Зеҳн

Амсиласозии компютерии ҳодисаи заниш

20 ноябри 2026 · 11 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Амсиласозии компютерии ҳодисаи заниш

Муаллифон: Олимӣ А.Р. (Донишгоҳи давлатии Данғара), Тоирзода С.Т. (Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ)

Вобаста ба пешрафти илму техника, аҳамияти донишҳои физикӣ, тадқиқоти физикӣ ва нақши фанни физика мунтазам меафзояд. Усулҳо ва воситаҳои тадқиқоти физикӣ қариб дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон мавқеи худро доранд. Бинобар ин нақши фанни мазкур дар тайёр кардани мутахассисони муосири ҳама гуна ихтисосҳо беандоза мебошад.

Амсиласозии компютерӣ имкон медиҳад, ки бе таҷҳизоти озмоишӣ кор карда шавад ва ба шумо имкон медиҳад, ки қариб ҳама гуна модели воқеии физикиро аз нав созед. Барои мисол, кори озмоишии виртуалиро вобаста ба қисми оптикаи мавҷӣ дар физика оид ба мавзӯи «Заниш (биения)» дида мебароем. Пеш аз он ки кори озмоишӣ иҷро карда шавад, донишҷӯ бояд бо назарияи кори озмоишӣ бо истифода аз адабиёти лозима шиносоӣ пайдо кунад.

Назарияи кори озмоишии виртуалӣ чунин аст: занишҳо лапишҳое мебошанд, ки бо амплитудаи даврии тағйирёбанда дар натиҷаи суперпозитсияи ду лапиши гармоникии басомадҳояшон каме фарқкунанда, вале наздик ба вуҷуд меоянд. Занишҳо аз он сабаб ба миён меоянд, ки фарқи фазаҳои байни ду лапиши басомадашон гуногун ҳама вақт тағйир меёбад ва ҳар ду лапиш дар ягон вақт дар як фаза, пас аз чанд вақт дар фазаи муқобил ва баъд боз дар як фаза сурат мегиранд. Агар $A_1$ ва $A_2$ амплитудаҳои ду лапиши ҷамъшаванда бошанд, пас ҳангоми якхела будани фазаҳои лапиш амплитудаи лапиши натиҷавӣ ба бузургтарин қимати $A_1 + A_2$ меафзояд ва дар сурати муқобил будани фазаҳои лапиш амплитудаи лапиши ҳосилшуда ба қимати хурдтарини $|A_1 - A_2|$ кам мешавад. Дар ҳолати оддитарин, ҳангоми баробар будани амплитудаҳои ҳар ду лапиш ($A_1 = A_2 = A$), ҷамъи онҳо дар як фаза будан ба $2A$ баробар мешавад ва ҳангоми дар фазаи муқобил буданашон ба сифр баробар мешавад (расми 1). Натиҷаи лапишҳои ҷамъшударо чунин навиштан мумкин аст [1, с. 24–56].

Дар ин муодила мутаносибан $\omega_1$ ва $\omega_2$ басомадҳои кунҷии ду лапиши гармоникии ҷамъшуда мебошанд (фазаҳои ибтидоии ҳар ду лапиш ба сифр баробар дониста мешаванд, зеро онҳо дар пайдоиши заниш нақш надоранд; танҳо фарқияти фазаҳои байни ҳар ду лапиш нақш мебозад, ки ҳамеша аз $0$ то $2\pi$ тағйир меёбад). Агар $\omega_1$ ва $\omega_2$ каме фарқ кунанд, пас дар ифодаи (1) бузургии муодилаи (2) амплитудаи оҳиста-оҳиста тағйирёбандаи лапиш ҳисобида мешавад.

Басомади кунҷии $\Omega = |\omega_1 - \omega_2|$ басомади кунҷии заниш номида мешавад. Маҳз азбаски басомади миёна аз басомади $\Omega$ хеле зиёд аст, ба мо лозим аст, ки бузургии (2)-ро ҳамчун амплитудаи лапишҳои (3) баррасӣ кунем, зеро қимати (2), гарчанде доимӣ нест (чуноне ки амплитуда бояд бошад), хеле суст тағйир меёбад. Баробари наздик шудани басомадҳои $\omega_1$ ва $\omega_2$, басомади заниш кам шуда, ҳангоми $\omega_1 = \omega_2$ («сифр» заниш) (расми 2) нест мешавад; ин ҳолатро ҳангоми танзими асбобҳои мусиқӣ истифода мебаранд. Дар радиотехника қабули гетеродин «Қабули заниш» номида мешавад. Моҳияти он аз он иборат аст, ки агар ба элементи ғайрихаттӣ — детектор ду лапиши гармоникӣ дода шавад, пас лапиши гармоникии басомади фарқкунандаи $\Omega$ ба даст меояд. Азбаски фарқи басомад аз басомади лапишҳои қабулшуда хеле пасттар аст, дар шкалаи басомадҳои муайян онро бо гӯш дарк кардан мумкин аст.

