Зеҳн

Таъсири зичии ниҳолҳо ба сабзишу инкишоф ва ҳосилнокии навъҳои гуногуни лӯбиё дар шароити минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

20 ноябри 2026 · 12 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 12 дақиқа хондан

Таъсири зичии ниҳолҳо ба сабзишу инкишоф ва ҳосилнокии навъҳои гуногуни лӯбиё дар шароити минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

Муаллиф: Саидзода Р.А. (Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб)

Лӯбиёро бо усули қатории васеъбар, лонагӣ ва мураббаи лонагӣ кишт мекунанд. Дар мавриди истифодаи усули қатории васеъбар байни қаторҳоро 45–60 см ва дар усули васеъбари лонагӣ 60 см (2–3 дона тухмӣ дар лона) мемонанд. Дар майдонҳои аз алафҳои бегона тоза кишти дуқатора бо фосилаи байни тасмаҳо 45 см ва байни тухмиҳо 15 см самараи хуб медиҳад. Лӯбиё тухумпалаҳояшро дар вақти сабзиш ба болои хок мебарорад. Аз ин рӯ чуқур зери хок кардани тухмиҳо таъсири манфӣ мерасонад. Меъёри кишти тухмиҳо вобаста ба усули кишт ва зичии ниҳолҳо, навъ ва шароити хокиву биоиқлимии минтақаҳо аз 200 то 450 ҳазор дона тухмии қобилияти нешзанӣ дошта тағйир меёбад [1].

Интихоби зичии оптималии ниҳолҳо шароит фароҳам меоварад, ки ҳосили баланду хушсифат рӯёнида шавад. Аз интихоби дурусту илман асосноки он дараҷаи ҳосилнокӣ ва сифати он вобастагии зич дорад. Бо дарназардошти ин [5] қайд менамояд, ки зичии муътадили ниҳолҳо шароит фароҳам меоварад, ки дар қабати ҷойгиршавии растаниҳо дар хок ва дар сатҳи болоии он реҷаҳои мухталифи гармӣ, равшанӣ ва консентратсияи гази карбон ва ғайра пойдор гарданд, ки ба фурӯбарии радиатсияи фаъоли фотосинтетикӣ, ҷараёни фотосинтез ва нафаскашӣ таъсир мерасонанд. Сабзишу инкишоф ва маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ дар давраи нашъунамои онҳо дар зичиҳои гуногуни растаниҳо дар агрофитосенозҳо ба таври мухталиф вобаста ба навъҳо ва меъёри кишти тухмиҳо зоҳир мешавад. Дар киштзори зироати лӯбиё маҳсулнокии он ва инчунин нигоҳдории ниҳолҳои он ба навъ, зичии ниҳолҳо ва технологияи парвариши он зич алоқаманд аст. Дар манбаъҳои адабиёти илмӣ вобаста ба интихоби навъҳо ва зичии ниҳолҳои онҳо ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Дар баланд бардоштани истеҳсоли лӯбиё муайян намудани зичии оптималии ниҳолҳо дар кишт омили муҳим ба шумор меравад. Ин амал ҳангоми парвариши лӯбиё яке аз тадбирҳои муайянкунандаи сабзишу инкишоф ва самаранокии он мебошад [7].

Маълум аст, ки вобаста ба майдони ғизогирии растаниҳо ва таҳлили он дастрасии моддаҳои ғизоии хок, сарфи энергия барои азхудкунии онҳо ва ниҳоят сабзишу инкишоф ва ҳосилнокии лӯбиё ба танзим дароварда мешаванд. Аз ин рӯ майдони ғизогирии растаниҳо ҳар чӣ бештар ба хусусиятҳои биологии онҳо муносиб бошад, ҳамон қадар захираҳои ғизоӣ ва реҷаҳои хокии майдони кишт самараноктар истифода бурда мешаванд ва дараҷаи ҳосилнокии зироати лӯбиё низ меафзояд. Тибқи барномаи банақшагирифташудаи таҳқиқотҳо мо дар таҷрибаҳои саҳроӣ зичии ниҳолҳои лӯбиёро дар доираи 200000, 300000 ва 400000 растанӣ мавриди омӯзиш қарор додем, ки ба ҳар як метри тӯлонӣ мутаносибан 9; 13,5 ва 18 растанӣ рост омада, масофаи растаниҳоро дар қатор 11,1; 7,4 ва 11,5 адад ташкил менамояд.

