Зеҳн

Назорат ва баҳодиҳии ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ дар рафти истифодабарӣ

20 ноябри 2026 · 14 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 14 дақиқа хондан

Назорат ва баҳодиҳии ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ дар рафти истифодабарӣ

Муаллифон: С.Т. Тоирзода, М.М. Саидзода, С.С. Тураев (Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, Донишгоҳи давлатии Данғара)

Назорати ҳолати техникӣ ва бехатарӣ бояд дар тамоми иншооти гидротехникӣ, ки хисороти онҳо ба ҳолати садамавӣ оварда мерасонанд, гузаронида шавад. Назорат бо мақсади таъмини назорати мунтазами нишондиҳандаҳои ҳолати техникӣ ва бехатарии иншооти гидротехникӣ, оқибатҳои табиӣ ва технологӣ ва ҳамчунин таҳияи тадбирҳо дар асоси маълумоти гирифташуда гузаронида мешавад. Назорати ҳолати техникӣ ва бехатарӣ барои кори бехатари иншооти гидротехникӣ мусоидат намуда, пешгирии хисорот ва садамаҳоро дар иншооти гидротехникӣ таъмин мекунад.

Асоси назорати ҳолати иншооти гидротехникӣ — ин мушоҳидаҳои ҳамаҷонибаи асбобӣ (инструменталӣ) ва нигоҳӣ (визуалӣ) аз болои нишондиҳандаҳои ташхисии ҳолати иншооти гидротехникӣ дар давраи истифодабарӣ мебошанд. Асоси системаи техникии назорати иншооти гидротехникӣ инҳоянд: дастгоҳҳои андозагирӣ, асбобҳои назоратӣ-андозагирӣ, системаҳои худкор ва системаҳои иттилоотӣ-ташхисӣ барои гирифтан, коркард ва баҳодиҳии маълумоти эътимодноки фаврии мушоҳидаҳо, маълумот дар бораи кор ва ҳолати иншоот.

Иншооти гидротехникӣ, ки дар онҳо бояд назорати ҳолати онҳо гузаронида шавад, бояд пешакӣ, дар марҳилаи сохтмон бо таҷҳизоти муосири назоратӣ-андозагирӣ ва дигар системаҳои техникӣ тибқи лоиҳа муҷаҳҳаз карда шавад.

Назорати ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ бояд аз ҷониби ҳайати бахши истифодабарӣ, ки тахассуси зарурӣ доранд ва барои гузаронидани ин намуди корҳо аз санҷиш гузаштаанд, гузаронида шавад. Барои иҷрои ин корҳо соҳибмулки иншоот метавонад ташкилоти махсусгардонидашударо бо иҷозатномаи дахлдор ва таҷрибаи корӣ ҷалб намояд.

Барои иншооти гидротехникие, ки дар онҳо назорат гузаронида мешавад, бояд андозаҳои ниҳоии нишондиҳандаҳои ташхисии назоратшавандаи кор ва ҳолати техникии онҳо (меъёрҳои бехатарӣ) муқаррар карда шаванд.

Назорат дар иншооти гидротехникӣ бояд дар тӯли тамоми давраи фаъолият пайваста гузаронида шавад: ҳангоми ба кор даровардан, ҳангоми истифодабарӣ, таъмир, бозсозӣ, нигоҳдорӣ, аз кор баровардан ва барҳамдиҳӣ. Ҳангоми гузаронидани назорат бояд талабот оид ба ҳифзи меҳнат ва ҳифзи муҳити зист риоя карда шаванд.

Умуман, назорати ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ дар ҷараёни истифодабарӣ бояд шартҳои зеринро таъмин намояд:

  • назорати фаврӣ, ки таҳлили босуръати ҳолати иншоотро пас аз ҳар як давраи ченкунии нишондиҳандаҳои ташхисӣ бо роҳи муқоисаи онҳо бо меъёрҳои бехатарӣ таъмин менамояд;
  • назорати ҷорӣ, ки таҳлили ҳамаҷонибаи ҳолати иншоотро дар давраи солонаи (дарозмуддати) мушоҳидавӣ бо роҳи арзёбии мутобиқати нишондиҳандаҳои ташхисӣ ба меъёрҳои бехатарӣ, табиати (тамоюли) тағйирёбии онҳо бо мурури вақт ва мутобиқати вокуниши иншоот ба тағйирёбии бор ва таъсирот дар назар дорад;
  • таҳлили гуногунҷабҳа, ки ба арзёбии ҳамаҷонибаи мустаҳкамӣ, устуворӣ ва эътимоднокии амалии иншоот дар асоси натиҷаҳои бисёрсолаи мушоҳидаҳо, нишондиҳандаҳои ташхисии кор ва ҳисобиҳои санҷишӣ, ба такмил додани намунаҳо (моделҳо) ва нақшаҳои ҳисобикунӣ, таҳлили таъсири воқеии бор ва таъсирот нигаронида шудааст.

