Муаммоҳои омода намудани мутахассисони оянда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
Муаммоҳои омода намудани мутахассисони оянда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
Ғафурова Н.Н.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
«Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Вале ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шуда, дар соҳаҳои вобаста ба инкишофу ҷустуҷӯи боигариҳои мавҷуда ва истихроҷу коркарди онҳо ба кадрҳои баландихтисос ниёзи зиёд дорем.»
— Эмомалӣ Раҳмон
Рушду нумӯи ҳар як давлат бо таълим ва маориф робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҷомеа пеш аз ҳама ба вазъи маориф ва таҳсилот вобастагии зич дорад. Давлат тавассути таъсис ва бароҳмонии фаъолияти боғчаҳои бачагона, кӯдакистонҳо, мактабу интернатҳо, муассисаҳои табобативу фароғатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мақомоти васояту парасторӣ, ки ҳамаи онҳо дар тарбия кардан ва омода намудани мутахассисони баландихтисос масъуланд, вазифа ва уҳдадориҳои худро иҷро менамояд.
Бо вуҷуди ин, дар замони имрӯза назди кормандони соҳаи маориф муаммоҳои муҳим меистанд, ки ҳаллу фасли онҳо заҳмат талаб мекунад. Яке аз муаммоҳое, ки айни замон назди кормандони маориф меистад, ин омода намудани кадрҳои баландихтисос маҳсуб меёбад. Муаммои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз масъалаҳои мубрамтарини замони имрӯза маҳсуб меёбад.
Дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ аз омилҳои муваффақият ва рушди соҳаҳои афзалиятноки давлат мегардад. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои истифодабарии технологияҳои навтарин беш аз ҳама аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни муназзаму мазмунноки таълиму тарбияи талабагону донишҷӯён, хуллас аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст. Саводноккунии миллат бошад, пеш аз ҳама ба маърифатнокии омӯзгор вобаста аст. Бо ин мазмун Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш қайд менамоянд, ки «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст» [3].
Таърих гувоҳ аст, ки дар тамоми давраҳои башарият шоҳони ҳар мамлакат кӯшиши беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагонии мардуми кишвари хешро менамуданд. Баланд бардоштани сатҳу зиндагонии мардумро бе омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба стандарти давлатӣ тасаввур намудан аз имкон дур аст. «Дар соҳаи тайёрии касбӣ ҳадафи асосӣ омода намудани корманди баландихтисоси сатҳ ва тахассуси мувофиқ дар бозори меҳнат, рақобатпазир, салоҳиятдор, масъулиятшинос, фасеҳи касби худ ва ба соҳаҳои марбут ба фаъолият, қодир ба кори самарабахш аз рӯи ихтисоси худ дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад, ки барои афзоиши муттасили касбӣ, ҳаракатҳои иҷтимоӣ ва касбӣ, барои қонеъ кардани ниёзҳои шахс дар гирифтани маълумоти мувофиқ хизмат мекунад» [2].
Чуноне ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон арз менамоянд: «...ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд» [3].
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбӣ баъд аз муассисаи олии таълимӣ» дар назди муассисаҳои олии касбӣ чунин вазифаҳо гузошта шудааст: қонеъ гардонидани талаботи шахс ба инкишофи зеҳнӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ бо роҳи дарёфти таҳсилоти олии касбӣ; рушди илму ҳунар ба воситаи таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва таҳсилкунандагон, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот; дар донишҷӯён инкишоф додани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва қобилияти кору зиндагии донишҷӯён дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ [1].
Дар ин росто вазифаҳои муайянгардидаро дар самтҳои зерин ҳаллу фасл намудан мувофиқи мақсад аст:
- такмил додани мундариҷаи таҳсилот дар тамоми муассисаҳои таълимӣ;
- ҷустуҷӯ ва дарёфти ҷанбаҳои таҳкими алоқамандии фанҳои таълимӣ;
- ташаккул додани сифатҳои шахсию касбии донишҷӯ, ташаккули ҳавасмандии зарурӣ ҳангоми ба даст овардани малакаҳои касбӣ, маҳорати касбӣ, салоҳиятнокии касбӣ ва таҷрибаи амалии онҳо.
