Зеҳн

Миқдори пайвастагиҳои полифенолӣ дар таркиби экстракти обии барг, навда ва решаи кабари хордор (Capparis spinosa)

20 ноябри 2026 · 13 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 13 дақиқа хондан

Миқдори пайвастагиҳои полифенолӣ дар таркиби экстракти обии барг, навда ва решаи кабари хордор (Capparis spinosa)

Мадалиев А.С., Шамсуддинов Ш.Н.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Пайвастагиҳои полифенолӣ дар байни моддаҳои органикӣ яке аз моддаҳои васеъ паҳнгардида ба ҳисоб мераванд, аксарияти ин пайвастагиҳо дар шакли табиӣ маҳсули синтези ҳуҷайраҳои гуногуни олами наботот ба ҳисоб мераванд [1, с. 183–185; 2, с. 464].

Дар замони муосир зиёда аз ду ҳазор намуди полифенолҳои табиӣ маълум мебошанд [3, с. 288]. Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, пайвастагиҳои полифенолӣ ба гурӯҳи моддаҳои фаъоли биологӣ дохил шуда, дар равандҳои гуногуни физиологӣ ва биохимиявӣ фаъолона иштирок мекунанд [4, с. 111].

Манбаи асосии пайвастагиҳои полифенолӣ растаниҳои гуногун ба ҳисоб мераванд [6, с. 190; 12, с. 101]. Аз сабаби он ки пайвастагиҳои полифенолӣ хусусияти баланди зиддиилтиҳобӣ доранд, дар тибби амалӣ ин моддаҳоро васеъ истифода мебаранд [8, с. 3–5; 13, с. 103]. Бинобар ин, дарёфти манбаъҳои нав барои дар шакли тоза ҷудо намудани ин пайвастагиҳо яке аз мубрамтарин масъалаҳо ба ҳисоб меравад.

Дар байни растаниҳои худрӯйи флораи Тоҷикистон авлоди кабаргулон ҷойи намоёнро ишғол менамояд [9, с. 46–47].

Намояндагони ин растанӣ дар минтақаҳои тропикӣ, субтропикии кураи Замин васеъ паҳн гардидаанд. Хусусан, ин намудҳои растанӣ дар Осиёи Марказӣ, Африқои Шимолӣ ва Австралия вомехӯранд.

Дар флораи Осиёи Миёна 7 намуди ин авлод вомехӯрад, дар ҳудуди Тоҷикистон бошад, ҳамагӣ ду намуди ин авлод вомехӯрад: 1) кабари хордор (Capparis spinosa), ки қариб дар ҳамаи минтақаҳои ҷуғрофии ҷумҳурӣ васеъ паҳн гардидааст; 2) кабари Розанов, ки намуди эндемикӣ буда, танҳо дар қисматҳои ҷанубу ғарбии Помиру Олой вомехӯрад («Флораи СССР», 1975). Аз адабиёти мавҷуда маълум гардид, ки дар таркиби узвҳои гуногуни кабари хордор аз моддаҳои органикӣ ангиштобҳо бартарӣ доранд. Дар таркиби меваи кабар 12% қанд, 5,4% оҳар ва то 1% клетчатка ва моддаҳои пектинӣ муайян карда шуд.

Дар таркиби гулҳои кабари хордор то 150 мг% витамини С (тезоби аскорбинат), дар мевааш бошад, аз 23 то 53 мг% витамини С (тезоби аскорбинат) мавҷуд аст. Миқдори витамини Р (рутин) дар таркиби гулҳои кабар 0,52%-ро ташкил медиҳад [14, с. 688]. Новобаста аз он ки растании кабари хордор дар ҳудуди ҷумҳурӣ васеъ паҳн гардидааст, таркиби химиявии узвҳои ин намуди растанӣ то ҳол пурра омӯхта нашудааст [10, с. 368].

Мақсади асосии ин тадқиқот муайян намудани миқдори пайвастагиҳои полифенолӣ дар таркиби экстрактҳои обӣ ва спиртӣ аз баргу навда ва решаи кабари хордор ба ҳисоб меравад.