Назорати иншооти гидротехникӣ дар ҳолати умумӣ дар рафти сохтмон, ҳангоми иҷрои лоиҳаи махсуси мушоҳидаҳои аслӣ, ки таркиби онҳо дар санадҳои меъёрӣ ва қоидаҳои сохтмонӣ оварда шудааст, ташкил карда мешавад. Дар ин давра насби асбобҳои назоратӣ-андозагирӣ (АНА) ва назорати иншооти гидротехникӣ аз ҷониби ташкилоти пудратчӣ ба амал бароварда мешавад, ки метавонад барои иҷрои ин корҳо ташкилоти махсусгардонидашударо ҷалб намояд. Ҳамзамон бо гузаронидани назорат, пудратчӣ назорати мунтазами сифати корҳои иҷрогардида ва бунёди иншоотро тавассути сохторҳои назорати техникӣ ва ташхисгоҳҳои сохтмонии аз тарафи вай созмондодашуда ба роҳ мемонад.

Ҳангоми супурдан ва қабули иншооти гидротехникӣ пудратчӣ тавассути санадҳо ба фармоишгар месупорад:

  • асбобҳои назоратӣ-андозагирӣ (АНА) ва дастгоҳҳои андозагирии (ДА) дар иншоот насбшуда; шиносномаҳои техникӣ ва протоколҳои санҷиши асбобҳо, нақшаҳои иҷрои васлкунии асбобҳо дар қитъаҳо ва нуқтаҳои назоратшавандаи иншоот;
  • васоити нигоҳдории ахбор ва ҳисоботҳои техникӣ дар асоси мушоҳидаҳои иншоот дар давраи сохтмон;
  • системаҳои иттилоотӣ-ташхисӣ ва автоматикӣ (системаи иттилоотӣ-ташхисӣ (СИТ), системаи автоматикии назоратӣ-танзимгарӣ (САНТ), системаи автоматикии хабаррасонӣ (САХ), асбобҳои назоратӣ-андозагирӣ (АНА)) бо бастаи барномавӣ барои ҷамъоварӣ, ҳифз ва коркарди маълумоти мушоҳидавӣ;
  • барномаи назорати иншооти гидротехникӣ;
  • рӯйхати нишондиҳандаҳои ташхис ва ҳолати техникии иншоот;
  • меъёрҳо ва эъломияи бехатарии иншооти гидротехникӣ, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ карда шудаанд;
  • маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дастурӣ ва методӣ оид ба гузаронидани назорати иншоот;
  • маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тарроҳӣ ва иҷроӣ оид ба муҷаҳҳаз сохтани иншоот бо дастгоҳу асбобҳои андозагирӣ, асбобҳои назоратӣ-андозагирӣ ва дигар воситаҳои техникии системаи назоратӣ.

Сохтори махсуси назорати иншооти гидротехникии корхона мустақиман ба роҳбари техникии корхона итоат мекунад.

Назорати иншооти гидротехникӣ ташхиси ҳолати техникии онҳоро бояд дар асоси маълумоти мушоҳидавӣ ба роҳ монад. Арзёбии эътимоднокии истифодабарӣ ва бехатарии иншоот бо назардошти нишондиҳандаҳои ташхисӣ ва аломатҳои эътимоднокии унсурҳои иншоот ва меъёрҳои ниҳоии бехатарии ба онҳо муносиб амалӣ карда мешавад.

