Ҳамкории бонкҳо ва занони соҳибкор вусъат меёбад
Ҳамкории бонкҳо ва занони соҳибкор вусъат меёбад
Бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону», Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои молиявӣ 10 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи БМТ бо иштироки зиёда аз 70 нафар занони соҳибкор ва кормандони низоми бонкӣ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Нақши бонкҳо дар самти маблағгузорӣ ба занони соҳибкор» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар оғоз муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова иштирокдорони мизи мудавварро барои ширкат дар чорабинии мазкур шодбошӣ намуд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, қабл аз ҳама, аз аҳамияти дастгирӣ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт суханронӣ намуда, чунин изҳор дошт: «Бешак, ташкили шароити муносиби молиявӣ, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна, бахусус барои занон мусоидат мекунад, дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар нақши муҳим дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Пешвои миллат зимни суханронии худ 2 марти соли 2015 аз афзоиши шумораи заноне, ки ба соҳибкории хусусӣ машғуланд, изҳори қаноатмандӣ карда, нақши низоми бонкиро дар маблағгузории онҳо муҳим арзёбӣ намуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2015 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба занони соҳибкор 1,3 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст. Дар 5 соли охир ҳиссаи қарзҳои хурди ба занҳо додашуда афзоиш ёфта, 20–25% ҳаҷми умумии қарзҳоро ташкил медиҳад», – таъкид намуд Лола Салимова.
Сипас, раиси Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» Сабоҳат Раҳимзода дар назди иштирокдорони мизи мудаввар сухан ронда, дар робита ба фаъолияти ташкилоти номбурда чунин гуфт: «Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» барои рушди имкониятҳои иқтисодии занон корҳои зиёдеро ба роҳ монда, дар ҳалли масъалаҳои гендерӣ, дастгирии ташаббусҳои занони соҳибкор, баланд бардоштани маърифати молиявии аъзои худ тавассути барномаҳои омӯзишӣ, ҳимояи ҳуқуқи занҳо, пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ миёни занони соҳибкор мусоидат менамояд. Дар давоми фаъолияти худ Ассосиатсияи мо бештар аз 2300 нафар занро ба соҳибкорӣ ҷалб намуда, ба 2680 нафар дарси асосҳои тиҷорат гузаронида, ба 840 нафар касбу ҳунар омӯзонидааст. Дар ин муддат ташкилоти мазкур ба 1400 нафар қарзҳои хурд дода, 800 ҷойи кори нав ташкил карда, ба 2500 нафар хизматрасониҳои гуногун пешниҳод намудааст. Дар маҷмӯъ, бо назардошти рақамҳои дар боло зикршуда ва таҳияи 20 барнома барои мураббиён дар самтҳои гуногуни иқтисоди кишвар ва баргузории 163 чорабинӣ Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» дар пешрафти зиндагии беш аз 36000 нафар занон ва аҳли оилаи онҳо саҳм гузоштааст», – изҳор дошт Сабоҳат Раҳимзода.
Иштирокдорони мизи мудавварро ҳамчунин раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ва муовини раиси Кумитаи давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ шодбош гуфта, ба кори онҳо комёбӣ орзу карданд.
Дар идомаи чорабинӣ зимни суханронӣ ва муаррифии барномаҳои худ иштирокдорони мизи мудаввар низ дар масъалаҳои дастгирии соҳибкорон, аз ҷумла занон, нақши ташкилотҳои қарзӣ дар маблағгузории соҳибкории занон суханронӣ намуда, дархост, пешниҳод ва андешаҳои худро барои рушди минбаъдаи маблағгузории соҳибкории занон манзур намуданд.
Мизи мудавварро бо сухани хотимавӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Л. Салимова ҷамъбаст карда, аз иштироки фаъолонаи ширкаткунандагони он изҳори хушнудӣ намуд.
Дар фуроварди чорабинии мазкур тавсияҳои мизи мудаввар ба иттилои иштирокдорон расонида шуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, тавре аз рафти мизи мудаввар маълум гардид, ба роҳ мондани мубодилаи таҷрибаи пешқадам, ҷоннок намудани фаъолияти заноне, ки дар муассисаҳои бонкӣ кор мекунанд, занони соҳибкор ва инчунин роҳандозии ҳамкорӣ дар байни онҳо, таҳияи тавсияҳо роҷеъ ба беҳбудсозии маблағгузории занони соҳибкор ва зиёд намудани шумораи занони соҳибмаълумоти баландихтисос дар бонкҳо мебошад.
Хабарнигори «БТҶ»




