Технологияи коркард ва нақшаи технологии маъданҳои алюминдори маҳаллӣ бо усули гудохтан
Технологияи коркард ва нақшаи технологии маъданҳои алюминдори маҳаллӣ бо усули гудохтан
Муаллифон: Тураев С.С., Ғозиев З.А., Қаландаров Ф.А. (Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб)
Коркарди комплексии маъданҳои алюминийдори маҳаллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Истеҳсоли гилхок дар Тоҷикистон бо сабаби ду муаммо мураккаб шудааст: аввало ин ки Тоҷикистон дорои захираҳои калони маъданҳои алюминийдори олисифат намебошад, ки ҳангоми коркарди гилхок ҳаҷми калони эҳтиёҷоти корхонаи алюминийи Тоҷикро таъмин карда тавонад. Муаммои дуюм — коркарди маъданҳои гилхокдори мавҷуда аз ҷиҳати экологӣ ва иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ намебошад, зеро коркарди технологии манфиатноки ин гуна маъданҳо дар шароити имрӯза мавҷуд нест [1–3].
Мақсади кор аз ҷустуҷӯи асоси физикӣ-кимиёвӣ ва технологии коркарди аниқи маъдани алюминийдори ставролит ва маводҳои калсийдор, инчунин коркарди технологии ҳосил кардани гилхок, консентрати криолит-гилхок ва маводи бинокорӣ иборат мебошад.
Иҷрои мақсадҳои дар пеш гузошташуда ҳалли масъалаҳои зеринро тақозо менамояд:
- омӯзиши таркиби кимиёвӣ ва минералогии маъданҳои алюминийдор;
- муайян намудани вобастагии шароитҳои мусоидаттарини гуногуни физикию кимиёвии коркарди маъдан;
- имконияти ҷудо намудани ҷузъҳои фоидаовар вобаста аз омилҳо;
- таҳлилҳои физикию химиявии муайян намудани таркиби маводҳои истифодашаванда ва маҳсулотҳои ҳангоми коркард ба дастовардашуда.
Дар замони ҳозира бо мақсади ба даст овардани гилхок, намакҳои алюминий, сода, поташ, сулфати калий, шлам барои истеҳсоли семент, металлҳои камёб диққати асосӣ ба ташкил намудани технологияи коркарди комплексии ашёи хоме, ки миқдори зиёди силитсий дорад, ба монанди нефелинҳо, алунитҳо, каолинҳо ва гилхок, қисми минералии ангиштҳо ва ғайра равона карда шудааст.
Алюминий дар таркиби ин маъданҳо ба намуди ҳар гуна минералҳо вомехӯрад. Қариб 250 намуди ҳар гуна минералҳо маълум мебошанд, ки зиёда аз 40%-и онҳоро алюмосиликатҳо ташкил медиҳанд. Дар байни алюмосиликатҳо шпатҳои саҳроӣ, ба монанди ортоклаз — K[AlSi3O8], албит — Na[AlSi3O8], ки қисми асосии бисёр ҷинсҳои кӯҳии магматикиро ташкил медиҳанд, бисёртар паҳн шудаанд. Аз дигар алюмосиликатҳо, ки аҳамияти истеҳсолӣ доранд, ин нефелин, каолин ва ставролит мебошад.
Ставролити ғанигардонидашуда дар дохили кварси слюдадори слансии метаморфии эраи протерозоиди поёнӣ дар Помири Ғарбӣ, дар наздикии деҳаи Курговат мавҷуд аст. Ставролити маъдандор дар намуди горизонтҳои алоҳида дар слансҳои кварс-слюдавии бисёргилхокдор (Al2O3 — 20–35%) вомехӯрад. Иқтидори зонаҳои маъданнокиаш ченшаванда буда, аз 3 то 60 метрро ташкил медиҳад ва дар масофаи 0,5–1,5 км пас аз ҳамдигар ҷойгир мешаванд. Аз рӯи маълумотҳои пешакӣ, баҳодиҳии миқдори Al2O3 аз рӯи категорияи P2 тақрибан 100 млн тонна пешгӯӣ карда шудааст.