Натиҷаи таҳқиқотҳо нишон доданд, ки зичии ниҳолҳо ба нишондодҳои баландии хатии пояи лӯбиё дар мисоли навъҳои «Скороспелка» ва «Рябой», масоҳати сатҳи баргҳо ва ҳосилнокии навъҳои омӯхташаванда ба таври куллӣ таъсир мерасонанд (ҷадвали 1).

Баландии хатии пояи растаниҳо нишондоди биометриест, ки таъсири шароити парваришро ба растанӣ муайян менамояд. Аз натиҷаи ченкуниҳо маълум мешавад, ки нишондоди баландтарин дар мавриди зичии ниҳолҳо 200 ҳазор/га будан ба мушоҳида мерасад. Зиёд намудани ниҳолҳо то 300 ҳазор/га ба пастшавии баландии хатии пояҳо то 7,1 см мусоидат намуд. Минбаъд зиёд намудани ниҳолҳо то 400 ҳазор/га мусоидат намуд, ки баландии хатии ниҳолҳо то 41,2 см афзояд. Сабаб дар он аст, ки дар чунин зичии ниҳолҳо (400 ҳазор/га) норасоии омилҳо ва махсусан рӯшноӣ шадид гашта, бузургии ин нишондодро меафзоёнад. Дар шароити таҷрибаҳои саҳроӣ дар ҳар ду навъи омӯхташудаи лӯбиё — «Скороспелка» ва «Рябой» нишондоди баландтарини баландии хатии поя (45,3 см) дар зичии 200 ҳазор/га растанӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба зичии 300 ва 400 ҳазор/га вобаста ба навъҳо 7,1 ва 4,1 см зиёд аст.

Ҷадвали 1. Нишондодҳои баландии хатии поя, масоҳати баргҳо ва ҳосилнокии навъҳои лӯбиёи «Скороспелка» ва «Рябой» (2017–2019)

НавъҳоЗичии ниҳолҳо, ҳазор/гаБаландии хатии пояи растанӣ, смМасоҳати барг дар м², м²Ҳосилнокӣ, т/га
Скороспелка20045,33,081,59
Скороспелка30038,23,042,75
Скороспелка40041,22,422,03
Рябой20045,33,231,13
Рябой30038,13,042,01
Рябой40041,22,451,86

Натиҷаи муайянкуниҳо нишон доданд, ки дар доираи навъҳои омӯхташудаи «Скороспелка» ва «Рябой» масоҳати рӯйпӯшкунандаи баргҳо дар ҳар як метри мураббаъ вобаста ба навъҳо ва зичии ниҳолҳо аз 2,42 то 3,23 м² сатҳи барг пойдор мегардад. Дар байни навъҳои санҷидашуда дар нишондоди масоҳати сатҳи баргҳои пойдоргардида фарқияти калон ба мушоҳида нарасид. Новобаста ба ин, таъсири зичии ниҳолҳо ба бузургии ин нишондод назаррас аст. Масалан, дар навъи «Скороспелка» вобаста ба зичии ниҳолҳои омӯхташаванда — 200, 300 ва 400 ҳазор/га растанӣ дар ҳар як метри мураббаъ масоҳати сатҳи баргҳо мутаносибан 3,08; 3,04 ва 2,42 м²-ро ташкил менамояд. Нишондоди максималӣ дар зичии 200 ҳазор/га (3,08 м²) ва минималӣ дар 400 ҳазор/га (2,42 м²) ба қайд гирифта шудааст.

Аз маълумотҳои дар ҷадвал овардашуда маълум мешавад, ки дараҷаи ҳосилнокии зироати лӯбиё ба зичии ниҳолҳо зич алоқаманд аст. Дар ҳар ду навъи санҷидашуда — «Скороспелка» ва «Рябой» нишондоди баландтарин мутаносибан 2,75 ва 2,01 т/га ба мушоҳида мерасад. Ин нишондод дар зичиҳои 200 ва 400 ҳазор/га-и ҳар ду навъ мутаносибан 1,59 ва 2,03; 1,13 ва 1,86 т/га-ро ташкил дод.

Аз таҳлили қиёсии алоқамандии масоҳати сатҳи баргҳо ва ҳосилнокии навъҳои лӯбиё маълум мешавад, ки на дар ҳама ҳолатҳо бузургии масоҳати сатҳи баргҳо шароит фароҳам меоварад, ки ҳосили баланд ба даст оварда шавад. Дар таҷрибаҳои саҳроии мо дар ҳар ду навъ ҳосили баландтарин дар мавриди мутаносибан пойдоргардии 3,04 ва 3,25 м² масоҳати сатҳи баргҳо дар ҳар як метри мураббаъ (мутаносибан 2,75 ва 2,01 т/га дони лӯбиё) ба даст оварда шуд. Ҳол он ки дар зичии 200 ҳазор/га мутаносибан 3,08 ва 3,25 м² сатҳи баргҳо пойдор гашта буд. Натиҷаи таҳлили маводҳо оид ба ҳосилнокӣ ва таркиби он дар навъҳои мухталифи лӯбиё вобаста ба зичии ниҳолҳо нишон медиҳад, ки омили таҳқиқшаванда ба бузургии онҳо таъсири куллӣ мерасонад.