Муайян кардани басомади тон дар байни лапишҳои ченшаванда ва эталонӣ яке аз усулҳои дақиқтарини муқоисаи бузургиҳои ченшаванда мебошад, ки дар амалия васеъ истифода мешавад. Бо ёрии заниш фарқи басомадҳои ниҳоят хурдро ошкор кардан мумкин аст; бинобар ин «усули заниш» дар асбобҳои гуногун барои ченкунии басомадҳо, ғунҷоишҳо, индуктивӣ ва ғайра истифода мешавад.

Расми 1 — Графики лапишҳо ҳангоми заниш байни ду басомади заниш аз 300 Ҳс то 305 Ҳс

Занишҳо аз он сабаб ба вуҷуд меоянд, ки яке аз ду сигнал ба таври хаттӣ вобаста ба вақт аз дигараш дар фаза қафо мемонад ва дар он лаҳзаҳое, ки лапишҳо дар як фаза ба амал меоянд, сигнали умумӣ ба ҳадди аксар мерасад, ва дар он лаҳзаҳое, ки ду сигнал дар фазаҳои муқобил қарор мегиранд, якдигарро хомӯш мекунанд. Ин лаҳзаҳо давра ба давра якдигарро иваз мекунанд, зеро қафомонии фаза зиёд мешавад. Аз ҷиҳати математикӣ ин ҳолатро метавон бо истифода аз мисоли ҷамъ кардани ду лапиш бо амплитудаҳои баробар баррасӣ кард [7, с. 43–56].

Фарз мекунем, ки лапишҳо бо басомади $\omega_1$ ва $\omega_2$ бо лапише иваз мешаванд, ки басомадаш ба миёнаи арифметикии онҳо баробар буда, амплитудаи ин лапишҳо аз $+2x_0$ то $-2x_0$ суст тағйир меёбад.

Расми 2 — Дар аниматсияи расми 2 заниши ду сигнали синусоидалӣ, ки шиддаташон баробар ба амплитудаи наздик ба басомади лапишҳост ва суммаи тасвири онҳо дар шакли векторҳои чархзананда (комплекси амплитудаҳо) нишон дода шудааст

Вобастагии амплитудаи заниш аз вақт чунин ифода карда мешавад: ин лапишҳои камбасомад фарогирандаи лапишҳои баландбасомад мебошанд. Дар муодилаи (6) модули фарогиранда аз сифр то максимум ду маротиба дар як давр тағйир меёбад, пас басомади заниш ба дукаратаи басомади фарогирии лапишҳо, яъне ба фарқияти басомадҳои сигналҳои аслӣ баробар мешавад (расми 2).

Фарз кардан мумкин аст, ки лапишҳо бо басомадҳои $\omega_1$ ва $\omega_2$ ба лапиши басомадаш баробар ба миёнаи арифметикии онҳо иваз карда мешаванд ва амплитудаи ин лапиш аз $+2x_0$ то $-2x_0$ оҳиста тағйир меёбад [8, с. 48–64].

Ин лапиши басомади паст фарогирандаи (огибающая) лапишҳои басомадашон баланд мебошад. Азбаски модули фарогиранда аз сифр то максимум ду маротиба дар як давра тағйир меёбад, басомади заниш ба ду маротибаи басомади фарогиранда, яъне ба фарқияти басомадҳои сигналҳои аслӣ баробар аст.

Заниш (биения) тағйироти даврӣ дар воҳиди вақт дар амплитудаи лапиш мебошад, ки ҳангоми ҷамъ кардани ду лапиши гармоникии басомадашон наздик ба амал меояд. Аз сабаби он ки бузургии фарқи фазаҳои байни ду лапиш бо басомадҳои гуногун ҳама вақт тағйир меёбад, ҳар ду лапиш дар ягон лаҳзаи вақт дар як фаза, пас аз вақти муайян дар фазаҳои муқобил, баъд аз нав дар як фаза ва ғайра қарор мегиранд; дар натиҷа амплитудаи лапишҳои ҷамъшуда гоҳ ба ҳадди аксар (ҷамъи амплитудаҳо) ва гоҳ ба ҳадди ақал (фарқи байни ин амплитудаҳо) баробар мешавад (расми 3). Масалан, заниш вақте ба вуҷуд меояд, ки ду камертон бо басомадҳои наздик садо медиҳанд — ҳангоми ҷамъ кардани лапишҳои муқаррарӣ бо басомадҳои наздик дар оссиляторҳои хаттии пайвастшуда садо ба таври навбатӣ зиёд ва кам мешавад.