Мавод ва усулҳои таҳлил. Барои омӯзиши таркиби пайвастагиҳои полифенолӣ растании кабари хордорро дар соли 2020 аз минтақаҳои дараи Ромит ҷамъоварӣ намудем. Баргҳои ин растаниро дар давраи гулкунӣ, реша ва навдаи кабарро дар фасли тирамоҳ ҷамъоварӣ намудем. Экстракти хушки узвҳои гуногуни кабари хордорро аз рӯйи усулҳои дар фармакопея мавҷудбуда тайёр намудем.

Барои муайян намудани пайвастагиҳои полифенолӣ чунин усул истифода бурда шуд. Маҳлули экстракти барг, навда ва решаи кабари хордор, ки дар ҳалкунандаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ тайёр карда шудааст, тавассути филтри 0,45 мкм полоида шуд. Ба сифати электролит буфери борӣ бо 30 мл + 5% маҳлули изопропанол истифода бурда шуд. Барои муайян намудани пайвастагиҳои полифенолӣ усули электрофорези найчавӣ дар таҷҳизоти 3D Agilent HPCE G1600AX (Germany) бо истифода аз барномаи компютерии Agilent Chemstation Software B.02.01 SR2 истифода шуд. Барои ҷудо намудани пайвастагиҳои полифенолӣ найчаи силикатӣ бо андозаи 64,5 см × 50 мкм ва дарозиаш 56 см истифода бурда шуд. Ба сифати намуна маводҳои стандартии ширкати Sigma Aldrich: 2-4-Hydroxyphenyl ethanol (138,18 г/мол), Syringic acid (198,17 г/мол), Trans-Ferulic acid (194,18 г/мол), p-Coumaric acid (164,16 г/мол), Fisetin hydrate (286,24 г/мол) истифода шуданд.

Расми 1. Электрофореграммаи пайвастагиҳои фенолии экстракти обии баргҳои кабари хордор. Муайянкунии УФ бо детектори диодометрикӣ ҳангоми дарозии мавҷи 280 нм: 1. 2-гидрооксифенилэтанол; 2. ресвератрол; 3. тезоби диметоксибензоӣ; 4. тезоби сиринҷовӣ.

Чӣ хеле ки аз натиҷаҳои дар расми 1 дарҷгардида бармеояд, дар таркиби экстракти хушки обии баргҳои кабари хордор, ки дар ҳалкунандаи оби муқаттар тайёр карда шудааст, чор пайвастагии фенолӣ муайян гардид. Аз ҷиҳати миқдор дар ҷойи аввал 2-гидрооксифенилэтанол 88,5 мг/л меистад. Дар ҷойи дуюм бошад, аз ҷиҳати миқдор тезоби диметоксибензоӣ 12,1 мг/л-ро ташкил медиҳад. Дар ҷойи 3-юм бошад, тезоби сиринҷовӣ ба ҳисоби миёна 8,4 мг/л-ро ташкил медиҳад. Дар ҷойи 4-ум бошад, ресвератрол, ки ба ҳисоби миёна 6,2 мг/л-ро ташкил медиҳад (расми 1).

Расми 2. Электрофореграммаи пайвастагиҳои фенолии экстракти обии навдаи кабари хордор. Муайянкунии УФ бо детектори диодометрикӣ ҳангоми дарозии мавҷи 280 нм: 1. 2-гидрооксифенилэтанол; 2. тезоби диметоксибензоӣ; 3. тезоби транссинамовӣ; 4. тезоби трансферуловӣ; 5. тезоби кумаровӣ.

