаи соҳибкорӣ ба тайёр кардани кадрҳо нисбат ба қобилияти тайёр кардани мутахассисон аз ҷониби муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба қонеъ сохтани ин талабот бештар тағйирёбанда ба назар мерасад [9].
Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат омодагии педагогии онҳоро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба назари эътибор гирифт.
Муҳимияти рушди донишҳои психологию педагогии донишҷӯёне, ки дар тамоми ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, бо афзоиши нақши шахс дар дигаргуниҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, афзоиши талабот ба салоҳияти касбӣ, иҷтимоӣ ва шахсии хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, дараҷаи тайёрии вай ба такмили доимии худ шартӣ аст.
Азхудкунии донишу малакаҳои психологию педагогӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи қобилиятҳои инсон, азхудкунии механизмҳо, усулҳои инкишоф, амалӣ намудани неруи эҷодии шахсият, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, муоширати иҷтимоӣ, муоширати истеҳсолӣ, таҳияву татбиқи навовариҳои таълимӣ ва эҷоди самарабахш равона карда шудааст.
Аз ин лиҳоз, дар раванди таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ таъкид кардан бамаврид аст, ки омодагии педагогии донишҷӯён аз як тараф, модели хурди системаи таълими педагогӣ ҳамчун зерсохтори системаи интегралии таълим дар ҷомеа буда, дараҷаи гуногуни инкишофи донишу малакаҳои психологию педагогиро мувофиқи сатҳи таҳсилоти олӣ ва тахассуси гирифташуда таъмин менамояд. Аз тарафи дигар, омодагии педагогии донишҷӯён дар сохтори таҳсилоти олӣ системаи махсус интихобшуда ва ё таҳияшудаи донишҳои универсалии психологию педагогӣ, малакаҳо, технологияҳои самарабахши таълимро дар бар мегирад, ки дорои неруи иҷтимоӣ ва тарбиявии маълумоти педагогӣ мебошад.
Тавре ки системаи маълумоти педагогӣ механизми асосии таъсиррасонӣ тавассути илмҳои равоншиносӣ ва педагогӣ ба амалияи таълиму тарбия дар ҷомеа мебошад, омодагии педагогии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ташаккули шахсият ва иҷтимоӣ-касбии мутахассиси оянда тавассути азхудкунии салоҳиятҳои психологию педагогии онҳо ба ҳисоб меравад.
Аҳамияти ташкили омодагии педагогӣ дар шароити муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ инчунин бо арзишҳои умумибашарӣ ва фарҳангии таҳсилоти донишгоҳӣ, ки асоси рушди консептуалии онро ташкил медиҳанд ва хусусиятҳои асосии мактаби олии муосирро муайян мекунанд, алоқаманд аст. Ба чунин арзишҳои таҳсилоти мактабҳои олӣ инсондӯстӣ, демократия, хидмат ба ҷомеа, касбу ҳунар, ҷустуҷӯи ҳақиқат, дониш, рушди озоди шахсият ва такмили худшиносӣ дохил мешаванд.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар баробари нигоҳ доштани хусусиятҳои муҳими ба худ хоси универсалӣ, хусусияти бунёдии таълим, инчунин омодагии касбии хатмкунандагонро навсозӣ мекунанд, хусусияти рушдёбанда ва пешқадамро таъмин намуда, супоришҳои истеҳсолоти баландтехнологӣ ва илмталабро мувофиқи талаботи кишвар ба рушди инноватсионӣ иҷро мекунанд.
Хусусан таъкид карданием, ки аҳамият ва мубрамияти омодагии педагогии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо мақом ва нақши он дар таълими донишгоҳ бо назардошти қонуни объективӣ — робитаи байни таҳқиқоти илмӣ ва раванди таълим муайян карда мешавад. Ин муносибат тавассути фаъолияти омӯзгорӣ, ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён, тадқиқоти якҷояи илмии омӯзгор ва донишҷӯ, таъсис ва рушди мактабҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ зоҳир мегардад.
Ҷузъҳо ва шаклҳои номбаршудаи раванди таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба фаъолияти педагогӣ асос ёфтаанд, ки ягонагии ду ҷузъи муҳимтарини таълими донишгоҳӣ — илмию педагогиро нишон медиҳад. Ҷузъи илмӣ барои муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои амалӣ тайёр кардани мутахассисонро таъмин менамояд. Ҷузъи педагогӣ тайёр кардани кадрҳоро барои фаъолияти илмӣ-педагогӣ дар литсейҳо, системаҳои таҳсилоти касбӣ, миёнаи махсус, олӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо пешбинӣ менамояд.
