Моҳиҳои нодир ва камшумори обанбори «Баҳри тоҷик» ва масъалаҳои ҳифзу нигоҳдории онҳо
УДК 597 (575.3)
Моҳиҳои нодир ва камшумори обанбори «Баҳри тоҷик» ва масъалаҳои ҳифзу нигоҳдории онҳо
Мирзоев Н.М., Шарипов А.А.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Омӯзиши гуногунии биологии экосистемаҳои обӣ айни замон яке аз вазифаҳои калидии илми биологияи муосир ба ҳисоб меравад. Ифлосшавии об, сайди ғайриқонунии моҳӣ, чорабиниҳои мутобиқкунонию моҳипарварӣ ва дигар дахолатҳо ба тағйирёбии таркиб ва сохтори гуногунии ихтиофауна оварда мерасонанд [12, 13, 14].
Дар натиҷаи ин гуна таъсирот миқдори фардҳои популятсияҳои алоҳидаи моҳиҳо коҳиш ёфта, сабаби камшумор ва нодир гаштани онҳо мегардад. Аз ин рӯ, масъалаи аз маҳвшавӣ нигоҳ доштани намудҳои нодир ва дар зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи ҳайвонот, аз ҷумла моҳиҳо, аҳамияти хосса пайдо кардааст.
Обанбори «Баҳри Тоҷик» (НОБ «Дӯстии халқҳо») соли 1955 дар маҷрои дарёи Сир бунёд шуда, аз маркази маъмурии вилояти Суғд, яъне шаҳри Хуҷанд 20 км дуртар дар қисмати шарқӣ ҷойгир аст.
Ин обанбор дар баробари сарбанд намудани дарёи Сир (барои НОБ «Фарҳод», ё ин ки «Дӯстии халқҳо») соли 1956 дар шафати шаҳри Гулистон (Қайроққум) сохта шудааст.
Обанбор бо мақсади рушди соҳаи энергетика, беҳтар кардани обёрии заминҳои кишт ва обшор гардонидани зиёда аз 300 ҳазор га заминҳои нав ва рушди моҳипарварӣ сохта шудааст. Тарафи чапи соҳили обанборро қариб ки ба пуррагӣ теппаҳо ташкил медиҳанд.
Аз рӯйи маълумоти мавҷуда, масоҳати обанбори «Баҳри Тоҷик» 520 км² буда, дарозии он ба 56 км, бараш то 15 км ва чуқурии максималии он ба 24 м баробар мебошад [1, 8, 10].
Қисматҳои пастоба ё камоб, ки чуқуриашон то ба 2,5 метр мерасад, дар обанбор 200 км²-ро ташкил намуда, асосан дар байни самтбандии обии 1-ум ва 6-ум ҷойгиранд. Ҳангоми паст гаштани сатҳи оби обанбор минтақаҳои пастоба қисман ё пурра хушк гашта, ҳангоми баланд шудани сатҳи об аз сари нав сероб мешаванд.
Пастшавии сатҳи оби обанбор асосан ба моҳҳои май–июл рост меояд. Бояд қайд намуд, ки аксарияти моҳиҳои сайдшавандаи обанбор маҳз дар ҳамин вақт афзоиш менамоянд ва пастшавии сатҳи об ба раванди афзоиш ва тухмгузории онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳамзамон, дар қисматҳои хушкшудаистода талафёбии зиёди ҷонварони обӣ (ҳашароти обӣ, харчангшаклон, кирмҳо), фардҳои болиғи моҳӣ ва моҳичаҳо ба назар мерасад, ки боиси коҳишёбии шумораи гидробионтҳо мегардад.
Ҳарорати оби обанбор тадриҷан аз моҳи март баланд шуда, пастшавии ҳарорати об моҳҳои сентябр–октябр ба қайд гирифта мешавад. Ҳарорати максималии оби обанбор дар фасли тобистон ба 35 °C баробар мешавад. Одатан, дар фасли тобистон ҳарорати миёнаи об ба 23–25 °C баробар гашта, дар болооби обанбор каме пасттар (18–20 °C) мегардад.
