Зеҳн

Эҷодиёти ороишӣ, амалӣ ва техникии мактаббачагон дар рафти машғулиятҳои фанни технология (таълими меҳнат)

20 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

ЭҶОДИЁТИ ОРОИШӢ, АМАЛӢ ВА ТЕХНИКИИ МАКТАББАЧАГОН ДАР РАФТИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ)

Бобокалонов Н.Р.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Муносибати дастҷамъона барои ташкили раванди таълим дар марҳилаи ҳозираи инкишофи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва принсипи методологии ташкили кори он муҳимтарин шарти инкишофи ҳаматарафаи шахсияти мактаббачагон мебошад. Аҳамият ва зарурияти мунтазам такмил додани ҷиҳатҳои муҳимтарини таркибии инкишофи ҳаматарафаи шахсият, ки тарбияи эстетикӣ ва меҳнатиро муайян мекунад, вазифаи асосии замони муосир ба ҳисоб меравад. Дар амалӣ гардонидани тарбияи эстетикию меҳнатии мактаббачагон ва дар инкишофи маънавии онҳо машғулиятҳои эҷодиёти техникӣ, ороишию амалӣ аҳамияти калон доранд. Тайёр кардани макету маснуоти санъати ороишию амалӣ кори шавқовар буда, душвориҳоро паси сар менамояд ва дар мактаббачагон меҳнатдӯстӣ, суботкорӣ дар роҳи расидан ба мақсади пешбинишударо тарбия карда, ба ташаккули характер мусоидат мекунад.

Барои инкишоф додани эҷодиёти техникӣ, ороишию амалии мактаббачагон тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси педагогӣ зарур аст, ки онҳо метавонанд дар рафти машғулиятҳо унсурҳои эҷодии онҳоро инкишофу такмил диҳанд.

Тайёр кардани омӯзгорони фанни технология ба эҷодиёти техникӣ, ороишию амалии мактаббачагон яке аз вазифаҳои муҳимтарини мактаби олӣ мебошад. Тадқиқотҳои С.И. Архангельский, И.А. Зимняя, С.И. Зиновьева, А.Д. Сазонова, В.А. Сластенина ба баррасии проблемаҳои маълумоти олии педагогӣ бахшида шудаанд.

Проблемаҳои омодасозии касбии омӯзгорони ояндаи фанни мазкурро, ки моҳият ва сохти фаъолияти педагогиро ҳамчун протсесси эҷодӣ ошкор мекунад, як қатор тадқиқотчиён мавриди омӯзиш қарор додаанд: О.А. Абдуллина, В.П. Беспалько, В.Г. Рындак, В.А. Сластенин, Э.Ш. Хамитов, Н.М. Яковлева [1, 3].

Масъалаҳои муносибати эҷодӣ ба фаъолияти омӯзгор дар асарҳои В.И. Андреев, А.С. Гаязов, В.И. Загвязинский, В.А. Кан-Калик, А.В. Кирьякова, В.В. Краевский, А.З. Раҳимов ба таври возеҳ баён гардидаанд.

Татбиқи ин равиш бо истифода аз дастовардҳои илмҳои психологию педагогӣ, ҷорӣ намудани усулҳои эҷодии таълиму тарбия дар мактаб, бо истифода аз воситаҳое, ки фаъолияти маърифатии хонандагонро баланд мебардоранд, амалӣ карда мешавад. Фаъолияти эҷодӣ дар протсесси таълим дар мактаббачагон як қатор сифатҳоро ба вуҷуд меоварад, ки онҳо ба хислатҳои шахсияти коргар, муҳандис ва олими оянда мансубанд.

Самаранокии тадқиқот дар соҳаи таълими технология аз масъалаҳои ташаккули донишҳои техникии мактаббачагон дар протсесси тайёрии меҳнатӣ, дар машғулиятҳои эҷодиёти техникӣ ва ороишию амалӣ, ки муҳокима карда мешаванд, иборат аст. Тадқиқоти Ю.К. Васильев, Э.Д. Новожилов, С.В. Сальцева, В.А. Поляков, С.Д. Чуркин ба ҳалли масъалаҳои назариявӣ ва амалии омода кардани омӯзгорони ояндаи технология ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти касбӣ бахшида шудааст.