Ба таркиби объектҳои назоратшавандаи иншооти гидротехникӣ бояд ҳамон унсурҳои сохтории (конструктивии) иншооти гидротехникӣ дохил карда шаванд, ки ҳолати онҳо дар асос эътимоднокӣ ва бехатарии иншоотро дар маҷмӯъ муайян мекунанд. Ҳангоми интихоби унсурҳо барои ташхиси иншооти гидротехникӣ бояд хусусиятҳои сохторӣ, синфи бехатарӣ, хусусиятҳои муҳандисӣ-геологии такягоҳ ва пайвастаҳои соҳилӣ, шароити истифодабарӣ, инчунин хусусиятҳо ва нуқсонҳои сохтмонӣ ба назар гирифта шаванд.

Умуман, барои иншооти гидротехникии синфҳои бехатариашон I, II ва III ба таркиби унсурҳои асосии ташхисшаванда бояд унсурҳои зерин дохил карда шаванд:

  • сохтаҳои калонҳаҷми бетонӣ дар шакли қитъаҳои таҷрибавӣ: сохтаҳои фишорӣ ва теғаҳои поёнӣ, сутунҳои зиддифишорӣ (контрфорсӣ), деворҳои тамбавӣ, оббурҳо ва рӯйбандҳо;
  • унсурҳои зиддиполоишӣ (пардаи обнагузар (экран), асоси обнагузар (ядро), диафрагма) ва сохтаҳои заҳкашӣ (дренажӣ);
  • сохтаҳои мустаҳкамнигоҳдорандаи нишебиҳо, чоҳҳои оббурӣ, рисбермҳо; пардаҳои сементӣ ва дигар сохтаҳои зиддиполоишӣ;
  • минтақаҳои ҳамҷояшавии иншоот бо такягоҳ ва соҳилҳои маҷрои дарё; рӯйкашҳо ва анкерҳои мустаҳкамкунандаи деворҳо, унсурҳои нақбҳо ва обгузарҳо ва ғайра.

Барои ҳар як иншооти мушаххаси гидротехникӣ, вобаста аз хусусиятҳои сохтаҳо, шароити корӣ ва оқибатҳои эҳтимолӣ дар натиҷаи вайроншавӣ, таркиби унсурҳо, ташхиси кор ва ҳолати онҳо бояд муносиб ба тарҳи мушоҳидаҳо муайян карда шуда, ҳангоми истифодабарӣ саҳеҳ карда шаванд.

Ҳар як унсури ташхисшавандаи иншоот бояд бо як ё маҷмӯи нишондиҳандаҳои миқдории ташхисӣ ё нишондиҳандаҳои сифатии ҳолати техникии он, ки ҳангоми мушоҳидаҳо дар рафти истифодабарӣ сабт мешаванд, тавсиф карда шавад.

Таркиби нишондиҳандаҳои ташхисии назоратшаванда ва аломатҳои баҳодиҳии ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ бояд муносиб ба тарҳи мушоҳидаҳо, мутобиқи хусусиятҳои сохтаҳо ва синфи бехатарии иншоот, шароити муҳандисӣ-геологии такягоҳ, таркиби унсурҳои ташхисӣ, шароити сохтмон ва истифодабарӣ муайян карда шаванд.

Нишондиҳандаҳо ва аломатҳои назоратшаванда бояд бо нишондиҳандаҳои муҳимтарини миқдорӣ ва сифатии кор ва ҳолати унсурҳои иншоот дар марҳилаҳои гуногуни истифодабарии он мувофиқ бошанд.

Дар давраи обгирии пурраи обанбор ва дар 2–3 соли аввали истифодабарии иншооти гидротехникӣ бо фишори пурраи лоиҳавӣ, таркиби нишондиҳандаҳо ва аломатҳои назоратшаванда бо назардошти хусусиятҳои кори он, ки дар ин давра зуҳур гардиданд, дақиқ карда мешаванд. Чунин дақиқкунии даврии нишондиҳандаҳо бояд пас аз ҳар як 5 сол ва бо мурури пайдошавии нишонаҳои фарсудашавии иншоот анҷом дода шавад.