Расми 3 — Занишҳое, ки дар натиҷаи ҷамъ кардани ду лапиши гармоникии амплитудаҳояшон якхела ва басомадҳояшон наздик ба вуҷуд меоянд

Ҳангоми ҷамъшавии ду мавҷи давон дар як самт бо басомадҳои наздик ва ададҳои мавҷии наздик, занишҳо на танҳо вобаста ба вақт, балки дар фазо низ ба вуҷуд меоянд. Бо ҷамъ кардани мавҷҳои амплитудаҳояшон баробар мо мавҷи натиҷавиро ба даст меорем, ки бо басомад ва адади мавҷии миёна тавсиф шуда, ба басомад ва адади мавҷии дилхоҳ ҷузъ наздиканд. Амплитудаи мавҷ дар фазо ва вақт тавассути лапишҳои оҳиста-оҳиста тағйирёбанда оҳиста хомӯш мешавад. Басомади занишҳо ба фарқияти басомадҳои ҷузъҳои ҷамъшуда баробар мешавад: $\Omega = |\omega_1 - \omega_2|$.

Вақте ки ду мавҷ бо басомадҳои баробар ё гуногун, вале самти векторҳои мавҷии мухталиф ҷамъ карда мешаванд, занишҳо танҳо дар фазо дар натиҷаи интерференсияи мавҷҳо ба вуҷуд меоянд. Ин намуди сохторро мавҷҳое доранд, ки дар минтақаи Френел афканишот доранд, яъне дар системаҳои мавҷгузар паҳн мешаванд.

Дар системаҳои ғайрихаттӣ занишҳо дар шакли суперпозитсияи лапишҳо (ё мавҷҳо) бо басомадҳои наздик ба амал омада метавонанд. Ҳамин тавр, агар ба дастгоҳи ғайрихаттӣ, масалан, детектори квадратӣ, ҷамъи ду лапиш дода шавад, он гоҳ лапиши натиҷавиро ҳосил мекунем. Аъзои охирини он лапиш бо басомади фарқкунандаи $\Omega = |\omega_1 - \omega_2|$ мебошад, ки фарқияти тон ё оҳанги заниш номида мешавад; инчунин тартиби модулятсияи лапиши натиҷавии басомадашон фарқкунандаро, ки ҳангоми таъсир ба оссилятори ғайрихаттӣ аз ҷониби лапишҳои беруна бо басомадҳои наздик ба амал меояд, дар бар мегирад.

Расми 4 — Заниш. Якҷояшавии мавҷҳо. Даври заниш

Расми 5 — Ҳодисаи якҷояшавии мавҷҳо

Заниш ҳодисаест, ки дар сурати болои ҳам хобидани ду лапиши даврӣ, масалан, гармоникӣ, ки басомадҳояшон ба ҳам наздиканд, ба амал меояд ва бо камшавӣ ва афзоиши даврии амплитудаи умумии садо (сигнал) ифода мешавад. Басомади тағйирёбии амплитудаи садои (сигнали) умумӣ (басомади заниш) ба фарқи басомадҳои садоҳои аввала (аниқтараш, модули ин фарқият) баробар аст (расми 4, 5).

Барои мисол равзанаи кори озмоишии виртуалиро дар мисоли ҳодисаи физикии «заниш» (биения) дида мебароем. Ин кори озмоишӣ ба графикҳои расми 4 ва 5 мувофиқат мекунад. Аз равзанаи кори озмоишии виртуалӣ дида мешавад, ки басомади лапишҳои 1-ум 500 Ҳс ва басомади лапишҳои дувум 505 Ҳс гирифта шудааст. Графики якҷояшавии лапишҳо графики вобастагии $y(t)$-ро дар бар мегирад (расми 6а).

Расми 6 — Равзанаи кори озмоишии виртуалии 1 «Заниш»

Заниш ҳодисае мебошад, ки ҳангоми болоиҳамхобии ду лапиши даврӣ, масалан, лапишҳои гармоникии басомадашон наздик ба амал меояд ва бо тариқи даврӣ амплитудаашон каму зиёд мешавад.

Тағйирёбии басомади амплитудаи суммаи сигналҳо ба фарқи басомади ду сигнали аслӣ баробар аст. Ду лапиши гармоникиро бо амплитудаҳои якхела ва фазаҳои ибтидоияшон баробари сифр ҳангоми наздик будани басомадҳо ҷамъ мекунем (расми 6а). Ифодаи ҳосилшуда ҳосили зарби ду лапиш буда, лапишҳои гармоникиро бо басомади миёна ва амплитудаи аз рӯи қонуни даврӣ тағйирёбанда медиҳад.