Ҷадвали 2. Вобастагии ҳосилнокӣ ва унсурҳои таркиби он дар навъҳои мухталифи лӯбиё ба зичии ниҳолҳо (2017–2019)

НавъЗичии растаниҳо, ҳаз./гаҲосилнокӣ, т/гаШумораи ғилофакҳо дар як растанӣ, ададШумораи донаҳо дар як ғилофак, ададВазни 1000 дона тухмӣ, г
Боксёр2001,597,32,9353
Боксёр3002,736,22,8341
Боксёр4002,035,82,8323
БоксёрНСР0,50,16———
Томатная2001,1310,73,0191,8
Томатная3002,019,62,9181,5
Томатная4001,868,52,8178,9
ТоматнаяНСР0,50,15———
Горох2001,3911,74,0134,3
Горох3002,3511,03,9134,1
Горох4001,929,63,8133,3
ГорохНСР0,50,17———
Лопатка2001,577,32,9353
Лопатка3002,726,22,8341
Лопатка4002,035,82,8323
ЛопаткаНСР0,50,16———
Сахарний2001,1310,53,0191
Сахарний3002,089,62,9181
Сахарний4001,868,52,8178
СахарнийНСР0,50,15———
Юбка2001,3911,74,0134
Юбка3002,309,73,9133,3
Юбка4001,929,03,8124
ЮбкаНСР0,50,17———
Рябой2001,1310,63,0192
Рябой3002,0110,72,9191
Рябой4001,868,52,8187
РябойНСР0,50,15———
Скороспелка2001,598,22,9353
Скороспелка3002,757,32,8341
Скороспелка4002,036,82,8323
СкороспелкаНСР0,50,16———

Аз натиҷаи маълумотҳо маълум мешавад, ки вобаста ба навъҳои санҷидашуда ва хусусиятҳои биологию иқтидори ирсиашон нишондоди шумораи ғилофакҳо дар як растанӣ ба таври куллӣ тағйир ёфта, аз 5,8 то 11,7 ададро ташкил менамояд. Вобаста ба зичии ниҳолҳо бо мурури зиёдшавии ниҳолҳо аз 200 то 400 ҳазор/га шумораи ғилофакҳо дар як растанӣ кам мешавад. Масалан, дар навъи «Боксёр» дар зичиҳои ниҳолҳо 200, 300 ва 400 ҳазор/га растанӣ шумораи ғилофакҳо мутаносибан 7,3; 6,2 ва 5,8 ададро ташкил намуд, яъне бо мурури зиёдшавии ниҳолҳо аз 200 то 400 ҳазор/га растанӣ шумораи ғилофакҳо дар як растанӣ 1,1 ва 1,5 адад кам шуд. Ин тамоил дар ҳама навъҳои санҷидашуда ба мушоҳида мерасад.

Дар шароити таҷрибаҳои саҳроӣ шумораи зиёди ғилофакҳо дар навъҳои «Горох» (11,7 адад), «Юбка» (11,7 адад), «Томатная» (10,7 адад), «Рябой» (10,6 адад) ва «Сахарний» (10,5 адад) ба қайд гирифта шуд. Дар навъҳои «Боксёр», «Лопатка» ва «Скороспелка» шумораи ғилофакҳо дар як растанӣ аз 10 адад камтар буда, мутаносибан ба 7,3; 7,3 ва 8,2 адад баробаранд. Шумораи камтарини ғилофакҳо дар як растанӣ (7,3 адад) дар навъҳои «Боксёр» ва «Лопатка» ба қайд гирифта шуд.