Бо андозаи ҳадди ақали зарурӣ ба таркиби нишондиҳандаҳои ташхисӣ ва аломатҳои иншооти гидротехникии синфи бехатариашон I–III бояд нишондиҳандаҳои ташхисӣ ва аломатҳои зерин дохил карда шаванд:

а) Барои сарбандҳои хокӣ:

  • фурӯравии теға ва такягоҳ;
  • ҷойивазкунии горизонталии теға (берм);
  • фишорҳои полоишӣ (пьезометрӣ) дар ҳудуди мавқеи полоишӣ;
  • ҳолати болоисатҳии ҷараёни серҳаракати полоишӣ;
  • миқдори оби полоишӣ аз сарбанд ва такягоҳ;
  • градиенти фишорҳои полоишӣ дар бадани сарбанд, дар унсурҳои зиддиполоишӣ, дар такягоҳ;
  • зуҳури манбаъҳои полоишии мутамарказонидашуда, суффозияи хок, тарқишҳо ва фурӯравии хок, осеби сохтаҳои аз таъсири мавҷ ҳифзкунандаи нишебиҳо (мавҷбурҳо), аз таҳшинҳо пур шудани сохтаҳои заҳкашӣ.

б) Барои сарбандҳои оҳанубетонӣ:

  • шиддатнокӣ ва ҳаракатҳо дар бадани сарбанд ва такягоҳ;
  • хурӯши қувваҳо дар арматура ва унсурҳои муҳими оҳанубетонӣ;
  • таъсири зиддифишории об ба пойгоҳи сарбанд;
  • миқдори оби полоишӣ, фишорҳо ва градиентҳои фишорҳо дар минтақаҳои полоишӣ;
  • фурӯравии сарбанд ва такягоҳ;
  • ҷойивазкунии горизонталии теғаи сарбанд;
  • кушодашавии пайвастаҳо ва тарқишҳо;
  • шӯсташавии ҷинсҳои хокӣ дар бефи поён;
  • пайдошавии тарқишҳо, харобшавии таркибии (деструктивии) бетон.

в) Барои нақбҳо:

  • хурӯши қувваҳо дар арматураи рӯйпӯшҳо ва анкерҳои мустаҳкамкунандаи деворҳо ва равоқҳо;
  • фишори полоишӣ ва кӯҳӣ ба болопӯш (облицовка);
  • шаклдигаркунии деворҳо, равоқҳо, кушодашавии пайвастаҳо, пайдоиши тарқишҳо дар болопӯшҳо.

г) Барои деворҳои нигоҳдорӣ (тамбавӣ):

  • фурӯравӣ, кушодашавии пайвастаҳо;
  • ҷойивазкунии горизонталӣ ва хамшавӣ;
  • хурӯши қувваҳо дар арматура, харобшавии деструктивии бетон;
  • фишори паҳлуии хоки бозпуркардашуда;
  • фишори полоишӣ, сатҳи ҷараёни заҳкашӣ (дренажӣ) дар минтақаҳои бозпуркарди хок (барои деворҳои зери фишор коркардаистода).

д) Барои каналҳо:

  • фурӯравии оббандҳо, ки маҷрои каналро иҳота мекунанд;
  • сатҳи хурӯши ҷараёни полоишӣ аз болои оббандҳо;
  • миқдори оби полоишӣ;
  • зуҳуроти вайроншавии сохтаҳои мустаҳкамнигоҳдорандаи нишебиҳои дохилии оббандҳо (рӯйбандҳо), ярчҳои мавқеӣ, шӯсташавӣ ва фурӯ рафтани хоки нишебиҳои оббандҳо.

е) Барои қубурҳои фишорӣ (обгузарҳо):

  • шиддатнокӣ дар болопӯшҳо (оболочка) (пӯлод, оҳанубетон);
  • кушодашавии пайвандҳо ва тарқишҳо дар болопӯшҳо;
  • фурӯравӣ ва ҷойдигаршавии сутунҳои лангарҳо;
  • фарсудашавии деворҳо дар натиҷаи зангзанӣ ва хӯрдашавӣ.

ж) Барои биноҳои НБО:

  • фурӯравӣ ва каҷшавии блокҳои агрегатӣ;
  • кушодашавии пайвандҳо ва тарқишҳо;
  • таъсири зиддифишории об ба таҳҷои такягоҳ;
  • ҷараёни полоишӣ (миқдори оби полоишӣ);
  • мустаҳкамии бетон;
  • ларзиши сохтаҳои иморат.

