Кортҳои бонкӣ ҷойи пули нақдро мегиранд?
Кортҳои бонкӣ ҷойи пули нақдро мегиранд?
Кортҳои пардохтии бонкӣ кори мизоҷонро осон ва амнияти маблағҳояшонро таъмин менамоянд.
Дар Тоҷикистон бо мақсади рушди бозори ғайринақдӣ ва шаффофтар намудани низоми андозситонӣ насби терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳатмӣ шуд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин хотир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар ислоҳот ворид намуд, ки тибқи он соҳибкорон ва тоҷирон бояд ҳатман дар мағозаву фурӯшгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии худ барои қабули кортҳои пардохтии бонкии шаҳрвандон терминалҳои электронӣ насб кунанд. Дар акси ҳол, соҳибкорон ва тоҷироне, ки аз насб намудани терминалҳои электронӣ барои қабули кортҳои пардохтии бонкии шаҳрвандон саркашӣ мекунанд, ба андозаи аз 4 то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.
Кортҳои бонкӣ бояд ба таври васеъ истифода шаванд
Бо гузоштани терминалҳои электронӣ дар фурӯшгоҳҳо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ хариду фурӯши нақд дар ҷумҳурӣ камтар хоҳад шуд ва истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми харид ва пардохти арзиши хизматрасониҳои гуногун ба рушди бозори ғайринақдӣ ва таҳкими устувории қурби пули миллӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ҷониби дигар, мизони хариду фурӯши молу маҳсулот тавассути терминалҳои электронӣ барои мақомоти андозситонӣ шаффоф хоҳад шуд.
Қобили қайд аст, ки зарурати зиёд намудани истифодаи кортҳои бонкӣ дар фурӯшгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ва бо ин васила кам кардани хариду фурӯши нақд аз қабл дар маркази диққати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон қарор дошт. Маҳз ба ин хотир ҳанӯз якуним сол пеш Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» (31 декабри соли 2014, таҳти № 815) қабул шуда буд, ки тибқи он як қатор чорабиниҳо бояд иҷро мешуданд.
Шӯҳрат Салоҳиддинов, сардори Идораи низоми пардохти БМТ мегӯяд, ки яке аз он чорабиниҳо ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар буд, ки қабули он насби терминалҳои электрониро дар марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳатмӣ мекард. Зеро бе ҳатмӣ намудани ин амал табиист, ки соҳибкорон аз насби терминалҳои электронӣ барои истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ худдорӣ менамоянд.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз бо ин сабаб, ҳарчанд шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ афзоиши назаррас доранд, мутаассифона, истифодаи онҳо барои пардохти арзиши молҳо ва хизматрасониҳо ночиз боқӣ мемонад. Ҷойи таассуф аст, ки аксарияти дорандагони кортҳои пардохтӣ онҳоро дар навбати аввал ҳамчун воситаи гирифтани пули нақд истифода мебаранд. Номбурда афзуд, ки ин ҳолат зери таъсири омилҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, инфрасохторию меъёрӣ ва психологии ба ҷумҳурии мо хос ба вуқӯъ омадааст. Барои рафъи ҳар яке аз онҳо андешидани тадбирҳои мақсадноку мушаххас ва мунтазами тамоми тарафҳои муносибатҳои пардохтнамоӣ зарур аст.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мушкилоти зикршуда, таҷрибаи байналхалқӣ, зарурияти зиёд намудани ҳиссаи муомилоти пулии ғайринақдӣ ва ташкили муомилоти пулии муосир имзо шудааст ва самара хоҳад дод.
Номгӯи сохторҳое, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо терминалҳои электронӣ барои қабули кортҳои пардохтии бонкӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд:
- Нуқтаҳои фурӯши билетҳои нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ.
- Нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ.
- Марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробаркардашуда.
- Терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ.
- Марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯши онҳо зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошад.
- Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ.
- Тарабхонаҳо.
- Беморхонаҳои хусусӣ.
- Дорухонаҳо.