Солҳои охир таъсири фаъолияти инсон ба экосистемаҳои обӣ афзуда, ҳифзу нигаҳдории намудҳои нодир ва камшумори моҳиҳо яке аз масъалаҳои мубрами рӯз гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки тайи 20 соли охир дар натиҷаи тағйирёбии реҷаи гидрологии ҳавзҳои обӣ ва шикори ғайриқонунӣ миқдори намудҳои нодир афзуда, ба нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 намуди моҳиҳо дохил карда шудаанд [2].
Вобаста ба ин масъала аз ҷониби мо дар асоси таҳлили адабиёти навин ва мушоҳидаҳои шахсӣ тӯли солҳои 2019–2020 оид ба намудҳои нодири обанбори «Баҳри Тоҷик» маълумот ҷамъоварӣ гардида, омилҳои асосии таъсиррасон ошкор карда шуданд.
Айни замон дар обанбори «Баҳри Тоҷик» зиёда аз 30 намуди моҳиҳо дучор мешаванд, ки аз ин миқдор 18 намуди онҳо ба гурӯҳи моҳиҳои сайдшаванда мансуб мебошанд [8]. Бояд тазаккур дод, ки вобаста ба афзудани таъсири фаъолияти инсон ба гуногунии моҳиҳои обанбор дар солҳои охир шумораи фардҳои популятсияҳои моҳиҳо коҳиш ёфтааст.
Бинобар ин, айни замон дар таркиби ихтиофаунаи обанбори «Баҳри Тоҷик» 7 намуди моҳиҳои нодир ва дар зери таҳдиди нестшавӣ қарордошта ба қайд гирифта шудааст. Рӯйхати моҳиҳои нодир ва камшумори обанбори «Баҳри Тоҷик» дар ҷадвали 1 оварда шудааст.
Ҷадвали 1. Моҳиҳои нодир ва камшумори обанбори «Баҳри Тоҷик»
| Р/т | Намуди моҳӣ | Мақоми ҳифз |
|---|---|---|
| 1 | Хормоҳии аралӣ — Acipenser nudiventris (Lovetsky, 1828) | CR — дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад |
| 2 | Шӯртан — Esox lucius (Linnaeus, 1758) | EN — дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад |
| 3 | Жерехи тос — Aspiolucius esocinus (Kessler, 1874) | CR — дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад |
| 4 | Мӯйлабмоҳии аралӣ — Barbus brachycephalus (Kessler, 1872) | VU — намуди осебпазир |
| 5 | Мӯйлабмоҳии туркистонӣ — Barbus capito conocefalus (Kessler, 1872) | VU — зернамуди осебпазир |
| 6 | Симмоҳии шарқӣ — Abramis brama orientalis (Berg, 1872) | VU — зернамуди осебпазир |
| 7 | Сихболмоҳӣ — Capoetobrama kuschakewitschi (Kessler, 1872) | EN — дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад |
Чӣ тавре аз ҷадвал бармеояд, 3 намуди моҳиҳо: хормоҳии аралӣ, жерехи тос ва сихболмоҳӣ дар зери хатари маҳвшавӣ қарор дошта, популятсияи онҳо дар ҳолати ногувор қарор дорад. Хормоҳии аралӣ тайи 50 соли охир дар ҳавзҳои обии Тоҷикистон тамоман ба қайд гирифта нашудааст ва эҳтимол аз таркиби ихтиофаунаи ҷумҳурӣ нест шудааст. Намудҳои дигар — жерехи тос ва сихболмоҳӣ айни замон дар обанбори «Баҳри Тоҷик» аҳён-аҳён дучор мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти таҳқиқот жерехи тос ва сихболмоҳӣ аз ҷониби мо дар поёноби дарёи Вахш низ ба қайд гирифта шудааст [5]. Миқдори жерехи тос кам буда, лекин популятсияи устувори сихболмоҳӣ дар поёноби дарёи Вахш боқӣ мондааст.