Аз натиҷаҳои дар расми 2 дарҷгардида бармеояд, ки дар таркиби экстракти хушки обии навдаҳои кабари хордор панҷ пайвастагии полифенолӣ муайян карда шуд, ки аз ҷиҳати миқдор дар ҷойи аввал тезоби диметоксибензоӣ меистад, ки ба ҳисоби миёна 20,7 мг/л-ро ташкил медиҳад. Ҳангоми муқоиса маълум гардид, ки миқдори ин тезоб нисбати экстракти хушки обии баргҳои кабари хордор 8,6 мг/л зиёдтар мебошад. Дар ҷойи дуюм бошад, аз ҷиҳати миқдор 2-гидрооксифенилэтанол меистад, ки ба ҳисоби миёна 4,8 мг/л-ро ташкил медиҳад; миқдори ин модда бошад, 18,4 маротиба нисбати экстракти хушки обии баргҳо камтар мебошад. Дар ҷойи 3-юм бошад, тезоби трансферуловӣ меистад, ки ба ҳисоби миёна 3,2 мг/л-ро ташкил медиҳад; ин тезоб тамоман дар экстракти хушки обии баргҳои кабари хордор мушоҳида нагардид. Дар ҷойи чорум бошад, тезоби транссинамовӣ меистад, ки ба ҳисоби миёна 2,2 мг/л-ро ташкил медиҳад; ин тезоб ҳам дар экстракти хушки обии барги кабари хордор муайян нагардида буд. Дар ҷойи панҷум бошад, тезоби кумаровӣ меистад, ки ба ҳисоби миёна 0,03 мг/л-ро ташкил медиҳад (расми 2).

Расми 3. Электрофореграммаи пайвастагиҳои фенолии экстракти хушки обии решаи кабари хордор. Муайянкунии УФ бо детектори диодометрикӣ ҳангоми дарозии мавҷи 280 нм: 1. 2-гидрооксифенилэтанол; 2. эпикатехин; 3. тезоби диметоксибензоӣ; 4. физетин гидрат.

Чӣ хеле ки аз натиҷаҳои дар расми 3 дарҷгардида бармеояд, дар таркиби экстракти хушки обии решаи кабари хордор 4 пайвастагии фенолӣ муайян гардидааст. Аз ҷиҳати миқдор дар ҷойи аввал 2-гидрооксифенилэтанол меистад, ки ба ҳисоби миёна 208,3 мг/л-ро ташкил медиҳад, ки нисбати экстракти хушки обии баргҳо 119,8 мг/л, нисбати экстракти хушки обии навдаҳо бошад, 43,3 маротиба зиёдтар мебошад. Дар ҷойи дуюм бошад, аз ҷиҳати миқдор тезоби 3,4-диметоксибензоӣ меистад, ки ба ҳисоби миёна 8,1 мг/л-ро ташкил медиҳад. Ин тезоб нисбати баргҳо 4 мг, нисбати навдаҳо 12,6 мг камтар мебошад. Дар ҷойи 3-юм бошад, эпикатехин меистад, ки ба ҳисоби миёна 6,3 мг/л-ро ташкил медиҳад. Ин пайвастагии полифенолӣ тамоман дар экстракти хушки обии барг ва навдаҳо муайян нагардида буд. Дар ҷойи 4-ум бошад, физетин гидрат меистад, ки ба ҳисоби миёна 0,8 мг/л-ро ташкил медиҳад. Ин пайвастагии полифенолӣ ҳам дар экстракти хушки обии барг ва навдаҳо муайян нагардида буд.

Расми 4. Электрофореграммаи пайвастагиҳои фенолии экстракти хушки этилии баргҳои кабари хордор. Муайянкунии УФ бо детектори диодометрикӣ ҳангоми дарозии мавҷи 280 нм: 1. 2-гидрооксифенилэтанол; 2. эпикатехин; 3. тезоби диметоксибензоӣ; 4. тезоби гомованиловӣ; 5. тезоби сиринҷовӣ.