- Муассисаҳои фарҳангию дилхушкунанда (кинотеатрҳо, театрҳо, осорхонаҳо ва ғ.).
- Истироҳатгоҳҳо ва осоишгоҳҳо.
- Меҳмонхонаҳо.
- Нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт.
- Автодромҳо барои супоридани имтиҳон ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ.
- Ташкилотҳои суғурта.
Тағйиру иловаҳо дар моддаи 615 ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро вусъат мебахшанд
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи қонун дар парламент иброз дошт, ки ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар ба рушди бозори ғайринақдӣ нигаронида шуда, барои таъмини талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» барои насбу истифодаи терминалҳои электронӣ ва ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пешбинӣ гардидааст:
— Дар меъёрҳои амалкунандаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарӣ барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо пешбинӣ нагардидааст. Бинобар ин, иловаи пешбинигардида минбаъд барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ҷавобгарии маъмуриро дар шакли ҷарима муқаррар менамояд.
Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон барои нишон додани зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар чунин мисол овард, ки дар гузашта ҳатто худи вакилони парлумон ҳам шикоят доштанд, ки дар вақти харидории молу маҳсулот дар марказҳои хизматрасонӣ кортҳои бонкӣ қабул карда намешаванд. Бинобар ин, тағйиру иловаи мазкур маҳз бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ пеш гирифта шудааст.
Бо раъйи вакилони Маҷлиси намояндагон ба моддаи 615-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар, ки «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» ном дорад, калимаҳои «терминалҳои электронӣ» дохил шуданд. Илова бар ин, қисми нав бо таҳрири зерин ба ин модда илова карда шуд:
«Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз 100 то 160, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз 160 то 180 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 180 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад».
Тибқи тағйиру иловаҳо муассисаҳои савдою хизматрасонӣ уҳдадор мешаванд, ки барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробар қабули кортҳои пардохтии бонкии шаҳрвандонро таъмин намоянд. Барои амалӣ гаштани ин мақсад, муассисаҳои зикршуда бояд ба таври ҳатмӣ бо терминалҳои электронии қабули кортҳои пардохтӣ таъмин шаванд. Терминалҳои электронӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб карда мешаванд.
Пардохт бо кортҳои пардохтии бонкӣ манфиатовар аст
Коршиносон дар муассисаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ ба воситаи кортҳои пардохтии бонкӣ анҷом додани пардохтҳои ғайринақдиро ба манфиати мардум ва давлат медонанд. Умар Воҳидов, иқтисодшиноси тоҷик, мегӯяд, чунин иқдом мизони иқтисоди соягиро поин бурда, имкони гурез аз пардохти андозро коҳиш медиҳад.
— Манфиат дар он зоҳир мегардад, ки амалиёти хариду фурӯш зери назорат гирифта шуда, маблағи бештар ҳамчун андоз ба буҷети кишвар ворид мешавад. Аз тарафи дигар, ин амал истифодаи пули нақдро дар кишвар кам карда, ба устувории қурби пули миллӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин ин кор муҳлати фарсуда шудани пулҳои коғазиро дароз мекунад ва зарурати сарфи маблағи зиёдро барои чопи пулҳои коғазӣ коҳиш медиҳад. Ба ғайр аз ин, истифодаи кортҳои пардохтӣ ҳангоми муомилот амнияти шаҳрвандонро таъмин карда, хавфи бо худ гирифта гаштани пули нақд ва аз даст додани онро аз байн мебарад.
Талабот ба кортҳои бонкӣ зиёд мешавад
Бино ба маълумоти оморӣ истифодаи кортҳои пардохтӣ дар кишвар бо суръати тамом меафзояд. Бино ба маълумоти омории БМТ ташкилотҳои қарзӣ то 1 апрели соли равон зиёда аз 1 531 000 адад кортҳои пардохтиро ба муомилот бароварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳамин давра дорандагони кортҳои пардохтӣ беш аз 1 490 000 нафарро ташкил доданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 31 фоиз зиёд мебошад.
Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, насби банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ низ дар кишвар бо суръат афзоиш ёфта истодааст. Ташкилотҳои қарзӣ барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ то 1 апрели соли ҷорӣ 779 банкомат ва 2315 терминалҳои электронӣ насб намудаанд, ки ин рақамҳо дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 8,6% ва 42% афзоиш ёфтаанд.
Омори пешниҳодшуда аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвар бо афзоиши шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ ниёз ба истифодаи онҳо дар вақти хариду фурӯши молу маҳсулот низ меафзояд.
Бонкҳо теъдоди ПОС-терминалҳои заруриро дар ихтиёр доранд
Тавре мебинем, имрӯз дар кишвар тамоми заминаҳо барои гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ фароҳам оварда шудаанд. Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии дигар барои истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ пурра омода мебошанд. Дар айни замон тибқи маълумоти дақиқи оморӣ 16 ташкилоти қарзӣ барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро ба роҳ монда, бо Низоми пардохтии миллии «Корти миллӣ» ва низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва ғайра ҳамкорӣ менамоянд.
Шӯҳрат Салоҳиддинов изҳор дошт, ки БМТ барои таъмин намудани ташкилотҳои қарзӣ бо ПОС-терминалҳо чораҳои зарурӣ андешидааст. Ташкилотҳои қарзӣ то кунун миқдори муайяни ПОС-терминалҳоро харидорӣ намуданд, вале дар айни замон зиёда аз 1000-тои онҳо бо сабаби набудани дархост аз тарафи нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ мавриди истифодабарӣ қарор надоранд. Бинобар ин, интизор меравад, ҳамакнун пас аз ҳатмӣ шудани насби терминалҳои пардохтӣ дар фурӯшгоҳҳову нуқтаҳои хизматрасонӣ тамоми ин терминалҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
ҶСП «Казкоммертсбонк Тоҷикистон» барои харидорони «Милано Мода» 10% тахфиф пешниҳод намудааст
Бо боварии том метавон гуфт, ки қадами муҳим ва муассир барои гузаштан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ин ташвиқу тарғиби мардум ба истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми хариду фурӯши молу маҳсулот мебошад. Тавре медонем, имрӯз маоши аксарияти кормандони муассисаю идораҳо ва нафақагирон дар рӯзҳои муайян ба кортҳои пардохтии онҳо гузаронида мешавад ва бештари вақт шаҳрвандон дарҳол онро нақд мекунанд. Бинобар сабаби он, ки шаҳрвандон ба муомилот бо пули нақд одат кардаанд, зарурати пеш бурдани корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ ва ҳавасманд намудани онҳо барои истифодаи кортҳои пардохтӣ дар фурӯшгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ба миён омадааст.
Имрӯз чунин таҷриба аллакай дар амал татбиқ гашта истодааст. Масалан, ҶСП «Казкоммертсбонк Тоҷикистон» бо мақсади ҳавасманд намудани мизоҷон ҳангоми истифодаи кортҳои пардохтии бонкаш дар баъзе фурӯшгоҳҳо то 10% тахфиф муқаррар кардааст. Агар шаҳрванд бо истифода аз корти бонкии ҶСП «Казкоммертсбонк Тоҷикистон» дар мағозаи «Милано Мода» либос харидорӣ кунад, ин мағоза ба ӯ 10% молҳояшро арзон мекунад.
Тағйиру иловаҳо аз 01.01.с.2017 татбиқ мешаванд
Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар дохил карда шудаанд, тибқи қонун аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор мегиранд. Умед аст, ки ҳатмӣ шудани насби терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар оғози соли оянда фаъолияти бозори ғайринақдиро дар кишвар вусъат бахшида, мушкилоти истифодаи пули нақд ҳангоми муомилотро коҳиш медиҳад ва ба рушди низоми бонкдории ҷумҳурӣ ва таҳкими устувории қурби пули миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Аслам Мӯминов, БТҶ