Мақолаҳои олимони рус В. Горский, Б.М. Игошев, Д.М. Комский, Ю.С. Столяров ба ташаккулёбии эҷодиёти техникӣ дар фаъолияти таълимӣ ва беруназсинфӣ, инчунин дар кори маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таълимии иловагӣ бахшида шудаанд.

Самаранокии ташаккули хислатҳои эҷодии мактаббачагон дар ташкили фаъолияти эҷодӣ бештар аз қобилияти кории омӯзгорон вобаста аст. Масъалаҳои равандҳои роҳбарӣ дар фаъолияти педагогӣ дар асарҳои Б.С. Безрукова, М. Поташник, В.П. Стрезикозин, М.Н. Терехин дарҷ гардидаанд, ки онҳо фаъолияти касбии омӯзгорро раванди ташкилию идоракунӣ медонанд.

Проблемаи ташаккули омодагии омӯзгорони ояндаи фанни технология оид ба эҷодиёти техникии хонандагон дар асарҳои Л.В. Быстрова, В.Г. Козлов, С.М. Саломатов қайд гардидааст.

Ба ақидаи онҳо эҷодиёти ороишӣ, амалӣ ва техникии мактаббачагон — воситаи муассири тарбия, раванди мақсадноки таълим ва рушди қобилиятҳои эҷодии хонандагон дар натиҷаи ба вуҷуд овардани объектҳои моддие, ки аломатҳои фоиданокӣ ва навоварӣ доранд, мебошад.

Ба мактаббачагон майлу хоҳиши якҷоя, коллективона кор кардан хос аст. Ин хоҳиш, ки аз муассисаҳои томактабӣ тарбия карда мешавад, дар фаъолияти эҷодии тарбиявӣ ифодаи равшан пайдо мекунад. Тадқиқоти мушкилотҳои пайдошуда ба шахсияти мактаббачагон таъсир расонида, диққатро ба системаи муносибатҳои коллективие, ки дар протсесси фаъолияти якҷояи бачагон ва калонсолон ба вуҷуд меоянд, ҷалб менамояд. Чунин воридшавӣ боиси тағйироти назарраси шахсӣ мегардад.

Дар вақти тайёр кардани омӯзгорони ояндаи фанни технология ба иштироки бевоситаи онҳо дар эҷодиёти техникӣ, ороишию амалӣ диққат додан лозим меояд. Тадқиқот ба инкишофи қобилиятҳои бадеӣ ва техникии донишҷӯён бахшида шудааст, ки имконияти истифода бурдани шаклҳои ташкилии корро, ки аз нақшаҳои таълимии стандартӣ фарқ мекунанд, тасдиқ мекунад. Дар раванди идоракунии фаъолияти эҷодии мактаббачагон усулҳои ташхиси қобилиятҳои эҷодӣ дохил карда шудаанд, ки барои фаҳмидани он, ки дар кадом намуди фаъолият ва дар кадом шароит худро самараноктар баён карда метавонанд, кумак мекунанд.

Оид ба методологияи ҳалли масъалаҳои дорои мазмуни техникӣ ва конструктивидошта Г.С. Альтшуллер, Г.А. Балл, А.В. Брушлинский, М.И. Денисова, И.М. Низомов, А.Ф. Эсаулов асарҳоеро пешниҳод намудаанд, ки ба рушди қобилиятҳои эҷодии инфиродӣ ва омодагии мактаббачагон ба усулҳои ғайристандартии ҳалли масъалаҳои техникӣ мусоидат мекунад. Дар навбати худ барои муайян кардани қобилиятҳои эҷодӣ ва пайдоиши тасаввурот, ба онҳо таълим додани фаҳмиши интиқодӣ дар бораи технологияҳои муосир ва равандҳои истеҳсолӣ, ташаккул додани майл ба фаъолияти ихтироъкорӣ ва такмилдиҳии эҷодиёти техникӣ пешниҳод мегардад [2, 4].

