Ташаккули минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва таъсири он ба рушди саноатикунонии вилояти Хатлон
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар соли 2019 таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла, зикр намуданд:
«Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодаем. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт».
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, оид ба гузаштан ба сохтори саноатӣ ё ин ки саноатикунонии кишвар диққати аввалиндараҷа дода шуд, ки соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 38,8 млрд сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 23% зиёд мебошад. Тибқи маълумоти расмии Агентии омори ИДМ, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар як сол 22,9% афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин миёни кишварҳои ИДМ мебошад.
Таърихи ташаккули саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамроҳгардии Осиёи Миёна ба Россияи подшоҳӣ (1853–1860) ибтидо мегирад. Замоне дар ҷаҳон ва Россия муносибатҳои сармоядорӣ инкишоф ёфта, шаклҳои нави моликиятдорӣ ба вуҷуд омаданд, заводу фабрикаҳо сохта мешуданд, тоҷикон дар ҳудуди Аморати Бухоро зиндагӣ мекарданд, ки дар он низоми феодалӣ ҳукмрон буд.
Ба роҳ мондани равобити иқтисодии Россия бо Осиёи Миёна сабабҳои муайяни сиёсӣ-иқтисодии худро дошт. Академик Б. Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» аз Н.А. Халфин иқтибос меорад, ки сабабҳои асосии ба Осиёи Миёна диққат додани Россияро асосан дар хусусиятҳои иқтисодӣ доштани онҳо арзёбӣ мекард.
Тоҷикистон кишвари агросаноатӣ маҳсуб ёфта, бештари аҳолӣ дар деҳот умр ба сар мебаранд, ки шуғли асосии онҳо кишоварзӣ мебошад. Дар навбати худ, вилояти Хатлон, ки дар ҳудуди он се МОИ ҷойгир мебошад, яке аз вилоятҳои калонтарини агросаноатии кишвар ба ҳисоб рафта, аз рӯи шумораи аҳолӣ дар байни дигар вилоятҳо ҷои аввалро ишғол менамояд.
Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба барномаи рушди инноватсионии Тоҷикистон ворид карда шудааст, чунки иқтисоди муосирро бе чунин минтақаҳо тасаввур кардан душвор аст. Мувофиқи таҳлили коршиносон 30%-и тиҷорати ҷаҳонӣ тавассути минтақаҳои озоди иқтисодӣ амалӣ мегардад. Дар кишвар 5 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият доранд. Арзиши иҷораи қитъаи замин мутобиқи низомнома солона 1 доллар барои 1 метри мураббаъро ташкил мекунад. «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ — маконҳоеанд, ки дар он ҷо шумо тиҷорати муваффақро бунёд карда метавонед. Онҳо на танҳо сармоягузоронро ҷалб мекунанд, балки барои онҳо имкониятҳои навро фароҳам меоранд».
Инфрасохтори вилояти Хатлон як шабакаи рушдёфтаи роҳҳои автомобилгард, оҳан ва ҳавоӣ мебошад. Соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, электроэнергетика ва саноати коркарди оҳан хуб инкишоф ёфтаанд. Дарёҳои асосии ин вилоят Панҷ, Вахш ва якчанд обанборҳо захираҳои бепоёни гидроэнергетикӣ доранд. Шароити иқлими минтақа, ки нури офтоб, об ва водиҳои ҳосилхези фаровон доранд, имкон медиҳад, ки дар як сол то 3 маротиба сабзавот ва мева парвариш кунед. Дар вилояти Хатлон се минтақаи озоди иқтисодӣ — Данғара, Панҷ ва Кӯлоб фаъолият мекунанд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» яке аз минтақаҳои пешрафтаи иқтисодии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, масоҳати он 521,03 гектарро ташкил медиҳад. Корхонаи ояндадори дар қаламрави Минтақаи озоди иқтисодӣ бунёдшаванда дар бахши истихроҷи нафт аз ҷониби ширкати Чин сохта мешавад. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол 1,2 миллион тонна хоҳад буд. Субъекти дигари минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли конструксияҳои оҳанӣ бо иқтидори коркарди солона то як миллион тонна оҳан мебошад. Ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи пластикӣ ва қубурҳои пластикӣ, заводи коркард ва бастабандии меваҳои хушк ва ғайраҳо бунёд гардида истодаанд.
Ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 401,6 гектарро ташкил дода, як қисми он бо 186 гектар ба бахши тиҷорат, воридот, содирот, молия ва инноватсия ва қисми дуюм бо 215,6 гектар ба бахши саноат тааллуқ дорад. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дорои захираҳои бузурги ашёи хом ба мисли қуми кварсӣ ва пахтаи хом, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки метавонанд аз чор ноҳияи дар масофаи 50 км дар атрофи минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгирбуда таъмин карда шаванд. Дар ин минтақа инфрасохтори хуб бо назорати гумрукӣ ташкил карда шудааст ва бо об ва қувваи барқ таъмин мебошад. Дар айни замон шартномаҳо бо ширкатҳои Корея оид ба истеҳсоли шёткаи дандон ва бунёди фабрикаи пойафзол баста шудаанд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар Ҷамоати деҳоти Зиракии (деҳаи Сарёзидашти) шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, бо ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин ҳамсарҳад мебошад. Минтақаи мазкур дар масофаи 14 км ба самти шимол аз маркази шаҳри Кӯлоб, дар масофаи 1,5 км аз қисми шимолии Фурудгоҳи байналмилалии «Кӯлоб» ва 18 км аз истгоҳи роҳи оҳани «Кӯлоб» ҷойгир мебошад. Масофаи байни МОИ «Кӯлоб» то роҳи минтақавии Восеъ–Ховалинг — 7 км, роҳи байналмилалии Душанбе–Кӯлоб–Қалъаи Хумб — 14 км ва шаҳри Душанбе — 220 км-ро ташкил медиҳад. Инчунин, МОИ «Кӯлоб» аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар масофаи 70 км, Ӯзбекистон — 250 км, Қирғизистон — 500 км ва Ҷумҳурии Мардумии Хитой — 800 км ҷойгир мебошад.