з) Барои такягоҳи иншооти гидротехникӣ:

  • фурӯравии такягоҳи иншоот;
  • шиддатнокии ҷинсҳои хокии такягоҳи иншоот дар мавқеъҳои ҳамшафатӣ бо иншоот;
  • фишори полоишӣ ва градиентҳои фишор дар такягоҳи иншоот;
  • миқдори ҷараёни обҳои полоишӣ тавассути такягоҳ ва мавқеъҳои ҳамшафати соҳилӣ;
  • пайвандҳои соҳилӣ;
  • сатҳи лоиқагии оби тавассути такягоҳ полоишгардида;
  • фишори об дар ковокиҳои хокҳои гилин;
  • зуҳуроти манбаъҳои мутамарказонидашудаи обҳои полоишӣ;
  • суффозияи ҷинсҳои хокӣ, дам овардани ҷинсҳои хокӣ дар мавқеъҳои алоҳида ва лағжиши замин дар нишебиҳои соҳилӣ.

Илова ба нишондодҳои ташхисӣ ва аломатҳои ҳолати техникии иншоот, дар қатори онҳо бояд ҳама бор ва таъсиротҳои асосӣ ба ин иншоот ё унсурҳои алоҳидаи он (вазни иншоот, фишори гидростатикии об, фишори фаъол ва ғайрифаъоли ҷинсҳои хокӣ, таъсири бори мавҷҳо ва ях, таъсири ҳароратӣ ва сейсмикӣ ва ғайра) ба инобат гирифта шаванд. Арзишҳои воқеии борҳо ва таъсирот ба иншоот ё унсурҳои алоҳидаи он бояд ҳангоми арзёбии аксуламали унсурҳо ба ин бор, ҳангоми саҳеҳкунонии нақшаҳои ҳисобикардашуда ва моделҳои математикии иншоот, ҳангоми муқаррар ва баъдан саҳеҳ кардани меъёрҳои бехатарии иншоот истифода шаванд.

Нишондиҳандаҳое, ки бо истифода аз онҳо меъёрҳои бехатарии иншооти гидротехникӣ муқаррар карда мешаванд:

  • мустаҳкамӣ (аз он ҷумла мустаҳкамии полоишӣ);
  • устуворӣ;
  • имконоти обгузаронӣ (барои иншооти гидротехникии дарёӣ);
  • баланд будани теғаи сарбанд аз сатҳи оби обанбор бо назардошти таъсири мавҷҳо.

Ба ҳайси меъёрҳои бехатарии иншооти гидротехникӣ бояд чунин нишондиҳандаҳои ниҳоии миқдорӣ ва сифатии ҳолат ва шароити истифодабарии онҳо, ки аз як тараф ба сатҳи ҷоизи хатари садамаи иншоот мувофиқат мекунанд ва аз тарафи дигар яке аз ҳолатҳои онро бевосита тавсиф мекунанд, қабул карда шаванд:

  • қобили кор (коршоям);
  • қисман коршоям;
  • пешазсадамавӣ (корношоям).

Барои иншооти гидротехникӣ меъёрҳои бехатарӣ бояд барои ду дараҷаи нишондиҳандаҳои ташхисии онҳо таҳия карда шаванд:

  • К1 — сатҳи аввалини (огоҳкунандаи) нишондиҳандаҳои ташхисӣ, ки ҳангоми расидан ба он устуворӣ, мустаҳкамии механикӣ ва полоишии (филтратсионии) системаи гидротехникӣ ва таҳкурсии иншоот, инчунин иқтидори иншооти обпарто ва обгузар ҳанӯз ҳам ба шароити кори муқаррарӣ мувофиқат мекунанд. Дар шароити кории муқаррарӣ ҳамаи талаботи асосии санадҳои меъёрӣ ва қоидаҳои истифодаи техникӣ муддати тӯлонӣ иҷро карда мешаванд ва ба муҳлати лоиҳавии истифодабарии иншоот мутобиқат мекунанд.
  • K2 — дараҷаи дуюми (ниҳоии) нишондиҳандаҳои ташхисӣ, ки ҳангоми аз меъёр зиёд шудани онҳо истифодабарии иншооти гидротехникӣ ғайриимкон аст.

Реҷаҳои тарроҳӣ, пеш аз ҳама, омезишҳои (асосӣ ва махсус) таъсир ва бори дар лоиҳа пешбинишударо муайян мекунанд. Агар арзишҳои ченкардашудаи нишондиҳандаҳои ташхисии ҳолати иншооти гидротехникӣ аз нишондиҳандаҳои ҳаддии онҳо — K2 зиёд бошанд, истифодаи иншооти гидротехникӣ новобаста аз ҳама гуна омезишҳои таъсирҳои дар лоиҳа пешбинишуда ғайриқобили қабул аст.

