Зеҳн

Омӯзиши асосҳои микро ва наноэлектроника дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

20 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Омӯзиши асосҳои микро ва наноэлектроника дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

Муаллиф: Шарифхони А. (Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав)

Рушди бо суръати баланд нав шудаистодаи технологияи тайёр кардани схемаҳои интегралӣ, васеъ шудани ҳаҷми талаботи пурсиши одамон ба навъҳои гуногуни маҳсулоти микро ва наноэлектроника, нисбатан арзон будани нархи аслии молҳои микроэлектронӣ ва наноэлектронӣ ба афзудани шумораи конструксияҳои дар асоси технологияҳои пешқадам тайёршавандаи микро ва наноэлектроника сабаб шудааст. Табиист, ки дар чунин шароити барои зиндагии одамон ин қадар зарурияти калон доштани микро ва наноэлектроника, аз нуқтаи назари илмӣ донистани тарзи кори асбобҳои микро ва наноэлектронӣ ва раванди ҳодисаҳои ҳангоми амалиёти онҳо гузаранда ба миён меояд [1, 2].

Асосҳои микроэлектроника ва элементҳои нанотехнология ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фанни алоҳида ё ҳамчун мавзӯи алоҳида дар таркиби ягон фанни таълимӣ таълим дода намешаванд, вале таълими он дар МТМУ талаботи замон мебошад. Пас мебояд, ки илоҷи ин мушкилиро ёбем, то хатмкунандаи МТМУ оид ба микро ва наноэлектроника ва тарзи кори таҷҳизоти аз онҳо сохташуда ақалан маълумоти ибтидоӣ гирифта тавонад. Аз шинос шудан ба адабиёти дар бораи микроэлектроника навишташуда [3, 4, 5, 6] ва ғайра доираи донишҳои аз микроэлектроника барои мутахассиси соҳаи электроника зарур маълум мегардад. Аз тарафи дигар, ба барномаи таълимии физика дар МТМУ шинос шуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар пеши мо — муаллимони таълимдиҳандаи фанни физика масъалаи чӣ тавр ташкил кардани таълими ин мавзӯъ ҳангоми таълими физика дар МТМУ пеш аз ҳама қарор мегирад. Мақсади мо тартиб додани маводи таълимӣ барои синфҳои 10 аст, ки ин маводи таълимӣ бояд хонандаи синфи 10-и МТМУ-ро ба донишҳои ибтидоии асосҳои микроэлектроника шинос намояд.

Аз шинос шудан ба адабиёти [3, 4, 5, 6, 7] ва дигар адабиёти ба масъалаи таълими микро ва наноэлектроника дар мактабҳои олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳо навишташуда маълум мешавад, ки барои дониши босалоҳият барои омӯзонидани асосҳои микро ва наноэлектроника доштан ҳаҷми зиёди донишҳоро дар бораи технологияи тайёр кардани схемаҳои интегралӣ ва тарзи кори онҳо, асосҳои илмии равандҳои физикии дар онҳо ҳангоми фаъол буданашон ба вуқуъояндаро донистан лозим мешавад. Барои равандҳои физикии дар онҳо гузарандаро аз нуқтаи назари илмӣ дуруст фаҳмидан, дониши пурра доир ба ҳодисаҳои электрикии дар вақти фаъол будани схемаҳои интегралӣ гузаранда ва ҳисоб кардани онҳо донишҳои математикии ба математикаи олӣ тааллуқдошта лозим мешаванд. Аз тарафи дигар, дар синфи 10 хонандагони МТМУ фанни физикаро меомӯзанд, ки дар он ба хонандагон мавзӯъҳои ба ҷараёни электрикии доимӣ ва тағйирёбанда бахшидашуда таълим дода мешаванд [8, 9, 10]. Аз монандии натиҷаи раванди ҳодисаҳои физикии ҳангоми аз занҷири электрикии асбобҳои микроэлектронӣ ва занҷири асбобҳои электрикии бо ҷараёни калон коркунанда гузаштани ҷараёни электрикӣ баамалоянда хулоса мебарояд, ки бузургиҳои ҷараёни электрикӣ, шиддат, муқовимат, тавоноӣ ва кор дар ҳар ду маврид ҳам бо як хел усул муайян мешаванд. Барои ҷорӣ кардани таълими микро ва наноэлектроника мавзӯъҳои ба онҳо дахлдоштаро ба дохили мавзӯи «Ҷараёни электрикии доимӣ ва тағйирёбанда»-и физикаи синфи 10 аз рӯи мантиқу алоқамандиашон ҷойгир кардан мумкин аст.

Дар муқаддимаи омӯзиши равандҳои физикии дар элементҳои алоҳидаи занҷирҳои электрикии конструксияҳои аз микросхемаҳои интегралӣ тайёркардашуда баъзе мафҳумҳои навро донистан лозим мешавад, ба мисли ченкунӣ, ки ҳангоми фаҳмонидани тарзи тайёр кардани схемаҳои интегралӣ лозим мешавад. Вале чунин мафҳумҳо дар химия ё биология омӯхта шудаанд. Барои ҳамин бо истифодабарии алоқаи байнипредметӣ омӯзиши онҳоро осон кардан мумкин аст.