Олими рус Н.Х. Розов қайд мекунад, ки ягонагии ҷудонашавандаи қисмҳои илмию педагогии таълими олӣ бо қонуни объективии дохилии «пешрафти илм ва мактаби олӣ, ки бо ҳам зич алоқаманданд, таъмин карда мешавад: бе тайёр кардани насли ҷавони соҳибилм аслан инкишофи минбаъдаи на худи илм ва на маълумоти олӣ ғайриимкон аст» [6, 15].
Аммо, чунон ки муҳаққиқ қайд мекунад, дар охири солҳои 50–60-уми асри XX асосан дар факултетҳои илмҳои табиии донишгоҳҳои классикӣ бо сабабҳои гуногун тайёрии касбии донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-педагогӣ қатъ карда шуд [6, 17].
Зимнан, зарурати дастгирии илмию кадрӣ барои ислоҳоти густурдаи низоми маориф, баланд бардоштани нуфузи касби омӯзгорӣ дар ҷомеа, афзоиши ниёз ба кадрҳои илмию педагогӣ барои кор бо кӯдакони лаёқатманд ва ҷавонони болаёқат, инчунин буҳрони соҳаҳои иқтисодиёт ва саноат, ихтисор шудани кадрҳои муҳандисию конструкторӣ дар корхонаҳо ба он сабаб шуд, ки дар солҳои 70-уми асри XX дар донишгоҳҳои классикӣ ва техникӣ барои тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ чӣ барои соҳаи маориф ва чӣ барои дигар соҳаҳои истеҳсолот ҷузъҳои илмию педагогӣ кушода шуданд.
Дар шароити имрӯза ба сифати самтҳои асосии фаъолият дар рушди афзалиятноки соҳаи маориф ва илм тадбирҳои зерин муайян шудаанд:
- таъмини тағйирпазирии барномаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар асоси ҷорӣ намудани низоми таҳияи модулии барномаҳо;
- таъмини иртиботи дониши касбӣ ва малакаи амалӣ (ташаккули стандартҳои таълимӣ ва касбӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун бо ҷалби корхонаву ташкилотҳо, пешбурди ҷараёни таҳсилот бо истифода аз иқтидорҳои корхонаҳои азим, ташкили майдончаҳои истеҳсолии таълимӣ);
- дастгирии рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг сохта шудааст (таҳкими заминаи моддию техникӣ, алоқа бо корхона ва ташкилотҳо — корфармоёни ояндаи хатмкунандагон, рушд ва баланд бардоштани самаранокии низоми машварати касбии ҷавонон, ташкили низоми озмунҳои минтақавӣ аз рӯи ихтисосҳои корӣ — World Skills Tajikistan);
- пурзӯр намудани тахассуси соҳавии мактабҳои олӣ бо бунёди неруи пуриқтидори корҳои илмию тадқиқотӣ ва амалию таҷрибавӣ;
- ошкор намудани талабот ва ҷорӣ намудани барномаҳои нави таълимӣ, ки ба таъсиси ихтисос ва бозомӯзӣ ҷиҳати истифода аз технологияҳои ба муҳити зист, ба самаранокии нерую захираҳо алоқаманд мебошад, ки ба ҳайати кадрӣ барои «шуғли сабз» равона шудааст;
- пурзӯр намудани ҷузъҳои тадқиқотӣ ва ҳамгироии байналмилалии таҳсилоти касбӣ [9].
Ба ин муносибат омодагии педагогии мутахассисони оянда дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ бояд дар асоси дар як вақт ба назар гирифтани қоидаву самтҳои асосии навсозии маълумоти педагогӣ ва қонуниятҳои таълим дар донишгоҳҳои классикӣ ташкил карда шавад.
Бо дарназардошти принсипҳои маълумоти педагогӣ дар ҷумҳурӣ (дар як вақт такя ба анъанаҳои миллӣ, таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва навовариҳои педагогӣ, хусусияти инкишофёбанда ва пешравии таълим, тағйирпазирии барномаҳои таълимӣ бо назардошти талаботи муносибати салоҳиятнокӣ) ва принсипҳои таълими классикии донишгоҳӣ, чунин хислатҳои муҳими маълумоти педагогиро, аз қабили бисёрҷабҳавӣ муайян мекунанд ва таваҷҷуҳи он ба баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ тавассути ташаккули салоҳиятҳои психологӣ ва педагогӣ, ки ба ҳаракати академӣ ва касбӣ, мутобиқшавии донишҷӯ (аспирант) ба шароити тағйирёбанда равона карда мешавад, мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, ҳамаи гуфтаҳои боло мубрамияти масъалаи такмили омодагии педагогии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар шароити баланд бардоштани сифати таълим ва талаботи равиши салоҳиятнокӣ ифода менамояд.
Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ бояд на танҳо ба донишҷӯ хусусиятҳои касбиро омӯзанд, балки ӯро ҳамчун як шахсе, ки ба кори созанда қодир аст, тарбият намоянд. Кормандони дорои қобилият, тафаккури эҷодӣ ва ғайристандартидошта метавонанд барои ҳалли мушкилоти ҳалнашаванда принсипҳои навро пайдо намуда, роҳи раҳоӣ ёфтан аз ҳолатҳои душвору ғайримуқаррарӣ пайдо кунанд, ки метавонанд боиси ғояҳо ва кашфиётҳои нав дар ташкилот гарданд. Талабот ба кормандон аз ҷониби корфармо муайян карда мешавад, яъне мутахассисон бояд ба тамоми меъёрҳои интихоб ҷавобгӯ бошанд, бинобар ин рафтори онҳо бояд дар самти иҷтимоӣ ва маънавӣ низ рушд намояд.
Гуфтаҳои болоро ҷамъбаст намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба рушди минтақа таъсири мустақим ва ғайримустақим мерасонанд. Таъсири мустақим тавассути тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, ки вазифаи асосии донишгоҳҳо мебошад, инчунин тавассути таҳияи пешқадами лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки барои ноил шудан ба рушди устувори саноатӣ дар минтақа заруранд, ва рушди назарраси пойгоҳи илмӣ, ки бояд мустақиман ба эҳтиёҷоти минтақа равона карда шаванд, ба назар мерасад. Таъсири ғайримустақим бошад, тавассути дастгирӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ дар минтақа, оммавигардонии таҳқиқоти илмӣ ва барномаҳои таълимӣ, ки боиси афзоиши нуфузи маориф мегардад, инчунин ба туфайли ташаккули шахсияти комил дар самти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки ба сохтори иҷтимоии аҳолӣ таъсири назаррас мерасонад, амалӣ мегардад.
Барои рушди босуботи минтақа бояд дар ҳама самтҳо вазифаҳои асосии муассисаҳои олии касбӣ иҷро карда шуда, инчунин низоми ҳамкориҳо бунёд карда шавад. Вазифаи муҳимтарини низоми ҳамкориҳо ин тақвият бахшидани иштироки донишгоҳҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, таҳкими робитаҳои минтақавии донишгоҳҳои олӣ бо саноат, тиҷорат ва илм тавассути татбиқи лоиҳаҳо, марказҳои илмӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, ба назар мерасад, ки як муассисаи таҳсилоти олӣ дар рушди минтақа нақши назаррас дорад, аз ин рӯ ба ин сохтор диққати калон дода шавад. Агар ба зиммаи донишгоҳ чунин масъулияти калон гузошта шуда бошад, пас давра ба давра таҳлили низоми таҳсилоти олӣ хеле зарур аст.
Адабиёт:
- Беспалько, В.П. Основы теории педагогических систем. Проблемы и методы психолого-педагогического обеспечения технических обучающих систем / В.П. Беспалько. – Воронеж, 1997. – 304 с.
- Высшее образование в XXI веке: подходы и практические меры: заключит. доклад Всемир. конф. ЮНЕСКО по высш. образованию, Париж, 5–9 окт. 1998 г. / ЮНЕСКО. – Париж, 1998. – 135 с.
- Жук, А.И. Основные направления развития университетского образования / А.И. Жук // Вестн. МАН ВШ. – М., 2003. – № 3(25). – С. 21–29.
- Кларин, М.В. Инновации в мировой педагогике: обучение на основе исследования, игры и дискуссии: анализ зарубежного опыта / М.В. Кларин. – Рига, 1995. – 176 с.
- Лиссабонская декларация «Университеты Европы после 2010 года: многообразие при единстве целей», Брюссель, 13 апр. 2007 г. [Электронный ресурс]. – 2007. – Режим доступа: http://www.EUA.be.
- Розов Н.Х. Педагогическая компонента классического университетского образования / Н.Х. Розов // Вестн. Моск. ун-та. Сер. 20, Пед. образование. – 2002. – № 1. – С. 14–24.
- Рустамов Ф.М. «Рушди иқтидори кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ»: диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо – соҳаи хизматрасонӣ). Душанбе, 2021.
- Сорокина, Н.Д. Инновационное обучение: сущность и содержание / Н.Д. Сорокина // Вестн. Моск. ун-та. Сер. 18, Социология и политология. – 2002. – № 4.
- Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.
- Филиппов, В.М. Задачи модернизации образования на современном этапе / В.М. Филиппов // Высш. образование сегодня. – 2003. – № 3. – С. 2–5.