Шумораи донаҳо дар як ғилофак чун шумораи ғилофакҳо дар як растанӣ бо зиёд шудани зичии ниҳолҳо дар киштзор дар ҳама навъҳои санҷидашуда кам мешавад. Масалан, зиёдшавии зичии ниҳолҳо дар киштзор аз 200 то 400 ҳазор/га ба он мусоидат намуд, ки шумораи донаҳо дар як ғилофак 0,2 адад кам шавад. Ин тамоил дар ҳама навъҳо ба мушоҳида мерасад. Аз таҳлили маводҳо маълум мешавад, ки дар ҳама зичиҳои санҷидашуда шумораи зиёдтарини донаҳо дар як ғилофак (3,8–4,0 адад) дар навъҳои «Горох» ва «Юбка» ба қайд гирифта шуд. Нишондоди пасттарин (2,8–2,9 адад) дар навъҳои «Боксёр», «Лопатка» ва «Скороспелка» ба мушоҳида мерасад, ки нисбат ба навъҳои дар боло овардашуда 1,0–1,1 адад камтар мебошад.

Натиҷаи таҳқиқотҳо собит намуданд, ки вазни 1000 дона тухмӣ дар доираи навъҳои таҳқиқшуда вобаста ба хусусиятҳои биологиашону иқтидори ирсиашон дар доираи васеъ тағйир меёбад. Вобаста ба ин омилҳо дар зичии 200 ҳазор/га растанӣ вазни 1000 дона тухмӣ аз 134 то 353 г тағйир ёфт, ки фарқият 219 г-ро ташкил менамояд. Дар шароити хокию биоиқлимии таҷрибаҳои саҳроӣ вобаста ба зичиҳои санҷидашудаи ниҳолҳо вазни 1000 дона тухмӣ бо мурури зиёд намудани шумораи ниҳолҳо тағйир ёфта кам мешавад. Масалан, вазни 1000 дона тухмӣ бо мурури зиёд намудани ниҳолҳо аз 200 то 400 ҳазор/га растанӣ 30 г кам шудааст ва вобаста ба зичии ниҳолҳо мутаносибан 353; 341 ва 323 г-ро ташкил менамояд. Нишондоди максималии вазни 1000 дона тухмӣ дар навъҳои «Боксёр», «Лопатка» ва «Скороспелка» ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан ба навъҳо дар ҳама ҳолатҳо 353 г-ро ташкил менамояд.

Самаранокии ин ва ё он унсури санҷидашавандаро дараҷаи ҳосилнокии зироати таҳқиқшаванда собит менамояд. Аз натиҷаҳои таҳқиқотҳои мо маълум мешавад, ки зичии ниҳолҳо дар киштзор ба ҳосилнокии ҳама навъҳои лӯбиё таъсири куллӣ расонидааст. Дараҷаи ҳосилнокӣ дар доираи навъҳои омӯхташуда вобаста ба хусусиятҳои биологӣ ва иқтидори ирсии онҳо аз 1,13 то 2,75 т/га ташкил менамояд. Ин нишондод дар зичии тавсияшавандаи ниҳолҳо (300 ҳазор/га растанӣ) вобаста ба навъҳо дар доираи аз 2,0 то 2,75 т/га-ро ташкил менамояд. Нишондоди баландтарини ҳосилнокӣ (аз 2,7 т/га зиёд) дар навъҳои «Боксёр» (2,73 т/га), «Лопатка» (2,72 т/га) ва «Скороспелка» (2,75 т/га) ба қайд гирифта шудааст. Ҳосилнокии миёнаи навъҳои «Горох» ва «Юбка» аз 2,3 т/га зиёд буда, мутаносибан 2,35 ва 2,30 т/га-ро ташкил менамоянд. Дар таҷрибаҳои саҳроӣ ҳосилнокии пасттарин дар навъҳои «Томатная» (2,01 т/га), «Сахарний» (2,08 т/га) ва «Рябой» (2,01 т/га) ба қайд гирифта шуд. Ҳамин тариқ, зичии ниҳолҳо ҳамчун унсури асосии технологияи парвариши лӯбиё ба дараҷаи ҳосилнокии он таъсири куллӣ мерасонад. Дар шароити хокию биоиқлимии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон зичии оптималии ниҳолҳо 300 ҳазор/га растанӣ ба шумор меравад ва он шароит фароҳам меоварад, ки навъҳои «Боксёр», «Лопатка» ва «Скороспелка» аз 2,7 т/га зиёдтар ҳосил диҳанд.

Адабиёт

  1. Метлицкий Л.В. Биохимия плодов и овощей. – М.: Экономика, 1979. – 271 с.
  2. Енкин В.Б. Соя // Зернобобовые культуры: Сб. ст. – М., 1960. – С. 10–11.
  3. Касторнова М.Г. Агротехника возделывания овощной фасоли в условиях Тюменской области: автореф. дис. ... канд. с.-х. наук. – Тюмень, 2007. – 16 с.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2