Чӣ хеле ки аз натиҷаҳои дар расми 4 дарҷгардида бармеояд, дар таркиби экстракти хушки баргҳои кабари хордор, ки дар ҳалкунандаи органикӣ (спирти этилии 30%) дар шакли хушк тайёр карда шудааст, 5 пайвастагии фенолӣ муайян гардидааст. Аз ҷиҳати миқдор дар ҷойи аввал тезоби гомованиловӣ меистад, ки ба ҳисоби миёна 146,2 мг/л-ро ташкил медиҳад. Дар ҷойи дуюм бошад, аз ҷиҳати миқдор 2-гидрооксифенилэтанол меистад, ки ба ҳисоби миёна 69,5 мг/л-ро ташкил медиҳад. Дар ҷойи 3-юм бошад, тезоби сиринҷовӣ меистад, ки ба ҳисоби миёна 17,6 мг/л-ро ташкил медиҳад. Дар ҷойи 4-ум бошад, эпикатехин 14,5 мг/л-ро ташкил медиҳад, дар ҷойи 5-ум бошад, тезоби диметоксибензоӣ 8,4 мг/л-ро ташкил медиҳад (расми 4).

Расми 5. Электрофореграммаи пайвастагиҳои фенолии экстракти хушки этилии навдаҳои кабари хордор. Муайянкунии УФ бо детектори диодометрикӣ ҳангоми дарозии мавҷи 280 нм: 1. 2-гидрооксифенилэтанол; 2. эпикатехин; 3. катехин; 4. тезоби диметоксибензоӣ; 5. тезоби гомованиловӣ.

Аз натиҷаҳои дар расми 5 дарҷгардида бармеояд, ки дар таркиби экстракти хушки аз навдаҳои кабари хордор дар ҳалкунандаи органикӣ (спирти этилии 30%) тайёр карда шуда, 5 пайвастагии фенолӣ муайян гардидааст. Аз ҷиҳати миқдор дар ҷойи аввал тезоби гомованиловӣ меистад, ки ба ҳисоби миёна 110,6 мг/л-ро ташкил медиҳад. Дар ҷойи дуюм бошад, аз ҷиҳати миқдор 2-гидрооксифенилэтанол меистад, ки ба ҳисоби миёна 78,4 мг/л-ро ташкил медиҳад. Дар ҷойи 3-юм бошад, эпикатехин меистад, ки ба ҳисоби миёна 26,7 мг/л-ро ташкил медиҳад. Дар ҷойи 4-ум бошад, тезоби диметоксибензоӣ 13,2 мг/л-ро ташкил медиҳад, дар ҷойи 5-ум бошад, катехин 5,4 мг/л-ро ташкил медиҳад (расми 5).

Расми 6. Электрофореграммаи пайвастагиҳои фенолии экстракти хушки этилии решаи кабари хордор. Муайянкунии УФ бо детектори диодометрикӣ ҳангоми дарозии мавҷи 280 нм: 1. 2-гидрооксифенилэтанол; 2. катехин; 3. тезоби диметоксибензоӣ; 4. тезоби гомованиловӣ.

Чӣ хеле ки аз натиҷаҳои дар расми 6 дарҷгардида бармеояд, дар таркиби экстракти хушки аз решаи кабари хордор дар ҳалкунандаи органикӣ (спирти этилии 30%) тайёр карда шуда, 4 пайвастагии фенолӣ муайян гардидааст. Аз ҷиҳати миқдор дар ҷойи аввал тезоби гомованиловӣ меистад, ки ба ҳисоби миёна 112,3 мг/л-ро ташкил медиҳад. Дар ҷойи дуюм бошад, аз ҷиҳати миқдор 2-гидрооксифенилэтанол меистад, ки ба ҳисоби миёна 58,2 мг/л-ро ташкил медиҳад. Дар ҷойи 3-юм бошад, тезоби диметоксибензоӣ меистад, ки ба ҳисоби миёна 13,2 мг/л-ро ташкил медиҳад. Дар ҷойи 4-ум бошад, катехин 6,4 мг/л-ро ташкил медиҳад (расми 6).