Солҳои охир тадқиқоти диссертатсионии самтҳои педагогӣ ба масъалаҳои ташаккули омодагии омӯзгори оянда ба ташкили фаъолияти эҷодии хонандагон бахшида шудааст.

Ҳамин тариқ, барои омодасозии омӯзгори фанни технология, ки ба ташкили фаъолияти эҷодии хонандагон дар раванди таълими технология қодир мебошад, заминаи кофии илмӣ, методӣ ва психологию педагогӣ ниҳоят зарур аст.

Дар асоси таҳлили назариявии адабиёти дастрасшуда, омӯзиши тадқиқоти таълими технологӣ, проблемаи таҷрибаи кориро дар мактаб ва донишкадаҳо муайян намуда, зиддиятҳои байни талаботи объективии мавҷудаи ҷамъиятро ба омӯзгорони ояндаи фанни технология бо таври зайл муайян ва мураттаб намудем:

  • роҳбарӣ ба эҷодиёти ороишию амалӣ ва техникии мактаббачагон ва тайёрии касбии омӯзгори ояндаи фанни технология;
  • дар байни имкониятҳои мавҷуда, омодагии касбӣ барои идоракунии эҷодиёти ороишӣ, амалӣ ва техникии мактаббачагон ва рушди нокифояи ҷанбаҳои психологию педагогӣ, ташкилӣ, идоракунӣ ва мазмуни ин намуди таълими педагогӣ.

Аҳамияти проблемае, ки мо дида мебароем, барои муайян кардани мавзӯи тадқиқот асос гардид: «Тайёр кардани омӯзгорони ояндаи фанни технология барои роҳбарӣ ба эҷодиёти ороишию амалӣ ва техникии мактаббачагон».

Эҷодиёти ороишӣ, амалӣ ва техникӣ дар раванди таълим нақши асосиро ишғол намуда, на танҳо ба азхудкунии донишу малакаҳои касбӣ, балки ба ташаккули дарки эстетикӣ, тафаккури фазоӣ, инчунин қобилияти кор кардан бо маводи гуногун ва асбобҳо мусоидат мекунад. Дарсҳои технология ба талабагон имконият медиҳанд, ки эҷодиёти худро баён кунанд, асосҳои фанҳои техникиро аз худ кунанд, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва дарёфт намудани роҳҳои навоваронаро ёд гиранд.

Яке аз хулосаҳои асосии таҳқиқот ин аст, ки ҳамгироии ҳунарҳои ороишӣ ва эҷодиёти техникӣ дар барномаи таълимӣ ба ташаккули шавқу рағбати устувори донишҷӯён ба меҳнат мусоидат намуда, ҳавасмандии онҳоро ба таҳсил зиёд мекунад ва барои кушодани нерӯи эҷодии онҳо ёрӣ мерасонад.

Ҳамин тариқ, ҷорӣ ва истифодаи фаъолонаи эҷодиёти ороишӣ, амалӣ ва техникӣ дар дарси технология раванди таълимро ғанӣ гардонида, онро барои хонандагон шавқовару пурмазмунтар мегардонад, инчунин ба инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо мусоидат мекунад.

Адабиёт:

  1. Абдуллина О.А. Общепедагогическая подготовка учителя в системе высшего педагогического образования: Для пед. спец. высш. учеб. заведений. — 2-е изд., перераб. и доп. — М.: Просвещение, 1990. — 141 с.
  2. Архангельский С.И. Учебный процесс в высшей школе, его закономерные основы и методы: Учебно-метод. пособие. — М.: Высшая школа, 1980. — 368 с.
  3. Комский Д.М. Подготовка руководителей детской технической самодеятельности в области радиоэлектроники, автоматики и кибернетики в педагогическом институте: Автореф. дисс. канд. пед. наук. — М., 1963. — 20 с.
  4. Рындак В.Г. Формирование творческого потенциала учителя: теория и диагностика. — М., 1994. — 114 с.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2