Ташаккул додани сифатҳои шахсию касбии донишҷӯ, ташаккули ҳавасмандии зарурӣ ҳангоми ба даст овардани малакаҳои касбӣ, маҳорати касбӣ, салоҳиятнокии касбӣ аз ҷониби олимони ватаниву хориҷӣ ба монанди: В.А. Сластенин, А.Н. Леонтьев, Д.Б. Эльконин, Л.С. Выготский, В.В. Давыдов, Ф. Шарифзода, М. Лутфуллозода, И.Х. Каримова мавриди омӯзиш ва таҳқиқот қарор гирифтааст. Тавсия мегардад, ки ғояи рушди худинкишофёбанда ва худиҷронамоӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои омодагии мутахассисони оянда нақши муҳимро дорост.
Такя ба ғояи тавсиягардидаи олимони соҳа таъкид карданӣ ҳастем, ки мақсади аввалиндараҷаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ танҳо сифатнокгардонии донишҳои фаннӣ набуда, ташаккули салоҳиятнокии касбии хатмкунандагони макотиби олӣ дар рушди маҳорат, малака ва тавоноии фаъолияти мустақили ояндаи онҳо мувофиқ ба мақсад аст. Чунки дар замони имрӯза назди мутахассисони соҳиби маълумоти олӣ талаботи ҷиддӣ ва аз бисёр ҷиҳат сифатан нав гузошта мешавад, ба монанди:
- салоҳиятнокии касбӣ;
- муташаккилӣ;
- кордонӣ;
- ҳадафмандӣ;
- масъулиятшиносӣ;
- рақобатпазирӣ;
- қобил будан ба ҷустуҷӯй;
- қабул карда тавонистани қарорҳои ғайристандартӣ;
- донишпажӯҳӣ;
- боварӣ нисбати қобилияти касбии худ;
- зудҳаракатӣ;
- қатъиятнокӣ ва ғ.
Бозори меҳнате, ки дар шароити нави иқтисодӣ шакл мегирад, ба хислати муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсири ҷиддӣ расонида, нисбат ба шахс талаботи қатъиро мегузорад ва аз ин нуқтаи назар бояд ҳангоми омода намудани мутахассисони баландихтисос ба парвариши салоҳиятнокӣ ва рақобатпазирӣ аҳамияти хоса зоҳир карда шавад. Ба парвариши салоҳиятнокӣ ва рақобатпазирии мутахассисони оянда аҳамият додан маънои онро дорад, ки онҳоро баҳри мустақилона ҷустуҷӯй ва аз худ кардани донишҳои нав қобил, ҳамчунин қарорҳои ғайристандартиро дар мавридҳои зарурӣ қабул карда тавонистан омода намудан аз шартҳои аввалиндараҷаи омодасозии мутахассисони оянда ба шумор меравад. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки:
- боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем;
- сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар гардонем;
- барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот васеъ истифода барем;
- заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем;
- самарабахшии фаъолияти тамоми муассисаҳои таълимиро таъмин намоем.
Барои ин мо бояд:
- нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем;
- ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем;
- дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем.
Ҳамин тавр, сифати омодасозии мутахассисони оянда, яъне мутахассисони баландихтисоси тамоми соҳаҳо аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас ноил гардем.
Адабиёт
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. — 308 саҳ.
- Мавқеи фанҳои умумикасбию тахассусӣ дар тайёрии касбии мутахассисони оянда — маводи конференсияи илмӣ-методии минтақавӣ бахшида ба солҳои 2020–2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва солҳои 2022–2026 — «Солҳои рушди саноат». — Хуҷанд – Меҳробод: Матбааи Спитамен, 2022. — 300 саҳ.
- http://kgu.tj/donishgo-i-mo/Rushdi-sayohi-va-ob/payomhoi-prezident.php