Дар асоси таҳлилҳои гузаронидашудаи химиявӣ, минералогӣ ва рентгенофазавӣ таркиби маъдани ставролит муайян карда шуд, ки натиҷаи он дар ҷадвали 1 оварда шудааст.
Ҷадвали 1. Таркиби кимиёвӣ ва минералогии маъдани ставролит, бо %
| Аҷзоҳо | Маъдан (слюдаи ставролит) | Мусковити тозакардашуда | Ставролит, дистен, пироксен, амфибол, гранат ва ғ. | Маъдани яклухти ставролит |
|---|---|---|---|---|
| SiO2 | 56,3 | 45,8 | 38,6 | 31,2 |
| Al2O3 | 21,5 | 34,2 | 32,7 | 50,2 |
| Fe2O3 | 7,7 | 6,7 | 22,6 | 14,3 |
| CaO | 1,68 | 1,9 | 1,05 | 0,33 |
| TiO2 | 2,85 | 1,7 | 1,6 | 0,6 |
| K2O | 4,6 | 1,4 | 1,3 | 0,17 |
| Na2O | 1,52 | 1,1 | 0,4 | 0,07 |
| MgO | 1,64 | 1,6 | 1,4 | 1,6 |
| п.п.п. | 1,35 | 4,5 | 0,09 | 0,92 |
Коркарди нақшаи технологии маъданҳои алюминдори маҳаллӣ аз сабаби мавҷудияти карбонати калсий дар таркиби ашёи хоми гилхокдори ҷумҳурӣ бо усули ишқорӣ ва кислотагӣ гилхокро то миқдори зарурӣ ҷудо намудан ғайриимкон мебошад. Барои ҳамин, дар назди мо масъалаи коркарди технологии истеҳсоли гилхок бо усули гудохтани консентрати он, ки дар истеҳсоли алюминий мавриди истифода қарор дорад, гузошта шуда буд. Бо ин мақсад ба сифати маводҳои аввала слансҳои ставролитӣ-слюдагӣ, содаи калсиниронидашуда ва оҳаксанг истифода бурда шуданд, ки таркиби кимиёвии онҳо дар ҷадвали 2 гирд оварда шудааст.
Ҷадвали 2. Таркиби кимиёвии маводҳои истифодашуда
| Компонентҳо | SiO2 | Al2O3 | Fe2O3 | CaO | MgO | Na2O | K2O | TiO2 | Na2CO3 | п.п.п. |
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Ставролит | 56,3 | 21,5 | 7,7 | 1,68 | 1,64 | 1,52 | 4,6 | 2,85 | — | 1,35 |
| Оҳаксанг | 3,6 | 0,88 | 0,62 | 50,5 | 2,65 | — | — | — | — | 41,14 |
| Содаи калсиниронидашуда | — | — | 0,003 | — | — | 0,05 | — | — | 98,0 | 1,5 |
Нақшаи технологии анъанавии ҳосилкунии гилхок марҳилаҳои асосии технологии зеринро дар бар мегирад (расми 1):
- гудохтани шихта;
- ишқоронии пухта ва ҷудокунии пулпа;
- аз силитсий озод намудан ва карбонизатсияи маҳлули алюминатӣ;
- ҷудокунӣ, хушккунӣ ва тафсонидани гилхок.
Нақшаи коркарди технологияи ҳосилкунии криолит-гилхок аз маъданҳои маҳаллии алюминийдор (Расми 1):
- Ставролит + Сода (Na2CO3) + Оҳаксанг -> Омехтакунии шихта -> Пухтан -> Кӯфтан ва майда кардан -> Ишқоронидан -> Камобкунӣ ва полоиш (қ/с ва қ/м).