Аз ҷумла, дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба истиснои андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда шудааст.
Пешрафти иқтисодиёти кишварро бе рушди соҳаҳои гуногуни саноат тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Рушди истеҳсолот ва тиҷорат, истифодаи васеи ашёи хоми маҳаллӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ омили муҳими таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ маҳсуб меёбад. Бо гузаштани кишвар аз модели агросаноатӣ ба модели индустриалӣ-аграрӣ имконият пайдо мегардад, ки аз ҷониби масъулин ба коркарди бештари маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва пешбурди агробизнес диққати бештар дода шавад.
Ҳамзамон, пешбурди масъалаҳои иқтисодиёти сабз дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, тайи солҳои охир ба масъалаи мазкур диққати махсус зоҳир карда мешавад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли энергияи сабз, яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар қатори кишварҳои пешсафи ҷаҳон шомил буда, дар ин самт ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Ҳамзамон, мақсадҳои гузошташуда ба Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар ҷаласаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гардидааст, ҳамоҳанг мебошанд.
Барои рушду нумӯи вазъи иқтисодии ҳар як кишвар бевосита тезонидани раванди истеҳсолот лозим меояд. Ин нуқтаро ба назар гирифта, моро зарур аст як зумра корҳоро ба анҷом расонем, аз ҷумла гузариш аз сохти иқтисодии аграрию саноатӣ ба сохти саноатию аграрӣ ва истеҳсолоти воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда. Ин василаро бисёре аз кишварҳо бо созмон додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳояшон ноил гардидаанд. Минтақаи озоди иқтисодӣ ин як маконе ба шумор меравад, ки тибқи қонунгузории дохилии кишвар ба соҳибкороне, ки дар он макон ба фаъолияти истеҳсолию соҳибкорӣ машғул мегарданд, як қатор имтиёзҳо таъмин карда мешаванд, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ, таҳлил ва мониторинги кам ва ҳифзи ҳатмии сирри истеҳсолию тиҷоратӣ. Ҷумҳурии мо, ки ҳанӯз аз даврони ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун кишвари аграрӣ мансуб меёфт, баъди соҳибистиқлол гардиданаш бо ҳидояту роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина ба ин ҳадафи нек қадам гузошта истодааст.
Саноатикунониро дар шаҳри Кӯлоб сол то сол ривоҷу равнақ дода, зина ба зина ба рушди иқтисодиёти шаҳру минтақа саҳми арзанда гузошта истодааст, ки нишондиҳандаҳои онро дар зер дида мебароем. Дар шаҳри Кӯлоб нишондиҳандаҳои макроиқтисодии корхонаҳои саноатӣ дар ҷадвали зерин оварда шудаанд.
Ҷадвали 1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодиёт дар моҳҳои январ–декабри соли 2021
| Нишондиҳандаҳо | Воҳиди ченак | Январ–декабри соли 2021 | Январ–декабри соли 2020 | Иҷроиш бо фисад (2021 нисбат ба 2020) | Фарқият (+ / -) |
|---|---|---|---|---|---|
| Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ (кор, хизмат), бо нархҳои қиёсӣ | ҳазор сомонӣ | 309717,7 | 277845,2 | 111,5 | +31872,5 |
| Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ | ҳазор сомонӣ | 663545,0 | 647058,6 | 102,5 | +16486,4 |
| аз он: — растанипарварӣ | ҳазор сомонӣ | 471781,8 | 464140,4 | 101,6 | +7641,4 |
| — чорводорӣ | ҳазор сомонӣ | 191763,2 | 182918,2 | 104,8 | +8845,0 |
Аз ҷадвали 1 дида мешавад, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 11,5% зиёд гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ бошад, 2,5% зиёд шудааст, ки аз ин нишондиҳандаҳо афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро хулоса баровардан мумкин аст.
Хулоса, аз ҷадвал дида мешавад, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ тамоюли афзоишро нишон медиҳад, ки ин шаҳодати афзоиши корхонаҳои саноатиро нишон медиҳад.
Аннотатсия. Дар мақолаи таҳиякардашуда оид ба таърихи пайдоиши корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла ташаккули саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши маҳсулоти саноатӣ, гузаштан аз сохти агросаноатӣ ба сохти саноатию аграрӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва таъсири он ба ташаккули корхонаҳои саноатӣ дида баромада мешавад. Инчунин дар мақола ҳудудҳои минтақаҳои озоди иқтисодии вилояти Хатлон ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар вилояту минтақа шаҳодати рушди корхонаҳои саноатӣ ба шумор меравад.
Калидвожаҳо: саноат, корхона, саноатию аграрӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ.
Адабиёт:
- Саноати Тоҷикистон: масъалаҳои модернизатсия // Монография (бо забони русӣ): зери таҳрири академики АИ ҶТ Қаюмов Н.Қ. – Душанбе, 2017 с.
- Хоналиев Н. Промышленность Таджикистана: современное состояние и перспективы развития. – Монография. Душанбе: Ирфон, 2007.
- Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон // Қисми 2. – Душанбе, 1985. – С. 165.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2018).
- Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, таҳти № 159).
- «Молия ва ҳисобдорӣ». № 2 (185). – Душанбе, 2022.
- Шабакаи интернетии Fes Kulob.tj.
- Шабакаи интернетии Mta.tj.