Арзишҳои K1 ва K2 бояд мутобиқи шароити кории иншоот ва таъсири бори воқеие, ки ба онҳо таъйин шудаанд, назорат карда шаванд.

Меъёрҳои бехатарии иншооти гидротехникӣ бояд дар марҳилаи тарҳрезӣ муқаррар карда шаванд. Дар марҳилаҳои сохтмон, истифода ва (ё) таҷдиди иншооти гидротехникӣ, инчунин ҳангоми тағйирот дар шароити истифодабарии он, тағйирот ба талаботи бехатарӣ ва қоидаҳои иншооти гидротехникӣ — меъёрҳо бояд дақиқ карда шаванд. Барои иншооти гидротехникии истифодабурдашаванда қиматҳои меъёрии ададии K1 ва K2-и нишондиҳандаҳои ташхисӣ бояд дар асоси ҳисобиҳои санҷишӣ мутобиқ ба меъёрҳои амалкунанда барои таъсири борҳои асосӣ ва таъсири омехтаи махсуси бор ва таъсирот муайян карда шаванд. Дар ин ҳолат дар моделҳои (намунаҳои) ҳисобикардашуда ва нақшаҳои тарроҳӣ бояд тағйироти сохтории иншоот, ки ҳангоми сохтмон ва истифодабарӣ ворид карда шудаанд, борҳои ҳисобӣ ва саҳеҳкардашуда, хусусиятҳои ҷинсҳои хокӣ ва масолеҳ, инчунин хусусиятҳои хоси кории дар натиҷаи мушоҳидаҳо муайяншуда, равандҳо ва нуқсонҳо, ки ба мустаҳкамӣ ва устувории иншоот ва такягоҳ таъсир мерасонанд, ба назар гирифта шаванд.

Ҳангоми назорати иншооти гидротехникӣ дар рафти истифодабарӣ, дар баробари ченкунии нишондиҳандаҳои миқдорӣ, бояд дар асоси мушоҳидаҳои нигоҳӣ (визуалӣ) ва арзёбии коршиносон (экспертӣ) нишондиҳандаҳои (аломатҳои) сифатии ташхисии ҳолати техникии онҳо назорат карда шаванд. Умуман, ба таркиби нишондиҳандаҳои сифатии ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ, ки тавассути мушоҳидаҳои нигоҳӣ зери назорат мебошанд, бояд нишондиҳандаҳои зерин ворид шаванд:

  • мавҷудият ва рушди манбаъҳои баромади обҳои полоишӣ ба нишебиҳои поёнии сарбандҳои хокӣ (оббандҳои хокӣ), ба нишебиҳои соҳилӣ, ба ҳудуди бефи поёнӣ;
  • мавҷудият ва рушди манбаъҳои механикӣ ва кимиёвии суффозияи ҷинсҳои хокӣ дар сарбандҳо, соҳилҳо ва такягоҳ;
  • зери таҳшин ва растаниҳои худрӯй мондан, ях кардани сохтаҳои заҳкашӣ;
  • мавҷудият ва инкишоф ёфтани тарқишҳо, ҷойҳои фурӯравии ҷинсҳои хокӣ, ҷойҳои ярчфурӯ, манбаъҳои дам овардани ҷинсҳои хокӣ дар иншооти хокӣ;
  • харобшавии сохтаҳои мавҷбурии ҳифзи нишебиҳои сарбандҳо (оббандҳо);
  • пайдоиши ҳолатҳои яхбандӣ дар нишебиҳо, дар атрофи сохтаҳои заҳкашӣ, дар нишебиҳои соҳилӣ;
  • пайдоиши ҷараёни об аз пайвастаҳо ва тарқишҳо дар иншооти бетонӣ ва қитъаҳои коркарди зеризаминӣ;
  • осеби механикӣ, зангзанӣ аз таъсири намнокии ҳаво, пайдоиши тарқишҳо ва шӯсташавии ҷинсҳои таркибии бетон дар ҷузъҳои иншоот аз таъсири маҳлулҳои ишқорӣ;
  • шӯсташавии маҷрои каналҳо ва маҷрои бефи поёнии НБО;
  • лучшавӣ ва зангзании арматураи унсурҳои борбарандаи оҳанубетонии иншоот, пайвастаҳои лангарии (анкерии) деворҳо ва равоқҳои коркардҳои зеризаминӣ.