Моҳии шӯртан бошад, солҳои охир камшумор гашта, зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. Миқдори мӯйлабмоҳии аралӣ, туркистонӣ ва симмоҳии шарқӣ низ нисбат ба солҳои пешин коҳиш ёфта, онҳо ба гурӯҳи намудҳои осебпазир мансубанд. Дар поён тавсифи намудҳои нодири обанбори «Баҳри Тоҷик» оварда мешавад.
Хормоҳӣ — Acipenser nudiventris (Lovetsky, 1828). Хормоҳии аралӣ намуди нестшудаи ихтиофаунаи Тоҷикистон буда, дар аввалҳои нимаи дуюми асри XX дар дарёҳои Вахш, Панҷ ва обанбори «Баҳри Тоҷик» ба қайд гирифта шуда буд [1, 2, 8]. Гарчанде аз солҳои 40-уми асри гузашта сайди ин моҳӣ дар дарёи Сир қатъиян манъ шуда буд, лекин натиҷаи мусбӣ надод.
Дар обанбори «Баҳри Тоҷик» бори охирин як фарди ин намудро соли 1958 доштаанд [2]. Намуди гузаранда буда, бештари ҳаёти худро дар баҳр ва барои тухмгузорӣ ба дарёҳо мегузарад. Хормоҳӣ ба рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиат (ИБҲТ) дохил карда шудааст [15].
Шӯртан — Esox lucius (Linnaeus, 1758). Дар дарёҳои Сир, Аму, Вахш ва обанбори «Баҳри Тоҷик» ба қайд гирифта шудааст [1, 3, 8]. Шӯртан моҳии даранда буда, моҳиҳои камарзиш ва ҳайвоноти бемуҳраи обиро ғизо мегирад.
Сабаби асосии камшумор шудани ин моҳӣ аз меъёр зиёд сайд намудан ва сайди ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар обанбори «Баҳри Тоҷик» ба миқдори кам дучор мешавад. Бинобар ин, сайди шӯртанро дар обанбори мазкур тӯли чанд сол манъ намудан лозим аст.
Жерехи тос — Aspiolucius esocinus (Kessler, 1874). Дар ҷойҳои тезҷараёни дарёҳои Сир, Панҷ, Қизилсу, Вахш ва обанбори «Баҳри Тоҷик» ба қайд гирифта шудааст [1, 4, 6, 8]. Жерехи тос моҳии хеле камшумор буда, солҳои охир ниҳоят кам вомехӯрад. Соли 2019 аз ҷониби мо дар обанбори «Баҳри Тоҷик» 1 фарди жерехи тос дошта шуд. Бояд қайд намуд, ки жерехи тос дар поёноби дарёи Вахш низ ба қайд гирифта шудааст [4, 5].
Тағйир ёфтани реҷаи гидрологии дарёҳо ва сайди ғайриқонунӣ сабаби камшумор гаштани ин намуди моҳӣ гаштааст. Барои ҳифз ва нигаҳдории ин намуди моҳӣ бояд чораҳои зарурӣ андешида, шикори ғайриқонунии онро пешгирӣ намудан лозим аст. Ба роҳ мондани парвариши сунъии жерехи тос ба мо имконият медиҳад, ки шумораи онро зиёд намуда, нестшавии онро пешгирӣ намоем.
Мӯйлабмоҳии аралӣ — Barbus brachycephalus (Kessler, 1872). Мӯйлабмоҳии аралӣ намуди эндемикӣ буда, дар дарёҳои Аму, Сир, поёноби Вахш, Кофарниҳон, Панҷ, Қизилсу ва дар обанбори «Баҳри Тоҷик» вомехӯрад [3, 4, 7]. Солҳои охир дар қисми зиёди ҳавзҳои обии Тоҷикистон камшумор ва нодир шудааст.
Ин намуди моҳӣ ғайр аз обанбори «Баҳри Тоҷик» аз ҷониби мо дар мавзеи Полвонтуғай ва кӯли Дарёкӯли мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ба қайд гирифта шуд. Солҳои охир ба саршумори ин намуди моҳӣ якчанд омилҳо, ба монанди сайди ғайриқонунӣ, ба таври сунъӣ иваз намудани маҷрои об, ки барои кӯчиш дар давраи тухмгузорӣ халал мерасонад, таъсири манфӣ расонида, боиси камшумор гаштани он гаштааст.