Микроэлектроника аз рӯи талаботи замон сохтани асбобҳои электронӣ пайдо шудааст. Талаботи одамон аз электроникаи солҳои 70-уми асри гузашта баланд шудани сифати корӣ, боварибахш ва мустаҳкам будани сифати сохтори таҷҳизоти электронӣ, кам шудани ҷудошавии гармӣ аз қисмҳои кории онҳо ва арзон кардани арзиши молии маҳсулоти электронӣ буд. Ҳал шудани ин масъалаҳо дар баробари худ ба зиёд кардани зичии ҷойгиршавии элементҳои корӣ дар ҳаҷм ва дар ин асос ба хурд шудану сабуку арзон шудани онҳо оварда расонд [10, 11].

Лаҳзаҳои асосии омӯзонидани донишҳои асосҳои нано ва микроэлектроникаро баёнкунанда, ки мо ёдовар шудем, тартиб додани дастури алоҳидаи таълимиро талаб мекунад. Барои тайёр кардани дастури таълимӣ барои мавзӯи алоҳидаи микро ва наноэлектроника усулҳои тайёр кардани китобҳои хониш аз физика барои хонандагонро истифода мебарем. Таҷрибаҳои педагогӣ собит карданд, ки барои омӯзонидани фанни физика дарсҳои назариявӣ, амалӣ ва озмоиширо албатта ба назар гирифтан лозим аст. Усулҳои аёнии фаъолият дар шакли корҳои озмоишӣ дар дарс, дар хона, таҷриба, намоиш дар дарс ва дар хона аҳамияти муҳим доранд ва онҳоро бисёр истифода мебаранд [9]. Дар илм исбот шудааст, ки қариб 75% донишҳое, ки инсон дар давоми умри худ дар бораи табиат мегирад, аз дидани предметҳо пайдо мешаванд. Яъне он чизҳое, ки ба чашми мо аён аст, мо дар бораи онҳо бештар маълумот мегирем. Чӣ хеле ки тамоми маълумотҳои ба қисми берунаи чизҳо хосбударо мо метавонем аз дидани онҳо гирем. Таҷрибаҳо (эксперимент) ҳам усули аёнӣ аст ва аз онҳо бештар дар бораи ҳодисаҳо ва предметҳо маълумот мегирем ва истифода мебарем. Таҷрибаҳо барои омӯзиши сабаби ҳодисаҳо дар физика усули асосӣ аст ва онро ҳеҷ вақт ба назария иваз кардан нашояд. Пас ҳангоми тартиб додани дастури омӯзишии микро ва наноэлектроника корҳои озмоишӣ ва мушоҳидаҳоро набояд фаромӯш кард.

Идеяҳои физикӣ-техникиро аёнӣ намудан — онҳоро дар шакли моделҳои реалӣ сохташуда пешниҳод намудан аст. Ҳангоми тартиб додани барномаи корӣ барои омӯзиши микро ва наноэлектроника ба он дохил кардани назария, ҳалли масъалаҳо ва корҳои озмоиширо ба назар гирифтан лозим аст. Масъалаҳои интихобшуда бояд аз барномаи таълимии физикаи барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешниҳодшуда берун нараванд. Ҳалли масъалаҳо дар дарс ва дар хона аҳамияти муҳим дорад.

Адабиёт

  1. Бессонов В.В. Электроника для начинающих и не только. – М.: Солон-Пресс, 2005.
  2. Гатауллин Ш.Л. Изучение полупроводников в курсе физики средней школы: пособие для учителя. – М.: Просвещение, 1964.
  3. Ивойлов Н.Г., Хрипунов Д.М. Микроэлектроника. – Казань, 1998.
  4. Гутников В.С. Интегральная электроника в измерительных устройствах. – Л.: Энергоатомиздат, 1988. – 304 с.
  5. Грицевский П.М., Матченко А.Е., Степанский Б.М. Основы автоматики, импульсной и вычислительной техники. – М., 1987. – 384 с.
  6. Ситников Ю.К. Основы цифровой вычислительной техники: учебное пособие. – Изд-во КГУ, 1992. – 168 с.
  7. Цифровые и аналоговые интегральные микросхемы. Справочник. – М.: Радио и связь, 1990. – 496 с.
  8. Ельянов М.М. Практикум по радиоэлектронике: учебное пособие для учащихся 9 и 10 классов. – М.: Просвещение, 1971.
  9. Ковтунович М.Г. Домашний эксперимент: пособие для учителя. – М.: Владос, 2007.
  10. Шукуров Т., Раҳимов Б., Раҷабов П. Физика, синфи 10. – Душанбе, 2006.
  11. Фистуль В.И. Введение в физику полупроводников. – М.: Высшая школа, 1984.
  12. Официн С.И. Формирование ключевых компетенций в процессе изучения физики и технологии поверхности в микро- и наноэлектронике. – Коломна: КГПИ, 2008.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2