Нишондиҳандаҳои ташхисии ба иншооти гидротехникии НБО таъйиншуда ва меъёрҳои ҳаддии онҳо бояд ба номгӯи нишондиҳандаҳои системаҳои назоратӣ ворид карда шаванд.

Адабиёт

  1. Брызгалов В.И., Гордон Л.А. Гидроэлектростанции. — Красноярск: ИПЦ КГТУ, 2002. — 541 с.
  2. Гольдин А.Л., Рассказов Л.Н. Проектирование грунтовых плотин. — 2-е изд. — М.: Изд-во АСВ, 2001. — 384 с.
  3. ГОСТ 19185-73. Гидротехника. Основные понятия. Термины и определения.
  4. ГОСТ 22.10.01-01. Безопасность в чрезвычайных ситуациях. Оценка ущерба. Термины и определения.
  5. ГОСТ 8.596-2002. Государственная система обеспечения единства измерений. Метрологическое обеспечение измерительных систем. Основные положения.
  6. ГОСТ Р 22.1.11-2002. Мониторинг состояния водоподпорных гидротехнических сооружений (плотин) и прогнозирование возможных последствий гидродинамических аварий на них. Общие требования.
  7. Ляпичев Ю.П. Гидротехнические сооружения: Учеб. пособие. — М.: РУДН, 2008. — 302 с.
  8. Ляпичев Ю.П. Проектирование и строительство современных высоких плотин: Учебное пособие. — М.: Изд. РУДН, 2004. — 275 с.
  9. Рассказов Л.П. и др. Гидротехнические сооружения: Учебник, часть 1. — М.: Энергоиздат, 1996.
  10. РД 34.15.073-91. Руководство по геотехническому контролю за подготовкой оснований и возведением грунтовых сооружений в энергетическом строительстве. — Л., 1991.
  11. Розанов Н.П. и др. Особенности проектирования и строительства гидросооружений в условиях жаркого климата: Учебник. — М.: Изд. «Колос», 1993.
  12. Розанова Н.Н. Бетонные плотины на нескальном основании. — М.: Изд. РУДН, 1995.

Аннотатсия. Гидротехника соҳаи сохтмонест, ки сохтани иншоот барои истифодаи нерӯи захираҳои обиро таҳқиқ мекунад. Ҳамчун як соҳаи дониш он муҳандисӣ ва илми техникии амалӣ мебошад ва имкон медиҳад, ки тарҳ, сохтмон ва истифодаи иншооти гидротехникӣ асоснок карда шавад. Аз ин нуқтаи назар, дар доираи талабот ва стандартҳо дуруст ба роҳ мондани корҳо метавонад ба самаранокии кор ва дарозумрии иншооти гидротехникӣ мусоидат намояд.

Назорати ҳолати техникӣ ва бехатарӣ бояд дар тамоми иншооти гидротехникӣ, ки хисороти онҳо ба ҳолати садамавӣ оварда мерасонанд, гузаронида шавад. Назорат бо мақсади таъмини назорати мунтазами нишондиҳандаҳои ҳолати техникӣ ва бехатарии иншооти гидротехникӣ, оқибатҳои табиӣ ва технологӣ ва ҳамчунин таҳияи тадбирҳо дар асоси маълумоти гирифташуда гузаронида мешавад. Назорати ҳолати техникӣ ва бехатарӣ барои кори бехатари иншооти гидротехникӣ мусоидат намуда, пешгирии хисорот ва садамаҳоро дар иншооти гидротехникӣ таъмин мекунад.

То инҷониб санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи кор ва истифодабарии иншооти гидротехникӣ амал менамоянд, ки дар мақолаи мазкур ҷанбаҳои илмӣ ва амалии назорат ва баҳодиҳии ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ дар рафти истифодабарӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода шудаанд.

Мақсади кори таҳқиқотӣ — ин омӯзиши ҳуҷҷатҳои меъёрии танзимкунандаи назорат ва баҳодиҳии ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ дар рафти истифодабарӣ ва дар ҳамин замина асоснок намудани қоидаҳои истифодабарии иншооти гидротехникӣ мебошад.

Калидвожаҳо: гидротехника, назорат, бехатарӣ, муҳандисӣ, самаранокӣ, ташхис, канал, таъмир, истифодабарӣ ва ғ.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2