Дар замони ҳозира аксарияти полифенолҳои табиие, ки аз таркиби растаниҳо ҷудо карда мешаванд, аз сабаби он ки фаъолнокии баланд зоҳир мекунанд, дар тибби амалӣ васеъ истифода мегарданд [7, с. 61–66; 4, с. 102–104]. Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, пайвастагиҳои полифенолӣ аз ҷиҳати биологӣ хусусияти баланди фармакологӣ зоҳир менамоянд [11, с. 240]. Бо ин мақсад кверситин, рутин ва ғайраро барои табобати бемориҳое, ки табиати илтиҳобӣ доранд, васеъ истифода мебаранд. Хусусияти фармакологии ин ду маводи биологӣ аз он иборат аст, ки гузарониши мембранаи ҳуҷайраро танзим намуда, мӯйрагҳоро мустаҳкам мекунанд ва хосияти баланди зиддиилтиҳобӣ зоҳир менамоянд [13, с. 103; 15, с. 252].

Хулоса. Ҳамин тариқ, омӯзиши таркиби полифенолҳои экстрактҳои хушки обие, ки аз баргу поя ва решаи растании кабари хордор тайёр карда шудаанд, нишон дод, ки 4 полифенол аз ҷиҳати миқдор аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва дар ҷойи аввал 2-гидрооксифенилэтанол меистад, ки 88,5 мг/л-ро ташкил медиҳад.

Дар экстракти хушки обии аз навдаҳои кабари хордор ҷудокардашуда мо 5 полифенолро муайян намудем, ки аз ҷиҳати миқдор дар ҷойи аввал тезоби диметоксибензоӣ меистад ва ба ҳисоби миёна 20,7 мг/л-ро ташкил мекунад, ки нисбати баргҳо 8,6 мг/л зиёдтар мебошад, вале 2-гидрооксифенилэтанол бошад, нисбати барг 18,4 маротиба камтар мебошад. Дар экстракти хушки дар оби муқаттар тайёркардашудаи аз решаҳои кабари хордор 4 полифенол муайян гардид, ки аз ҷиҳати миқдор 2-гидрооксифенилэтанол дар ҷойи аввал меистад ва нисбати барг 2,3 ва навдаҳои кабар 42,9 маротиба зиёдтар мебошад. Аз натиҷаҳои бадастомада маълум гардид, ки дар экстракти хушки обии аз решаи кабари хордор тайёркардашуда эпикатехин ва физетин гидрат муайян гардид, ки ин 2 пайвастагӣ дар барг ва навдаҳо муайян нагардида буд.

Омӯзиши таркиби химиявии фенолҳои экстрактҳои хушке, ки аз барг, навда ва решаи растании кабари хордор дар ҳалкунандаи органикӣ (спирти этилии 30%) ҷудо карда шуда буд, зиёда аз 5 пайвастагии фенолиро муайян намуд. Аз натиҷаҳои бадастомада маълум гардид, ки дар таркиби экстракти хушке, ки аз баргҳои ин растанӣ ҷудо карда шудааст, 5 намуд муайян гардид. Аз ҷиҳати миқдор бошад, нисбатан тезоби гомованиловӣ бартарӣ дорад, ки ба ҳисоби миёна 146,2 мг/л-ро ташкил медиҳад. Аз таркиби экстракти хушки аз навдаҳои кабари хордор дар спирти этилии 30% тайёркардашуда низ 5 пайвастагии фенолӣ муайян гардид. Гарчанде дар ин экстракт ҳам тезоби гомованиловӣ бартарӣ дошта бошад ҳам, нисбати ин модда дар таркиби экстракти аз баргҳо тайёркардашуда 35,6 мг/л камтар мебошад. Ба ғайр аз ин, мо фарқиятро дар миқдори эпикатехин мебинем, ки ин модда нисбати экстракти аз баргҳо тайёркардашуда 12,2 мг/л фарқ дошт; дар таркиби экстракти аз навдаҳо тайёркардашуда катехин муайян гардид, ки 5,4 мг/л-ро ташкил намуд — ин пайвастагӣ дар таркиби экстракти аз баргҳо тайёркардашуда муайян нагардид.