Мӯйлабмоҳии туркистонӣ — Barbus capito conocefalus (Kessler, 1872). Мӯйлабмоҳии туркистонӣ дар дарёҳои Сир, Аму, поёноби Зарафшон, Вахш, Кофарниҳон, Панҷ, Қизилсу ва дар обанбори «Баҳри Тоҷик» паҳн шудааст [3, 4, 7]. Бояд қайд намуд, ки то солҳои 80-уми асри XX дар обанбори «Баҳри Тоҷик» ин намуд ба гурӯҳи моҳиҳои сайдшаванда дохил гашта буд. Мӯйлабмоҳии туркистонӣ намуди эндемикӣ буда, тайи солҳои охир дар аксарияти ҳавзҳои обии Тоҷикистон шуморааш кам гаштааст.
Аз ҷониби мо 2 фарди мӯйлабмоҳии туркистонӣ дар обанбори «Баҳри Тоҷик» дошта шудааст. Ҳамчунин, ин намуд дар кӯлҳои мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ва поёноби дарёи Вахш аз тарафи мо ба қайд гирифта шуд [5].
Симмоҳии шарқӣ — Abramis brama orientalis (Berg, 1872). Симмоҳии шарқӣ дар дарёҳои Аму, Сир, поёноби дарёҳои Вахш, Кофарниҳон ва обанбори «Баҳри Тоҷик» паҳн шудааст [1, 2, 4, 8]. Бояд тазаккур дод, ки солҳои 80-уми асри гузашта дар обанбори «Баҳри Тоҷик» сершумор буд ва тақрибан 60% сайди умумии солонаи симмоҳӣ маҳз ба ин обанбор рост меомад. Айни замон бошад, дар обанбор ба миқдори кам боқӣ мондааст.
Асосан, фардҳои калони ин намуд дар чуқуриҳои гилноки обанбор сукунат мекунанд. Ин намуд бештар дар ҷойҳои обҳои ҷараёнашон суст зиндагӣ мекунанд. Ғайр аз ин обанбор, аз ҷониби мо дар кӯлҳои Халқакӯл ва Затон, ки дар ҳудуди мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ҷойгиранд, дошта шудааст [4]. Дар поёноби дарёи Вахш ҷойи зисти ин моҳӣ қисматҳои сустҷараёни дарё мебошад.
Сабаби камшавии ин намуд шикори ғайриқонунӣ ва бад гаштани ҳолати экологии муҳити сукунат мебошад. Бо мақсади барқарор намудани саршумори ин намуди моҳӣ, пеш аз ҳама, пешгирӣ намудани сайди ғайриқонунӣ ва дар обанбори мазкур кам намудани сайди он лозим аст.
Сихболмоҳӣ — Capoetobrama kuschakewitschi (Kessler, 1872). Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, обанборҳои «Баҳри Тоҷик» ва «Фарҳод» ба қайд гирифта шудааст [1, 2, 4, 8].
Мушоҳидаҳои гузаронидаи мо нишон доданд, ки миқдори ин намуди моҳӣ дар обанбори «Баҳри Тоҷик» коҳиш ёфтааст. Аз ҷониби мо дар обанбори «Баҳри Тоҷик» 14 фарди ин намуд дошта шуд. Дарозӣ ва вазни сихболмоҳиҳои дошташуда дар ҷадвали 2 оварда шудааст.
Ҷадвали 2. Дарозӣ ва вазни сихболмоҳии обанбори «Баҳри Тоҷик»
| Дарозии бадан (см) | Вазн, минимум (г) | Вазн, максимум (г) | Вазн, ба ҳисоби миёна (г) | Миқдори фардҳои ташхисшуда |
|---|---|---|---|---|
| 5–10 | 8 | 18 | 13,5 | 6 |
| 10–15 | 15 | 48 | 21,4 | 8 |
Ҳангоми таҳқиқ популятсияи устувори ин намуди моҳӣ аз ҷониби мо дар поёноби дарёи Вахш, ки дар ҳудуди мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ҷорӣ мешавад, ба қайд гирифта шудааст. Сихболмоҳӣ намуди эндемикӣ буда, ба гурӯҳи моҳиҳои сайдшаванда мансуб аст.