Ҳангоми пахш кардани тугмаи «ОҒОЗ» («СТАРТ») дар равзанаи кори озмоишии виртуалӣ болоиҳамхобӣ ва якҷояшавии лапишҳои графики вобастагии $y_1(t)$ ва графики вобастагии $y_2(t)$ мушоҳида мешавад, ки дар равзанаи кори озмоишии виртуалӣ (расми 7) оварда шудааст.

Расми 7 — Равзанаи кори озмоишии виртуалии 2 «Заниш»

Басомади заниш ба фарқи басомадҳои ҷамъшуда баробар аст. Даври заниш бошад, ба баръакси басомади заниш баробар аст (расми 4).

Заниш дар ҳолате ба амал меояд, ки яке аз ду сигнал доимо аз дигараш аз рӯи фаза қафо мемонад; дар ҳолате ки лапишҳо бо фазаҳои якхела рӯй медиҳанд, суммаи сигналҳо пурқувват мешавад ва дар ҳолате ки ду сигнал муқобилфаза бошанд, якдигарро хомӯш мекунанд. Ин ҳолатҳо якдигарро ба таври даврӣ иваз мекунанд, вобаста ба он ки қафомонии фазаҳо чӣ гуна сурат мегирад.

Дар равзанаи кори озмоишии виртуалӣ (расми 6в) қимати басомади лапишҳоро тағйир дода, ҳодисаи болоиҳамхобии мавҷҳоро мушоҳида мекунем. Аз равзана дида мешавад, ки бо зиёд шудани амплитудаи лапишҳо суръати якҷояшавии басомади лапишҳо вобаста ба вақт тез мегардад.

Расми 8 — Равзанаи кори озмоишии виртуалии 3 «Заниш»

Расми 9 — Равзанаи кори озмоишии виртуалии 4 «Заниш»

Расми 10 — Равзанаи кори озмоишии виртуалии 5 «Заниш»

Дар расми 10 ду синусоида бо амплитудаҳои якхела ва басомадҳои каме фарқкунанда нишон дода шудаанд. Фарз мекунем, ки онҳо ду ҷузъи як равандро муайян мекунанд, то ки таъсири умумӣ бо ҷамъ кардани ин нуқтаҳо муайян карда шавад. Натиҷаи ин ҷамъшавии лапишҳо дар расми 4 ва расми 10 нишон дода шудааст.

Масофа (қад-қади меҳвари вақт) байни нуқтаҳо вақтеро муайян мекунад, ки пас аз он шумораи даврҳои лапишҳои басомади баландтар аз шумораи даврҳои ларзишҳои басомади пасттар як маротиба зиёд мешавад. Ин асоси усули ченкунии ниҳоят дақиқи фарқиятҳои хурди байни ду басомади наздик мебошад (расми 4).

Хулоса

Заниш ҳодисаест, ки дар сурати болои ҳам хобидани ду лапиши даврӣ, масалан, гармоникӣ, ки басомадҳояшон ба ҳам наздиканд, ба амал меояд ва бо камшавӣ ва афзоиши даврии амплитудаи умумии садо (сигнал) ифода мешавад. Андозаи оҳанги заниш асоси ченкунии дақиқи фарқиятҳои хурди байни ду басомади наздик, аз ҷумла муқоисаи басомади муайяни ченшуда бо басомади эталонӣ мебошад. Басомади тағйирёбии амплитудаи садои (сигнали) умумӣ (басомади заниш) ба фарқи басомадҳои садоҳои аввала (аниқтараш, модули ин фарқият) баробар аст (расми 4, 5).

Адабиёт

  1. Горелик Г.С. Колебания и волны: введение в акустику, радиофизику и оптику. – Москва; Ленинград: Гос. изд-во технико-теоретической литературы, 1950. – 551 с.
  2. Трофимова Т.И. Курс физики: учебное пособие для вузов. – 11-е изд., стер. – М.: Издательский центр «Академия», 2006. – 560 с.
  3. Кавтрев А.Ф. Методика использования компьютерных моделей на уроках физики // Пятая международная конференция «Физика в системе современного образования» (ФССО-99), тезисы докладов, том 3. – Санкт-Петербург: Изд-во РГПУ им. А.И. Герцена, 1999. – С. 98–99.
  4. Кавтрев А.Ф. Опыт использования компьютерных моделей на уроках физики в школе «Дипломат» // Сборник РГПУ им. А.И. Герцена «Физика в школе и вузе». – Санкт-Петербург: Образование, 1998. – С. 102–105.
  5. Бобоев Т., Раҳимӣ Ф., Хоҷазода Т., Солиҳов Д., Истамов Ф. Физика. – Душанбе, 2020. – С. 222–243.
  6. Нуров П. Фарҳанги мухтасари русӣ ба тоҷикии истилоҳоти илмҳои дақиқ ва техникӣ. – Душанбе, 2013. – 611 с.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2