Аз натиҷаҳои дар расми 6 дарҷгардида ва муқоисаи он бо экстракти барг ва навдаҳои аз кабари хордор бадастомада маълум гардид, ки дар таркиби экстракти реша ҳамагӣ 4 пайвастагии фенолӣ муайян гардид, ки аз ҷиҳати миқдор ба экстракти аз навдаҳо тайёркардашуда монанд мебошад.

Ҳамин тариқ, аз ҷиҳати миқдор пайвастагиҳои полифенолӣ ҳангоми дар ҳалкунандаи ғайриорганикӣ экстракт аз узвҳои гуногуни кабари хордор тайёр намудан, нисбатан зиёдтар дар реша вомехӯранд.

АДАБИЁТ

  1. Грек О.Г., Долгов А.Г. Перспективы фармакологического изучения растительных полифенольных соединений и проблемы освоения лекарственных ресурсов Сибири и Дальнего Востока. — Новосибирск, 1983. — С. 183–185.
  2. Корсун В.Ф., Пупыкина К.А., Корсун Е.В. Руководство по клинической фитотерапии. Лекарственные растения в гастроэнтерологии. — М.: Практическая медицина, 2008. — 464 с.
  3. Корсун В.Ф. и др. Фитолектины. — М., 2007. — 288 с.
  4. Корсун В.Ф. и др. Растительные лектины — новые аспекты фитофармакологии инфекционно-воспалительных процессов // Мат-лы конф. «Патофизиология и современная терапия». — М., 2000. — С. 102–104.
  5. Меҳринигори Б., Гиясов Т.Д., Мирзораҳимов К.К. Антиоксидантный потенциал фенолов растений хлопчатника // Достижения современной биохимии в Таджикистане. — Душанбе, 2020. — С. 111–114.
  6. Рахимов И.Ф., Хайдаров К.Х. Ботаника, фармакология, биохимия облепихи, облепихового масла и каперсов колючих Таджикистана. — Душанбе, 2019. — 190 с.
  7. Сафаров Х.М., Шамсудинов Ш.Н. Противовоспалительное действие настоя и сухого экстракта травы эстрагона // В сб. «Действие различных факторов на структуру и функцию организма животных». Вып. VIII. — Душанбе, 1996. — С. 61–66.
  8. Соколов С.Я., Корсун В.Ф. Роль фитотерапии в общем лечебно-профилактическом процессе // Практ. фитотер. — 1997. — № 2. — С. 3–5.
  9. Соколова В.Е., Васильченко Е.А., Любарцева Л.А., Хромова Т.О., Измайлова И.К., Шенгур В.Ф. К вопросу о некоторых видах биологического действия флавоноидов // Тез. докладов 4 Всесоюзного симпозиума по фенольным соединениям. — Ташкент: Фан, 1982. — С. 46–47.
  10. Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. — Душанбе: ТСЭ, 1989. — 368 с.
  11. Хайдаров Х.М., Хайдаров К.Х., Лебедева Л.Д. Экспериментальное исследование спектра фармакологической активности масла каперсов // Актуальные проблемы современной нутрициологии: Сборник научных трудов Института питания АН Республики Таджикистан. — Душанбе, 1992. — С. 240.
  12. Холматов Х.Х., Юсупова М.С. Микроскопическое исследование отдельных органов каперсов колючих. — Ташкент: Вопросы фармакологии и фармакогнозии, 1974. — Вып. 2. — С. 101.
  13. Ҳафизов Д.Ш. Хусусиятҳои зиддиилтиҳобии шираи камоли қӯқандӣ бо истифода аз модели формалинӣ ва сӯзиш // Илм ва инноватсия. — № 2. — 2019. — С. 103–109. — ISSN 2312-3648.
  14. Ҷаҳони Азонзод. Рустаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ (асосҳои фармако-нутрисиология). — Душанбе: Адиб. — 688 с.
  15. Шамсудинов Ш.Н., Авезов С.А. Противовоспалительные свойства сухого экстракта зверобоя продырявленного // Доклады Академии наук РТ. — Душанбе, 2015. — Том 58, № 3. — С. 252–256.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2