- Қисми сахт (қ/с) -> Барои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ (саноати сементбарорӣ).
- Қисми моеъ (қ/м) -> Маҳлули алюминат + Ca(OH)2 -> Ҷудокунӣ аз силитсий -> Маҳлул + CO2 -> Карбонизатсия -> Таҳшин (бо ҷудошавии H2O) -> Устуворкунии термикӣ -> Al2O3 -> Ба истеҳсоли алюминий.
Таҳқиқотҳо оид ба таркиби шихта ва шароити гудохтани он нишон доданд, ки нишондодҳои мусоидаттарини раванд ҳангоми таносуби массавии зерини компонентҳои шихта ба даст оварда мешаванд:
Ставролит : Сода : Оҳаксанг = 1,0 : 1,5 : 1,0
Барои шихтаҳои секомпонента ҳарорат 1150 °С ва давомнокии раванд 120 дақиқа мебошад. Бо усулҳои таҳлили рентгенофазӣ ва кимиёвӣ исбот карда шудааст, ки дар ин гуна шароит дараҷаи ҷудошавии компонентҳои зарурӣ (Al2O3), ки ба таркиби пухтаи кристаллӣ дохил мешаванд (CaO·FeO·2SiO3, NaF, 2CaO·Al2O3·2SiO2, Na2O·Al2O3, инчунин Na2O·SiO2-и аморфӣ), 93,3%-ро ташкил менамояд. Бо мақсади ҷудо намудани компонентҳои зарурии пухтаи ҳосилшуда, онро то андозаи 0,1–0,5 мм майда карда, бо маҳлули NaOH ишқоронида шуд. Шароити мусоидаттарин барои раванди ишқоронӣ чунин муқаррар карда шудааст: ҳарорат — 96 °С; давомнокии раванд — 120 дақиқа; таносуби С:М = 1:4 ва консентратсияи маҳлул — 80–100 г/л. Дар ин гуна шароит дараҷаи ҷудокунии гилхок 93,3%-ро ташкил медиҳад.
Таҳқиқотҳои гузаронидашуда имконият доданд, ки нақшаи аниқи коркарди технологии ҳосилкунии гилхок, консентрати криолит-гилхок ва масолеҳи бинокориро аз маъданҳои маҳаллии алюминийдор тартиб диҳем. Дар ин сурат мо метавонем ба комёбиҳо муваффақ шавем.
Адабиёт
- Лайнер Ю.А. Комплексная переработка алюминийсодержащего сырья кислотными способами. — М.: Наука, 1982. — 208 с.
- Мирсаидов У.М., Сафиев Х.С. Комплексная переработка низкокачественного алюминийсодержащего сырья. — Душанбе, 1998. — 238 с.
- Сафиев Х.С., Мирзоев Б., Тураев С.С. Исследование процесса получения технического глинозема и побочных продуктов способом спекания из минерала ставролита // Вестник Душанбе, 2009. — № 1 (49). — С. 165–172.
- Тураев С.С., Мирзоев Б. Технологические основы переработки местного алюминийсодержащего сырья кислотным способом // Вестник Душанбе, 2009. — № 1 (49). — С. 150–153.
Аннотатсия. Дар мақолаи мазкур коркарди комплексии маъданҳои алюминийдори маҳаллӣ, ки яке аз муҳимтарин масъалаҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, оварда шудааст. Дар мақола таркиби химиявии маъдани ставролит санҷида шуда, технологияи коркарди он барои ҳосил кардани ашёи хоми алюминий омӯхта шудааст. Таҳқиқотҳои гузаронидашуда имконият медиҳанд, ки нақшаи аниқи коркарди технологияи ҳосилсозии гилхок ва масолеҳи бинокориро аз маъданҳои маҳаллии алюминийдор тартиб диҳем.
Калидвожаҳо: гилхок, ставролит, алюминий, ишқоронидан, шихта, гудохтан, калсиниронидашуда, полоиш.