Таҳлили адабиёти мавҷуда ва мушоҳидаҳои мо нишон доданд, ки солҳои охир ба гуногунии моҳиҳои обанбори «Баҳри Тоҷик» таъсири омили антропогенӣ назаррас аст.
Маълум аст, ки экосистемаҳои обӣ ҳам дар натиҷаи равандҳои табиӣ ва ҳам дар натиҷаи дахолати инсон тағйир меёбанд. Аз рӯйи дараҷаи таъсиррасонӣ ба ихтиофаунаи обанбори «Баҳри Тоҷик» дар байни омилҳои экологӣ бештар таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон назаррас аст [9].
Вобаста ба тағйироти реҷаи гидрологӣ дигаргуншавии миқдорӣ ва сифатии гидросенозҳои обанбори «Баҳри Тоҷик» ба амал омадааст. Бояд қайд намуд, ки дар қисмати болооби обанбори «Баҳри Тоҷик» қисман хушкшавӣ ва ба пастоба мубаддалшавии сатҳи обанбор ба чашм мерасад, ки ин қисмат макони тухмгузории моҳиҳо буда, боиси нестшавии моҳӣ мегардад.
Дар баъзе ҳолатҳо номунтазамии сатҳи оби обанбор мушоҳида мешавад, ки он ба давраи афзоиши табиии моҳиҳо, яъне ба моҳҳои апрел–июн рост омада, ба раванди афзоиши моҳиҳо таъсир мерасонад.
Таъсири пойгоҳҳои обкашӣ, ки таҷҳизоти пешгирикунандаи ҳифзи моҳӣ надоранд, ҳамасола боиси нестшавии миқдори зиёди моҳиҳо мегардад.
Ҳамчунин, солҳои охир ба ҳолати ҳозираи ихтиофаунаи обанбори «Баҳри Тоҷик» намудҳои бегонаи моҳиҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Таъсири намудҳои бегона ба намудҳои таҳҷоӣ гуногун аст. Таҳқиқоти мо нишон доданд, ки аз намудҳои бегона бештар ба таркиби намудӣ ва сохтори популятсияи намудҳои таҳҷоии обанбори «Баҳри Тоҷик» моҳии морсар таъсир мерасонад. Солҳои охир дар обанбор шумораи ин намуд зиёд гаштааст.
Шароити экологии обанбор барои моҳии морсар мусоидат намуда, ин намуд дар муҳлати кӯтоҳ популятсияи устуворро ба вуҷуд овард. Паҳншавии босуръати моҳии морсар дар обанбори «Баҳри Тоҷик» ба мақсад мувофиқ нест, чунки ба намудҳои таҳҷоӣ хавфнок аст.
Бо мақсади танзим намудани шумора ва паст намудани таъсири моҳии морсар нисбат ба намудҳои таҳҷоӣ зарур аст, ки дар давоми сол ин намуд дар обанбор бемеъёр шикор карда шавад.
Омили дигари ба ихтиофаунаи обанбори «Баҳри Тоҷик» таъсиррасон ин шикори ғайриқонунии моҳиҳо мебошад.
Шикори ғайриқонунӣ яке аз омилҳои асосии вайрон гардидани реҷаи муҳофизатӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир аз тарафи моҳигирони маҳаллӣ тӯрҳои моҳигирии наздиқаърӣ истифода мешаванд, ки пайхас намудани ин гуна тӯрҳо ниҳоят мушкил аст. Моҳигирони таҷрибадор ҷойҳои тухмгузории моҳиҳоро медонанд ва онҳоро дар давраи тухмгузорӣ низ медоранд, ки сабаби коҳиш ёфтани фардҳои намудҳои моҳиҳо мегардад.
Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии обанбори «Баҳри Тоҷик» ва нигоҳдории ихтиофаунаи он, бахусус намудҳои нодир ва камшумор, амалӣ намудани чорабиниҳои зерин тавсия дода мешавад:
- Ба танзим даровардани реҷаи гидрологии обанбори «Баҳри Тоҷик» ва гузаронидани корҳои мелиоративӣ дар қисматҳои хушкшудаи обанбор.
- Насб намудани таҷҳизоти пешгирикунандаи ҳифзи моҳӣ дар турбинаҳои пойгоҳҳои обкашии ҳудуди обанбор.
- Риояи қоидаҳои моҳидорӣ ва пурзӯру ҷоннок намудани фаъолияти назорати инспексияҳои моҳидорӣ дар ҳудуди обанбор.
- Бо мақсади нигоҳдории мувозинати экологӣ ва зиёд намудани шумораи моҳиҳои таҳҷоӣ ба танзим даровардани шумораи моҳии морсар лозим аст.
- Барои барқарор намудани саршумори моҳиҳои нодир ва камшумори обанбори «Баҳри Тоҷик» парвариш ва афзоиши сунъии онҳоро дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба роҳ мондан лозим аст.
Татбиқ намудани тавсияҳои дар боло зикршуда имконият медиҳад, ки захираҳои моҳӣ дар обанбор устувор гарданд ва шумораи фардҳои намудҳои нодир ва камшумор тадриҷан зиёд гашта, популятсияи устувори он боқӣ монад.
Адабиёт
- Ахроров Ф. Водные экосистемы Таджикистана / Ф. Ахроров. Душанбе: Изд. «Мир полиграфии», 2009. 70 с.
- Красная книга Республики Таджикистан: Животные. Душанбе, 2015. 519 с.
- Максунов В.А. Промысловые рыбы Таджикистана / В.А. Максунов. Душанбе: Изд. Дониш, 1968. 99 с.
- Мирзоев Н.М. Редкие и исчезающие виды рыб низовьев р. Вахш / Н.М. Мирзоев // Тез. докл. науч.-теор. конф. профессорско-преподавательского состава и сотрудников ТНУ. Душанбе, 2016. С. 144–145.
- Мирзоев Н.М. Видовой состав и экологические особенности рыб низовьев р. Вахш / Н.М. Мирзоев // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отделение биологических и медицинских наук. 2018. № 4 (204). С. 34–41.
- Никольский Г.В. Рыбы Таджикистана / Г.В. Никольский. М. – Л.: Изд-во АН СССР, 1938. 228 с.
- Расулов А.Х. Промысловые рыбы Кайраккумского водохранилища и устойчивое использование их ресурсов / А.Х. Расулов, Г.Н. Каримов // Изв. АН РТ. Отд. биол. и мед. наук. 2014. № 1 (185). С. 38–44.
- Расулов А.Х. Русско-таджикский словарь по ихтиологии / А.Х. Расулов. Душанбе: Изд. Дониш, 2011. 590 с.
- Шарипов А.А. Ҳолати кунунии ихтиофаунаи обанбори «Баҳри Тоҷик» / А.А. Шарипов, Н.М. Мирзоев // Маводи конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМТ. Душанбе, 2020. С. 67–68.
- Расулов А.Х., Каримов Г.Н. Промысловые рыбы водохранилища «Бахри Точик». Душанбе, 2020. 152 с.
- Редкие и исчезающие виды растений и животных Согдийской области. Худжанд, 2012. 192 с.
- Муминов Н.Н. Чужеродные виды фауны Таджикистана / Н.Н. Муминов, А.С. Саидов, Х. Амиркулов // Фауна и экология животных Таджикистана: Мат-лы респ. научн. конф. Душанбе, 2004. С. 14–28.
- Bogutskaya N.G. The fishes of the Amur river: updated check-list and zoogeography / N.G. Bogutskaya [et al.] // Ichthyological exploration of freshwaters. 2008. V. 19, No. 4. P. 301–366.
- Global biodiversity: Status of the Earth's living resources. World Conservation Monitoring Centre. London: Chapman & Hall, 1992. 594 pp.
- IUCN Red List of Threatened Species. Hilton-Taylor C. (Compiler). Gland–Cambridge: IUCN, 2000. 18+61 p. +CD.




